Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин

Аз wikishia
Нишони ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҷунбишҳои муқовимат дар Фаластин аст, ки бо таъсир аз андешаҳои имом Хумайнӣ, ягона роҳи озодии пурраи сарзаминҳои Фаластинро муқовимат дар баробари ишғолгарии Исроил медонад. Усули асосии ин ҷунбиш эътиқод ба таълимоти дини Ислом ва ҳаром будани эътирофи Исроил аст.

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломиро, Фатҳӣ Шиқоқӣ дар соли 1981 дар Ғазза таъсис кард. Шохаи низомии он низ амалиётҳои сершуморе алайҳи Исроил анҷом дода ва Исроил ҳам чандто аз фармондеҳони онро террор кардааст.

Дабирикулли ин ҷунбиш Зиёд Нахола аст. Пеш аз ӯ Рамазон Абдуллоҳ ва пеш аз Абдуллоҳ, Фатҳӣ Шиқоқӣ ин масъулиятро бар уҳда доштанд.

Бархе аз кишварҳое ҳамчун: Амрико ва Англис ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо ин ҷунбишро дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор додаанд.

Муаррифӣ ва таъсис

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, аз муҳимтарин ҷунбишҳои муқовимати Фаластин ба шумор меравад, ки танҳо роҳи озодии Қудсро муқовимат медонад[1] ва мухолифи тавофуқ бо Исроил аст.[2] Ин ҷунбиш нисбат ба ҷунбиши ҲАМОС ва Фатҳ, аз пуштивонаи иҷтимоии камтаре бархурдор аст.[3] Ҳузури низомии ҷиҳод дар Каронаи бохтарӣ, яке аз нуқоти қуввати он ба шумор меравад.[4] Ба гуфтаи бархе расонаҳои аврупоӣ, ин созмон аз сохтори махфӣ ва муназзам ташкил шудааст.[5]

Мухолифат бо паймони Осло (2003), таҳрими интихоботи маҷлиси қонунгузорӣ (2006), мухолифат бо муоҳидаи сулҳи Миср дар соли 2014 ва иқдом барои рафъи таниш байни ҲАМОС ва давлати Миср (2014) аз муҳимтарин иқдомоти сиёсии ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ ба шумор меравад.[6]

Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар соли 1981 тавассути Фатҳӣ Шиқоқӣ – табиби фаластинӣ[7]мбо ҳамкории афроде ҳамчун Абдулазиз Авда, Рамазон Абдуллоҳ ва Нофиз Аззом дар шаҳри Ғазза таъсис шуд.[8] Аъзои ин ҷунбиш дар соли 1987 ба Лубнон табъид шуданд ва дар онҷо бо Ҳизбуллоҳи Лубнон иртибот барқарор карданд ва тавассути неруҳои Сипоҳи Посдорон таълимот диданд.[9] Мақарри расмии ин ҷунбиш дар соли 1989, ба Димишқ мунтақил шуд.[10]

Фатҳӣ Шиқоқӣ, муассис ва аввалин дабирикулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин

Фатҳӣ Шиқоқӣ дабирикулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар соли 1995 ба дасти МОСАД террор шуд ва Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ (ваф. 2020) ҷонишини ӯ гардид. Рамазон Абдуллоҳ нақши муассире дар пӯёии сиёсии ин ҷунбиш ифо кард. Дар пайи бемории Рамазон Абдуллоҳ, Зиёд Нахола дар соли 2018 ба дабирикулии ин ҷунбиш мансуб шуд.[11]

Усул ва аҳдоф

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, усуле барои худ таъриф карда, ки тибқи он, дини Ислом мабнои эътиқодот ва иқдомоти ин ҷунбиш аст. Тибқи ин усул, тамомии сарзамини Фаластин, сарзамини исломӣ ва арабӣ аст ва ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ дар ин сарзамин ҳаром аст ва ҳузури Исроил дар Фаластин, ба маънои сайтара ва таҷзияи сарзамини исломӣ аст.[12] Ҳамчунин ҳар иқдоме, ки дар ростои расмият додан ба режими саҳюнистӣ бошад, ғайриқобили қабул унвон шудааст.[13]

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, ҳадафи аслии худро озодии комили Фаластин, нобудии режими саҳюнистӣ ва барқарории ҳукумати исломӣ унвон кардааст. Аҳдофи дигари ин ҷунбиш иборатанд аз: омодасозии мардуми Фаластин барои ҷиҳоди низомӣ ва сиёсӣ, сомондеҳии мусулмонони дунё ва тарғиби онҳо ба анҷоми вазифаи худ дар қиболи Фаластин, талош барои якпорча сохтани иқдомоти исломӣ дар робита бо Фаластин, мустаҳкам сохтани равобит бо ҷунбишҳои исломӣ ва озодибахш ва даъват ба Ислом ва таблиғи таълимоти он.[14]

