Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ихтилофи мусҳафҳо

Аз wikishia

Ихтилофи мусҳафҳо (форсӣ: اختلاف مصحف‌ها) яке аз мавзуъҳои улуми Қуръон аст ва ба тафовут миёни мусҳафҳои саҳобаи Пайғамбар (с) ва низ ихтилоф миёни мусҳафҳои Усмонӣ ишора дорад; тафовутҳое, ки дар ташаккули қироатҳои гуногуни Қуръон нақш доштанд. Пас аз вафоти Пайғамбари Ислом, баъзе аз саҳоба, Қуръонро аз навиштаҳои пароканда гирдоварӣ ва дар қолаби мусҳафҳое тадвин карданд. Ин мусҳафҳо дар мавориде монанди расмулхатти баъзе вожаҳо, вуҷуд ё набуди баъзе калимот ва тартиби сураҳо бо якдигар тафовут доштанд.

Ин ихтилофҳо ба тадриҷ муҷиби зуҳури ихтилоф дар қироати Қуръон миёни мусулмонон шуд. Аз ин рӯ, Усмон ибни Аффон дар даврони ҳукумати худ барои яксонсозии мусҳафҳо иқдом кард. Ба дастури ӯ, якчанд нусхаи меъёр аз Қуръон таҳия ва ба шаҳрҳои муҳимми исломӣ фиристода шуд ва дигар мусҳафҳо аз миён бардошта шуданд. Бо ин ҳол, миёни мусҳафҳои Усмонӣ низ тафовутҳое вуҷуд дошт.

Тасвири саҳифаи аввали сураи Юнус аз як мусҳафи бисёр қадимие мансуб ба қарни якуми ҳиҷрӣ (маъруф ба мусҳафи Машҳади Разавӣ)

Ихтилофи мусҳафҳои саҳоба бо мусҳафи Усмон ва аҳамияти он дар мутолиоти қуръонӣ

Ихтилофи мусҳафҳои саҳоба ва мусҳафҳои Усмонӣ аз баҳсҳои таърихи Қуръон аст, ки ба чигунагии гирдоварии Қуръон ва тафовутҳои миёни нахустин мусҳафҳо мепардозад. Дар баҳси таърихи Қуръон, ихтилофи мусҳафҳо аз омилҳои пайдоиши ихтилофи қироатҳо дониста шудааст.[1]

Пас аз вафоти Пайғамбар (с) шуморе аз саҳоба аз ҷумла Имом Алӣ (а), Зайд ибни Собит, Солим мавлои Абӯҳузайфа, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Убай ибни Каъби Ансорӣ, Абумусои Ашъарӣ, Миқдод ибни Асвад ва Муоз ибни Ҷабал Қуръонро дар қолаби мусҳафҳое мустақил гирдоварӣ карданд.[2] Ҳар яке аз ин мусҳафҳо дар минтақае роиҷ шуд; барои намуна мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд дар Кӯфа, мусҳафи Убай ибни Каъб дар Шом, мусҳафи Абумусои Ашъарӣ дар Басра ва мусҳафи Миқдод ибни Асвад дар Димишқ роиҷ буд.[3] Ин мусҳафҳо дар тартиби сураҳо, баъзе вожагон ва вижагиҳои дигар бо якдигар ихтилоф доштанд[4] ва ҳамин ихтилофҳо ба пайдоиши ихтилофи қироатҳо анҷомид[5] ва ба яке аз чолишҳои мусулмонон табдил шуд.[6]
Усмон ибни Аффон дар замони зимомдории худ, барои поён додан ба ин ихтилофҳо, яксонсозии мусҳафҳоро оғоз кард.[7] Вай бо таҳияи якчанд нусха аз мусҳафи меъёр ва ирсоли онҳо ба шаҳрҳои муҳими исломӣ, кӯшид ин ихтилофҳоро бартараф кунад. Бо ин ҳол, ин иқдом низ ихтилофи мусҳафҳоро ба таври комил аз миён набурд ва бар асари саҳлангории баъзе котибон, миёни баъзе мусҳафҳои Усмонӣ тафовутҳое боқӣ монд.[8]

