Мунозираи Имом Ризо дар бораи тавҳид
Мунозираи Имом Ризо (а) дар бораи тавҳид (фарсӣ: مناظره امام رضا (ع) درباره توحید) ҳадисест ки дар он, Имом Ризо (а) бо шахсе ки мункири вуҷуди Худо аст, дар бораи вуҷуди Худо гуфтугӯ мекунад. Дар ин ҳадис, Имом Ризо (а) се истидлол бар вуҷуди Худо матраҳ карда ва ба ишколоти шахси мункири вуҷуди Худо посух додааст.
Матни ин ҳадис дар китобҳои ҳадисии мутақаддими шиа, аз ҷумла ал-Кофӣ, навиштаи Кулайнӣ (ваф.329ҳ.қ.), Тавҳид ва Уюну ахбор-ир-Ризо навиштаи Шайхи Садуқ (305 - 381ҳ.қ.) омадааст. Аҳмади Табарсӣ (зиста дар қарни шашуми қамарӣ) ҳам дар китоби Эҳтиҷоҷ онро ривоят кардааст.
Гузориши мухтасари мунозира
Дар мунозираи тавҳид, Имом Ризо (а) бо шахсе баҳс мекунад, ки вуҷуди Худовандро инкор мекунад.[1] Дар оғози гуфтугӯ, Имом Ризо истидлоле дар хусуси ақлонияти бовар ба вуҷуди Худо матраҳ мекунад. Шахси мункири вуҷуди Худо, посухе ба ин пурсиш намедиҳад ва ишколоти мухталиферо дар бораи вуҷуди Худо матраҳ мекунад. Имом Ризо зимни посух ба ишколоти вай, ду истидлоли дигар ҳам бар вуҷуди Худо ироа медиҳад.[2] Ба гуфтаи ривояткунандаи ҳадис, ин шахс дар поён ба вуҷуди Худо имон меоварад.[3]
Истидлолҳои Имом Ризо бар вуҷуди Худо
Дар ин мунозира, Имом Ризо (а) се истидлол дар хусуси вуҷуди Худо матраҳ кардааст: яке дар оғози баҳс ва дутои дигар, дар миёни пурсишу посухҳое ки байни ӯ ва шахси мункири вуҷуди Худо матраҳ мешавад. Ин се истидлол ба шарҳ зераст:
- Агар Худое вуҷуд надошта бошад, пас аз марг, вазъияти кофарон ва муъминон яксон хоҳад буд; аммо агар Худое бошад, кофарон ба ҷаҳаннам хоҳанд рафт ва муъминон ба биҳишт.[4]
- Бо тавваҷуҳ ба ҷисми худамон, мебинем наметавонем чизе аз он бакоҳем ё ба он беафзоем. Ҳамчунин хушиҳоу нохушиҳоӣ бар мо ориз мешавад, ки худ тавон дур кардан ё ба даст оварданашонро надорем. Аз ин масаъла пай мебарем, ки сохтмони бадан созандае дорад.[5]
- Гардиши осмонҳо, пайдоиши абру боду ҳаракати хуршеду моҳу ситорагону дигар нишонаҳои аҷибу муҳкам, нишондиҳандаи ин аст ки касе ҳаст, ки инҳоро офаридааст.[6]
Эродҳои шахси мункири Худо ва посухҳои Имом Ризо (а)
Дар мунозираи Имом Ризо (а) дар бораи тавҳид, шахси мункири вуҷуди Худо, пас аз ҳаряк аз истидлолҳои Имом Ризо (а) бар вуҷуди Худо, ишколоте матраҳ мекунад, ки Имом Ризо ба як якашон посух медиҳад. Аз ҷумла мепурсад: агар Худо ҳаст, чӣ гуна вуҷуд дорад? Худо куҷост? Аз чи замоне будааст? Агар ҳаст, чаро дида намешавад? Ҳамчунин ашкол мекунад, ки агар Худо самиъ ва басир бошад, лозим аст ки гӯшу чашм дошта бошад.[7]
