Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҳамлаи Амрико ба мактаби Шаҷараи таййибаи Миноб

Аз wikishia
Ҳамлаи Амрико ба мактаби Шаҷараи таййибаи Миноб
Шарҳи моҷароПартоби мушак ба мактаб
Замон28 феврали 2026
Маконшаҳри Миноб, устони Ҳурмузгон
ОмилҳоНерӯҳои Амрико
Талафот156 шаҳид ва 95 маҷрӯҳ
ДахлдорҶанги Рамазон


Ҳамлаи Амрико ба мактаби Шаҷараи таййибаи Миноб (форсӣ: حمله آمریکا به مکتب شجره طیبه میناب) аз иқдомҳои террористии Амрико ва Режими саҳюнистӣ дар нахустин рӯзи Ҷанги Рамазон дар 28 феврали соли 2026 аст, ки тайи он мактаби Шаҷараи таййиба дар шаҳри Миноб дар устони Ҳурмузгон ҳадафи чанд мушаки амрикоӣ қарор гирифт. Ин ҳамла, ки тавассути Амрико сурат гирифта, сабаби шаҳодати 156 нафар ғолибан хонандаи мактаб ва захмӣ шудани 95 нафари дигар шуд. Далелҳои зиёде нишон медиҳад, ки ин ҳамла қасдан будааст.

Мақомоти Эрон ва гузоришҳои аввалияи таҳқиқот, Амрикоро масъули ин иқдом медонанд. Ин ҳамла бо маҳкумияти густурдаи мақомоти эронӣ, Созмони Юнеско, Дабири кулли Созмони Милал ва мудири ҳавзаҳои илмия (дар номае ба Поп) рӯ ба рӯ шудааст.

Ангеза ва шарҳи воқеа

Дар соатҳои аввалини ҳамлаҳои ҳавоии муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон дар 28 феврали 2026, мактаби ибтидоии духтаронаи "Шаҷараи таййиба" дар шаҳри Миноби устони Ҳурмузгон ҳадафи зарбаи мушакҳои Томаҳавк (Tomahawk) қарор гирифт. Дар пайи ин ҳамла 156 нафар шаҳид шуда[1] ва 95 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.[2] Шуҳадо иборатанд аз 120 хонанда (73 писар ва 47 духтар), 26 муаллими зан, ҳафт нафар аз волидони хонандагон (чаҳор мард ва се зан), як ронандаи сервиси мактаб, як корманди дорухонаи клиникаи ҳамсояи мактаб ва як ҷанини шашмоҳа.[3]

Деворнигории майдони роҳи оҳани Теҳрон ороста ба тасвирҳои хонандагони Миноб

Тибқи гузоришҳо, дар ин ҳамла, ду мушакки крузи Амрикоии Томаҳавк ба мактаб зарба задааст.[4] Пас аз зарбаи аввал, шахсони мавҷуд ба қисматҳое аз бино аз ҷумла намозхона паноҳ бурданд, аммо зарбаҳои баъдӣ ҳамон маконро низ дар бар гирифт.

Дар бораи ангезаи ин ҳамла, гумониҳои гуногун вуҷуд дорад. Аз ҷумла, эҳтимоли қурбон кардани духтарони наврас барои оинҳои шайтонии марбут ба бути Баъл ё кӯшиши ба даргирӣ кашидани нерӯҳои низомии Эрон дар дохили кишвар ба манзури коҳиш додани тамаркузи онҳо дар набард алайҳи Амрико. Гуфта мешавад, ки як қисми хонандагони ин мактаб фарзандони кормандони нерӯи дарёии Сипоҳ будаанд.

