Мубоҳалаи Пайғамбар (с) бо масеҳиёни Наҷрон
Ин мақола дар бораи достони Мубоҳала аст. Барои маълумот дар бораи Мубоҳала дар Қуръон ба мадхали ояти Мубоҳала нигаред.
Мубоҳалаи Пайғамбар (с) бо масеҳиёни Наҷрон (форсӣ: مباهله پیامبر(ص) با مسیحیان نجران) аз рӯйдодҳои аввали Ислом аст, ки нишонаи ҳаққоният ва дурустии даъвати Пайғамбар (с) дониста мешавад. Ин воқеа инчунин ба фазилати Пайғамбар (с) ва ҳамроҳонаш дар мубоҳала; яъне Имом Алӣ (а), Фотима (с), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) далолат мекунад.
Дар ояти 61-уми сураи Оли Имрон дар бораи ҳодисаи Мубоҳала сухан меравад ва бо номи ояти Мубоҳала маъруф аст. Шиаҳо бар ин боваранд, ки дар ояти Мубоҳала, Имом Алӣ ба манзалаи нафсу ҷони Пайғамбар (с) ба ҳисоб омадааст, аз ин рӯ, ин оятро аз фазоили Имом Алӣ (а) медонанд. Ин воқеа дар манобеъи шиа ва аҳли суннат нақл шудааст.
Бар асоси манобеъ, Пайғамбар (с) баъд аз мунозира бо насрониҳои Наҷрон ва имон наовардани онҳо, пешниҳоди мубоҳала дод, ки онҳо қабул карданд, аммо дар рӯзи ваъдашуда насрониҳои Наҷрон пас аз дидани он ки Пайғамбар (с) аҳли хонаводаашро бо худ овардааст, аз мубоҳала худдорӣ карданд. Мубоҳала талаби лаънат ва нафрини Илоҳӣ барои исботи ҳаққоният аст ва он, байни ду тарафе рух медиҳад, ки ҳарду иддаои ҳаққоният дошта, худро ҳақ медонанд.
Дар бораи рӯз ва соли вуқуъи ин ҳодиса, назароти гуногуне вуҷуд дорад. Муаррихони машҳур бар ин назаранд, ки он дар соли 10-уми қамарӣ рух додааст. Ҳамчунин дар китобҳои дуо, рӯзи 24-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҳамчун рӯзи мубоҳала зикр шуда, аъмоле дорад.
Дар бораи ин воқеа, асарҳои хаттӣ ва бадеӣ офарида шудаанд. Дар миёни онҳо расме ҳаст, ки дар нусхаи китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ (санаи навиштани нусха: 707 ҳиҷрӣ) ҷой гирифтааст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Мубоҳалаи Пайғамбар бо масеҳиёни Наҷрон аз воқеаҳое аст, ки барои исботи ҳаққонияти Пайғамбари Ислом дар даъваташ, аз он истифода мешавад.[1] Қуръон, дар сураи Оли Имрон, ба ин рӯйдод ишора кардааст.[2] Ҳамчунин ин воқеа аз фазоили панҷтан (Пайғамбар (с), Алӣ (а), Фотима (с), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а)) ба шумор меояд.[3] Аз он дар манобеи тафсирӣ[4] ва торихӣ[5] сухан рафтааст. Дар бораи ин воқеа, осори навишторӣ ва бадеие тавлид шудааст. [Ниёзманди манбаъ]
Шарҳи воқеа
Усқуфи масеҳиёни Наҷрон дар моҷарои мубоҳала:
«Агар Муҳаммад бар ҳақ намебуд, бо азизтарин афродаш намеомад ва агар бо мо мубоҳала кунад, пеш аз он ки сол бар мо бигузарад, як насроние бар рӯи замин нахоҳад монд.