Имом Ризо посух медиҳад Худо холиқи кайфият (чигунагӣ) ва макон аст. Пас дар ҳеҷ маконе нест ва кайфият дар вуҷуди ӯ роҳ надорад. Ҳамчунин ҳеҷ замоне набуда ки вуҷуд надошта бошад. Бинобар ин наметавон гуфт Худо чи замоне ба вуҷуд омадааст. Далели диданӣ набудани Худо низ ин аст, ки аввалан, фарқе миёни холиқ ва махлуқ бошад ва сониян Худо бузургтар аз он аст, ки бо чашм дида шавад ё бо ақлу хаёл фаҳм шавад.[8]
Самиъу басир будани Худованд ҳам монанди бино ва шунаво будани махлуқот нест, ки ниёз ба гӯшу чашм дошта бошад; балки аз он рӯ ба Худо шунаво мегӯянд, ки ҳар садоеро дар осмону замин, чи кучак ва чи бузургро мешунавад. Низ аз он рӯ ба ӯ бино мегӯянд, ки ҳар чизиро мебинад; ҳатто ҷои пои мӯрчаи сиёҳро дар шаби тор бар рӯй санги сиёҳ.[9]
Манобеи мунозира
Мунозираи Имом Ризо дар бораи тавҳидро муҳаддисони нахустини шиа, азҷумла Кулайнӣ (ваф.329ҳ.қ.) дар ал-Кофӣ[10] ва Шайхи Садуқ (305 - 381ҳ.қ.) дар Тавҳид[11] ва Уюну ахбор-ир-Ризо[12] гузориш кардаанд. Ин ривоят дар китоби Эҳтиҷоҷ навиштаи Аҳмади Табарсӣ (зиста дар қарни шашуми қамарӣ) ҳам омадааст.[13] Ривояти Кулайнӣ кӯтоҳтар аз дигар ривоятҳо ва тақрибан нисфи онҳост. Дар Биҳор-ул-анвор ҳам ин ҳадис ба нақл аз Уюну ахбор-ир-Ризо ва тавҳиди Шайхи Садуқ омадааст.[14]
Матн ва тарҷумаи ҳадис
“ | الْأَشْجَارِ وَ حَمْلِهَا أَطَائِبَهَا الْمَأْكُولَةَ فَقُلْنَا عِنْدَ ذَلِكَ إِنَّ خَالِقَنَا لَطِيفٌ لَا كَلُطْفِ خَلْقِهِ فِي صَنْعَتِهِمْ وَ قُلْنَا إِنَّهُ سَمِيعٌ لَا يَخْفَى عَلَيْهِ أَصْوَاتُ خَلْقِهِ مَا بَيْنَ الْعَرْشِ إِلَى الثَّرَى مِنَ الذَّرَّةِ إِلَى أَكْبَرَ مِنْهَا فِي بَرِّهَا وَ بَحْرِهَا وَ لَا يَشْتَبِهُ عَلَيْهِ لُغَاتُهَا فَقُلْنَا عِنْدَ ذَلِكَ إِنَّهُ سَمِيعٌ لَا بِأُذُنٍ وَ قُلْنَا إِنَّهُ بَصِيرٌ لَا بِبَصَرٍ لِأَنَّهُ يَرَى أَثَرَ الذَّرَّةِ السَّحْمَاءِ فِي اللَّيْلَةِ الظَّلْمَاءِ عَلَى الصَّخْرَةِ السَّوْدَاءِ وَ يَرَى دَبِيبَ النَّمْلِ فِي اللَّيْلَةِ الدُّجُنَّةِ وَ يَرَى مَضَارَّهَا وَ مَنَافِعَهَا وَ أَثَرَ سِفَادِهَا وَ فِرَاخَهَا وَ نَسْلَهَا فَقُلْنَا عِنْدَ ذَلِكَ إِنَّهُ بَصِيرٌ لَا كَبَصَرِ خَلْقِهِ قَالَ فَمَا بَرِحَ حَتَّى أَسْلَمَ وَ فِيهِ كَلَامٌ غَيْرُ هَذَا |
” |
