Ҷиҳод

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷиҳод фисабилиллоҳ)

Ҷиҳод (арабӣ: الجهاد) мубориза дар роҳи Худо бо ҷону мол, дар набард бо мушрикон ва боғиён бо ҳадафи эътилои Ислом ва барпо доштани шаъоир он аст. Ҷиҳод аз фурӯъи дини Ислом аст ва фақиҳон дар боби мустақилле дар бораи аҳкоми он сухан гуфтаанд. Бештари муфассирон бар ин боваранд, ки ҳукми ҷиҳод дар Ислом, нахустин бор, ҳафт моҳ пас аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина, ташреъ шуд. Дар бархе оёти Қуръон ва аҳодис, фазоили зиёде барои ҷиҳод дар роҳи Худо зикр шудааст. Ҳамчунин умуре монанди ҳимоят аз мазлумону мустазъафон, ҷилавгирӣ аз зулму таҷовуз, мубориза бо ширку бутпарастӣ ва қавому пойдории дин, аз осору аҳдофи ҷиҳод шумурда шудааст.

Ҷиҳод аз назари фақиҳон ба ду қисми ҷиҳоди ибтидоӣ ва дифоӣ тақсим мешавад. Ҷиҳоди ибтидоӣ ба маънои ҷанг бо мушрикону куффор барои даъвати онон ба Ислом ва тавҳид аст ва дар он, мусулмонон оғозгари ҷанганд. Манзур аз ҷиҳоди дифоӣ, дифоъ аз сарзаминҳои исломӣ дар баробари ҳуҷуми душманон аст.

Омӯзаи ҷиҳод имрӯза (қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) мавриди сӯистифодаи гурӯҳҳои тундрави мусулмон монанди ал-Қоида ва ДИИШ қарор гирифтааст. Рафторҳои хушунатомези ин гурӯҳҳо, мӯҷиби бероҳа шудани ҷиҳод аз ҳадафҳои аслияш ва эҷоди исломҳаросӣ ва дар натиҷаи дастмояе барои ҳаҷма ба омӯзаи ҷиҳод шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ҷиҳод, истилоҳе фиқҳист, ба маънои мубориза дар роҳи Худо бо ҷону мол, дар набард бо мушрикон ва боғиён бо ҳадафи эътилои Ислом ва барпо доштани шаъоири он.[1] Ҷиҳод аз фуруи дини Ислом аст.[2] Фақиҳон дар боби мустақилле бо унвони «Ҷиҳод», ба тафсил дар бораи аҳкоми фиқҳии он сухан гуфтаанд.[3] Вожаи ҷиҳод ва ҳамрешаҳои он ҳудуди 35 бор дар Қуръон ба кор рафтааст.[4] Ҳамчунин аҳодиси зиёде дар бораи аҳкому фазилати он дар манобеи равоӣ нақл шуда, ки фақиҳон барои истинботи аҳкоми шаръӣ аз онҳо истифода мекунанд.[5]

Ҷиҳод дар мутуни динӣ ғайр аз маънои фиқҳӣ ва хос, ба маънои машаққат (маънои луғавӣ ва ом)[6] низ ба кор рафтааст.[7] Дар бархе аҳодис, барои ишора ба аҳамияту душвории бархе аъмол, аз онҳо ҳамчун ҷиҳод ёд шудааст.[8] Барои намуна дар бархе ривоёт, муҷоҳидати нафс дар баробари шайтон ва ҳавоҳои нафсонии ҷиҳоди акбар муаррифӣ шудааст.[9] Ҳамчунин корҳое монанди амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, баҷо овардани ҳаҷ, сухан гуфтан ба адолат дар баробари султони ситамгар, талош барои зинда кардани суннати некӯ дар ҷомеъа, хуб шавҳардорӣ кардани зан ва талоши мард барои касби рӯзии ҳалол барои хонавода, рӯза гирифтан дар гармо, ҷиҳод дар роҳи Худо дониста шудааст.[10]

