Ҳарами ҳазрати Зайнаб(а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳарами ҳазрати Зайнаб)
Айвони ҳарами ҳазрати Зайнаб (а)

Ин навиштор дар бораи ҳарами ҳазрати Зайнаб дар Димишқ аст. Барои мақоми ҳазрати Зайнаб дар Миср, мақоми ҳазрати Зайнаб (Миср)-ро бибинед. Ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) дар ҷануби Димишқи Сурия, машҳуртарин маконе, ки ба унвони мадфани ҳазрати Зайнаб(а) духтари Имом Алӣ (а), матраҳ шудааст. Мақоми ҳазрати Зайнаб дар Миср ва қабристони Бақиъ дар Мадина ду макони дигаре аст, ки ба унвони маҳалли дафни ҳазрати Зайнаб (а) эҳтимол дода шудааст.

Ин маҳал аз зиёратгоҳҳои шиъаён ба шумор меравад. Минтақае, ки ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) дар он қарор дорад, шаҳраки ас-Сайида Зайнаб гуфта мешавад ва дар назд эрониён ба "Зайнабия" машҳур аст. Ҳарами ҳазрати Зайнаб дар тӯли таърих мавриди бозсозӣ ва тавсеа қарор гирифта аст. Аз соли 2012 м., бо ташдиди буҳрон дар Сурия ва ҳузури густардаи террористҳои такфирӣ дар ин кишвар, ин ҳарами чандин бор мавриди ҳамлаи хумпораӣ ва интиҳорӣ қарор гирифт, ки ба дунболи он бахше аз қисматҳои ҳарам осеб дид. Ба дунболи ин иқдомот, гуруҳҳои мухталифе барои дифоъ аз ҳарамҳои Аҳли Байт (а) озими Сурия шуданд. Ин гуруҳҳо, ки ба мудофеъони ҳарам машҳуранд тавонистанд монеъи вуруди гуруҳҳои террористӣ ба минтақаи Зайнабия шаванд.

Ақвол дар мавриди мадфани ҳазрати Зайнаб

Дар мавриди маҳалли дафни ҳазрати Зайнаб се дидгоҳ вуҷуд дорад. Бар асоси назарияи машҳур мадфани эшон дар Шом ва дар ҷануби шаҳри Димишқ аст.[1]

Бархе аз муваррихин мақбараи ӯро дар Миср донистаанд, ки акнун ин маҳал дар минтақаи Сайидат-уз-Зайнаби Қоҳира бо унвони Мақоми ас-Сайида Зайнаб машҳур аст.[2]

Дидгоҳи сеюме низ вуҷуд дорад, ки қабристони Бақиъ дар Мадинаро маҳалли дафни ҳазрати Зайнаб (а) медонад. Сайидмуҳсини Амин ин дидгоҳро пазируфта ва далоилеро дар радди ду қавли аввал ироа кардааст.[3]

Таърихчаи ҳарам

Бар асоси пажӯҳишҳои анҷомшуда то қарни панҷуми ҳиҷрӣ манбаъе вуҷуд надорад, ки нишон диҳад дар маҳалли дафни ҳазрати Зайнаб (а) мақбара ва гунбаде эҷод шуда бошад. Танҳо манбаъе ба вуҷуди зиёратгоҳ дар маҳалли кунунӣ дар қарни дувуми ҳиҷрӣ ишора доштаанд. Бар асоси ин гузориш яке аз занони мансуб ба хонадони Алавӣ ба номи Сайида Нафиса бинти Ҳасан ал-Анвар аз наводагони Алӣ ибни Абитолиб (а) дар соли 193 ҳиҷрии қамарӣ дар минтақаи Ровияи Димишқ ба зиёратгоҳи ҳазрати Зайнаб рафтааст.[4][5] Пас аз ин таърих гузорише марбут ба соли 500 ҳ.қ., вуҷуд дорад, ки дар он омада аст фарде аз аҳолии Ҳалаб дар соли 500 ҳ.қ., дар маҳалли зиёратгоҳи ҳарами ҳазрати Зайнаб масҷиде бино кардааст.[6]