Ба ривояти дигаре, ман чеҳраҳоеро мебинам, ки агар аз Худо дархост кунанд кӯҳеро аз ҷои худ барканад, ҳароина канда хоҳад шуд. Пас, мубоҳала макунед, ки ҳалок мешавед ва ҳеҷ насроние бар рӯи замин нахоҳад монд!» [6]
Пайғамбари Ислом (с) ҳамзамон бо мукотиба бо сарони ҳукуматҳои ҷаҳон, номае ба усқуфи Наҷрон навишта, сокинони Наҷронро ба дини Ислом даъват кард. Гурӯҳе, ба намояндагӣ аз масеҳиёни Наҷрон, ба Мадина рафта, дар Масҷидуннбӣ бо Пайғамбари Ислом гуфтугӯ карданд. Пайғамбар, зимни муаррифии худ, ҳазрати Исо (а)-ро бандае аз бандагони Худо муаррифӣ кард. Онҳо қабул накарданд ва таваллуд шудани Исо (а) бидуни падарро далел бар улуҳияти ӯ донистанд.[7]
Пас аз исрори ду тараф бар ҳаққонияти ақоиди худ, тасмим бар ин шуд, ки масъала аз роҳи мубоҳала [Ёддошт 1] хотима ёбад. Аз ин рӯ, қарор шуд фардои он рӯз, ҳамагӣ берун аз шаҳри Мадина, дар саҳро барои мубоҳала омода шаванд. Бомдоди рӯзи мубоҳала, Пайғамбар (с) ба ҳамроҳи Имом Алӣ (а), Фотима (с), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а) аз Мадина хориҷ шуд. Вақте масеҳиён диданд, ки Пайғамбар бо азизтарин касонаш барои мубоҳала омада ва ҳамчун пайғамбарон барои мубоҳала дузону нишастааст, аз мубоҳала сарфи назар карда, дархости мусолиҳа карданд. Пайғамбар низ ба шарти пардохти ҷизя, бо дархости онон мувофиқат кард. Баъд аз баргаштани насоро ба Наҷрон, ду тан аз бузургони ҳайати эъзомӣ, бо ҳадяҳое назди Пайғамбар (с) омада, мусулмон шуданд.[8]
Фахри Розӣ - аз муфассирони аҳли суннат (ваф.606ҳ.қ.), гуфтааст, ки муфассирон ва муҳаддисон бар ин воқеа иттифоқи назар доранд.[9]
Ояти Мубоҳала
Мақолаи аслӣ: Ояти Мубоҳала
Ояти Мубоҳала, ояти 61 сураи Оли Имрон аст, ки ба воқеаи Мубоҳала ишора дорад:
“ | Бинобар ин, пас аз фаро расидани илм [ваҳй] ба ту, ҳаркас дар бораи ӯ [ҳазрати Исо (а)], бо ту ба чолиш бархезад, ба ӯ бигӯ: биёед то фарзандонамон ва фарзандонатон, занонамон ва занонатон, ҷонҳоямон ва ҷонҳоятонро фарохонем. Онгоҳ (ба даргоҳи Худованд), зорӣ [тазаррӯъ] кунем, то лаънати Худовандро бар дурӯғгӯён ниҳем! |
” |
Ба гуфтаи Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ, муфассирон иттифоқи назар доранд, ки таъбири «абноано» (фарзандонамон) дар ояти Мубоҳала ишора ба Ҳасану Ҳусайн, «нисоано» ишора ба Фотима (с) ва «анфусано» ишора ба Имом Алӣ (а) дорад.[10]
Ҳамчунин Аллома Маҷлисӣ аҳодисеро, ки далолат доранд бар ин ки ояти Мубоҳала дар шаъни оли або нозил шуда, мутавотир донистааст.[11] Дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ (таълифи 1014ҳ.қ.), ҳудуди шаст манбаъ аз манобеи аҳли суннат зикр шудааст, ки тасреҳ мекунанд, ояти Мубоҳала дар бораи ин шахсиятҳо нозил шудааст.[12]
Имомони шиа[13] ва бархе аз саҳобаи Пайғамбар[14] низ барои исботи фазоили Имом Алӣ (а) ин оятро ҳуҷҷат овардаанд.
Замон ва макон
«Савганд ба он Худованде, ки ҷонам дар қабзаи қудрати Ӯст, ки ҳалокати аҳли Наҷрон наздик шуда буд ва агар бо ман мубоҳала мекарданд, ҳамагӣ ба маймуну хук масх мешуданд ва тамоми ин водӣ барояшон оташ мешуду месухтанд ва Ҳақ Таъоло ҳамаи аҳли Наҷронро нобуд мекард ва ҳатто парандае бар сари дарахтонашон намемонд ва ҳамаи насоро пеш аз сол мемурданд!»