Тавсеаи маъноии ҷиҳод аз дидгоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ

Ҷиҳод аз назари Сайид Алии Хоманаӣ, дуюмин раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, фақат дар майдони ҷанг нест ва майдонҳои васеъе ҳамчун сиёсат, фарҳанг, андеша, иқтисод ва таблиғро дар бар мегирад.[11] Ба бовари ӯ, ҳар талоше ки ба самти ҳамлаи душман бошад ҷиҳод аст. Барои намуна, дар ҷамъи тавлидгарону фаъолони иқтисодии Эрон гуфта масаълаи тавлид ва талош дар ин замина, аз он рӯ ки душманони Эрон дар паи тазъифи он ҳастанд, мисдоқе аз ҷиҳод аст.[12]

Арзиши ҷиҳод дар дини Ислом

Имом Алӣ (а):

Ҷиҳод шарифтарин кор пас аз пазириши Ислом ва мояи пойдории дин аст. Иззат ва иқтидор меоварад ва аҷре бузург дорад. Ҷиҳод сахт ва дорои подош аст ва дар он, пас аз шаҳодат, навиди биҳишт аст.

Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.94

Дар оёти Қуръон ва аҳодис, дар боби аҳамияти ҷиҳод, фазоили зиёде баён шудааст.[13] Дар оёти 20 ва 21 сураи Тавба, ба мақоми рафиъи касоне ки бо ҷону амволашон дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд, назди Худо ишора шуда ва чунин афроде аз растагорон муаррифӣ ва раҳмати Илоҳӣ, мақоми ризо ва хушнӯдии Худованду биҳишти ҷовдона ба онҳо бишорат дода шудааст.[14]

Мутобиқи ояти 95 сураи Нисо, Худованд мартабаи мусулмонони ҷиҳодгарро бар дигар мусулмонон бартарӣ бахшидааст.[15] Дар бархе ривоёт, ҷиҳод даре аз дарҳои биҳишт муаррифӣ шуда, ки Худованд барои авлиё ва бандагони хоссаш гушудааст.[16] Дар ривояте, бартарин кор баъд аз фароиз ва дар ривояти дигар, шарифтарин амал пас аз пазириши Ислом баён шудааст.[17] Ҳамчунин дар бархе ривоёт, қуллаи рафиъи Ислом[18] ва дар бархе низ аз аркони имон дониста шудааст.[19]

Ба гуфтаи Муҳаммади Фозили Ланкаронӣ, фақиҳи шиа, аҳамият, аҷру савоби ҷиҳод ва кушта шудан барои Худо ва дар роҳи эҳёи дин, чунон аст, ки шомили қоидаи дафъи зарари эҳтимолӣ намешавад.[20]

Ҳадаф ва осори ҷиҳод

Барои ҷиҳод, осору аҳдофе баён шуда, ки бархе аз онҳо ба ин қарор аст:

Нахустин фармони ҷиҳод

Дар ин ки нахустин дастури ҷиҳод бо кадом оят ва дар чӣ мавқеъияте содир шуд миёни муфассирон ихтилофи назар аст.[27] Муфассироне ҳамчун Фахри Розӣ ва Табарсӣ бар ин назаранд, ки ояти изни ҷиҳод, нахустин дастуру иҷозати ҷиҳод барои мусулмонон дар баробари мушрикони Макка буд.[28] Ба гузориши ин муфассирон, мушрикони Макка мусулмононро озор медоданд ва мезаданд. Онон бо сарҳои шикаста ва маҷрӯҳ назди Пайғамбар (с) меомаданд ва шикоят мекарданд ва аз Паёмбар тақозои ҷиҳод мекарданд. Паёмбар низ ононро ба сабр даъват мекард ва мегуфт дастури ҷиҳод ҳануз нарасида, то ин ки ҳиҷрат шурӯъ шуду мусулмонон аз Макка ба Мадина омаданд ва ҳафт моҳ баъд,[29] ояти изни ҷиҳод нозил ва нахустин дастури ҷиҳод содир шуд.[30]

