Мубтилоти рӯза

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Муфтироти рӯза)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Мубтилоти рӯза (форсӣ: مُبطِلات روزه) ё муфтирот (форсӣ: مُفْطِرات) корҳоест, ки рӯзаро мешикананд. Ин корҳо иборатанд аз: хӯрдану нӯшидан, алоқаи ҷинсӣ, истимно, қай кардан, тамоми сарро дар зери об фуру бурдан, расондани ғубори ғафс ба ҳалқ, имола (клизма) бо моеъҳо, мондан дар ҷанобат, ҳайз ва нифос то азони бомдод ва нисбат додани дурӯғе ба Худо, Пайғамбар ва имомҳо.

Фақеҳон қасдан анҷом додани мубтилоти рӯзаро ҳаром ва сабаби фарз шудани каффора медонанд.

Муаррифӣ

Мубтилоти рӯза корҳое аст, ки рӯзаро ботил мекунанд. Дар китобҳои фиқҳӣ аз мубтилоти рӯза бо унвони «муфтирот» (шиканандаҳои рӯза) низ ёд мешавад.[1]

Фақеҳон, анҷоми амдии мубтилоти рӯзаро ҳаром[2] ва мӯҷиби воҷиб шудани каффора медонанд,[3] вале агар ин мубтилот аз рӯи фаромӯшӣ ё маҷбурӣ анҷом шавад, рӯза ботил намешавад.[4]

Мубтилоти рӯза иборатанд аз:

  1. Хӯрдану ошомидан
  2. Алоқаи ҷинсӣ
  3. истимно
  4. Дурӯғ бастан ба Худо, Пайғамбари Акрам (с) ва имомон
  5. Расондани ғубори ғализ ба ҳалқ
  6. Иртимос ё фурӯ бурдани тамоми сар дар об (тибқи назари аксари фақеҳон).[5]
  7. Боқӣ мондан бар ҷанобат ва ҳайзу нифос то азони субҳ. Касе ки ҷунуб шуда, ё аз ҳайзу нифос пок шудааст, бояд пеш аз азони бомдод ғусл кунад ва агар то азони субҳ ғусл накунад, рӯзаи он рӯзаш ботил аст.
  8. Имола (танқиҳ, клизма) бо моеъот
  9. Қай кардан[6]
  10. Нияти қатъи рӯза ё нияти анҷом додан яке аз мубтилоти он.[7]

Мусофират рафтан дар ҳоли рӯза ҳаром нест,[8] вале агар мусофир то пеш аз зуҳр ба ватан ё ҷое, ки қасд дорад даҳ рӯз бимонад, нарасад рӯзааш ботил мешавад.[9]

Хӯрдану нӯшидан

Бар асоси фатвои фақеҳон, хӯрдану нӯшидан вақте рӯзаро ботил мекунад, ки қасдан бошад ва агар шахс фаромӯш кунад, ки рӯза аст, рӯзааш дуруст аст.[10] Бархе аз мароҷеъи тақлид монанди Имом Хумайнӣ, Макорими Шерозӣ, Баҳҷат ва Шубайрии Занҷонӣ гузарондани сӯзандорӯ ё чаккаки тақвиятӣ монданро, ки ба ҷои хурок ба кор меравад, бинобар эҳтиёти воҷиб ҷоиз надонистаанд, аммо фақеҳони дигаре ҳамчун Хуӣ, Систонӣ, Табрезӣ ва Софии Гулпойгонӣ мегӯянд, гузарондани сӯзандору ё чаккак мондан, чи тақвиятӣ бошад, чи ғайри он, ишкол надорад.[11]

Ташнагии зиёд

Ба фатвои бештари фақеҳони шиа, агар рӯзадор дучори ташнагии шадиди ғайриқобили таҳаммул шавад, метавонад ба қадри зарурат ва рафъи ташнагӣ, об бинӯшад.[12] Дар бораи вазифаи рӯзадор баъд аз нӯшидани об, ду фатво вуҷуд дорад: бархе мегӯянд, гарчи нӯшидани об ҷоиз аст, вале рӯза ботил мешавад ва бо ин ҳол, рӯзадор бояд то азони шом аз муфтироти рӯза дурӣ кунад ва қазои он рӯзро низ бигирад.[13] Дар муқобил, гурӯҳи дигаре аз фақеҳон, бо вуҷуди нӯшидани об, рӯзаро дуруст медонанд ва дар натиҷа мегӯянд, ниёзе ба қазои он нест.[14]