Аммо аз қарни ҳафтум ба баъд дар ин зиёратгоҳ, гунбад ва боргоҳ сохта шудааст. Бар ҳамин асос Ибни Ҷубайр (вафот 614 ҳ.қ.) ҷаҳонгарди маъруфи ҷаҳони Ислом замоне, ки ба Димишқ сафар карда аз минтақаи Ровияи мавқеъияти феълии ҳарам низ убур кардааст. Ӯ дар гузориши худ номи соҳиби мазорро Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а) донистааст. Албатта ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки манзури Ибни Ҷубайр духтари дувуми Имом Алӣ (а) яъне Зайнаби Суғро бошад, на ҳазрати Зайнаб (а), ки ба Зайнаби Кубро маъруф аст.[7]

Ибни Ҷубайр дар гузориши худ ба вуҷуди боргоҳи ҳазрати Зайнаб (а) дар рустои Ровия дар якфарсахии шаҳри Димишқ ишора кардааст ва гуфта: масҷиди бузурге бар он бино шуда ва хонаҳое беруни он аст ва дорои мавқуфоте аст, мардуми ин манотиқ онро қабри Уммукулсум мешиносанд. Ӯ дар ниҳоят овардааст, ки дар онҷо иқомат карда ва ба зиёрати ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) рафтааст. Абубакри Ҳиравӣ мутаваффои 611 ҳ.қ., низ ҳарами ҳазрати Зайнаб (с)-ро зиёрат карда ва гузорише дар ин замина додааст.[8]

Мавқеъияти ҳарам ва мушаххасот

Зариҳи ҳазрати Зайнаб (a)

Ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар ҷануби Димишқ ва дар минтақае ба номи ас-Сайида Зайнаб воқеъ шудааст. Ин минтақа ҷузъи вилояти Рифи Димишқ маҳсуб мешавад. Бинои ҳарам шомили саҳни васеъе бо нақшаи мураббаъ аст, ки ҳарам дар миёни он қарор гирифтааст ва дорои гунбад ва ду гулдастаи муртафаъ мебошад. Гулдастаҳо ва деворҳои саҳн ва равоқҳои он тавассути ҳунармандони эронӣ кошикорӣ шуда ва сақфу деворҳои ҳарам низ аз дохил оинакорӣ ва гунбад низ аз берун тиллокорӣ шудааст.

Дар зилъи шарқии саҳн, сохтамони мусаллои Зайнабийя бо саҳни кӯчаке, сохта шудааст ва дар он намозҳои ҷамоати панҷгона ва намози ҷумъа ва маросими вижаи муносибатҳои мазҳабӣ баргузор мешавад. Саҳни ҷадиде низ ахиран дар зилъи шимолии остонаи муқаддаса сохта шудааст. Дар маҳдудаи ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) ва қабристонҳои атрофи он, чанд тан аз уламо ва машоҳири шиъа мадфунанд. Аз ҷумла дар роҳрави вурудии ғарбии саҳни остона, қабри Сайидмуҳсин Амини Омилӣ ва низ қабри Сайидҳусайн Юсуф Маккии Омилӣ, аз уламои шиъа дар Шом қарор дорад. Дар қабристони воқеъ дар шимоли ҳарам низ қабри Алӣ Шариатӣ ва дар қабристони дигаре дар ҷануби ҳарам, мақбараи Сайид Мустафо Ҷамолиддин, шоири муосири ироқӣ қарор дорад.[9]

Иқдомоти гуруҳҳои террористии такфирӣ барои тахриби ҳарам

Бо шурӯъи буҳрон дар Сурия ва афзоиши иқдомоти гуруҳҳои террористии такфирӣ дар ин кишвар пас аз соли 2012 м., ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) борҳо тавассути ин гуруҳҳо мавриди ҳамлаи интиҳорӣ ва хумпораӣ қарор гирифтааст. Ҳамалоти террористӣ аз соли 2012 то 2015 мунҷар ба осебдидагии бахшҳое аз ҳарам аз ҷумла гунбад, саҳн ва дарҳои аслии ҳарам шудааст. Бахше аз ин ҳамалот низ дар манотиқи атрофи ҳарам иттифоқ афтодааст, ки мунҷар ба шаҳодати бархе аз зоирон ва сокинони атрофи ҳарам шудааст.[10][11]