Бархе гуфтаанд ояти 190 сураи Бақара (وَ قَاتِلُوا فِی سَبِیلِ اللَّهِ الَّذِینَ یُقَاتِلُونَکُمْ Ва дар роҳи Худо бо онон ки ба ҷангу душманӣ шумо бархезанд ҷиҳод кунед) нахустин оятест, ки ба ҷиҳод бо душманон фармон додааст. Бархе низ ояти 111 сураи Тавбаро нахустин ояте донистаанд, ки бо он фармони ҷиҳод содир шуд.[31] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, лаҳни ояти изни ҷиҳод ки таъбири «изн» дар он омада, бо мавзуи нахустин фармон барои ҷиҳод, таносуби бештаре дорад.[32]

Бархе муфассирон бо истинод ба ояти 111 сураи Тавба, гуфтаанд ҳукму дастур ба ҷиҳод дар ҳамаи шариъатҳои гузашта низ вуҷуд доштааст.[33]

Ақсоми ҷиҳод

Ҷиҳод аз дидгоҳи фақеҳон ба ду қисми ҷиҳоди ибтидоӣ ва ҷиҳод дифоӣ аст:[34]

Ҷиҳоди ибтидоӣ

Мақолаи аслӣ: Ҷиҳоди ибтидоӣ

Ҷиҳоди ибтидоӣ ба маънои ҷанг бо мушрикон ва куффор барои даъвати онон ба Ислом ва тавҳид аст.[35] Дар ин навъи ҷиҳод, мусулмонон оғозгари ҷанг ҳастанд.[36] Ба иҷмоъи фақеҳони мусулмон, ҷиҳод барои даъват ба Ислом бар ҳар мукаллафе ки озод ва мард бошаду узре монанди беморӣ ва куҳансолӣ надошта бошад, дар баробари кофари ғайризиммӣ ва боғиён, воҷиби кифоӣ аст.[37] Бино ба назари фақеҳони имомия, ҷиҳоди ибтидоӣ бояд дар замони ҳузури имоми маъсум ва ба изни вай ё ноиби хосси ӯ бошад.[38] Албата бархе низ ҷиҳоди ибтидоӣ дар асри ғайбатро низ машрӯъ ва ҷоиз донистаанд.[39]

Қудрати кофии мусулмонон барои оғози ҷангу даъвати куффор ба Ислом ва итмоми ҳуҷҷат бо онҳо пеш аз оғози ҷанг, аз дигар шароите аст, ки фақеҳон барои ҷиҳоди ибтидоӣ дар назар гирифтаанд.[40]

Ҷиҳоди дифоӣ

Мақолаи аслӣ: Ҷиҳоди дифоӣ

Ҷиҳоди дифоӣ пайкор бо ҳадафи дифоъ аз Ислом ва сарзаминҳои исломӣ дар баробари душмане аст, ки ба сарзаминҳои исломӣ ҳуҷум овардаву қасди ғалаба ва султа бар номусу амволи мусулмонон ё куштани гурӯҳе аз мусулмононро дорад.[41] Ба фатвои фақеҳон, ҷиҳоди дифоӣ бар марду зан, пиру ҷавон, бардаву озод ки қудрати ҷангидан дошта бошанд, воҷиб кифоӣ аст.[42] Ҷиҳоди дифоӣ, машрут ба ҳузур ё иҷозаи имом (а) ё ноиби хосси ӯ нест.[43] Бархе ҷангҳои давраи Пайғамбар (с) монанди ҷанги Аҳзоб, ҷанги Уҳуд, ҷанги Мута, ҷанги Табук ва ҷанги Ҳунайн ҷиҳоди дифоӣ будаанд.[44]