Дидори Зиёд Нахола - дабирикулли ҷиҳоди исломӣ бо Исмоил Ҳания - раиси дафтари сиёсии ҲАМОС

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ бо ҷунбиши ҲАМОС ҳамкории сиёсӣ ва низомӣ дорад.[15] Аммо равобити он бо Созмони озодибахши Фаластин ба хотири рӯйкарди секуларии ин созмон ва тамоюл ба созиш бо Исроил ва ба расмият шинохтани он, муносиб нест.[16]

Муқовимат алайҳи ишғолгарӣ

Гурдонҳои Қудс (ба арабӣ: сароё-л-Қудс), шохаи низомӣ ва амниятии ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, дар нимаи дувуми даҳаи ҳаштоди қарни бист мелодӣ таъсис шуд. Пеш аз ин, неруҳои муҷоҳиди исломӣ ва пештар катоиби сайфул-Ислом номида мешуд.[17] Гурдонҳои Қудс, бузургтарин неруи низомии Ғазза баъд аз шохаи низомии ҲАМОС ба шумор меравад.[18]

Исроил бархе аз фармондеҳони Ҷиҳоди исломиро террор кардааст, аз ҷумла: Фатҳӣ Шиқоқӣ (1995), Исом Бароҳама (1992), Ҳонӣ Обид (1994), Маҳмуд ал-Хавоҷа (1995), Маҳмуд Таволиба (2002), Маҳмуд ал-Замта (2003), Башир ал-Дабиш (2004), Холид ал-Даҳдуҳ (2006м), Дониёл Мансур (2014)[19] ва Ҳисом Абуҳарбд (2021) фармондеҳи шохаи низомии гурдонҳои Қудс.[20]

Амалиётҳо

Шохаи низомии Ҷиҳоди исломӣ амалиёти мутааддиде алайҳи ишғолгарии Исроил анҷом додааст; монанди Байтлид, Дизингуф, Кафардорум, Нитсорим, Шарқи ҷиболё, Муроҷ[21] ва Башоирул-интисор.[22]

Интифозаи 1987 Фаластин

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар интифозаи аввали Фаластин (1987) нақши муассире доштааст. Суханрониҳои Абдулазиз Авда дар масҷиди Иззуддин Қисом, аз авомили муҳими шурӯи ин интифоза ба шумор рафтааст.[23] Исроил дар интифозаи дувум (2000), Рамазон Абдуллоҳро масъули аслии бисёре аз амалиётҳои зидди исроилӣ муаррифӣ кард.[24] Мушорикати неруҳои низомии Ҷиҳоди исломӣ дар ин интифоза, иллати террори теъдоде аз фармондеҳони шохаи низомии ин ҷунбиш тавассути Исроил унвон шудааст.[25]

Мушорикат дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо

Мақолаи аслӣ: Тӯфони ал-Ақсо

Ба гуфтаи бархе расонаҳои аврупоӣ, ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо (2023), ки мунҷар ба кушта шудани 1400 исроилӣ ва ба асорат даромадани чанд сад исроилии дигар гардид,[26] мушорикат доштааст.[27] Ин ҷунбиш эълом кард, беш аз 30 асири исроилӣ дар ихтиёр дорад, ки танҳо аз роҳи мубодила, онҳоро таҳвил хоҳад дод.[28]

Бархе аз кишварҳо ҳамчун Амрико, Англис, Канада ва Ҷопон ва низ Иттиҳодияи Аврупо, ҷунбиши Ҷиҳоди исломиро дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор додаанд.[29]

Таъсирпазирӣ аз Инқилоби Исломии Эрон

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ аз ибтидои таъсис, асарпазируфта аз тафаккуроти Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ буд.[30] Тибқи ин тафаккур, танҳо Ислом ва таълимоти он, мабнои ҷиҳоду мубориза ва ваҳдат қарор дорад.[31] Фатҳӣ Шиқоқӣ, пеш аз таъсиси ин ҷунбиш, китобе бо унвони «ал-Хумайнӣ ал-ҳалл-ул-исломӣ ва-л-бадил» (Хумайнӣ, роҳи ҳали исломӣ ва ҷойгузин)-ро мунташир сохт, ки мунҷар ба боздошти ӯ тавассути давлати Миср шуд.[32] Вай андеша ва инқилоби имом Хумайниро беҳтарин ҷойгузин барои равишҳои дигар барои расидан ба аҳдофи ҷаҳони Ислом, хусусан озодии Фаластин эълом кард.[33] Ҷиҳоди исломӣ ба хотири ҳимояти ин ҷунбиш аз имом Хумайнӣ ва тафаккури ӯ ва таъкид бар ваҳдати шиаю суннӣ, муттаҳам ба шиа будан шудааст.[34] Ҷиҳоди исломӣ барои такзиби ин иддао, бар пойбандии ин ҷунбиш ба усули мазҳаби аҳли суннат таъкуд кард.[35]