Мудофеъони ҳарам

Навиштори аслӣ: Мудофеъони ҳарам

Пас аз интишори густардаи террористҳои такфирӣ дар Сурия ва тасарруфи манотиқи мухталифи ин кишвар тавассути онон, амокини зиёратии бисёре дар манотиқи таҳти сайтараи гуруҳҳои такфирӣ ба дасти авомили онон тахриб шуд. Дар ин миён ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) ба сурати мутаъаддид мавриди ҳамлаи хумпораӣ ва амалиёти интиҳории террористҳои такфирӣ қарор гирифт. Террористҳои такфирӣ борҳо то наздикии ҳарами ҳазрати Зайнаб пешравӣ карда буданд, аммо бо муқовимати шиъаён ва сокинини минтақа мувоҷеҳ шуданд.

Ба дунболи таҳдиди террористҳои такфирӣ ба тахриби ҳарамҳои Аҳли Байт (а) ба хусус ҳарами ҳазрати Зайнаб, гуруҳҳои зиёде аз шиъаёни Сурия ва кишварҳои дигар ба хусус Эрон, Ироқ, Лубнон ва Афғонистон барои дифоъ аз ҳарамҳои Аҳли Байт (а) ва амокини зиёратӣ дар баробари гуруҳҳои такфирӣ, озими Сурия шуданд. Гурдони Абулфазл-ил-Аббос, ки баъдҳо ба тип иртиқо ёфт, шомили размандагони ироқӣ ва лубнонӣ буд.

Типи Фотимиюн, ки баъдҳо ба лашкар иртиқо ёфт муташаккил аз шиъаён Афғонистон аст, ки бо ҳадафи дифоъ аз амокини муқаддас ба Сурия эъзом шуданд.[12] Гуруҳҳои мухталифе низ аз Эрон барои дифоъ аз ҳарам ба Сурия эъзом шуданд, ки дар миёни онон фармондеҳони низомӣ низ ҳузур доштанд.[13]

Тарҳҳои тавсеа ва бозсозии ҳарам

Бар асоси гузоришҳо ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) нахустин бор дар соли 768 ҳиҷрии қамарӣ тавсеа ва бозсозӣ шудааст. Ин иқдом тавассути Сайидҳусайн ибни Мусо Мусавии Ҳусайнӣ, аз содот ва ашрофи Димишқ ва ҷадди содоти Оли Муртазо дар Шом, анҷом гирифтааст. Дар вақфномае мутаъаллиқ ба ҳамон сол зимни тасреҳ ба номи соҳиби мазор; яъне Зайнаби Кубро духтари Имом Алӣ (а), омада аст. Бар асоси ин вақфнома ҷадди содоти Оли Муртазо дар Шом бинои зиёратгоҳро бозсозӣ ва бисёре аз боғҳо ва амлоки худро вақфи он кардааст. Ин вақфнома тавассути ҳафт тан аз қозиёни шаҳри Димишқ имзо шудааст.[14]

Бозсозӣ ва тавсеаи ҳарам дар қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ

Тасвире аз бинои қадимии ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) ки дар соли 1955 мелодӣ гирифта шудааст.

Дар садаи 14 қамарӣ ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) се бор бозсозӣ ва тавсеа ёфт. Бар ин асос ҳарам дар соли 1302 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Султон Абдулъазизхони Усмонӣ бо кумаки туҷҷор, таҷдиди бино шуда ва тавсеа ёфт. Ҳамчунин дар соли 1354 ҳиҷрии қамарӣ содоти Оли Низом, ҳарами ҳазрати Зайнаб (а)-ро бозсозӣ ва барои рифоҳи зоирон онро тавсеа доданд. Охирин тавсеа ва бозсозии ҳарам дар қарни чаҳордаҳум дар соли 1370 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Сайидмуҳсини Амин ва бо кумаки туҷҷор анҷом гирифт, ки дар ин марҳала бинои қадимӣ тахриб шуда ва сохти бинои ҷадиди ҳарам бо ҳадафи тавсеаи саҳн ва равоқҳо анҷом гирифт.[15]