Муҳаммадҷавод Фозили Ланкаронӣ, мударриси Ҳавзаи илмияи Қум, қисми дигаре аз ҷиҳод бо унвони ҷиҳоди заббиро аз зоҳири каломи фақеҳон истихроҷ кардааст.[45] Ӯ муътақид аст, ки ҷиҳоди заббӣ фақат барои ҳифзи Ислом аст. Бинобар ин агар аз ҷониби ситамгаре, дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон, тарси нобудии Ислом вуҷуд дошта бошад, дифоъ аз киёни Ислом бар ҳамаи мусулмонон, воҷиби айнӣ аст.[46]

Одобу аҳкоми ҷиҳод

Фақеҳон, бо тавваҷуҳ ба оёти Қуръон ва аҳодис, одобе барои ҷиҳод зикр кардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳ зер аст:

  • Фуқаҳо бо истинод ба оёте монанди ояти 217 сураи Бақара ва ояти 36 сураи Тавба, қоил ба ҳурмати ҷиҳод дар моҳҳои ҳаром (раҷаб, зилқаъда, зилҳиҷҷа ва муҳаррам)[47] шудаанд.[48] Албата бархе фақеҳони аҳли суннат бар ин назаранд ки ҳукми ҳурмати ҷиҳод дар моҳҳои ҳаром насх шудааст. Аз ин рӯ ҷиҳодро дар ҳар макону ҳар замон ҷоиз медонанд.[49]
  • Мустаҳаб аст оғози ҷанг пас аз заволи офтоб ва баъд аз барпоии намози пешин ва аср бошад. Ҳамчунин ҳамлаи шабона, ҷуз дар ҳоли зарурат, макруҳ аст.[50]
  • Ба иҷмоъи фақеҳони шиа, касе ки дар ҷанг ва арсаи набард кушта шавад, шаҳид асту аҳкоми шаҳид бар ӯ ҷорӣ мешавад.[51]
  • Ҷангидан бо душман бо ҳар навъи силаҳ ва ба ҳар наҳве ки сабаби пирӯзӣ шавад ҷоиз аст;[52] вале қатъ кардани дарахтон, партоби оташ ва раҳо кардани об ба сӯи душман, ҷуз дар ҳоли зарурат, макруҳ аст.[53]
  • Куштани занон, кӯдакон, девонагон ва низ нотавонон аз ҷанг, монанди пирамардҳо, нобиноён ва замингир дар сурате ки аз фикру назари онон дар ҷанг истифода нашавад, ҳаром аст, магар дар ҳоли зарурат; монанди он ки куффор аз вуҷуди онон ба унвони сипар истифода кунанд ё чира шудан бар душман вобаста ба куштани онҳо бошад.[54]
  • Найранг дар ҷанг, ҷуз дар сурате ки душман амон дошта бошад, ҷоиз аст.[55]
  • Ёрӣ гирифтан аз куффор дар ҷанг, дар сурате ки маслиҳат иқтизо кунаду хиёнат дар он набошанд, ҷоиз аст.[56]
  • Итоат аз фармондеҳ бар размандагон воҷиб аст.[57]

Сарпечӣ ва фирор аз ҷанг

Мақолаи аслӣ: Фирор аз ҷанг

Фирор аз ҷанг ҳаром аст ва ба гуфтаи бархе фақеҳон ва муфассирон, аз гуноҳони кабира маҳсӯб мешавад;[58] магари он ки шумори мусулмонон камтар аз нисфи нерӯҳои душман бошад, ки дар ин сурат муқовимат дар баробари онҳо воҷиб нест.[59]

