Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Муҳкам ва муташобеҳ

Аз wikishia
Мақолаи Муҳкам ва муташобеҳ бо мақолаҳои иртибот дорад.
Илми тафсир
Тафсирҳои муҳим
ШиаТафсири Абулҷоруд • Тафсири Қумӣ • Тафсири Айёшӣ • Тафсири ат-Тибён • Маҷмаъ-ул-баён • ас-Софӣ • ал-Мизон
СуннӣҶомеъ-ул-баён • ал-Муҳаррир-ул-ваҷиз • Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон • Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим • Тафсири Ҷалолайн
Гароишҳои тафсирӣ
Тафсири татбиқӣ • Тафсири илмӣ • Тафсири асрӣ • Тафсири таърихӣ • Тафсири фалсафӣ • Тафсири каломӣ • Тафсири ирфонӣ • Тафсири адабӣ • Тафсири фиқҳӣ
Равишҳои тафсирӣ
Тафсири Қуръон ба Қуръон • Тафсири ривоӣ • Тафсири иҷтиҳодӣ
Шеваҳои нигориши тафсир
Тафсири тартибӣ • Тафсири мавзуӣ
Истилоҳоти илми тафсир
Асбоби нузул • Носих ва мансух • Муҳкам ва муташобеҳ • Эъҷози Қуръон • Ҷарй ва интибоқ • Маккӣ ва маданӣ


Муҳкам ва муташобеҳ (форсӣ: محکم و متشابه) ду истилоҳ дар улуми Қуръон ҳастанд, ки аз ояти 7 сураи Оли Имрон гирифта шудаанд. Муҳкам ба гуфтори устувор ва равшан гуфта мешавад, ки ҷои ҳеҷ шубҳа ва сӯистифодае дар он нест; дар муқобил муташобеҳ, суханест, ки ба танҳоӣ норасо ва шубҳаангез менамояд ва эҳтимоли тафсирҳои гуногун дар он вуҷуд дорад.

Дар бораи чӣ гуна тафсир кардани оятҳои муташобеҳ, дидгоҳҳои гуногун пешниҳод шудааст: баъзе муфассирон муътақиданд оятҳои муташобеҳ бо такя ба оятҳои муҳкам қобили таъвил ва тафсир ҳастанд ва илм ба муташобиҳотро махсуси Худо ва росихони дар илм медонанд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Муҳкам ва муташобеҳ ду истилоҳ дар улуми Қуръон ҳастанд, ки аз ояти 7 сураи Оли Имрон баргирифта шудаанд.[1]

Муҳкам ба гуфтори устувор, равшан ва ғайриқобили инкор гуфта мешавад, ки ҷои ҳеҷ шубҳа ва сӯистифодае дар он нест. Муташобеҳ ба сухане гуфта мешавад, ки ба танҳоӣ норасо ва шубҳаангез аст ва эҳтимоли тафсирҳои гуногун дар он вуҷуд дорад.[2]

Дидгоҳҳо дар бораи оятҳои муҳкам ва муташобеҳ дар Қуръон

Ба нақл аз баъзе қуръонпажӯҳон, се дидгоҳи асосӣ дар бораи ин ки кадом қисм оятҳои Қуръон муҳкам ва кадоми он муташобеҳ аст, зикр шудааст:

Маъно ва намунаҳои муҳкам ва муташобеҳ

Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, дар заминаи маъно ва намунаҳои муҳкам ва муташобеҳ, 16 дидгоҳ шумурдааст.[4] Аз ҷумла:

  • Муҳкам ба маънои пойдор ва собит дар муқобили ноустувор аст; аз ин рӯ аҳкоми собит дар шариатро муҳкам мегӯянд, дар муқобили аҳкоме, ки насх мешаванд.[5]
  • Ҳуруфи муқаттаа дар оятҳои оғозини сураҳо аз муҳкамот ва ғайри ин оятҳо аз муташобиҳот ба шумор мераванд.[6]
  • Муҳкамот, оятҳое, ки дорои маъниҳои равшан ва возеҳ ҳастанд ва муташобиҳот, оятҳои муҷмал ва дорои маъниҳои мубҳам ва ғайриошкор ҳастанд.[7]
  • Муҳкамот, оятҳое, ки ба воситаи далел метавон ба мазмун ва муҳтавои он илм пайдо кард ва муташобеҳ оятҳое, ки роҳе барои илм ба онҳо вуҷуд надорад.[8]
  • Муташобиҳот, оятҳое, ки дар бораи сифоти Худо ва оятҳои марбут ба аҳвол ва авсофи рӯзи қиёмат ва охират ҳастанд.[9]
  • Муҳкамот, маорифе, ки далели возеҳ доранд. Монанди оятҳои марбут ба тавҳид, қудрат ва ҳикмати Худо. Ва муташобиҳот, оятҳое ҳастанд, ки қабул ва фаҳми маорифи онҳо, ниёзманди тааммул ва тадаббур аст.[10]
  • Муҳкамот, оятҳое, ки барои баёни воҷибот ва муҳаррамот нозил шудаанд ва муташобиҳот барои баёни қиссаҳо ва масалҳои қуръонӣ.[11]

Муташобиҳот ва чӣ гуна тафсир кардани онҳо

Дар бораи чӣ гуна тафсир кардани оятҳои муташобеҳ дидгоҳҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзе муфассирон бар ин боваранд, ки оятҳои муташобеҳ бо такя ба оятҳои муҳкам тафсир мешаванд.[12] Бар асоси ояти 7 сураи Оли Имрон, гуфта шудааст, ки танҳо Худо ва росихони дар илм аз муташобиҳоти қуръонӣ огоҳанд ва ба онҳо илм доранд.[13] Аммо дар ин ки росихуни дар илм чиҳо ҳастанд, фарзияҳои бисёре пешниҳод шудааст. Баъзе ривоёт дар манобеи шиа, имомон (а)-ро мисдоқи росихони дар илм муаррифӣ кардаанд.[14] Шуморе аз муфассирон мафҳуми росихони дар илмро густурда донистаанд, ки ҳамаи донишмандон ва мутафаккиронро дар бар мегирад.[15]

Эзоҳ

  1. ↑ Заркашӣ, ал-Бурҳон, ҷ.2, саҳ.68; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.32.
  2. ↑ Маърифат, Улуми қуръонӣ, саҳ.271.
  3. ↑ Заркашӣ, ал-Бурҳон, ҷ.2, саҳ.68; Сиютӣ, ал-Итқон, ҷ.2, саҳ.5.
  4. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.32 - 39.
  5. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.34; Маърифат, Улуми қуръонӣ, саҳ.271.
  6. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.33.
  7. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.33.
  8. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.35.
  9. ↑ Сиютӣ, ал-Итқон, ҷ.2, саҳ.12.
  10. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.35.
  11. ↑ Сиютӣ, ал-Итқон, ҷ.2, саҳ.6.
  12. ↑ Сайиди Разӣ, Ҳақоиқ-ут-таъвил, ҷ.2, саҳ.23; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.168 - 169 ва ҷ.3, саҳ.43.
  13. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.241.
  14. ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.213.
  15. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.2, саҳ.439.

Сарчашма

  • Биҳиштӣ, Сайид Муҳаммад, Муҳкам ва муташобеҳ дар Қуръон, Теҳрон, нашри Равзана, 1395ҳ.ш.
  • Заркашӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ил-кутуб-ил-арабия Исо ал-Бобӣ ал-Ҳалабӣ ва шуракоиҳ, чопи аввал, 1376ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, Муассисаи фарҳангӣ интишоротии ат-Тамҳид, чопи чаҳорум, 1381ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Рисолат-ул-муҳкам ва-л-муташобиҳа, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1428ҳ.қ.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳақоиқ-ут-таъвил фи муташобеҳ-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1406ҳ.қ.
  • Сиютӣ, Ҷалолуддин, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1416ҳ.қ.
  • Субҳии Солеҳ, Мабоҳис фи улум-ил-Қуръон, интишороти аш-Шариф ар-Разӣ, Қум 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюн ахбор ар-Ризо, Қум, нашри Ҷаҳон, бетаърих.

Шаблон:Қуръони карим