Ба гуфтаи Холид ал-Батиш - узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, Эрон бузургтарин ҳомии ин ҷунбиш ва муқовимати Фаластин аст.[36] Вай кумакҳои Эрон ба ин ҷунбишро дар заминаҳои сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ ва омӯзиши низомӣ баршумурдааст.[37] Ба навиштаи маркази мутолиъоти сиёсии арабӣ, ин ҷунбиш дар ҷанги дохилии Сурия (оғоз: 2011) ва ҳамлаи эътилофи арабӣ ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман (оғоз: 2015) бетараф монд, ки барои муддате мӯҷиби сардии равобити он бо Эрон шуд.[38]

Шабакаи телевизионӣ

Шабакаи моҳвораии “Фаластин ал-явм”, вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ аст, ки маркази аслии он дар Ғазза қарор дорад. Мушкилоти молӣ, иллати таътилии дафтари ин шабака дар Қудс (2015) ва анҷоми таъдили неру дар дафтарҳои дигар эълом шуд.[39] Дафтари ин шабака дар Каронаи бохтарӣ дар соли 2016 тавассути Исроил таътил гардид.[40]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. “Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  2. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  3. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  4. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  5. “Рӯйкарди Ҷиҳоди исломии Фаластин дар мубориза бо Исроил ва тафовутҳояш бо ҲАМОС дар чист?”, вебгоҳи Евронюз.
  6. “Ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  7. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  8. “Таъриху ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин мавзуъан ли муҳозирати ваҳдатил-диросотил-истиротиҷийя”, вебгоҳи маркази арабии пажӯҳишҳо ва мутолиъоти сиёсӣ.
  9. “Мо ҳия ҳаракат “ал-Ҷиҳодул-исломӣ” аллатӣ таттаҳимуҳо Исроил би қасф ал-мусташфа ал-Маъмадонӣ фи Ғазза?”, вебгоҳи Фаронса 24.
  10. “Мо ҳия ҳаракат “ал-Ҷиҳодул-исломӣ” аллатӣ таттаҳимуҳо Исроил би қасф ал-мусташфа ал-Маъмадонӣ фи Ғазза?”, вебгоҳи Фаронс 24.
  11. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  12. “Набзатун ан ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  13. “Набзатун ан ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  14. “Набзатун ан ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  15. “Мо ҳия ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ ва мо алоқатуҳо би ҲАМОС?”, вебгоҳи ал-Ҳурра.
  16. “Рӯйкарди Ҷиҳоди исломии Фаластин дар мубориза бо Исроил ва тафовутҳояш бо ҲАМОС дар чист?”, вебгоҳи Евронюз.
  17. “Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  18. “Ило ҷониби катоибил-Қисом мо ҳия абразул-ҳаракотил-мусаллаҳа фи Ғазза”, вебгоҳи шабакаи хабарии BBC.
  19. “Ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ”, вебгоҳи TRT арабӣ.
  20. “Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  21. “Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  22. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  23. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  24. “Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира”, вебгоҳи Арабипуст.
  25. Ал-Шариф, “Ҳаркатул-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин”, вебгоҳи маркази мутолиъоти Фаластин.
  26. “Мо ҳия ҳаракат “ал-Ҷиҳодул-исломӣ” аллатӣ таттаҳимуҳо Исроил би қасф ал-мусташфа ал-Маъмадонӣ фи Ғазза?”, вебгоҳи Фаронс 24.
  27. “Рӯйкарди Ҷиҳоди исломии Фаластин дар мубориза бо Исроил ва тафовутҳояш бо ҲАМОС дар чист?”, вебгоҳи Евронюз.
  28. “Мо ҳия ҳаракат “ал-Ҷиҳодул-исломӣ” аллатӣ таттаҳимуҳо Исроил би қасф ал-мусташфа ал-Маъмадонӣ фи Ғазза?”, вебгоҳи Фаронс 24.
  29. “Дар бораи Ҷиҳоди исломии Фаластин ва гурдонҳои Қудс чӣ медонем?”, вебгоҳи шабакаи хабарии Евронюз.
  30. “Ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ”, вебгоҳи TRT арабӣ.
  31. Абутоҳо, “Таъсири имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ дар андеша ва амалкарди ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин”, портали имом Хумайнӣ.
  32. Арабсурхӣ, “Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз оғоз то имрӯз”, вебгоҳи ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин.
  33. Абутоҳо, “Таъсири имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ дар андеша ва амалкарди ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин”, портали имом Хумайнӣ.
  34. Абутоҳо, “Таъсири имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ дар андеша ва амалкарди ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин”, портали имом Хумайнӣ.
  35. Абутоҳо, “Таъсири имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ дар андеша ва амалкарди ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин”, портали имом Хумайнӣ.
  36. “Фи ҳивор маъа Алҷазира нет Холид ал-Батиш юваззиҳу макосибал-Ҷиҳод минал-ҳарб ва давру ҲАМОС ва алоқатуҳу маъа Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  37. “Фи ҳивор маъа Алҷазира нет Холид ал-Батиш юваззиҳу макосибал-Ҷиҳод минал-ҳарб ва давру ҲАМОС ва алоқатуҳу маъа Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  38. “Таъриху ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин мавзуъан ли муҳозирати ваҳдатил-диросотил-истиротиҷийя”, вебгоҳи маркази арабии пажӯҳишҳо ва мутолиъоти сиёсӣ.
  39. “Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  40. “Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.

