Jump to content

Үндана:Иншоаллоҳ

Аз wikishia

Хаттотии бахше аз ояти 99 сураи Юсуф, шомили «Иншоаллоҳ», ки ба хатти сулс аз ҷониби Муҳаммади Бадвӣ ад-Дайронӣ, хаттоти суриягӣ, дар соли 1353ҳ.қ. навишта шудааст.

‌Иншоаллоҳ (арабӣ: إنْ شاءَ الله) ба маънои «Агар Худо хоҳад», ибораест, ки мусулмонон дар гуфтугӯҳои рӯзмарраи худ барои коре, ки дар оянда мехоҳанд анҷом диҳанд, истифода мебаранд; ё барои ифодаи умед ба истиҷобати дуо.[1]

Қуръон ва маъсумон ба мусулмонон тавсия додаанд, ки ҳангоми ишора ба корҳое, ки мехоҳанд дар оянда анҷом диҳанд, бигӯянд иншоаллоҳ. Аз ҳамин сабаб, ин ибора ба забони диндорон роҳ ёфта ва ҳамчун нишонгари эътимод ба Худо дар ҳаёти рӯзмарра истифода мешавад.[2]

Дар оятҳои 23 ва 24 сури Каҳф, Худо ба Пайғамбар (с) мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи коре нагӯ: «Фардо онро анҷом медиҳам», магар ин ки бигӯӣ «Агар Худо хоҳад».[3] Дар ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, дар хусуси шаъли нузули ин оятҳо омадааст, ки гурӯҳе аз яҳудиён назди Пайғамбар (с) омадаанд, то аз ӯ саволе пурсанд ва пайғамбар (с) бе он ки бигӯяд «Иншоаллоҳ», ба онҳо гуфт, фардо ҳозир шавед, то ҷавоби саволатонро бигӯям. Пас аз он, Ҷабраил ба муддати 40 рӯз барои ӯ ваҳй наовард ва ниҳоят, пас аз ин мӯҳлат, ин оятҳо ба ӯ ваҳй шуданд.[4]

Дар ривояти дигар дар зайли ҳамон оятҳо омадааст, ки аҳамияти гуфтан «Иншоаллоҳ» ин аст, ки ҳар вақте шахс фаромӯш кард бигӯяд «Иншоаллоҳ», ҳар вақт ки ба ёдаш омад, бояд ин ибораро бигӯяд.[5] Ҳамчунин дар ривояте, ки Кулайнӣ нақл кардааст, Имом Содиқ (а) дастур дод, ки номае нависанд ва пас аз анҷоми навиштан, вақте дид, ки он бидуни «Иншоаллоҳ» аст, гуфт: «Чӣ тавр умед доштӣ, ки ин нома бидуни «Иншоаллоҳ» комил бошад», ва дастур дод, ки ба он «Иншоаллоҳ» илова кунанд.[6]

Нишонаи комил будани имони банда ин аст, ки дар ҳар коре «Иншоаллоҳ» бигӯяд.

Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.55


Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, марҷаи тақлид ва муфассири шиа, дар китоби Тафсири Намуна, гуфтани ибораи «Иншоаллоҳ» ҳангоми баён кардани қарорҳои оянда, як намуди адаб дар назди Худо ва нишонгари тавҳиди афъолӣ аст; яъне бо вуҷуди доштани ихтиёр ва озодии иродаи инсон, вуҷуд доштани ҳар чиз ва ҳар кор ба иродаи Худо вобаста аст.[7] Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ, муаллифи тафсири ал-Мизон, низ бовар дорад шахсе, ки барои анҷоми коре «Иншоаллоҳ» мегӯяд, мақсудаш ин аст, ки он кор танҳо дар сурати мувофиқ будан ба иродаи таквинии Худо рӯй медиҳад.[8]

Тибқи одат мардумони диндори форсизабон, баъзан ба ҷои ибораи «Иншоаллоҳ», таъбирҳое монанди «Ба хоҳиши Худо», «Худо хоҳад» ва «Ба умеди Худо» низ истифода мешавад.[9]

Эзоҳ

  1. Мусавии Омулӣ, «ان‌شاء‌الله در فرهنگ عامیانه», сомонаи Портали ҷомеъи улуми инсонӣ
  2. Мусавии Омулӣ, «ان‌شاء‌الله در فرهنگ عامیانه», сомонаи Портали ҷомеъи улуми инсонӣ
  3. Сури Каҳф, оятҳои 23 ва 24; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.143
  4. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.362-363; Ҳувейзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.3, саҳ.255
  5. Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.673
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.389
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.271
  9. Мусавии Омулӣ, «ان‌شاء‌الله در فرهنگ عامیانه», сомонаи Портали ҷомеъи улуми инсонӣ

Сарчашма

  • Қуръони карим
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир ал-Айёшӣ, мусаҳҳеҳ: Сайид Ҳошим Расулии Муҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, 1380ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳрир: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мусавии Омулӣ, Сайид Муҳсин, «ان‌شاء‌الله در فرهنگ عامیانه», сомонаи Портали ҷомеъи улуми инсонӣ, санаи боздид: 13 сентябри 2025
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомуддин, Канз-ул-уммол, бемакон, Муассасаи ар-Рисола, 1401ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассасат-ул-аълами ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Ҳавейзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, тасҳеҳ: Сайид Ҳашим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, Исмоилия, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.