Бинобар манобеи торихӣ, воқеаи мубоҳала баъд аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина рух додааст,[16] аммо дар бораи сол ва рӯзи он назароти мухталифе вуҷуд дорад. Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) замони вуқуъи мубоҳаларо баъд аз Фатҳи Макка (соли ҳаштуми қамарӣ) донистааст.[17] Дар таърихи Табарӣ (таълифи 303ҳ.қ.) соли даҳуми қамарӣ зикр шудааст.[18] Ба гуфтаи Муҳаммад Муҳаммадии Рейшаҳрӣ (ваф.1401ҳ.ш.) дар китоби Фарҳангномаи мубоҳала, машҳури таърихнигорон ин рӯйдодро марбут ба соли даҳум ва бархе аз онҳо соли нуҳуми қамарӣ шуморидаанд.[19]
Дар бораи рӯзи мубоҳала низ назароти мухталифе вуҷуд дорад; монанди 21,[20] 24[21] ва 25 зилҳаҷҷа.[22] Шайхи Ансорӣ, 24 зилҳиҷҷаро назари машҳур медонад.[23] Ҳамчунин дар китобҳои дуо, барои рӯзи 24 зилҳиҷҷа аъмоле зикр шудааст.[24] Шайх Аббоси Қумӣ, дар Мафотиҳ-ул-ҷинон ин аъмолро овардааст, ки аз ҷумлаи онҳо дуо, ғусл ва рӯза аст.[25]
Макон
Воқеаи мубоҳала дар Мадина рух додааст, аммо макони дақиқи он мушаххас нест. Дар наздикии Бақиъ, масҷиде ба номи Масҷиди мубоҳала ва Масҷидулиҷоба шинохта мешавад,[26] ки зоирон онро ба унвони макони мубоҳала зиёрат мекунанд,[27] аммо мегӯянд, дар манобеи торихӣ, аз масҷиде ба ин ном ёд нашудааст.[28]
Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ (ваф.1390ҳ.ш.) нависандаи шиа, муътақид аст, ин масҷид иртиботе бо мубоҳала надорад ва ин иштибоҳро ношӣ аз ташобуҳи мафҳуми иҷобат ва мубоҳа ва низ сухани Ибни Машҳадӣ медонад, ки ба намоз хондан дар масҷиди мубоҳала супориш кардааст.[29] Ибни Машҳадӣ (ваф.610ҳ.қ.) дар китоби ал-Мазор, аз масҷиди мубоҳала ёд карда ва ба хондани намоз дар он супориш намудааст.[30] Ба гуфтаи Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ, иллати ин ки дар макони мубоҳала масҷиде бино нашуда ин аст, ки Пайғамбар (с) дар ин макон намоз нахондааст ва мусулмонон дар маконҳое, ки намоз хондани Пайғамбар қатъӣ будааст, масҷид месохтанд.[31]
Китобҳо ва осори ҳунарӣ
Дар бораи воқеаи мубоҳала китобҳое навишта шудааст, ки бархе иборатанд аз:
- Манбаъшиносии воқеаи Мубоҳала, навиштаи Муҳаммадалӣ Асгарӣ ва Муҳаммадалии Наҷафӣ: ин китоб, ки дар соли 1401ҳ.ш., чоп шудааст, ҳудуди 80 китоб, 25 поённома, сад мақола ва чанд манбаи нармафзорӣ ва расонаӣ ба забонҳои мухталиф, дар ин замина муаррифӣ кардааст.[33]
- Фарҳангномаи мубоҳала (равише дар рӯёрӯӣ бо дигарандешон) асари Муҳаммад Муҳаммадии Рейшаҳрӣ ва дигарон: дар ин асар, гузорише аз рӯйдоди мубоҳала бар асоси нақли Фахри Розӣ (ваф.606ҳ.қ.) муфассири аҳли суннат ва Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) мутакаллими шиа омадааст. Ҳамчунин эҳтиҷоҷҳои Аҳли Байт ба он ва низ одоби рӯзи мубоҳала баён шудааст. Интишороти Дорулҳадис ин асарро дар соли 1395ҳ.ш., дар 154 саҳифа чоп ва мунташир кардааст.[34]
- Мубоҳала дар Мадина, асари Луӣ Мосиниюн: ин китоб дар соли 1378ҳ.ш., бо тарҷума ва муқаддимаи Маҳмуд Ифтихорзода, дар интишороти рисолати қалам мунташир шудааст.
- Мубоҳалаи содиқин, асари Сайид Муҳаммад Алавӣ, Қум, нағамот, 1383ҳ.ш.