Намунаи фарқи мусҳафҳо

Мусҳафҳои саҳоба дар мавориде чун шумора ва тартиби сураҳо, расмулхатти баъзе вожаҳо, зиёда ё костии баъзе вожагон, ҷойгузинии вожагон ва низ тартиби баъзе калимот бо якдигар ихтилоф доштанд. Бахше аз ин ихтилофҳо, монанди ихтилоф дар шумора ва тартиби сураҳо, бо тадвини мусҳафҳои Усмонӣ бартараф шуд.[9]

Шумораи сураҳо

Мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд сураҳои Фотиҳа, Нос ва Фалақро надошт.[10] Ҳарчанд вай сураи Ҳамдро ҷузъе аз Қуръон медонист, аммо ду сураи Фалақ ва Носро аз Қуръон намешумурд ва онҳоро дуоҳое барои эминӣ аз чашмзахм ва сеҳр медонист.[11] Мусҳафи Убай ибни Каъб ду сураи илова бар Қуръони роиҷ дошт, ки «Халъ» ва «Ҳафд» ном доштанд. Матни сураи Халъ чунин буд: «بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحیم اللَّهُمَّ إِنَّا نَسْتَعِینُکَ وَنَسْتَغْفِرُکَ وَنُثْنِی عَلَیْکَ وَلَا نُکْفُرُکَ وَنَخْلَعُ وَنَتْرُکُ مَنْ یَفْجُرُکَ» (Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим, Аллоҳумма инна настаинука ва настағфирука ва нусни алайка ва ло накфурука ва нахлау ва натруку ман яфҷурука). Матни сураи Ҳафд чунин буд: «بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحیم اللَّهُمَّ إِیَّاکَ نَعْبُدُ وَلَکَ نُصَلِّی وَنَسْجُدُ وَإِلَیْکَ نَسْعَی وَنَحْفِدُ نَرْجُو رَحْمَتَکَ وَنَخْشَی عَذَابَکَ إِنَّ عَذَابَکَ بِالْکُفَّارِ مُلْحَقٌ» (Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим Аллоҳумма иййака наъбуду ва лака нусалли ва насҷуду ва илайка насъа ва наҳфиду нарҷу раҳматака ва нахшаа азобака инна азобака би-л-куффори мулҳиқ).[12] Ҳамчунин дар мусҳафи вай, сураи Қурайш бо сураи Фил идғом шуда буд.[13]

Зиёдати вожагон

Дар баъзе мусҳафҳо, вожагоне илова бар матни роиҷи Қуръон гузориш шудааст. Барои намуна, дар мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд, пас аз иборати «صِیَامُ ثَلَاثَةِ أَیَّامٍ» (Сиёму салосати аййёмин) дар ояти 89 сураи Моида, вожаи «мутатобиъот» омада буд[14] ва сураи Тавба низ бо бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим оғоз мешуд.[15] Ҳамчунин дар мусҳафи Убай ибни Каъб, сураи Зумар бо иборати «ҳо мим - حم» сар мешуд[16] ва ба ҷои «وَشُرَکاءَکُم» (ва шуракоикум)[17] таъбири «вадъу шуракоакум» омада буд.[18] Муҳаммадҳодии Маърифат, аз уламои улуми қуръонӣ, эътиқод дорад, ки баъзе аз ин афзудаҳо тавзеҳоти тафсирии котибон буда ва ҷузъе аз матни Қуръон ба шумор намерафтааст.[19]