Сарчашма

  • Абутоҳо, Анвар, “Таъсири имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ дар андеша ва амалкарди ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин”, портали имом Хумайнӣ, таърихи дарҷи матлаб: 30 хурдоди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 11 обони 1402ҳ.ш.
  • Ал-Шариф, Моҳир, “Ҳаркатул-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин”, вебгоҳи маркази мутолиъоти Фаластин, таърихи дарҷи матлаб: 29 обони 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 13 обони 1402ҳ.ш.
  • Арабсурхӣ, Ҳомид, “Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз оғоз то имрӯз”, вебгоҳи ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин, таърихи дарҷи матлаб: 9 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 10 обони 1402ҳ.ш.
  • "Дар бораи Ҷиҳоди исломии Фаластин ва гурдонҳои Қудс чӣ медонем?", вебгоҳи шабакаи хабарии Евронюз, таърихи дарҷи матлаб: 15 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 10 обони 1402ҳ.ш.
  • "Ило ҷониби катоибил-Қисом мо ҳия абразул-ҳаракотил-мусаллаҳа фи Ғазза", вебгоҳи шабакаи хабарии BBC, таърихи дарҷи матлаб: 16 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 10 обони 1402ҳ.ш.
  • "Мо ҳия ҳаракат “ал-Ҷиҳодул-исломӣ” аллатӣ таттаҳимуҳо Исроил би қасф ал-мусташфа ал-Маъмадонӣ фи Ғазза?", вебгоҳи Фаронс 24.
  • "Мо ҳия ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ ва мо алоқатуҳо би ҲАМОС?", вебгоҳи ал-Ҳурра, таърихи дарҷи матлаб: 27 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 10 обони 1402ҳ.ш.
  • "Набзатун ан ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин", вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 25 тири 1384ҳ.ш., таърихи боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
  • "Нашаъат би Миср, ва лаъибат давран кабиран би-л-интифоза.. Қиссату ҳаракатил-Ҷиҳод ва сирру истиҳдофи Исроил лаҳо би ҳарбиҳо-л-ахира", вебгоҳи Арабипуст, таърихи дарҷи матлаб: 17 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
  • "Рӯйкарди Ҷиҳоди исломии Фаластин дар мубориза бо Исроил ва тафовутҳояш бо ҲАМОС дар чист?", вебгоҳи Евронюз, таърихи дарҷи матлаб: 27 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 14 обони 1402ҳ.ш.
  • "Таъриху ҳаракатил-Ҷиҳодил-исломӣ фи Фаластин мавзуъан ли муҳозирати ваҳдатил-диросотил-истиротиҷийя", вебгоҳи маркази арабии пажӯҳишҳо ва мутолиъоти сиёсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 29 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 11 обони 1402ҳ.ш.
  • "Фи ҳивор маъа Алҷазира нет Холид ал-Батиш юваззиҳу макосибал-Ҷиҳод минал-ҳарб ва давру ҲАМОС ва алоқатуҳу маъа Ирон", вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 22 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
  • "Ҳадас-ус-соъот... маълумот туҳмаку маърифатуҳо ани-л-ҷиҳоди-л-исломӣ аллатӣ анҷабат асра амалията Ҷалбуъ", вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 17 шаҳривари 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 9 обони 1402ҳ.ш.
  • "Ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ", вебгоҳи TRT арабӣ, таърихи дарҷи матлаб: 20 меҳри 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 10 обони 1402ҳ.ш.
  • "Ҳаракатул-Ҷиҳодил-исломӣ", вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 23 баҳмани 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 10 обони 1402ҳ.ш.