Ҳамзамон бо ҳамла ба мактаби Миноб, толори варзишӣ ва мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Ломирди устони Форс низ мавриди ҳамлаи мушакии Амрико ва Исроил қарор гирифт, ки дастикам 21 нафар ғайринизомӣ кушта шуданд.[5]

Масъулияти ҳамла

Омодасозии маҳалли дафни хонандагони Миноб

Масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон ин ҳамларо қасдона ва натиҷаи амалҳои мустақими нерӯҳои амрикоӣ медонанд. Ба гузориши хабаригузории Ройтерз ва ба нақл аз ду масъули амрикоӣ, натиҷаҳои аввалини таҳқиқот низ нақши нерӯҳои Амрикоро дар ин ҳамла тасдиқ мекунад.[6][7] Ҳамчунин, Крис Ван Ҳолен, сенатори амрикоӣ, дар посух ба ин рӯйдод, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва вазири ҷанги ӯро масъули ин ҳамла донист.[8] Бо вуҷуди ин, Трамп гуфта буд, ки Эрон низ мушакҳои Тамаҳовки Амрикоиро дар ихтиёр дорад ва кӯшида буд ин фоҷиаро ба Эрон рабт диҳад.[9] Чак Шумер, роҳбари демократҳои Маҷлиси Сенати Амрико, дар посух ба даъвои Трамп, даъвои ӯро фаротар аз аҳмақӣ донист ва ёдовар шуд, ки Эрон мушакҳои Тамаҳовкро дар ихтиёр надорад. Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз низ даъвои Трамп дар бораи ҳамла ба мактаби Минобро дурӯғ хонда ва гуфтааст, ки Эрон мушакҳои Томаҳавк дар ихтиёр надорад; зеро интиқоли ин мушакҳо ба дигар кишварҳо танҳо бо мувофиқати Вазорати хориҷаи Амрико имконпазир аст.[10] Афви байналмилал низ Амрикоро масъули ин ҳамла муаррифӣ кард.[11] Ҳамчунин зарбаи чанд партоба ба мактаб, фарзияи иштибоҳӣ будани ҳамларо рад карда ва қасдона будани онро тасдиқ мекунад.

Эътироз ба куштори хонандагони Миноб дар муқобили Қохи Сафед[12]

Ба гуфтаи коршиносон, мушакҳое, ки ин мактабро ҳадаф қарор дода буданд, аз кишвари Баҳрайн партоб шудаанд.

Вокунишҳо

Ташйиъи ҷанозаи хонандагони мактаби Миноб

Ин ҳамла бо вокунишҳои густурдае рӯ ба рӯ шудааст: Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, онро рӯйдоди фаромӯшношуданӣ барои мардуми Эрон хонд. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон онро ҷинояте ошкор тавсиф кард.[13] Созмони ЮНЕСКО, ин ҳамларо «вайронкунии шадиди қонуни башардӯстона» хонд. Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, низ онро маҳкум кард. Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ин ҳамларо маҳкум кард ва хостори таҳқиқ дар ин бора шуд.[14] Нахуствазири Итолиё низ ин ҳамларо маҳкум ва бо оилаҳои шуҳадо изҳори ҳамбастагӣ кард.[15]

Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмия, дар номае ба Поп Лео Чордаҳум, ки ҳамзамон бо террори роҳбари Эрон ирсол шуд, ҳамла ба ин мактабро мисдоқи барҷастаи ҷинояти ҷангӣ донист. Вай аз Поп хоҳиш кард, ки ин ҷиноятро маҳкум кунад ва робитаи онро бо таълимоти масеҳият инкор намояд.[16]

Анимейшени легӯии Интиқом ба ёди шуҳадои Миноб. (Амалиёти Ваъдаи Содиқ 4)

Гуфта мешавад, ки макони ин мактаб ҳамчун санаде барои ҷиноятҳои Амрико, ба музей табдил хоҳад шуд.[17]

Гуфта мешавад, ба дастури Оятуллоҳ Систонӣ ва ҳамкории Остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а), ин мактаб бо таҷҳизоти муосир ва ба сурати ҳушманд сохта хоҳад шуд.[18] Баъзе аз хайирин ва ашхоси машҳур низ ҳамкории худро барои сохти мактаб дар Миноб эълом карданд.[19]

Ба гуфтаи раиси Созмони навсозии мактабҳои кишвар, ду мактаб ба номи шуҳадои Миноб ва 168 мактаб ба ёди 168 хонандаи шаҳид дар саросари кишвар сохта хоҳад шуд.[20] Дастаи музокиракунандаи эронӣ, ки дар 10-уми апрели 2026 барои музокира бо Амрико ба Покистон рафта буд, ба ёди шуҳадои Миноб номи корвони худро «Миноб 168» гузоштанд.[21] Дар омори аввалии шумори шуҳадои ин мактаб 168 тан эълом шуда буд[22] аммо омори ниҳоӣ 156 тан гузориш гардид.[23]

Ёдмон ва маросими ёдбуде дар шаҳрҳои гуногуни Эрон ва кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Покистон،[24] Мексика[25] ва Канада[26] баргузор шуд.

