Иҷозати валӣ
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Иҷозати валӣ (форсӣ: اجازه ولی) ё изни валӣ (форсӣ: اذن ولی) ба маънои иҷозаи касест, ки дар бархе аз умур бар дигарон вилоят дорад. Аз назари фақеҳони шиа, иҷозати валӣ дар мавридҳое лозим аст; аз ҷумла тасарруфи кӯдак дар молаш (бо вилояти падар ва бобои падарӣ ё васии онҳо), тасарруфи сафеҳ дар молаш ё молҳои дигарон (бо вилояти падар ва бобои падарӣ ё васии онҳо), издивоҷи духтари бокира (бо вилояти падар ва бобои падарӣ), омода кардани майит барои дафн (бо вилояти афрод дар табақоти мерос), қисоси қотил (бо вилояти афрод дар табақоти мерос) ва қазоват миёни мардум ё тасарруф дар анфол (бо вилояти фақеҳ).
Маъно ва аҳамият
Валӣ дар фиқҳ ба касе гуфта мешавад, ки ихтиёри мол ё корҳои дигарон бо ӯ бошад;[1] монанди падар ва бобои падарӣ, ки бар кӯдаки ноболиғ, девона ва сафеҳ вилоят доранд.[2] Иҷозати валӣ аз истилоҳоте аст, ки дар мавзуъҳои гуногуни фиқҳӣ корбурд дорад; монанди ория,[Ёддошт 1][3] закот,[4] никоҳ,[5] ҳуҷр,[6] омода кардани майит барои дафн,[7] намози ҷумъа[8] ва вақф.[9]
Корбурди иҷозати валӣ дар фиқҳ
Мавридҳои корбурд ва аҳкоми иҷозати валӣ дар фиқҳи шиа иборатанд аз:
Иҷозати падар ва бобои падарӣ
Иҷозати падар ва бобои падарӣ дар мавридҳои зерин лозим дониста шудааст:
- иҷозат ба кӯдак барои тасарруф дар молаш;[10] мисли ория додани мол[11] ё пардохти закоти мол.[12]
- иҷозат ба сафеҳ барои тасарруф дар молаш, мисли хариду фурӯш.[13]
- иҷозат барои издивоҷи кӯдаки писар ё духтар.[14]
- иҷозат барои издивоҷи духтари бокира: дар бораи издивоҷи бокираи расида[Ёддошт 2] миёни фақеҳони шиа ихтилофи назар вуҷуд дорад.[15]
Иҷозати васии падар ва бобои падарӣ
Ба гуфтаи Шайх Тӯсӣ ва Аллома Ҳиллӣ, аз фақеҳони шиа, падар ва бобои падарӣ метавонанд барои сарпарастии тифл дар умури молӣ, васӣ таъин кунанд, ки дар ин сурат пас аз марги онҳо, умури молии тифл бо иҷозати васӣ анҷом мегирад.[16] Иҷозат аз васӣ дар ҳолате корбурд дорад, ки бо марги яке аз падар ё бобои падарӣ, дигаре зинда набошад; зеро ҳар кадоме аз падар ё бобои падарӣ зинда бошад, худи ӯ валии тифл аст.[17]
Миёни фақеҳони шиа дар масъалаи вилояти васӣ дар издивоҷи кӯдак ихтилофи назар вуҷуд дорад;[18] Ба гуфтаи Сайид Мӯсо Шубайрӣ Занҷонӣ, дар ин бора ду қавли машҳур вуҷуд дорад; Шайх Тӯсӣ дар китоби Хилоф, Аллома Ҳиллӣ дар Мухталаф, Шаҳиди Аввал дар Ғоят-ул-мурод, Фозили Миқдод дар ат-Танқеҳ, Муҳаққиқи Каракӣ дар Ҷомеъ-ул-мақосид, Шаҳиди Сонӣ дар се китоби худ (Равза, Масолик ва Ҳошият-ул-иршод), Ҳурри Омилӣ дар Васоил-уш-шиа, ва Муҳаммадҳасан Наҷафӣ дар Ҷавоҳир, бар инанд, ки васӣ метавонад иҷозати издивоҷи кӯдакро диҳад. Ва дар муқобил, Шайх Тӯсӣ дар Мабсут, Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар Шароеъ, Аллома Ҳиллӣ дар шаш китоби худ (Қавоид, Таҳрир, Тазкира, Табсира, Иршод ва Талхис-ул-маром), Шаҳиди Аввал дар Лумъа, Фозили Сабзаворӣ дар Кифоя, Сайид Алӣ Таботабоӣ дар Риёз, ва Мулло Аҳмади Нароқӣ дар Мустанад, бар инанд, ки васӣ ин ҳақро надорад.[19]
Иҷозати валӣ дар омода кардани майит барои дафн
Ғусл, кафан кардан, намоз ва дафни майит аз мавридҳое аст, ки гуфта шудааст барои анҷоми онҳо бояд аз валии майит иҷозат гирифта шавад.[20] Валии майит дар ин мавзуъ, падар ва модар ва фарзандон, ва ба ҳамин тартиб, боқии афрод дар табақоти мерос ҳастанд.[21] Ба фатвои Имом Хумайнӣ, марҷаи тақлиди шиа, агар майит зан бошад, шавҳараш валии ӯст ва баъд аз шавҳараш, мардҳое ки аз ӯ мерос мебаранд бар занҳо муқаддаманд ва ҳар кадоме ки дар мерос бурдан муқаддам ҳастанд, дар ин амр низ муқаддаманд.[22]
Иҷозати валии хун дар қисос
