Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Ояти 19 сураи Луқмон

Аз wikishia
Ояти 19 сураи Луқмон
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиСураи Луқмон
Шумораи оят19
Ҷузъ21
Макони нузулМакка
Мавзуъахлоқӣ
Дар бораиодоби роҳрафтан ва сухангуфтан
Оёти муртабитОяти 63 сураи Фурқон


Ояти 19 сураи Луқмон ду маврид аз васоёи Луқмон ба фарзандаш-ро баён мекунад: миёнаравӣ дар роҳрафтан ва поин овардани садо ҳангоми сухангуфтан.

Дар фармоиши нахуст, Луқмон фарзандашро ба миёнаравӣ дар роҳрафтан даъват мекунад; яъне на бо шитоб ва на бо кунии беш аз ҳад ҳаракат кунад.[1] Баъзе муфассирон, ин фармоишро ба риояти тавозуъ ва парҳез аз такаббур дар рафтор тафсир кардаанд;[2] баъзе муфассирон низ, риояти миёнаравиро дастури ом шумурда ва фармоиш ба он дар роҳрафтанро ишора ба яке аз мисдоқҳои асли куллии эътидол медонанд.[3]

Фармоиши дувум, поин овардани садо ҳангоми сухангуфтан аст. Оят садои харҳоро зишттарин садоҳо муаррифӣ кардааст.[4] Баъзе муфассирон ин таъбирро дар радди ин бовар донистаанд ки баландии садо нишонаи бузургӣ ва манзалати инсон аст.[5] Дар Тафсири Марoғӣ низ омадааст ки баланд будани садо дар байни араб мояи ифтихор шумурда мешуд.[6]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) атса бо садои баланд ва ноҳанҷор аз мисдоқҳои ин оят дониста шудааст.[7] Дар ривояте дигар аз он ҳазрат, баланд кардани садо ҳангоми дуо ва тиловати Қуръон ҷоиз шумурда шудааст.[8]

Эзоҳ

  1. ↑ Лоҳиҷӣ, Тафсири Лоҳиҷӣ, ҷ.3, саҳ.582.
  2. ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ат-Тибён, Дор иҳёи-т-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.281; Сиютӣ, Ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.5, саҳ.167.
  3. ↑ Фахри Розӣ, Тафсир-ул-Кабир, ҷ.25, саҳ.122; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.56 - 58.
  4. ↑ Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири осон, ҷ.16, саҳ.12.
  5. ↑ Кошонӣ, Минҳаҷ-ус-содиқин, ҷ.7, саҳ.212.
  6. ↑ Марoғӣ, Тафсир-ул-Марoғӣ, Дор иҳёи-т-турос-ил-арабӣ, ҷ.21, саҳ.87.
  7. ↑ Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.656.
  8. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.8, саҳ.501; Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири осон, ҷ.16, саҳ.12.

Сарчашма

  • Сиютӣ, Ҷалолуддин, Ад-Дурр-ул-мансур фӣ тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Марашӣ Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ат-Тибён фӣ тафсири-л-Қуръон, таҳқиқ: Қасир Омилӣ, Аҳмад, Бейрут, Дор иҳёи-т-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсири-л-Қуръон, муқаддима: Балoғӣ, Муҳаммад Ҷавод, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алӣ Акбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дорул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири Шариф Лоҳиҷӣ, таҳқиқ: Ҳусайнии Армуӣ, Мир Ҷалолуддин, Теҳрон, Дафтари нашри Дод, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Марoғӣ, Аҳмад ибни Мустафо, Тафсир-ул-Марoғӣ, Бейрут, Дор иҳёи-т-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дорул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Наҷафии Хумайнӣ, Муҳаммад Ҷавод, Тафсири осон, интишороти Теҳрон, Исломия, чопи аввал, 1398ҳ.қ.