Тавсеаи ҳарам дар қарни понздаҳум

Тавсеаи ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) дар қарни 15 ҳиҷрӣ бо сохти бинои мусаллои Зайнабийя идома ёфт. Ин кор тавассути Сайидаҳмад Феҳрии Занҷонӣ, намояндаи валии фақиҳ дар Сурия анҷом гирифт. Пас аз сохти мусалло дар ҳарам, иқомаи намози ҷамоат, дуои Кумайл ва намози ҷумъа дар ин макон анҷом мегирад. Саҳни ҷадиде низ ахиран дар зилъи шимолии ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) сохта шудааст.[16]

Бозсозии ҳарам пас аз ҳамалоти гуруҳҳои террористии такфирӣ

Ба дунболи афзоиши ҳамалоти интиҳорӣ ва хумпораии гуруҳҳои такфирӣ ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) бахшҳое аз гунбад, саҳнҳо ва дарҳои ҳарам осеб дид. Ин масъала мӯҷиб шуд, то ситоди бозсозии атаботи олиёт тарҳи тармим ва бозсозии гунбад ва дарҳои ҳарам, ки осеби бештарӣ дида будро дар дастури кори худ қарор дода ва ба иҷро гузорад.[17] Бар ин асос нуқоти осебдида бо тиллоҳое, ки мардуми Хузистон эҳдо карда буданд, тиллокорӣ шуда ва тармим шуд.[18]

Насби зариҳи ҷадид

Зариҳи ҷадиди ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) ки дар коргоҳи ҳарами ҳазрати Аббос (а) дар Карбало сохта шуд ва дар он 14 қитъаи зинатӣ ҳар кадом ба вазни 2 килограм ва бо тӯли 128 сантиметр ва арзи 32 сантиметр ба кор рафта, тавассути ходимони ҳарами ҳазрати Аббос (а) аз Карбало ба Димишқ мунтақил ва насб шуд ва дар рӯзи 22 меҳри 1401 ҳ.ш./2022 м., ҳамзамон бо мелоди Пайғамбар (с) бо ҳузури зоирон рӯнамоӣ шуд.[19]

Адабиёт

  1. Шариф ал-Қарашӣ, ас-Сайида Зайнаб роидат-ул-ҷиҳод фи-л-Ислом, арз ва таҳлил, Бейрут, 1422 ҳ.қ./ 2001 м., саҳ.298 – 303/ ас-Собиқӣ, Оромгоҳи Ақилаи Банӣ Ҳошим; пажӯҳиши таҳлилӣ - торихӣ, мутарҷим: Ҳусайн Тоҳониё, 1394 ҳ.ш.
  2. Баррасии таҳлилии сайри мақталнигории Ошӯро, пойгоҳи итилоърасонии муассисаи фарҳангии Фаҳим.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, ҷ.7, саҳ.140 - 141.
  4. Аҳмад Фаҳмӣ Муҳаммад, Каримат-уд-дорайн-иш-шарифат-ит-таҳорат ас-Сайида Нафиса бинт-ил-Ҳасан-ил-Анвар, саҳ.25.
  5. Тавфиқ Абуъалам, ас-Сайида Нафиса разияллоҳу анҳо, таҳқиқ: Шавқӣ Муҳаммад, саҳ.114.
  6. Таърихчаи мазори Ақилаи Банӣ Ҳошим, хабаргузории Форс.
  7. Анделусӣ, Реҳлату Ибни Ҷубайр, саҳ.228.
  8. Абубакр Ҳиравӣ, ал-Ишорот ило маърифат-из-зиёрот, саҳ.12.
  9. Кушоиши нахустин намоишгоҳи китоби Эрон дар шаҳри Карбало, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷҷ ва зиёрат.
  10. Ҳамлаи хумпораии террористҳо ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (а), хабаргузории садо ва симо.
  11. Ҳамлаи хумпораӣ ба ҳарами ҳазрати Зайнаб дар Ошӯрои 1394, ДИИШ нюз.
  12. Фотимиюн; лашкари сардорони бе иддаои мудофеъи ҳарам, машриқнюз.
  13. Муаррифии гурдони бузурги Абулфазл-ил-Аббос (а), хабаргузории Тасним.
  14. Собиқӣ, Марқад-ул-ақилати Зайнаб, саҳ.145 - 150.
  15. Ҳазрати Зайнаб (саломуллоҳи алайҳо), ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷҷ ва зиёрат.
  16. Кушоиши нахустин намоишгоҳи китоби Эрон дар шаҳри Карбало, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷ ва зиёрат.
  17. Мараммат ва бозсозии ҳарами ҳазрати Зайнаб (а), вебгоҳи ситоди бозсозии атаботи олиёт.
  18. Тармими гунбади муталлои ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) бо истифода аз фанноварии нано, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷ ва зиёрат.
  19. Зариҳи ҷадиди ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) рӯнамоӣ шуд, хабаргузории Форс.

