Қавоид-ул-аҳком (китоб)

Аз wikishia
Қавоид-ул-аҳкоми фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром
local p = {} function p.main(frame) local args = require('Module:Arguments').getArgs(frame, {wrappers = 'Template:If empty', removeBlanks = false}) for k,v in ipairs(args) do if v ~= then return v end end end return p
НависандаАллома Ҳиллӣ (ваф.726ҳ.қ.)
МавзуъФиқҳ
СабкМасъаламеҳвар
ЗабонАрабӣ
Теъдоди ҷилд3 ҷилд
Тарҷума ба забонҳои дигарФорсӣ
Маҳалли нашрҚум
Санаи нашр1413ҳ.қ.


Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром (арабӣ: قَواعدُ الاَحکام فی مَعرفَةِ الحَلالِ وَ الحَرام) машҳур ба Қавоид-ул-аҳком, китобе ба забони арабӣ ва таълифи Аллома Ҳиллӣ (ваф.726ҳ.қ.) аст, ки дар заминаи фиқҳи фатвоӣ навишта шудааст. Масъаламеҳвар будан, диққат дар дастабандии масоили шаръӣ, баёни сода ва равон, тавваҷӯҳ намудан ба тамоми абвоби фиқҳ аз ҷумлаи хусусиёти ин китоб ба шумор меояд.

Қавоъид-ул-аҳком ба тақозои Фахрулмуҳаққиқин (ваф.771ҳ.қ.) фарзанди Аллома Ҳиллӣ нигошта шуд. Дар поёни китоб низ васияте аз муаллиф барои фарзандаш вуҷуд дорад. Ин китоб дар ҳукумати Сафавия мабнои қонуни идораи кишвар будааст. Шарҳҳо ва ҳошияҳои мутааддиде бар ин китоб нигошта шудааст. Ҳамчунин доштани як давраи комили тарҷумаи форсӣ аз ҷумлаи хусусиёти ин китоб ба шумор меравад.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром маъруф ба Қавоид-ул-аҳком аз китобҳои фиқҳи фатвоии[1] шиа аст, ки тамоми абвоби фиқҳ аз таҳорат то диётро дар худ ҷой додааст. Ин китоб ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ аз боарзиштарин кутуби фиқҳӣ баъд аз китоби Шароеъ-ул-Ислом, асари Муҳаққиқи Ҳиллӣ (ваф.676ҳ.қ.) ба шумор меравад.[2] Аллома Ҳиллӣ ин китобро дар муддати даҳ сол таълиф кард ва онро меҳвари тадриси худ дар ҳавзаи илмияи Бағдод қарор дод.[3] Қавоид-ул-аҳком дар адвори мухталиф мавриди тавваҷӯҳи уламо ва бузургони ҳавзаҳои илмия будааст.[4] Муҳаққиқи Каракӣ ин китобро дар таълиф ва наҳваи нигориш китобе бебадил донистааст.[5] Ҳамчунин ба нақли манобеи торихӣ, Қавоид-ул-аҳком тавассути Шоҳ Исмоил ба унвони қонуни ҳаллу фасли масоили ҳукуматӣ ва динӣ дар асри Сафавия баргузида шудааст.[6]

Китоби Қавоид-ул-аҳком аз кутуби мӯътабар ва маъруфи фиқҳи имомия аст, ки як давраи фиқҳи комил аз таҳорат то диёт аст.[7]

Муаллиф

Мақолаҳои аслӣ: Аллома Ҳиллӣ ва Феҳристи осори Аллома Ҳиллӣ

Абумансур Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, маъруф ба Аллома Ҳиллӣ аз уламои қарни ҳаштуми қамарӣ ба шумор меравад, ки ба изъони бисёре аз уламо дар маъқул ва манқул соҳибназар буда, осори илмии мутааддиде аз худ ба ҷой гузоштааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба ал-Мухталаф, ат-Тазкира ва Мунтаҳо-л-матлаб ишора кард.[8] Дар фазл, камол ва риояти одоби ахлоқӣ низ касеро ҳамтои ӯ надонистаанд.[9]