Марде аз зиндиқҳо ворид шуд бар ҳазрати Ризо (а), дар ҳолате ки ҷамоате назди он бузургвор ҳузур доштанд. Ҳазрати Ризо (а) ба ӯ фармуд агар қавли шумо, ки мегӯед Худову биҳишту ҷаҳаннаме нест, дуруст ва саҳеҳ бошад, ҳол ин ки дуруст намегӯед, мо ва шумо баробар ҳастем ва ин намозу рӯзаву закоту иқроре, ки мо мекунем, зарар аз барои мо надорад, агар манфиат надошта бошад. Он даҳрӣ сукут кард. Ҳазрат фармуд агар қавли мо, ки мегӯем Худову биҳишту ҷаҳаннаме аст, дуруст бошад, чунон ки қавли дуруст ин аст, оё чунин нахоҳад буд, ки шумо ҳалок мешавед ва мо наҷот меёбем? Пас чаро шумо қавли моро қоил намешавед?! Арз кард раҳимакаллоҳ ба ман бинмо, ки чӣ гуна аст Худо ва дар куҷост? Фармуд вой бар ту! Ин хиёле ки карда ғалат ва ботил аст. Чи Худои мо эҷодкунандаи макон аст ва ӯро маконе нест ва эҷодкунандаи кайфу кайфият аст. Пас буди Ӯро кайфияте нест. Пас шинохта намешавад ба кайфияту макон, ва идрок намешавад ба ҳавосси панҷ гона ва чизеро наметавон ба ӯ қиёс намуд. Он мард арз кард чизе нест, ки ба яке аз ҳавос дарк нашавад.
Ҳазрат фармуд вой бар ту! Чунки чашму гӯшу димоғу даҳану дасти ту ба дидану шунидану бӯ кардан ва чашидан ва болидан аҷз пайдо кардаанд, ки идрок кунанд Худоро, ту инкор мекунӣ зоти Худоро ва мо чун аҷз пайдо карда ин ҳавосси мо аз идроки Ӯ, яқин пайдо кардаем ки Ӯ Парвардгори мост ва ин ки ӯ чизест ба хилофи ин чизҳо. Даҳрӣ арз кард пас маро хабар кун ки Худои шумо чи замон будааст? Ҳазрат фармуд ту хабар кун маро ки чи замон набудааст, то ман хабар кунам, ки чи замон будааст? Даҳрӣ арз кард бифармо далели онро. Фармуд чунки ман назар мекунам ба бадани худ ки мумкин нест маро каму зиёд кунам дар арз ё дар тӯл ва мумкин нест маро ки макру нохушиҳоро дафъ кунам аз бадани худ ва ҳарчи манфиат дорад, аз барои он, яъне хӯбии онро ҷалб кунам. Пас медонам ки аз барои ин бунён, бинокунанда ҳаст ва касе ҳаст ки ин бунёнро дуруст кардааст. Пас иқрор намудам ба ин ки мебинам чархро ки пайваста дар гардиш аст ба қудрати Ӯ ва ҳамчунин пайдо шудани абр дар осмон ва вазидани бодҳои мухталиф ва ҷорӣ шудани офтобу моҳу ситорагону ғайр аз инҳо аз аломатҳои аҷибаи ғарибаи муҳкама. Пас донистам касе ҳаст ки инҳоро эҷод фармуд. Даҳрӣ гуфт пас чаро ин Худо аз мо пӯшидааст? Ҳазрат фармуд ҳиҷоб бар халқ ба ҷиҳат бисёрии гуноҳони эшон аст, аммо Худованд чизе бар ӯ махфӣ ва пӯшида нест дар сооти шабу рӯз. Арз кард пас чаро чашми мо ӯро намебинад? Фармуд то ин ки фарқ бошад миёни Ӯ ва миёни махлуқи Ӯ ки чашм онҳоро мебинад ва Худованд ҷалла шаънуҳу бузургтар аст, аз ин ки чашм Ӯро дарк кунаду ваҳм ба Ӯ иҳота кунаду ақл Ӯро забт кунад. Арз кард пас тафриф кун Ӯро аз барои ман ва ҳадду ҳудудашро баён намо. Ҳазрат фармуд ҳадде аз