Сарпечӣ аз ҷиҳод низ ҳаром аст.[60] Дар бархе оёти Қуръон, умуре ҳамчун тарс,[61] дилбастагӣ ба дунё,[62] сустимонӣ, нифоқ,[63] бемордилӣ ва гуноҳ[64] омилҳои сарпечӣ аз ҷиҳод баршумурда шудааст. Дар Қуръон, бархе аз оқибатҳои сарпечӣ аз ҷиҳод, зикр шуда ки иборатанд аз: ҳалокат,[65] кайфарҳои дунявӣ ва ухравӣ,[66] маҳрумият аз баракоти дунявӣ ва ухравӣ,[67] ва шаклгирии фитнаву фасод дар ҷомеъа.[68]

Фатвоҳои машҳури фақиҳони шиа дар бораи ҷиҳод

Мақолаи аслӣ: Фатвои ҷиҳод

Бархе аз муҳимтарин фатвоҳое ки аз сӯи фақиҳону мароҷеъи тақлиди шиа дар давраҳои мухталифи таърихӣ дар бораи вуҷуби ҷиҳод содир шуда ба ин шарҳ аст:

  • Бо ҳуҷуми Рӯсия дар солҳои 1241 то 1243ҳ.қ., ба кишвари Эрон ва тасарруфи манотиқе аз он, бархе олимони шиа ҳамчун Ҷаъфар Кошифулғито, Сайид Алии Таботабоӣ, Мирзои Қумӣ, Мулло Аҳмади Нароқӣ ва Сайид Муҳаммади Муҷоҳид дар ростои ҳимоят аз ҳукумати Қоҷор дар дифоъ аз мардуми мусулмони Эрон, фатвои ҷиҳод барои мубориза ва дифоъ дар баробари ҳуҷуми нерӯҳои Рӯсия содир карданд.[69] Ин фатвоҳо, ба ҳамроҳи рисолаҳое дар аҳкоми ҷиҳод, ба дастури Аббосмирзо, фарзанду валиаҳди Фатҳъалишоҳ ва тавассути Мирзо Исо Қоиммақоми Фароҳонӣ, дар маҷмуъае бо унвони Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод, гирдоварӣ шудааст.[70]
  • Фатвои ҷиҳоди Муҳаммадтақии Шерозӣ аз фатвоҳои асаргузор буд ки дар баробари султа ва нуфузи Англия дар Ироқ, дар 20 рабиулаввали 1337ҳ.қ., содир шуд.[71] Матни фатво чунин аст: «Мутолибаи ҳуқуқ бар ироқиён воҷиб аст ва бар онон воҷиб аст дар зимни дархостҳои хеш, риояти оромишу амниятро бинамоянд ва дар сурате ки Англия аз пазириши дархостҳояшон худдорӣ варзад, ҷоиз аст ба қувваи дифоӣ мутавассил шаванд [чанг зананд].»[72]
  • Пас аз он ки дар соли 2014, ДИИШ бар бархе аз манотиқи ғарбӣ ва шимолии Ироқ сайтара ёфта буд ва ба сӯи дигар манотиқ пешравӣ мекард, Сайид Алии Систонӣ барои муқобила бо пешравиҳои ДИИШ, фатвои ҷиҳод содир намуд.[73] Мутобиқи ин фатво, бар шаҳрвандони ироқӣ ки тавоноии ҳамли силоҳ ва мубориза бо террористҳоро доштанд, воҷиби кифоӣ буд то ба дифоъ аз кишвар, миллат ва муқаддасот бипардозанд ва ба нерӯҳои амниятӣ бипайванданд.[74]

Нигариши ифротгароёна ба ҷиҳод

Масаълаи ҷиҳод дар садаҳои чордаҳуму понздаҳуми қамарӣ, мавриди таваҷҷуҳи бархе гурӯҳҳои салафии мусулмон, монанди ал-Қоида ва ДИИШ қарор гирифт.[75] Салафиҳои ҷиҳодӣ, ҷиҳодро аз ҳамаи фурӯъи динӣ ва усули амалии Ислом ҳамчун намоз, рӯза ва ҳаҷ, муҳимтар ва бар онҳо муқаддам медонанд ва бар ин боваранд, ки ҳар мусулмоне ки ба ҷиҳод напардозад асли Исломро дарак накардааст.[76]

