Истиҳола

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Истиҳола (арабӣ: الاستحالة) дар фиқҳ ба маънои табдил шудани чизи наҷис ба чизи пок аст. Фақиҳон онро аз мутаҳҳирот медонанд. Бар асоси ин фатво, агар шийъи наҷис тағйири моҳият диҳад, пок мешавад. Барои мисол агар саге бимирад ва табдил ба хок шавад, он хок пок аст. Ҳамчунин хокистари чӯби наҷис пок аст.

Бар асоси дидгоҳҳои фиқҳӣ, табдил шудани гандум ба орад ё нон ва ҳамчунин табдили шир ба панир истиҳола нест ва аҳкоми онро надорад.

Таърифи фиқҳии истиҳола ва намунаҳои он

Истиҳола дар фиқҳ ба маънои тағйири моҳияти айни наҷис ё чизе аст ки дар асари бархӯрд бо айни наҷис, наҷис шудааст; масалан вақте чӯб табдил ба хокистар ё дӯд шавад, ё ҷасади ҳайвон ё инсон табдил ба хок шавад, мегӯянд истиҳола рух додааст.[1]

Дигар намунаҳои истиҳола ки дар китобҳои фиқҳӣ матраҳ мешавад, иборатанд аз: табдил шудани мадфуъ ба хок, табдил шудани идрор ё моеъи наҷис ба бухор, табдили нутфа ба ҳайвон, табдили ғизои наҷис ба ҷузъе аз бадани ҳайвони ҳалолгӯшт.[2]

Тағйири вижагиҳои чизе ё пароканда шудани аҷзои чиз истиҳола маҳсуб намешавад; масалан табдили гандум ба орад ё нон ё табдили шир ба панир.[3]

Мутаҳҳир будани истиҳола

Ба фатвои фақиҳон, истиҳола яке аз ақсоми мутаҳҳирот аст.[4] Мутаҳҳирот ба чизҳое мегӯянд ки сабаби бартараф шудан наҷосат мешаванд.[5]

Тафовути истиҳола ва инқилоб

Мақолаи аслӣ: Инқилоб (фиқҳ)

Инқилоб дар фиқҳ, ба ин маъност, ки шароб табдил ба сирка шавад.[6] Дар хусуси яке будани истиҳола ва инқилоб, миёни фақиҳон ихтилоф назар ҳаст; бархе аз фақиҳон инқилобро навъе истиҳола дониста ва дар баҳс аз истиҳола, аз инқилоб ҳам баҳс кардаанд,[7] аммо гурӯҳе инқилобро дар унвонии ҷудо матраҳ кардаанд.[8]

Ба гуфтаи Сайид Абулқосими Хуӣ (1278 - 1371ҳ.ш.), инқилоб аз ақсоми истиҳола аст, зеро дар инқилоб, ба лиҳози урфӣ, моҳияти шароб тағйир мекунад.[9]

Аҳкоми истиҳола

Бархе аз аҳкоми истиҳола, бар асоси тавзеҳ-ул-масоил, ба шарҳи зер аст:

  • Агар айни наҷис ё чизе ки наҷис шуда, ба гунае тағйир кунад ки ба сурати чизи поке дарояд, пок мешавад.
  • Чӯби наҷисе ки сӯхтаву хокистар шуда, пок аст.
  • Агар саг дар намакзори фурӯ раваду намак шавад, пок мешавад.
  • Агар гандуми наҷисро орад кунанд ё бо он нон бипазанд, пок намешавад.
  • Кӯзаи гилӣ ва монанди он ки аз гули наҷис сохта шуда наҷис аст.
  • Чизи наҷисе ки маълум нест истиҳола шуда ё на, наҷис аст.[10]

Эзоҳ

  1. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.70; Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132
  2. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132 - 133
  3. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132 - 133
  4. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132 - 133; Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132
  5. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.528
  6. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133
  7. Барои намунаи ниг.: Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137
  8. Барои намунаи ниг.: Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133
  9. Ниг.: Хӯӣ, Мавсуату ал-Имом Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.159
  10. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.120 - 121

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1381ҳ.ш..
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуату ал-Имом алхўиӣ, Қум, Муассисату эҳёи осори ал-Имом ал-Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Мишкинии ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1409ҳ.қ.