Костии вожагон

Дар баъзе мусҳафҳо, вожаҳо ё иборатҳое, ки дар дигар мусҳафҳо вуҷуд дошт, ҳазф шуда буд. Барои намуна, иборати «إِنْ خِفْتُمْ» (ин хифтум) дар ояти 101 сураи Нисо дар мусҳафи Убай ибни Каъб вуҷуд надошт. Ҳамчунин дар мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд, ба ҷои иборати «وَمَا خَلَقَ الذَّکَرَ وَالْأُنْثَیٰ» (ва мо халақа-з-закара ва-л-унсо)[20] танҳо «وَالذَّکَرِ وَالْأُنْثَى» (ва-з-закара ва-л-унсо) омада буд.[21] Ихтилоф дар ҳазф ё исботи баъзе вожагон, ҳатто дар миёни мусҳафҳои Усмонӣ низ дида мешуд; барои намуна, ояти 116 сураи Бақара дар мусҳафҳои Кӯфа ва Басра бо «ва қолу» ва дар мусҳафҳои Мадина ва Шом бо «қолу» оғоз мешуд.[22]

Ҷойгузинии вожагон

Дар баъзе мусҳафҳо, ба ҷои баъзе вожаҳо, вожае мутародиф ё вожае дигар омада буд.[23] Барои намуна дар мусҳафи Абумусои Ашъарӣ, ба ҷои «مَنْ قَبْلَه» (ман қаблаҳу)[24] таъбири «ман талаққоҳ»,[25] дар мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд ба ҷои «وَإِنَّ إِلْیاسَ لَمِنَ الْمُرْسَلِین» (ва инна Илёса ламина-л-мурсалин)[26] иборати «ва инна Идриса ламина-л-мурсалин»[27] ва дар мусҳафи Убай ибни Каъб, ба ҷои «ثُمَّ عَرَضَهُمْ» (сумма аразаҳум)[28] таъбири «сумма аразаҳо»[29] ва ба ҷои «إِنْ کانَ ذُو عُسْرَةٍ» (ин кона зу усратин)[30] таъбири «ин кона зо усратин» омада буд.[31]

Ҷобаҷоии баъзе аз калимот

Тартиби баъзе вожагон мухталиф буд; барои намуна, дар мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд, ба ҷои «یَطْبَعُ اللَّهُ عَلی کُلِّ قَلْبِ مُتَکَبِّرٍ جَبَّار» (ятбауллоҳу ало кулли қалби мутакаббирин ҷаббор)[32] иборати «ятбаъуллоҳу ала қалби кулли мутакаббирин ҷаббор» сабт шуда буд.[33]

Тартиби сураҳо

Тартиби сураҳо дар мусҳафи Имом Алӣ (а) бар асоси тартиби нузул буд; ба гунае, ки бо сураи Алақ оғоз мешуд ва пас аз он дигар сураҳои маккӣ ва сипас сураҳои маданӣ қарор доштанд.[34]

Сураҳо дар мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд дар шаш даста танзим шуда буданд; ба ин тартиб, ки аввал «сабъи тивол» (ҳафт сураи дароз), сипас «миин» (сураҳои беш аз сад оят), пас аз он «масони» (сураҳои камтар аз сад оят), сипас «ҳавомиим» (ҳафт сурае, ки бо «ҳам» оғоз мешаванд), он гоҳ «мумтаҳанот» ва дар поён «муфассалот» (сураҳои кӯтоҳтар) қарор доштанд.

Чорчӯби умумӣ дигар мусҳафҳои саҳоба ва низ мусҳафҳои Усмонӣ бар ҳамин асос буд; ҳарчанд дар пешу пас будани баъзе сураҳо бо якдигар фарқ доштанд.[35] Барои намуна, дар мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд, сураи Анъом пас аз Аъроф ва дар мусҳафи Убай ибни Каъб, пеш аз он қарор дошт.[36]

Сабаби ихтилофи мусҳафҳо

Ба гуфтаи муҳаққиқон, омилҳои ихтилофи мусҳафҳои Усмонӣ бо омилҳои ихтилофи мусҳафҳои саҳоба яксон набуд. Дар бораи мусҳафҳои Усмонӣ гуфта шудааст, ки пас аз таҳияи якчанд нусха барои фиристодан ба шаҳрҳои мухталиф, дар муқобала ва татбиқи онҳо бо якдигар даққати кофӣ сурат нагирифт ва ҳамин амр ба зуҳури баъзе тафовутҳо анҷомид. Нақл шудааст, ки Усмон ибни Аффон аз баъзе аз ин ихтилофҳо огоҳ шуд, аммо умедвор буд арабҳо онҳоро ба дурустӣ бихонанд.[37]