Сайид Абулқосими Хуӣ аз мароҷеи тақлиди шиа (ваф.1371ҳ.ш.) бар он аст, ки агар мусулмоне кушта шавад, ҳаққи қисоси қотил танҳо барои валии хуни мақтул[Ёддошт 3] вуҷуд дорад ва агар шахсе ғайр аз валии хун ва бидуни иҷозаи ӯ қотилро бикушад, бояд кушта шавад.[23]
Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, дар сурати ба вуҷуд омадани ихтилоф миёни валии хун (дар интихоб миёни дия ё қисос), агар баъзе хоҳони дия бошанд, боқимондаҳо ҳаққи қисос доранд; ба шарте ки ҳиссаи дияи боқимондаҳоро пардохт кунанд. Ва агар баъзе аз онҳо қотилро афв кунанд, боқимондаҳо ҳаққи қисос доранд, вале ҳиссаи дияро бояд ба қотил ва ворисони ӯ пардохт кунанд.[24]
Иҷозаи валии фақиҳ
Бар асоси он чи дар китоби Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ навишта шудааст, миёни фақеҳони шиа машҳур аст, ки дар даврони ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ), валоят бар мардум дар барпоии адолат дар ҷомеа, иҷрои аҳкоми шаръӣ, ҳаллу фасли ихтилофоти мардум ва ҳифзи манофеи онҳо, ба фақеҳони одил вогузор шудааст[25] ва иҷозаи онҳо дар мавридҳои зерин лозим аст:
- Ҷиҳод бо кофирон, ё аҳли бағй, ё дигар мусалмонон дар сурати рӯй додани ҷанг.[26]
- Қазоват миёни мардум барои рафъи ихтилофот ва барпоии ҳудуд ва қисос.[27]
- Ҳаққи тасарруф дар анфол.[28]
- Барпоии намози ҷумъа: ба ақидаи Муҳаққиқи Каракӣ, яке аз шартҳои барпоии намози ҷумъа, вуҷуди Имоми маъсум ё ноиби ӯ (монанди валии фақиҳ дар даврони ғайбат) аст.[29]
- Супурдани закот ба ҳақдорони он.[30]
- Садақа додани моле ки ёфт шудааст, баъд аз он ки дастрасӣ ба соҳиби мол мумкин набуд.[31]
- Фурӯхтани моли вақфӣ агар дар маърази вайронӣ қарор гирифта бошад.[32]
- Таҷҳизи маййит агар валии ӯ нотавон ё ғоиб бошад.[33]
- Эҷоди тағйир дар вақфҳои ом мисли сохтмонсозӣ дар маҳдудаи масҷид.[34]
Эзоҳ
- ↑ Табатабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1423ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.413
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.21–20
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.194
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.26
- ↑ Ереванӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-фиқҳ-ил-истидлолӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.23
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.541
- ↑ احکام کلّی مربوط به تجهیز میّت, сомонаи расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ Омилии Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.371
- ↑ Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.194
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.26
- ↑ Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъу ли-ш-шароеъ, 1405ҳ.қ., саҳ.360
- ↑ Ереванӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-фиқҳ-ил-истидлолӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.23
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162; Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.293
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.200; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.541
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.541; «ولایت وصی بر نکاح صغار از دیدگاه امام خمینی», сомонаи портали Имом Хумайнӣ (р)
- ↑ «بررسی حق وصیّ در تزویج مجنون و صغیر و صغیره», сомонаи мадрасаи фақоҳат
- ↑ «بررسی حق وصیّ در تزویج مجنون و صغیر و صغیره», сомонаи мадрасаи фиқоҳат
- ↑ «احکام کلّی مربوط به تجهیز میّت», сомонаи расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
- ↑ «احکام درگذشتگان», сомонаи ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ احکام غسل و کفن و نماز و دفن میت, портали Имом Хумайнӣ (р)
- ↑ Хӯӣ, Мабонии Такмилат-ул-минҳоҷ, 1369ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69
