Рисолат-ул-ҳуқуқ

Аз wikishia
Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод

Рисолат-ул-ҳуқуқ ба арабӣ: رِسالَةُ الحُقوق, ҳадисе аз Имом Саҷҷод (а) дар бораи панҷоҳ ҳақ, ки бар ӯҳдаи инсон аст; ҳамчун ҳаққи Худо, пешвоён, аъзои бадан, хешовандон ва аъмоле монанди намоз, рӯза, ҳаҷ, қурбонӣ ва садақа. Қадимитарин манобеи ин ҳадис, Туҳаф-ул-уқул, таълифи Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ (ваф.381ҳ.қ.) ва се китоби Шайхи Садуқ (ваф.381ҳ.қ.), Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ (аз кутуби арбаъаи имомия) ал-Хисол ва ал-Амолӣ аст.

Ҳадиспажӯҳон ин ҳадисро ба ҷиҳати эътибори ровиён ва манобеи ҳадисиаш муътабар медонанд. Ин рисола ба забонҳои мутааддиде ҳамчун англисӣ, фаронсавӣ, урду ва ҳиндӣ тарҷума шуда ва шарҳҳои бисёре низ бар он навишта шудааст.

Муаррифии иҷмолӣ

Рисолат-ул-ҳуқуқ, ҳадисе аст, аз Имом Саҷҷод (а) ки дар он ҳуқуқе, ки бар уҳдаи инсон аст, ҳамчун ҳаққи Худо, ҳаққи пешвоён, ҳаққи хешовандон ва ҳаққи аъзои бадан баён шудааст.[1]

Тибқи нақли Шайхи Садуқ дар ал-Хисол, Имом Саҷҷод (а) ин ҳадисро ба сурати нома барои яке аз асҳобаш навиштааст.[2]

Эътибори ҳадис ва манобеи он

Ҳадиспажӯҳон бо тавваҷӯҳ ба силсиласанади рисолатулҳуқуқ ва инки дар китобҳои муътабари ҳадисӣ омадааст, эътибори бисёре барои он қоиланд.[3] Ҳадисро Абуҳамзаи Сумолӣ аз Имом Саҷҷод (а) нақл кардааст, ки риҷолиёни шиъа ӯро аз «шиаёни баргузида», «сиққа» ва «муътамид» тавсиф кардаанд.[4]

Қадимитарин манобеи ҳадисӣ ҳам, ки ривоят дар онҳо ба таври комил нақл шудааст, иборатанд аз : Туҳаф-ул-уқул, таълифи Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ,[5] (даргузашт 381ҳ.қ.), Хисол,[6] Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ[7] ва Амолӣ,[8] ҳар се навиштаи Шайхи Садуқ, (даргузашти 381ҳ.қ.).

Ба гуфтаи Муҳаддиси Нурӣ дар Мустадрак-ул-васоил, Сайид ибни Товус (589 - 664ҳ.қ.) ҳам ҳадисро дар китобаш Фалоҳ-ус-соил оварда, гуфтааст, ки онро аз китоби Расоил-ул-аимма, навиштаи Кулайнӣ нақл мекунад.[9] Албатта ин матлаб дар нусхаи чоппии китоби Фалоҳ-ус-соил нест, аммо мусаҳҳеҳони Мустадрак мегӯянд, дар нусхаи сангии он вуҷуд дорад.[10] Нуктаи дигар инки китоби Расоил-ул-аиммаи Кулайнӣ аз байн рафтааст.[11]

Тафовути манобеъ

Дар манобеи ҳадисӣ, матни рисолаи ҳуқуқ бо ихтилофҳое нақл шудааст. Аз ҷумла дар ду китоби Туҳаф-ул-уқул ва Хисол, ҳадис ба сурати муфассалтар омадааст ва муқаддимае дорад, ки чакидае аз мабоҳиси ҳадисро баён мекунад.[12] Ин муқаддима дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ ва Амолӣ вуҷуд надорад.[13] Ҳамчунин дар китоби Амолӣ, ҳадис бо ҳаққи инсон бар худаш оғоз мешавад;[14] бархилофи се китоби дигар, ки бо ҳаққи Аллоҳ оғоз мешаванд.[15]

Теъдоди ҳуқуқ

Шумори ҳуқуқе, ки дар Рисолат-ул-ҳуқуқ баён шудааст, ба ривояти Туҳаф-ул-уқули панҷоҳ ҳақ аст. Дар фарози поёнии ҳадис дар ин китоб чунин омадааст: «ин панҷоҳ ҳаққе аст, ки... ».[16] Албатта ин иборат дар нақлҳои Садуқ аз ин ривоят вуҷуд надорад,[17] аммо Садуқ низ шумори ҳуқуқро панҷоҳ медонистааст; зеро ӯ дар китоби Хисол ин унвонро барои ҳадис баргузида аст: «ҳуқуқи панҷоҳгонае, ки Алӣ ибни-л-Ҳусайн барои асҳобаш навишт».[18]