Гуфта мешавад бархе аз ин гурӯҳҳои тундрав, ба таъсирпазирӣ аз Сайиди Қутб,[77] муътақиданд, ки ҳамаи сарзаминҳо ё дор-ул-Ислом ҳастанд ё сарзамини ҷоҳилӣ ва дор-ул-ҳарб. Дор-ул-Ислом, сарзамине аст ки дар он Ислом ҳоким асту шариати Худо иҷро ва ҳудудаш иқома мешавад ва ҳар ҷомеъае ғайр аз ин бошад, дор-ул-ҳарб ё сарзамини ҷоҳилӣ аст ки дар ин сурат, мусулмонон вазифа доранд ки дар ин ҷавомеъ ё пайкор кунанд ё ин ки дар сулҳ бошанд ва ба сокинони ин сарзаминҳо амон диҳанд ва аз онон ҷизя бигиранд.[78]

Салафиҳои ҷиҳодӣ бо инҳироф дар маънои ҷиҳод ва густариши мафҳуми куфр,[79] дар бархе кишварҳо ва ба вижа манотиқи мусулмоннишин, даст ба хушунату аъмоли террористӣ заданду чеҳрае хашин аз Ислом ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.[80]

Дар муқобил, фақеҳони шиа иҷмоъ доранд ки манзур аз ҷиҳод дар замони ғайбати имоми маъсум, дифоъ дар баробари таҷовузгарон аст ва ин ба маънои хушунат нест ва ҳар миллате ҳақ дорад, ки дар муқобили ҳуҷуми душманон аз худаш дифоъ кунад.[81] Ба гуфтаи Неъматуллоҳ Солеҳии Наҷафободӣ, фақиҳи шиа, ҷиҳод дар Ислом ба ин маъно нест, ки дин бо ҷанги ибтидоӣ ва қудрати аслиҳа бар мардуме ки Исломро қабул надоранду озоре ҳам барои мусулмонон эҷод намекунанд, таҳмил шавад.[82] Ӯ бо истинод ба ояти 90 сураи Нисо, ҷанги ибтидоӣ бо куффори беозорро ҳаром дониста[83] ва муътақид аст ки ҷангҳои Пайғамбар (с) дар садри Ислом барои дифоъ дар баробари таҷовузи душман ва бо ҳадафи наҷоти мазлумон будааст.[84]