- Осори мунтахаби ҷашнвораи адабии мубоҳала: нахустин асари мустақили адабӣ дар заминаи мубоҳала ба шумор меравад ва гузидае аз осори фиристодашуда ба ҷашнвораи адабии мубоҳаларо дарбар дорад. Ин китоб дар ду бахши «шеър» ва «насри адабӣ» танзим шудааст.[35]
Осори ҳунарӣ
Дар бораи воқеаи мубоҳала осори ҳунарие ҳамчун наққошӣ, анимейшен ва ғ. низ тавлид шудааст. Яке аз қадимитарини ин осор наққошие аст, ки дар нусхае аз китоби Осор-ул-боқияи Абурайҳони Берунӣ дарҷ шудааст. Ин нусха дар соли 707ҳ.қ., китобат шуда ва дар Фаронса нигаҳдорӣ мешавад.[36] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, таърихпажӯҳ, ин наққоширо эҳтимолан нусханавис ба китоб афзудааст.[37]
Дар шеър
- Ҳазини Лоҳиҷӣ (1180 - 1103ҳ.қ.):
Пас аз наъти расули ҳақ сипосе
ки синҷид клаки фикри ҳақшиносӣ
Набошад ҷуз санои шоҳи мардон ки ҳақ,
ҷони набӣ хондаш ба Қуръон[38]
Бигуфт асрори фош инҷо ба Ҳайдар
Ки бар шаҳри улумаш бувад ӯ дар
Баду асрор гуфт андар қаноат
Муҳаммади соҳиби ҳавзу шафоат
Баду асрор гуфту роз бинмуд
Ҳақиқати Муртазо нафси набӣ буд[39]
Эзоҳ
- ↑ Покниё, «Мубоҳала, равшантарин боварҳои шиа», саҳ.51.
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 61.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.46.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415, ҷ.2, саҳ.310; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.247.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.293 - 294.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407 - 1416ҳ.қ., саҳ.368 - 369
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1373 - 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.578.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, хомиса 1 , 1414ҳ.қ., саҳ.392.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.247.
- ↑ Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.46
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия, ҷ.1, саҳ.67.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.46 - 72.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1414ҳ.қ., саҳ.38; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1351/1352, ҷ.3, саҳ.230 - 229.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1351 - 1352, ҷ.3, саҳ.232.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.166 - 171
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.166 - 171.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.166 - 171.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.139.
- ↑ Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Фарҳангномаи мубоҳала, 1395ҳ.ш., саҳ.83 - 87.
- ↑ Мебадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.147.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.144; Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.759.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.759.
- ↑ Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи Аъзам Ансорӣ, ҷ.3, саҳ.48 - 49.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.764.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., боби дувум (аъмоли сана), аъмоли рӯзи мубоҳала, саҳ.451 - 458.
- ↑ Нигоҳ кунед Фозили Ланкаронӣ, Маносики ҳаҷ, 1373ҳ.ш., саҳ.242.
- ↑ Наҷмӣ, “Масҷидул-иҷобат ё масҷиди мубоҳала”, саҳ.123.
- ↑ Наҷмӣ, “Масҷидул-иҷобат ё масҷиди мубоҳала”, саҳ.124.
- ↑ Наҷмӣ, “Масҷидул-иҷобат ё масҷиди мубоҳала”, с. 122.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.102.
- ↑ Наҷмӣ, “Масҷидул-иҷобат ё масҷиди мубоҳала”, саҳ.126.
- ↑ «Ду наққошии беназир аз рӯзи Ғадир ва мубоҳала дар нусхае аз ал-Осор-ул-боқияи Абурайҳони Берунӣ», сайти китобхонаи тахассусии таърихи Ислом.
- ↑ «Манбаъшиносии воқеаи мубоҳала вориди бозори нашр шуд», хабаргузории расмии Ҳавза.
- ↑ Фарҳангномаи мубоҳала (равише дар рӯёрӯӣ бо дигарандешон), ҳадиснет.
- ↑ «Осори мунтахаби ҷашнвораи адабии мубоҳала», ҳадиснет.
- ↑ «Ду наққошии беназир аз рӯзи Ғадир ва мубоҳала дар нусхае аз ал-Осор-ул-боқияи Абурайҳони Берунӣ», сайти китобхонаи тахассусии таърихи Ислом.