Рафторҳои ҷинсӣ

Рафторҳои ҷинсие, ки рӯзаро ботил мекунанд иборатанд аз:

Ҷимоъ

Ҷимоъ ё алоқаи ҷинсӣ, ҳарчанд ба инзол мунҷар нашавад, рӯзаро ботил мекунад. Алоқа аз пеш ё қафо фарқе надорад ва дар ин ҳукм фарқе байни зану мард нест.[15]

Истимно

Фақеҳон, истимно(қасдан хориҷ кардани манӣ)-ро низ аз мубтилоти рӯза медонанд;[16] албатта ба фатвои онон, агар касе қасди инзол (хуруҷи манӣ) надошта бошад, аммо амалаш ба инзол мунҷар шавад, рӯзааш дуруст аст.[17]

Мулоиба бо ҳамсар агар ба таври иттифоқӣ ба инзол мунҷар шавад, рӯзаро ботил намекунад, аммо агар касе бо ҳадафи инзол мулоиба кунад, ё ба гунае мулоиба анҷом диҳад, ки маъмулан ба инзол мунҷар мешавад, агар рафтораш ба инзол анҷомад, рӯзааш ботил аст.[18]

Эҳтилом

Эҳтилом (хурӯҷи манӣ дар хоб) аз мубтилоти рӯза нест, аммо агар касе пеш аз азони субҳ муҳталим шавад, бояд то пеш аз азони субҳ ғусли ҷанобат анҷом диҳад.[19] Эҳтилом дар тӯли рӯз ба рӯза зараре намерасонад.[20]

Ғубори ғализу дуд

Ба назари бештари фақеҳон, расондани ғубори ғализу дуд ба ҳалқ, рӯзаро ботил мекунад.[21] Бар ҳамин асос кашидани сигарету қалён ва монанди онҳоро низ ҷузви мубтилот донистаанд.[22] Албатта бархе аз фақеҳон расондани ғубор ба ҳалқро дар шумори мубтилоти рӯза зикр накардаанд,[23] бо ин ҳол муътақиданд, бинобар эҳтиёти мустаҳаб ғубор рӯзаро ботил мекунад ва истеъмоли духониёт дар моҳи Рамазон ба таври ошкор ҷоиз нест.[24]

Дуруғ гуфтан

Дурӯғ гуфтан ва дигар гуноҳоне монанди гӯш додан ба ғино, нигоҳи ҳаром ва ҳасад гарчи ҳароманд ва гуноҳашон дар моҳи Рамазон бештар аст,[25] вале рӯзаро ботил намекунанд.[26] Ба фатвои фақеҳон танҳо дурӯғ бастан ба Худо, Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа рӯзаро ботил мекунад.[27] Бархе фақеҳон дурӯғ бастан ба ҳазрати Заҳро (с) ва соири пайғамбарон ва ҷонишинони онҳоро низ ҷузви мубтилот шуморидаанд.[28] Дар ин миён Муҳаммадҳусайн Кошифулғито дурӯғ бастан ба Худо, Пайғамбар ва имомонро боиси ботил шудани рӯза намедонад. Ӯ муътақид аст, ин кор ҷузви гуноҳони кабира аст ва ҳамчун соири гуноҳон, дар моҳи Рамазон ҳаром буданаш ташдид мешавад.[29]

Фурӯ бурдани тамоми сар дар об

Бархе аз фақеҳон, иртимос, ба маънои фурӯ бурдани тамоми сари зери обро аз авомили ботилкунандаи рӯза донистаанд.[30] Бинобар ин фатво, ғусли иртимосӣ дар ҳоли рӯзаи моҳи Рамазон дуруст нест ва боиси бутлони рӯза ҳам мешавад.[31] Ба фатвои ин гурӯҳ аз фақеҳон, агар бахше аз сар аз об берун бошад, рӯза дуруст аст.[32]