Дар баробари ин, ихтилофи мусҳафҳои саҳобаро ба омилҳое чун тафовут дар дониш ва маҳорати онон дар навиштан ва забти Қуръон[38] ва низ ихтилофи дидгоҳ дар бораи матолиби содиршуда аз Пайғамбари Ислом нисбат додаанд. Барои намуна, Абдуллоҳ ибни Масъуд сураҳои Фалақ ва Носро ҷузъи Қуръон намедонист ва онҳоро ҳирзҳое барои муҳофизат аз чашмзахм ё сеҳр ба шумор меовард.[39]

Эзоҳ

  1. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.2, саҳ.9 ва 10.
  2. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.292 ва 308.
  3. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.331.
  4. Суютӣ, ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.209 то 211.
  5. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.331.
  6. Ибни Асир, ал-Комил фи-т-таърих, ҷ.3, саҳ.112; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.170.
  7. Ибни Абидовуд, ал-Масоҳиф, ҷ.1, саҳ.88.
  8. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.331 ва 332 ва 336 ва 337 ва 342-346 ва 397-401.
  9. Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, ҷ.1, саҳ.353.
  10. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.314; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.416.
  11. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.416.
  12. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.322 ва 323; Суютӣ, ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.226.
  13. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.322.
  14. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.4, саҳ.14.
  15. Суютӣ, ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.225.
  16. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.323.
  17. сураи Юнус, ояти 71
  18. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.5, саҳ.409.
  19. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.319 ва 320.
  20. сураи Лайл, ояти 3.
  21. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.322.
  22. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.400.
  23. Барои дидани намунаҳое аз ин ихтилофҳо ниг.: Ибни Қутайба, Таъвили мушкил-ил-Қуръон, саҳ.24; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.419 ва ҷ.15, саҳ.109 ва ҷ.25, саҳ.78; Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.291 ва 311 ва саҳ.516 ва ҷ.5, саҳ.318; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.8, саҳ.669; Суютӣ, ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.168.
  24. сураи Ҳоққа, ояти 9
  25. Фарро, Маъони-ил-Қуръон, ҷ.3, саҳ.180.
  26. сураи Соффот, ояти 123.
  27. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.8, саҳ.523 ва 524.
  28. сураи Бақара, ояти 31
  29. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.141.
  30. сураи Бақара, ояти 280
  31. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.2, саҳ.369.
  32. сураи Ғофир, ояти 35.
  33. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.9, саҳ.74.
  34. Суютӣ, ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.216.
  35. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.312 ва 313.
  36. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.325.
  37. Ибни Абидовуд, ал-Масоҳиф, ҷ.1, саҳ.88 ва 93; Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.336 ва 337 ва 342-345.
  38. Маърифат, ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ.331 ва 332.
  39. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.416.

Сарчашма

  • Қуръони карим
  • Зарқонӣ, Муҳаммад Абдулазим, Маноҳил-ул-ирфон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дор иҳёъ ат-турос ал-арабӣ, бетаърих.
  • Ибни Абидовуд, Абдуллоҳ ибни Сулаймон ибни Ашъас, ал-Масоҳиф, Қоҳира, ал-Форуқ-ул-ҳадиса, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дор-ус-Содир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, Таъвили мушкил-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бетаърих.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-интишоротии ат-Тамҳид, 1388ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, ал-Ҳайъат-ул-мисрият-ул-омма ли-л-китоб, 1394ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Фарро, Яҳё ибни Зиёд, Маъони-ил-Қуръон, Миср, ад-Дор-ул-мисрия ли-т-таълиф ва-т-тарҷума, бетаърих.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дор-ус-Содир, бетаърих.