- ↑ “Ду наққошии беназир аз рӯзи Ғадир ва Мубоҳала дар нусхае аз ал-Осор-ул-боқияи Абурайҳони Берунӣ” сайти китобхонаи тахассусии таърихи ислом.
- ↑ Ҳазини Лоҳиҷӣ, Девони Ҳазини Лоҳиҷӣ, 1384ҳ.ш., маснавиёт, чаману анҷуман, саҳ.628.
- ↑ Аттори Нишобурӣ, Ҷавҳар-ул-зот, 1383ҳ.ш., дафтари аввал, саҳ.58.
Ёддошт
- ↑ Вақте афроде дар бораи як масъалаи муҳими динӣ гуфтугӯ кунанд ва истидлолоти мантиқии онҳо фоидае надошта бошад, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва ба даргоҳи Худо тазарруъ мекунанд ва аз Ӯ мехоҳанд, ки дурӯғгӯро расво созад ва муҷозот кунад, гуфта мешавад, ки мубоҳала сурат гирифтааст (Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.230). Мубоҳала дар луғат, яъне нафрин кардани якдигар (Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1407ҳ.қ., зайли модаи «баҳл»).
Сарчашма
- Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳорат, Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи аъзам Ансорӣ.
- Аттори Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Ҷавҳар-уз-зот, тасҳеҳи Темур Бурҳон Лимудеҳӣ, Саноӣ, Теҳрон, 1383ҳ.ш.
- “Ду наққошии беназир аз рӯзи Ғадир ва Мубоҳала дар нусхае аз ал-Осор-ул-боқияи Абурайҳони Берунӣ”, сайти китобхонаи тахассусии таърихи Ислом, дарҷи матлаб: 25 меҳри 1393ҳ.ш., мушоҳида: 2 хурдоди 1402ҳ.ш.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзили ва уюун-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, тасҳеҳи Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дорулкутубилъарабӣ, 1407 - 1416ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир - дори Бейрут, 1385ҳ.ш./1965м.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро (ал-Табақот-ул-хомиса), таҳқиқи Муҳаммад ибни Сомли ас-Салмӣ, ал-Тоиф, мактабатус-Садиқ, 1993м./1414ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Наҷаф: матбаъатул-Ҳайдария, 1376ҳ.қ.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, матбуоти динӣ, чопи дувум, 1384ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1373 - 1374ҳ.ш.
- “Манбаъшиносии воқеаи Мубоҳала вориди бозори нашр шуд!” хабаргузории Ҳавза, дарҷи матлаб: 5 мурдоди 1401ҳ.ш., мушоҳида: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломия.
- Мибадӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, Теҳрон, Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, таҳқиқи муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, Қум: алмуътамарулъоламӣ лиалфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, алтаҳқиқ: ас-Сайид Миралӣ Шарифӣ, Бейрут: Дорул-Муфид, алтабъатуссония, 1414ҳ.қ.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Фарҳангномаи мубоҳала (равише дар рӯёрӯӣ бо дигарандешон), Қум, Дорулҳадис, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
- Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, “Масҷидул-иҷобат ё масҷиди мубоҳала”, Миқоти ҳаҷ, шумораи 41, зимистон ва поизи 1381ҳ.ш.
- “Осори мунтахаби ҷашнвораи адабии мубоҳала”, ҳадиснет, мушоҳида: 2 хурдоди 1402ҳ.ш.
- Покниё, Абдукарим, Мубоҳала, равшантарин далели боварҳои шиа, мубаллиғон, шумораи 50.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, алтабъатулсония, 1387ҳ.ш./1967м.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут: муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, алтабъатул-уло, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1351/1352.
- Фарҳангномаи мубоҳала (равише дар рӯёрӯӣ бо дигарандешон), ҳадиснет, мушоҳида: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ./1999м.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Маносики ҳаҷ, Қум, меҳр, алтабъатуссолиса, 1373ҳ.ш.
- Ҳазини Лоҳиҷӣ, Муҳаммадалӣ ибни Абитолиб, Девони Ҳазини Лоҳиҷӣ, тасҳеҳи Забеҳуллоҳ Соҳибкор, Теҳрон, нашри соя, 1384ҳ.ш.
- Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ (Тоҷ-ул-луғат ва сиҳоҳ-ил-арабия), таҳқиқи Аҳмад Абдулғафур Аттор, Бейрут, Дорулъилм лилмалоин, алтабъатурробиъа, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисаи фиқҳушшиъа, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.