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.3
  2. Мутаҳҳарӣ, Ҷиҳод, 1390ҳ.ш., саҳ.20
  3. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.140
  4. Мисбоҳи Яздӣ, Ҷангу ҷиҳод дар Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.19
  5. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.4
  6. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳу туҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабия, зайли вожа «ҷаҳд»
  7. Сарромӣ, Адолатнажод, «Ҷиҳод», саҳ.433
  8. Сарромӣ, Адолатнажод, «Ҷиҳод», саҳ.433
  9. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.122
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.259у ҷ.5, саҳ.9 ва 88; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.64 - 65; Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.96, саҳ.256
  11. «جهاد», сайти khamenei.ir.
  12. «بیانات آیت‌الله خامنه‌ای در دیدار تولیدکنندگان و فعالان اقتصادی», сайти khamenei.ir
  13. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.77
  14. сураи Тавба, оёти 20 - 21; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.14; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.205 - 206
  15. сураи Нисо, ояти 95
  16. Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.189; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.123
  17. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.7 ва 70
  18. Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342
  19. Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342
  20. Фозили Ланкаронӣ, Изоҳ-ул-кифоя, 1385ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.406
  21. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.27
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.29
  24. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги мавзуии ҷиҳод дар оинаи оёту ривоёт, 1387ҳ.ш., саҳ.35
  25. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.94
  26. Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.177
  27. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.113
  28. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.228 - 229; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.156
  29. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1376ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161
  30. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.228 - 229; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.156
  31. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.383
  32. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.113 - 114
  33. Барои намуна ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.152
  34. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяти фи шарҳи лумъат-ид-димишқийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.7 - 8
  35. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяти фи шарҳи лумъат-ид-димишқийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.79
  36. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.7
  37. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.46; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.81
  38. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.447
  39. Барои намуна ниг.: Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364; Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116 - 119
  40. Амиди Занҷонӣ, Фиқҳи сиёсӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.139
  41. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.15, саҳ.79
  42. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8
  43. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.37; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.14
  44. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.28
  45. Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.52
  46. Фозили Ланкаронӣ, Ҷиҳоди заббӣ, 1401ҳ.қ., саҳ.32
  47. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.33; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.406
  48. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфони фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 354
  49. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.390; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.33 - 34
  50. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.81 - 82
  51. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.89
  52. Ҳалабӣ, Ишорат-ус-сабқ, 1414ҳ.қ., саҳ.143
  53. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.66 - 68
  54. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.68 ва 73 - 77
  55. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.78 - 79
  56. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.193 - 194
  57. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.373
  58. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.56; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.57
  59. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.63
  60. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.37
  61. сураи Нисо, ояти 77; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.184
  62. сураи Тавба, ояти 38; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.184
  63. сураи Тавба, ояти 45; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.184
  64. сураи Аҳзоб, оёти 12 - 13; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.185
  65. сураи Тавба, ояти 42; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.185
  66. сураи Тавба, ояти 39 ва 81 - 82; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.186 - 187
  67. сураи Моида, ояти 21; Разавӣ, «Ҷиҳод», саҳ.186
  68. сураи Анфол, оёти 72 - 73; сураи Муҳаммад, оёти 20 - 22
  69. Заргаринажод, «Баррасии Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод (нахустин асар дар адабиёти таквини адабиёти ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», саҳ.383
  70. Заргаринажод, «Баррасии Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод (нахустин асар дар адабиёти таквини адабиёти ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», саҳ.382 - 383
  71. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъати ва ҳува нуқабо-ул-башари фи-л-қарн-ир-робиъи ашар, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263
  72. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъати ва ҳува нуқабо-ул-башари фи-л-қарн-ир-робиъи ашар, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263
  73. Ҳаттоб, «Тавзиф-ул-ҳашд-иш-шаъби фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқи», саҳ.107 - 108
  74. Ҳаттоб, «Тавзиф-ул-ҳашд-иш-шаъби фи-л-мадрак-ис-сиёсий-ил-ироқи», саҳ.107 - 108
  75. Бахшӣ, Шайх Аҳмад, «Ҷиҳод аз Ибни таймия то Бен Лодан», саҳ.170
  76. Алии Бахшӣ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.119 - 120
  77. Алии Бахшӣ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.121 - 122
  78. Сайиди Қутб, Маъолиму фи-т-тариқ, саҳ.8 ва 66 - 67; Алии Бахшӣ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.121 - 122
  79. Абуумар, ал-Ҷиҳоду ва-л-иҷтиҳод, 1419ҳ.қ., саҳ.25 - 27
  80. Мираҳмадӣ, Валадбегӣ, «Ҷараёнҳои салафӣ; аз инқиёд то ифротгароӣ», саҳ.123 - 129
  81. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.11
  82. Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, саҳ.11
  83. Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, саҳ.12
  84. Солеҳии Наҷафободӣ, Ҷиҳод дар Ислом, саҳ.34 - 35