Бархе аз нависандагон, ки матни Рисолат-ул-ҳуқуқро нақл кардаанд, шумори ин ҳуқуқро 51 ҳақ зикр кардаанд.[19] Гуфтаанд иллати ин масъала ин аст, ки дар Туҳаф-ул-уқул ҳаққулҳаҷ зикр нашудааст, дар ҳоле ки дар ривояти Садуқ омадааст.[20] Тибқи таҳлиле, ки яке аз ҳадиспажӯҳон аз ин масъала матраҳ кардааст, ҳаққулҳаҷ ҷузъи ҳадис будааст, ки дар Туҳаф-ул-уқул аз қалам афтодааст; бо ин ҳама, ҳуқуқ ҳамон панҷоҳ аст ва ин нависандагон дар шумориши ҳуқуқ, мавридеро ки ҳақ набудааст, ҳақ шуморидаанд.[21]

Муҳтаво

Панҷоҳ ҳаққи мавҷуд дар ҳадиси Рисолат-ул-ҳуқуқро дар ҳафт даста ба шарҳи зер тақсим кардаанд:

  1. Ҳаққи Худованд
  2. Ҳуқуқи аъзои бадан: забон, гӯш, чашм, даст, по, шикам, аврат.
  3. Ҳуқуқи афъол: намоз, ҳаҷ, рӯза, садақа, қурбонӣ.
  4. Ҳуқуқи пешвоён: ҳоким, муаллим, арбоб (ҳаққи арбоб бар барда).
  5. Ҳуқуқи раият: мардум (ҳаққи мардум бар ҳокимон), шогирд, ҳамсар, барда (ҳаққи барда бар арбоб).
  6. Ҳуқуқи хешовандони нисбӣ: модар, падар, фарзанд, бародар.
  7. Ҳуқуқи дигарон: касе ки туро аз бардагӣ озод кардааст, бардае, ки ту озод кардаӣ, некикунанда, муаззин, имоми ҷамоат, ҳамнишин, ҳамсоя, дӯст, шарик, мол, бедеҳкор (қарздор), муошир, муддаӣ, муддао алайҳ, машвараткунанда бо ту, машваратгиранда аз ту, насиҳатхоҳ, насиҳатгӯ, бузургтар, кучактар, касе ки аз ту дархосте дорад, касе ки аз ӯ дархосте дорӣ, бадикунанда ба ту шодкунандаи ту, ҳамдинон, аҳли зимма.[22]

Тарҷумаҳо

Тарҷумаҳои мутааддиде аз Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод (а) ба забони форсӣ вуҷуд дорад. Дар китоби Китобшиносии Имом Саҷҷод аз ҳудуди 30 тарҷума ба забони форсӣ ном омадааст, ки[23] аз ҷумлаи онҳо иборатанд аз:

  • Тарҷумаи Рисолаи ҳуқуқии Имом Саҷҷод; Ризо Беҳтош
  • Тарҷумаи Рисолат-ул-ҳуқуқи Имом Саҷҷод: Симои мӯъминин; Муҳаммадсодиқи Қубодӣ
  • Тарҷумаи Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод; Муҳаммадҷавод Мавлавиниё
  • Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод; Алии Шервонӣ.[24]

Афзӯн бар ин, ин ҳадис зимни бархе аз китобҳо ҳам тарҷума шудааст; аз ҷумла тарҷумаи Хисоли Садуқ аз Муҳаммадбоқири Камараӣ, Зиндагонии Алӣ ибни-л-Ҳусайн аз Ҷаъфари Шаҳидӣ ва тарҷумаи Туҳаф-ул-уқул аз Аҳмади Ҷаннатӣ.[25]

Гуфтаанд эҳтимолан нахустин бор Муҳаммадбоқири Хотунободӣ (даргузашти 1127ҳ.қ.) онро ба форсӣ тарҷума кардааст.[26]

Рисолат-ул-ҳуқуқ ҳамчунин ба забонҳои дигар тарҷума шудааст; аз ҷумла: англисӣ, фаронсавӣ, юнонӣ, урдӯ, тоҷикӣ, арманӣ, тойландӣ, ҳиндӣ, молоӣ, сербӣ, тоголуг (монил) ва амҳарӣ (Эфиопия).[27]

Шарҳҳо

Шарҳҳои бисёре бар Рисолат-ул-ҳуқуқ навиштаанд, ки бархе аз онҳо иборат аст аз:

  • Ҳуқуқ аз дидгоҳи Имом Саҷҷод (а); Қудратуллоҳ Машойихӣ
  • Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод (а); Алимуҳаммад Ҳайдарии Нароқӣ
  • Тарҷума ва шарҳи Рисолат-ул-ҳуқуқи Имом Саҷҷод (а); Муҳаммади Сипеҳрӣ
  • Ҳуқуқи исломӣ; шомили вазоифи фардӣ ва иҷтимоӣ бар асоси Рисолат-ул-ҳуқуқи Имом Зайнулъобидин (а); Алиакбари Носирӣ
  • Тааммулотун фи рисолат-ил-ҳуқуқ ли-л-Имом Алӣ ибни-л-Ҳусайн (а); Муҳаммадтақии ал-Мударрисӣ
  • Тафсил-ул-ҳуқуқ; шарҳун ривоӣ ала Рисолат-ил-ҳуқуқи ли-л-Имом-ис-Саҷҷод (а); Муҳаммадҳусайн ар-Рамзӣ ат-Табасӣ
  • Рисолат-ул-ҳуқуқ; Сайидҳасан Қубончӣ
  • Ал-Моидат-ус-самовия фи шарҳ ар-рисолат-ис-Саҷҷодия; Маъсум ибни Разӣ Ҳусайнии Қуҳистонӣ
  • Шарҳи рисолаи ҳуқуқи ҳазрати Саҷҷод; Мустафо Миртақӣ
  • Ан-Наҳҷайн фии шарҳи рисолат-ил-ҳуқуқ ли-л-Имом Алӣ ибни-л-Ҳусайн; Солеҳ ибни Маҳдии Солеҳӣ
  • Рисолаи ҳуқуқ; Оятуллоҳ Ҳусайнъалии Мунтазирӣ

Матн ва тарҷума

Ҷусторҳои вобаста

Китобшиносии Имом Саҷҷод, Саҳифаи Саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ (китоб)

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш., саҳ.55 - 272; Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.564 - 570; Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.618 - 625; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.368 - 375.
  2. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.564.
  3. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, 1382ҳ.ш., саҳ.293.
  4. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.қ., саҳ.115.
  5. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ., саҳ.255 - 272.
  6. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.564 - 570.
  7. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.618 - 625.
  8. Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.368 - 375.
  9. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.169.
  10. Нигоҳ кунед ба Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.169 (понавис).
  11. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, 1382ҳ.ш., саҳ.289.
  12. Нигоҳ кунед ба Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ., саҳ.255 ва 256; Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.564 ва 565.
  13. Нигоҳ кунед ба Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.618; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.368.
  14. Нигоҳ кунед ба Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.368.
  15. Нигоҳ кунед ба Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ., саҳ.255; Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.564; Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.618.
  16. Нигоҳ кунед ба Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ., саҳ.272.
  17. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.570; Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.625; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.375.
  18. Нигоҳ кунед ба Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.564.
  19. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, 1382ҳ.ш., саҳ.294.
  20. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, 1382ҳ.ш., саҳ.294.
  21. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, 1382ҳ.ш., саҳ.294 - 297.
  22. Ҳусайнии Ҷалолӣ, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, 1382ҳ.ш., саҳ.305 - 307.
  23. Ҳабибӣ ва Шамсиддинии Мутлақ, 1394ҳ.ш., саҳ.321 - 328.
  24. Ҳабибӣ ва Шамсиддинии Мутлақ, 1394ҳ.ш., саҳ.321 - 324.
  25. Сипеҳрӣ, Тарҷума ва шарҳи Рисолат-ул-ҳуқуқ Имом Саҷҷод, 1384ҳ.ш., саҳ.29 ва 30.
  26. Ҳусайнии Ҷалолӣ, “Рисолат-ул-ҳуқуқ”, саҳ.707.
  27. Ҳабибӣ ва Шамсиддинии Мутлақ, 1394ҳ.ш., саҳ.329 - 332.

Сарчашма

  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул ан Ол-ир-Расул, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи дувум, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ.
  • Ҳабибӣ, Салмон ва Мухтори Шамсиддинии Мутлақ, Китобшиносии Имом Саҷҷод, Саҳифаи Саҷҷодия ва Рисолаи ҳуқуқ, Теҳрон, Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайидмуҳаммадризо, Ҷиҳоди Имом Саҷҷод, Тарҷумаи Мусо Дониш, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайидмуҳаммадризо, “Рисолат-ул-ҳуқуқ”, Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Сипеҳрӣ, Муҳаммад, Тарҷума ва шарҳи Рисолат-ул-ҳуқуқи Имом Саҷҷод, Қум, Дорулъилм, чопи ҳаштум, 1384ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи шашум, 1365ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи аввал, ‏1408ҳ.қ.