Сарчашма

  • Собиқӣ, Муҳаммад Ҳасанайн, Марқад-ул-ақилати Зайнаб, Бейрут, Дор-ул-вилоъ ли-т-табоъати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, 2011 м.
  • Шариф ал-Қарашӣ, Боқир, ас-Сайида Зайнаб роидат-ул-ҷиҳод фи-л-Ислом, арз ва таҳлил, Бейрут, Дор-ул-муҳаҷҷат-ил-байзо, 1422 ҳ.қ. / 2001 м.
  • Фаҳмии Муҳаммад, Аҳмад, Каримат-уд-дорайн-иш-шарифат-ит-таҳорат ас-Сайида Нафиса бинт-ил-Ҳасан-ил-Анвар, Қоҳира, Матбааи Ҳиҷозӣ, 1925 м.
  • Тавфиқи Абуъалам, ас-Сайида Нафиса разияллоҳу анҳо, таҳқиқ: Шавқии Муҳаммад, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб, муовинати фарҳангӣ, чопи дувум, 1428 ҳ.қ./ 2008 м.
  • Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҷубайр Канонии Анделусӣ, Реҳлату Ибни Ҷубайр, Бейрут, Дору Бейрут ли-т-табоъати ва-н-нашр.
  • Ҳиравӣ, Алӣ ибни Абибакр, ал-Ишорот ило маърифат-из-зиёрот, таҳқиқ: Ҷонин Сурдил Тумин, Димишқ, 1953 м.
  • Мараммат ва бозсозии ҳарами ҳазрати Зайнаб (а), вебгоҳи ситоди бозсозии атаботи олиёт, таърихи боздид: 5 хурдоди 1400 ҳ.ш.
  • Баррасии таҳлилии сайри мақталнигории Ошӯро, пойгоҳи итилоърасонии муассисаи фарҳангии Фаҳим.
  • Таърихчаи мазори Ақилаи Банӣ Ҳошим, хабаргузории Форс.
  • Кушоиши нахустин намоишгоҳи китоби Эрон дар шаҳри Карбало, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷ ва зиёрат.
  • Мараммат ва бозсозии ҳарами ҳазрати Зайнаб (а), вебгоҳи ситоди бозсозии атаботи олиёт.
  • Тармими гунбади муталлои ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) бо истифода аз фанноварии нано, ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷ ва зиёрат.
  • Ҳазрати Зайнаб (саломулоҳи алайҳо), ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар ҳаҷ ва зиёрат.
  • Ҳамлаи хумпораии террористҳо ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (а), хабаргузории садо ва симо.
  • Ҳамлаи хумпораӣ ба ҳарами ҳазрати Зайнаб дар Ошӯрои 1394, ДИИШ нюз.
  • Фотимиюн; лашкари сардорони беиддаои мудофеъи ҳарам, машриқ нюз.
  • Муаррифии гурдони бузурги Абулфазл-ил-Аббос (а), хабаргузории Тасним.
  • Зариҳи ҷадиди ҳарами ҳазрати Зайнаб (а) рӯнамоӣ шуд, хабаргузории Форс.

пайванд ба берун