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • «بیانات در دیدار تولیدکنندگان و فعالان اقتصادی», сайти khamenei. ir, таърихи дарҷи матлаб: 10 баҳмани 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 19 тири 1403ҳ.ш.
  • «جهاد», сайти khamenei. ir, таърихи боздид: 1 тири 1403ҳ.ш.
  • Абуумар, умр, ал-Ҷиҳоду ва-л-иҷтиҳод, Уммон, Дор-ул-баёриқ, 1419ҳ.қ.
  • Алии Бахшӣ, Абдуллоҳ, Ҷараёншиносии гурӯҳҳои салафӣ, ҷиҳодӣ ва такфирӣ, Теҳрон, интишороти байналмилалии ал-Ҳудо, 1394ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт (а), 1414ҳ.қ.
  • Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Фиқҳи сиёсӣ, Теҳрон, Амиркабир, 1377ҳ.ш.
  • Бахшӣ, Шайх Аҳмад, Меҳдӣ, «Ҷиҳод аз Ибни таймия то Бен Лодан», Фаслномаи улуми сиёсӣ, давраи 9, №34, мурдоди 1384ҳ.ш.
  • Заргаринажод, Ғуломҳусайн, «Баррасии Аҳком-ул-ҷиҳоди ва асбоб-ур-рашод (нахустин асар дар адабиёти таквини адабиёти ҷиҳодии таърихи муосири Эрон)», Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, давраи 43, №155, соли 1379ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, Қум, нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Шайх Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сию дувум, 1374ҳ.ш.
  • Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт (а), чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Мираҳмадӣ, Алиакбар ва Мансури Валадбегӣ, «Ҷараёнҳои салафӣ; аз инқиёд то ифротгароӣ», ҷусторҳои сиёсии муосир, давраи 5, №12, шаҳривари 1393ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Ҷангу ҷиҳод дар Қуръон, Қум, Маркази интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1383ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳу фиқҳи аддавлаи алисломия, Қум, ал-Марказ-ул-ъолами ли-д-диросот-ил-исломия, 1409ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ҷиҳод, Қум, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алоуддин Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1401ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъати ва ҳува нуқабо-ул-башари фи-л-қарн-ир-робиъи ашар, Машҳад, Дор-ул-муртазо ли-н-нашр, 1404ҳ.қ.
  • Разавӣ, Сайид Аббос, «Ҷиҳод», дар Доират-ул-маъорифи Қуръони Карим, ҷилди 10, Қум, муассисаи Бӯстони китоб, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Сайид ъбдолоълӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дор-ут-тафсир, бе то.
  • Сайиди Қутб, Маъолиму фи-т-тариқ, Бейрут, Дор-уш-шуруқ, 1399ҳ.қ.
  • Сарромӣ, Сайфуллоҳ ва Саид Адолатнажод, «Ҷиҳод», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.11, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маъорифи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, Ҷиҳод дар Ислом, Теҳрон, нашри Най, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аълми ли-л-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи ан-Нашр-ил-исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Изоҳ-ул-кифоя, Қум, нашри Нӯҳ, чопи панҷум, 1385ҳ.ш.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммадҷавод, Ҷиҳоди заббӣ (ҷаҳду дифоъ аз киёни Ислом), Қум, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), 1401ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфони фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, Маншурот-ул-мактбат-ил-муртазавияти ли-л-эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1384ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадинат-ул-илм, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмоли ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-Шариф-ир-Разӣ ли-н-нашр, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1365ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқиҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи ал-Маориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяти фи шарҳи лумъат-ид-димишқийя, ҳошияи Сайид Муҳаммади Калонтар, Қум, интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Ишорат-ус-сабқ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Ҳаттоб, Ҷавод Козим, «توظیف الحشد الشعبی فی المدرک السیاسی العراقی», дар маҷаллаи Ҳамуробӣ, соли ҳафтум, №29, зимистони 2019м.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадризо Ҷалолӣ, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт (а), 1416ҳ.қ.
  • Ҷавҳарӣ, Абунасри Исмоил ибни ҳмод, ас-Сиҳоҳу туҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабия, Бейрут, Дор-ул-илми ли-л-малойин, 1407ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги мавзуии ҷиҳод дар оинаи оёту ривоёт, Қум, нашри Замзами ҳидоят, 1387ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҷассос, Абубакри Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.