Асарҳои ҳунарӣ

Анимейшени легӯӣ аз лаҳзаи ҳамла ба мактаби Шаҷараи Таййибаи Миноб

Дар посух ва маҳкумияти ҳамла ба мактаби Миноб ва ба ёди шуҳадои он, асарҳои ҳунарии сершуморе истеҳсол ва мунташир шудааст. Қитъаи «Занги парвоз» («زنگ پرواز») бо садои Ғуломризо Санъатгар,[27] «Бихоб орум» («بخواب آروم») бо садои Зонку,[28] «Иншои охир» («انشای آخر») бо хонандагии Муҳсин Ҳусайнӣ,[29] «Гули Миноб» («گل میناب») ва «Мӯҳои хокӣ» («موهای خاکی») бо садои Ризо Содиқӣ,[30] «Нуқтаи поён» («نقطه پایان») бо садои Ҳомид Ҳамоюн[31] аз ҷумлаи асарҳои ҳунарист, ки ба ёди шуҳадои Миноб истеҳсол ва пахш шудааст.

Анҷумани мусиқии Эрон, асарҳоеро, ки аз сӯйи ҳунармандон ба ёди хонандагони шаҳиди Миноб истеҳсол шудааст, дар албоми «Фариштагони Миноб» («فرشتگان میناب») ҷамъоварӣ ва мунташир кардааст.[32] Мудири кулли Дафтари мусиқии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ низ аз истеҳсоли симфонӣ бо мавзуи шуҳадои мактаби Шаҷараи таййибаи Миноб хабар додааст.[33]

Намоишҳои майдонӣ ба ёди хонандагони Миноб дар шаҳрҳои гуногуни Эрон иҷро шуд. Аз ҷумла рӯйдоди миллии намоишии «Ба кадомин гуноҳ?», ки ҳамзамон бо чиҳилумин рӯзи шаҳодати хонандагони Миноб, дар 21 устони Эрон баргузор шуд.[34]

Анҷумани байналмилалии сулҳи Кореяи Ҷанубӣ, намоишгоҳи аксе аз ҷинояти Амрико дар мактаби Миноб бо шиори «Ёди духтарони маъсумеро, ки дар ҳамлаи мушакҳои Томаҳавки амрикоӣ ба шаҳодат расиданд, гиромӣ медорем» дар гӯшаи ғарбии Маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ баргузор кард.[35]