Сохтор ва муҳтаво

Қавоид-ул-аҳком, муштамил бар бисту як китоби фиқҳӣ аст, ки дар се ҷилд навишта шуда,[10] дарбардорндаи 6600 масъала аст.[11]

Дар поёни китоб низ васияти комил ва муҳимме аз муаллиф барои фарзандаш, Фахрулмуҳаққиқин вуҷуд дорад.[12]

Шарҳо ва ҳошияҳо

Мақолаи аслӣ: Феҳристи шарҳҳо ва ҳошияҳои Қавоид-ул-аҳком

Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби аз-Зариъа, 35 шарҳ барои китоби Қавоъид-ул-аҳком муаррифӣ кардааст,[13] ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

Тарҷума ва нақд

Тарҷумаи форсии Қавоид-ул-аҳком тавассути Муҳаммад ибни Абиабдуллоҳ - машҳур - ба Ҳоҷӣ (ваф.732ҳ.қ.), шаш сол баъд аз даргузашти Аллома Ҳиллӣ навишта шуд. Ин китоб дарбардорандаи як давра тарҷума аз китоби Қавоъид-ул-аҳком аст.[14]

Алӣ ибни Муҳаммади Қошӣ (Кошӣ) Ҳиллӣ, мулаққаб ба Насируддин, дар рисолаи фиқҳии худ бист эътироз ба таърифи таҳорат аз китоби Қавоъид-ул-аҳкоми Аллома Ҳиллӣ ворид намуда, ки ба рисолаи эътирозия маъруф шудааст. Албатта танҳо бахшҳое аз ин рисола дар байни кутуби фиқҳӣ мавҷуд аст.[15]

Нусхаҳо

Нусхаи мавҷуд дар китобхонаи Сайид Ҳусайни Садр дар Козимия - Ироқ: ин нусха тавассути Муҳаммад ибни Исмоили Ҳарқулӣ дар соли 706 қамарӣ, нигошта шуд. Ин китобро назди Аллома қироат кард ва мавриди таъйиди Аллома қарор гирифт.

  • Нусхаи мавҷуд дар китобхонаи донишгоҳи Теҳрон - Эрон: ин нусха тавассути Алӣ ибни Муҳаммади Найлӣ дар соли 709 қамарӣ, нигошта шудааст.
  • Нусхаи мавҷуд дар китобхонаи Мадинатулъилми Козимия - Ироқ: ин нусха тавассути Муҳаммад ибни Муҳсини Соруқӣ дар соли 713 қамарӣ нигошта шуд.
  • Нусхаи мавҷуд дар китобхонаи Файзияи Қум - Эрон: ҷилди аввал аз ин нусха тавассути Муҳаммад ибни Банинаср дар соли 717 қамарӣ нигошта шуд ва ҷилди дувуми он дар ҳамон сол тавассути Муҳаммад ибни Муҳаммад навишта шуд.[16]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173.
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.17.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.404.
  4. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.17.
  5. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4.
  6. Садоқат, «Рӯҳоният ва таомул бо ҳукумат дар ҳуқуқи асосии асри Сафавия», саҳ.10.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.17.
  8. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.397.
  9. Мӯсавии Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, ҷ.2, саҳ.270.
  10. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174.
  11. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.17.
  12. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.714.
  13. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.17–23.
  14. Ҳоҷӣ, тарҷумаи форсии Қавоъид-ул-аҳком, 732ҳ.қ., саҳ.188.
  15. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222.
  16. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоъид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Мадъу, Муҳаммад ибни Абиабдуллоҳ, тарҷумаи форсии Қавоъид-ул-аҳком, Машҳад, нусхаи хаттии мадрасаи Ҳиротхон, бе то
  • Мӯсавии Хонсорӣ, Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, Қум, Исмоилиён, 1390ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Садоқат, Қосимъалӣ, «Рӯҳоният ва таомул бо ҳукумат дар ҳуқуқи асосии асри Сафавия», нашрияи Маърифат, ҷ.93, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ (раҳ), 1370ҳ.ш.