- ↑ «اختلاف اولیا دم در عفو و دیه و قصاص»،, сомонаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.295
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.295–296
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.296
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.297
- ↑ Омилии Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.371
- ↑ Омилии Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.425
- ↑ Табатабоӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин (муҳашшо), 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.166
- ↑ Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Қум, б.т., ҷ.1, саҳ.67
- ↑ Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.343
Ёддошт
- ↑ Ория яъне ин ки касе моли худро бе гирифтани чизе барои истифодаи дигарӣ дар ихтиёри ӯ бигзорад. Ниг.: Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, ҷ.1, саҳ.591.
- ↑ Расида яъне касе ки тасмимгирии ӯ дар заминаи издивоҷаш бар асоси шеваи оқилона сурат мегирад ва маслиҳати худро дар масоили издивоҷ, монанди таъйини ҳамсари муносиб, миқдор ва кайфияти маҳр ва шартҳои дар дохили ақд, ташхис медиҳад. Ниг.: «ولایت بر دختر بالغۀ رشیدۀ باکره», сомонаи дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
- ↑ Валиёни хун касоне ҳастанд, ки ба тартиби табақоти мерос, аз мол ирс мебаранд, магар зану шавҳар, ки ҳаққи қисос надоранд, вале дар диёт саҳм доранд. Ниг.: «حق قصاص برای تمام طبقات ارث», сомонаи Ҷомеъулмасоил.
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутахҳар, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, Қум, Имом Содиқ(а), 1420ҳ.қ.
- Аллома Ҳаллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутахҳар, Қавоид-ул-аҳком, Қум, Интишороти Исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Ереванӣ, Муҳаммадбоқир, Дурусун тамҳидия фи-л-фиқҳ-ил-истидлолӣ, Қум, ал-Мустафо, 1434ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (р), 1421ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, б.т.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Омилии Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусейн, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, Олибайт, 1414ҳ.қ.
- Табатабоӣ, Сайид Маҳсон, Минҳоҷ-ус-солеҳин (муҳашшо), Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, 1410ҳ.қ.
- Табатабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, Алъурватулвусқо, Қум, Интишороти Исломӣ, 1423ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мабонии Такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, Илмия, 1369ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут, Теҳрон, Муртазавӣ, 1387ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маки Омалӣ, ад-Дурус, Қум, Интишороти Исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Ҳаллӣ, Яҳё ибни Саид, Алҷомеъ лишшароиъ, Қум, Муассисаи илмии Сайидушшуҳадо, 1405ҳ.қ.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан ли мазҳаби аҳл-ил-байт (а), Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1423ҳ.қ.
- «ولایت وصی بر نکاح صغار از دیدگاه امام خمینی (س)», сомонаи портали Имом Хумайнӣ, санаи боздид: 21 тири 1404ҳ.ш.
- «احکام درگذشتگان», сомонаи ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 2 меҳри 1393ҳ.ш., санаи боздид: 21 тири 1404ҳ.ш.
- «احکام غسل و کفن و نماز و دفن میت», сомонаи портали Имом Хумайнӣ, санаи боздид: 21 тири 1404ҳ.ш.
- «احکام کلّی مربوط به تجهیز میّت», сомонаи расмии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, санаи боздид: 5 шаҳривари 1402ҳ.ш.
- «اختلاف اولیا دم در عفو و دیه و قصاص», сомонаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 5 шаҳривари 1402ҳ.ш.
- «بررسی حق وصیّ در تزویج مجنون و صغیر و صغیره», сомонаи Мактаби фақоҳат, санаи боздид: 27 хурдоди 1402ҳ.ш.