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. ↑ آمار نهایی شهدای حمله به مدرسه شجره طیبه اعلام شد، Сайти Тобнок.
  2. ↑ «جنگ آمریکا و اسرائیل علیه ایران (۲۸ فوریه ۲۰۲۶ – تا به امروز)», Хабаригузории Спутник.
  3. ↑ آمار نهایی شهدای حمله به مدرسه شجره طیبه اعلام شد، Сайти Тобнок.
  4. ↑ «جنگ آمریکا و اسرائیل علیه ایران (۲۸ فوریه ۲۰۲۶ – تا به امروز)», Хабаригузории Спутник.
  5. ↑ «افشاگری نیویورک تایمز از پشت پرده جنایات آمریکا در اولین روز جنگ علیه ایران؛ از حمله موشکی به مدارس میناب، لامرد و مناطق مسکونی», Ҳамшаҳрии онлайн.
  6. ↑ درخواست سازمان ملل از ایالات متحده برای انجام تحقیقات سریع و شفاف درباره حمله به مدرسه میناب, Сайти RFI.
  7. ↑ «گزارش تحقیقی نیویورک‌تایمز آمریکا را «مسئول احتمالی» حمله به مدرسه میناب نشان می‌دهد», Сайти Радиои Фардо.
  8. ↑ رهبر اقلیت سنا: ترامپ درباره مدرسه میناب دروغ می‌گوید, Сайти Тобнок.
  9. ↑ «نیویورک‌تایمز دروغ ترامپ درباره مدرسه میناب را رد کرد», Сайти Шабакаи Ал-Алам.
  10. ↑ «نیویورک‌تایمز دروغ ترامپ درباره مدرسه میناب را رد کرد», Сайти Шабакаи Ал-Алам.
  11. ↑ «عفو بین‌الملل: آمریکا باید پاسخگوی جنایت مدرسه میناب ایران باشد», Сайти Шабакаи Ал-Алам.
  12. ↑ اعتراض به کشتار کودکان میناب مقابل کاخ سفید, Сайти Нурньюз.
  13. ↑ حمله به دانش آموزان مدرسه در میناب یک-جنایت آشکار است, Сайти ИРНА.
  14. ↑ «Созмони Милали Муттаҳид ҳамла ба мактаби Минобро маҳкум кард», Нурньюз.
  15. ↑ «نخست‌وزیر ایتالیا قتل‌عام دختران مدرسه میناب را محکوم کرد», Сайти Шабакаи Ал-Алам.
  16. ↑ «نامه مهم آیت الله اعرافی به پاپ رهبر کاتولیک‌های جهان», Сайти Хабаригузории Ҳавза.
  17. ↑ «مدرسه شجره طبیبه میناب به موزه تبدیل خواهد شد», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  18. ↑ «فتوای آیت الله سیستانی برای ساخت مدرسه میناب», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  19. ↑ Нигаред ба: «سنگ تمام گلزار برای بچه های میناب», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  20. ↑ «ساخت ۱۶۸ مدرسه به یاد دانش‌آموزان میناب», Сайти Хабаригузории Тобнок.
  21. ↑ «اسم کاروان مذاکره‌کننده ایرانی "میناب ۱۶۸" است | عکس‌هایی متفاوت از داخل هواپیمای تیم مذاکره‌کننده», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  22. ↑ «جنگ آمریکا و اسرائیل علیه ایران (۲۸ فوریه ۲۰۲۶ – تا به امروز)», Сайти Хабаригузории Спутник.
  23. ↑ آمار نهایی شهدای حمله به مدرسه شجره طیبه اعلام شد, Сайти Тобнок.
  24. ↑ «ادای احترام مردم پاراچنار پاکستان به دختران میناب», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  25. ↑ «اقدام پربازید و احساسی مکزیکی ها برای دانش آموزان میناب + ویدئو», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  26. ↑ «یادبود کودکان شهید میناب در ونکوور کانادا | تصاویر», Сайти Ҳамшаҳрии онлайн.
  27. ↑ ««زنگ پرواز با صدای غلامرضا صنعتگر منتشر شد + لینک دانلود», Сайти Шаҳрооронюс.
  28. ↑ «بخواب آروم با صدای زانکو منتشر شد + لینک دانلود», Сайти Шаҳрооронюс.
  29. ↑ «انشای آخر به یاد کودکان میناب منتشر شد», Сайти Шаҳрооронюс.
  30. ↑ «چه کسانی در جنگ رمضان برای وطن خواندند/ شاهکار خوش‌صداها با بیش از ۱۰۰ نماهنگ حماسی +فیلم و صوت», Сайти Хабаригузории Машрақ.
  31. ↑ «چه کسانی در جنگ رمضان برای وطن خوانдند/ شاهکار خوش‌صداها با بیش از ۱۰۰ نماهنگ حماسی +فیلم و صوت», Сайти Хабаригузории Машрақ.
  32. ↑ «رونمایی از آلبوم «فرشتگان میناب» در اختتامیه برای ایران», Сайти Хабаригузории Форс.
  33. ↑ «تولید دو سمفونی با محوریت رهبر شهید و شهدای میناب در دستور کار دفتر موسیقی», Сайти Шаҳрооронюс.
  34. ↑ «رویداد ملی نمایشی «به کدامین گناه؟» به یاد کودکان میناب», Сайти Хабаригузории Садову симо.
  35. ↑ «برگزاری نمایشگاه عکس شهدای مدرسه میناب در کره جنوبی», Сайти Шаҳрооронюс.

Сарчашма