Гурӯҳи дигаре аз фақеҳон иртимос дар ҳоли рӯзаро ҳаром мешуморанд, аммо онро боиси ботил шудани рӯза намедонанд.[33]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъ ли-ш-шароиъ, 1405ҳ.қ., саҳ.155; Кошифулғито, Анвор-ул-фақоҳат, 1422ҳ.қ., саҳ.12.
  2. Шайхи Баҳоӣ, Ҷомеъи аббосӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.270.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.226; Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.305.
  4. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.541-576.
  5. Нигоҳ кунед ба Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.555, Таълиқоти Кошифулғито, Исфаҳонӣ, Оли Ёсин ва Ҷавоҳирӣ; низ Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, саҳ.305, масъалаи 1617.
  6. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.541-576 .
  7. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.539.
  8. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.624.
  9. Банҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили сездаҳ марҷаъ, 1424ҳ.қ., 4.1, саҳ.954, м1722 ва 1723.
  10. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.541 - 543.
  11. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили сездаҳ марҷаъ, 1424ҳ.қ., саҳ.892, 893.
  12. Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.324; Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.140, Хумайнӣ, Истифтоъот, Дафтари нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.321.
  13. Нигоҳ кунед ба Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.140; Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.324; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.132.
  14. Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.276; Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.139; Шайхи Баҳоӣ, ат-Таълиқату ала-р-рисолат-ил-савмия, 1427ҳ.қ., саҳ.49 - 50; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.325 - 326; Ҳаким, Мисбоҳ-ул-минҳоҷ, 1425ҳ.қ., саҳ.161; Субҳонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, муассисаи Имом Содиқ, масъалаи 1256.
  15. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.543.
  16. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.546.
  17. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.548.
  18. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.350; Хумайнӣ, Истифтоъот, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  19. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547.
  20. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, маркази фиқҳул-аимматил-атҳор, ҷ.2, саҳ.23.
  21. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.553 - 554; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили сездаҳ марҷаъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.902 - 903.
  22. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
  23. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Шубайрӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1430ҳ.қ., саҳ.329, масъалаи 1581.
  24. Нигоҳ кунед ба: Шубайрӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1430ҳ.қ., саҳ.334, масъалаи 1612 ва 1614 .
  25. Кошифулғито, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.549 .
  26. Ибни Идрис, Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.373 - 374.
  27. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.549.
  28. Нигоҳ кунед ба Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.550.
  29. Кошифулғито, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.549 .
  30. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.555; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили сездаҳ марҷаъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ904.
  31. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.559, масъалаи 43.
  32. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.556, масъалаи 33.
  33. Нигоҳ кунед ба Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.555, Таълиқоти Кошифулғито, Исфаҳонӣ, Оли Ёсин ва Ҷавоҳирӣ; Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, саҳ.305, масъалаи 1617.

Сарчашма

  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳулмасоили сездаҳ марҷаъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатово, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муслим Қулипури Гелонӣ, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, ал-Урват-ул-вусқо маъа-т-таълиқот, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҳасан, Анвор-ул-фақоҳат, Наҷаф, муассисаи Кошифулғито, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тавзеҳулмасоил, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1378ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ, Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Омулӣ, Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, Теҳрон, нашри Муаллиф, 1380ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, муассисатул-Минор, 1413ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Машҳад, нашри Арсалон, 1386ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Тавзеҳулмасоил, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), бе то.
  • Фозили Ланкаронӣ, Тавзеҳулмасоил (форсӣ), Қум, меҳр, 1374ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Урват-ул-вусқо маъа-т-таълиқот, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, Қум, муассисаи эҳёу осорил-имомил-Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Истифтоъот, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1422ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳаммадсаид, Мисбоҳ-ул-минҳоҷ, китоб-ул-савм, Қум, Дорул-ҳилол, 1425ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи Дорул-тафсир, 1374ҳ.ш.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, маҷмаъул-буҳусил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Яҳё ибни Саид, ал-Ҷомеъ ли-ш-шароиъ, тасҳеҳи ҷамъе аз муҳаққиқини таҳти ишрофи шайх Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо-ил-илмия, 1405ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, ат-Таълиқату ала-р-рисолат-ил-савмия, Қум, муассисаи Ошуро, 1427ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Низом ибни Ҳусайн, Ҷомеъи Аббосӣ ва такмили он, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, салсабил, 1430ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо маъа-т-таълиқот, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, таълиқоти Муҳаммадфозил Муваҳҳидии Ланкаронӣ, Қум, маркази фиқҳи ал-Аимматул-атҳор (алайҳимуссалом), бе то.