Ояти 139 сураи Оли Имрон
![]() | |
Маълумот дар бораи оят | |
---|---|
Воқеъ дар сураи | Оли Имрон |
Шумораи оят | 139 |
Ҷузъ | 4 |
Дар бораи | Ваъдаи пирӯзӣ ба муъминон |
Оёти муртабит | Ояти 35 сураи Муҳаммад |
Ояти 139 сураи Оли Имрон (форсӣ: آیه ۱۳۹ سوره آلعمران) ба муъминон ваъдаи пирӯзӣ ва ғалаба бар кофирон медиҳад ва онҳоро ба устуворӣ дар баробари кофирон ташвиқ мекунад.[1]
“ | Ва агар муъмин бошед, сустӣ накунед ва ғамгин нашавед, ки шумо бартар ҳастед. [Оли Имрон:139] |
” |
Дар ибтидои оят ба мусалмонон огоҳӣ дода шудааст, ки аз шикаст дар ҷанг дучори сустӣ ва андӯҳ нашаванд.[2] Фазл ибни Ҳасани Табрасӣ, тафсирнависи шиаи асри шашуми ҳиҷрӣ, дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён гуфтааст, ки сабаби нузули ин оят таскин ва умедбахшӣ ба мусалмонон баъд аз ҷанги Уҳуд буд, ки дар он кушташудаҳо ва маҷрӯҳон доданд.[3] Ӯ дар нақли дигар меоварад, ки рӯзи баъд аз ҷанги Уҳуд, Паёмбари Ислом бо гурӯҳе аз маҷрӯҳони ҷанг барои пешгирӣ аз ҳамлаи дубораи сипоҳи Макка ба Мадина ба сӯи Ҳамро-ул-Асад равона шуд ва Худо ин оятро дар он ҷо нозил кард.[4] Гуфта шудааст, ки ин оят муъминонро ба муқовимат дар баробари мушрикон фаро мехонад.[5]
Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, файласуф ва муфассири шиа, калимаи «таҳину»-«تَهِنُوا»-ро, ки Худо аз он манъ кардааст, маънии сустӣ дар иродаи ҷиҳод ва бепарвоӣ ба аҳамияти барпо доштани дин медонад.[6] Дар мавриди ҷумлаи «ва антум-ул-аълaвн»-«وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ» гуфта шудааст, ки дар ниҳоят муъминон пирӯз хоҳанд шуд.[7] Муҳаммадҷавод Муғния дар тафсири ин оят ба ҳадиси Эътило аз Паёмбари Ислом ишора мекунад, ки ба он асос, Ислом болотар аст ва чизе бар он ғалаба нахоҳад кард.[8] Имон дар иборати «ин кунтум муъминин»-«إِنْ کنْتُمْ مُؤْمِنینَ» ба маънии эътимод ба Худо ва ваъдаҳои Илоҳӣ тафсир шудааст.[9] Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, баъд аз ҳамлаи Исроил ба Эрон ва террори чанд фармондеҳи низомии он кишвар ин оятро дар паёме ба мардуми Эрон қироат кард.[10] Вай бо истинод ба ин оят бар ин бовар аст, ки агар муъмин бошем, душман дар майдони воқеӣ наметавонад иқдоме кунад.[11]
Сайид Муҳаммадтақӣ Мударрасӣ низ дар зери ин оят ба суннати Илоҳӣ ишора мекунад, ки бар асоси он, бартарӣ ва ғалаба натиҷаи тасодуфӣ ё бе фидокорӣ нест, балки ниёз ба омодагӣ барои таҳаммули душвориҳо дорад, зеро душман ҳам барои муқобила омодааст.[12]
Ояти 35 сураи Муҳаммад низ мазмуни монанд дорад; дар он омадааст: «Пас сустӣ наварзед ва [кофиронро] ба оштӣ даъват накунед [чароки] шумо болотаред ва Худо бо шумост ва аз арзиши аъмоли шумо ҳеҷ гоҳ намекоҳад».
Эзоҳ
- ↑ Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.366
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.108
- ↑ Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.843
- ↑ Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.843
- ↑ Саълабӣ Нишобурӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172
- ↑ Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.26–27
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ ал-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.371
- ↑ Муғния, Тафсири Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.163
- ↑ Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.843
- ↑ «دومین پیام تلویزیونی آیتالله خامنهای خطاب به ملت ایران در پی تهاجم رژیم صهیونی», сомонаи расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «بیانات در دیدار مسئولان نظام», сомонаи расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Мударрисӣ, Мин Ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.666
Сарчашма
- «دومین پیام تلویزیونی آیتالله خامنهای خطاب به ملت ایران در پی تهاجم رژیم صهیونی», сомонаи расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 28 хордад 1404ҳ.ш., санаи боздид: 1 тири 1404ҳ.ш.
- «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار مسئولان نظام», сомонаи расмии Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 16 тири 1393ҳ.ш., санаи боздид: 1 тири 1404ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дору-л-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Мударрисӣ, Саид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳиббай-ил-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсири Кошиф, Теҳрон, Дору-л-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Саълабӣ Нишобурӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Кашфу ва-л-баён ан Тафсир ал-Қуръон, Бейрут, Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Саид Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фӣ Тафсири Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ Тафсири Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ ал-Ҷомеъ, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, Муассисаи илмии Қум, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
- Тайиб, Саид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фӣ Тафсири Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, чопи дуввум, 1378ҳ.ш.
- Толиқонӣ, Саидмаҳмуд, Партуие аз Қуръон, Теҳрон, Ширкати саҳҳомии интишор, чопи чорум, 1362ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ ал-Ғайб, Бейрут, Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.