барои Ӯ нест. Арз кард чаро ҳадде аз барои Ӯ нест? Фармуд зеро ки ҳар маҳдуде интиҳое хоҳад дошт; ва чизе ки метавон ӯро маҳдуд намуд, зиёда дар он мутасаввир асту чизе ки эҳтимоли зиёда дошта бошад, эҳтимоли нуқсон дорад. Пас Худованд на маҳдуд аст ва на қабули зиёда мекунад ва на қабули нуқсон ва на аҷзоъ дорад ва на ба ваҳм меояд. Даҳрӣ арз кард пас хабар кун маро аз гуфтаи худатон ки мегӯед Худо латифу самиъу ҳакиму басиру алим аст. Оё шунидан магар ба ғайр аз гӯш аст? Дидан магар ба ғайр аз чашм аст? Латофату нозукии кор магар ба ғайр аз амал ба ду даст аст? Ҳикмат магар ба ғайр аз санъат аст? Ҳазрат фармуд латиф аз мо бар ҳадди сохтани санъат аст. Оё надидӣ шахсе, ки бисозад чизеро ки дар сохтани он, латофату нозукӣ ва истиқомат ба кор бурда бошад, пас мегӯянд чӣ қадар латиф сохта фалон чизро? Пас чӣ гуна аз барои холиқи ҷалил намегӯянд, ки латиф аст, ба ҷиҳати ин ки офаридааст махлуқи латифу ҷалилро ва мураккаб кардааст ва сохтааст дар ҳайвон аз ин махлуқоти нару модаро ва офаридааст ҳар ҷинсеро дигаргуна аз ҳам ҷинси худ дар сурат ҳар ҷинсе сурати баъзе аз он ба баъзе дигар шабоҳат надорад. Пас ҳаряке аз инҳо аз барои он латофат аст аз холиқи латифи хабир дар таркиб намудани сурати он. Пас аз он, назар кунем ба дарахтон ки ин меваҳои покиза ва аз онҳо мерӯяд. Пас дар ин ҳол, мегӯем ки холиқу офаридагори мо латиф аст, на мисли лутфи халқи ӯ дар санъатҳои худашон; ва мегӯем ки холиқ самиъ аст, яъне махфӣ намемонад бар ӯ садоҳои миёни осмону замин аз заррае ва бузургтар аз он дар биёбонҳо ва дарёҳо; ва бар ӯ иштибоҳ нест ва медонад ҳамаи луғатҳову забонҳои махлуқро. Пас дар ин вақт, гӯем ки самиъ ва шунавост, на ба гӯш ва мегӯем ки басир ва биност, на ба чашм; зеро ки ӯ мебинад асару ҷои пои мӯрчаи сиёҳро дар шаби бисёр торик бар рӯи санги сиёҳи сахт ва мебинад ҷои роҳ рафтани мӯрча ки оҳиста роҳ равад дар шаби торик ва мебинад зарарҳо ва манфиатҳои онҳороу асар барҷастани нар ба мода аз онҳо ва ҷӯҷаи онҳову насли онҳо. Пас дар ин вақт, мегӯем, ки басир аст ва мебинад, на мисли дидани халқи худ. Ровӣ гӯяд ки барнахост он мард, магари он ки Ислом оварад назди он ҳазрат.[15]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78; Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.250; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396
- ↑ Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.250 - 252; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131 - 133; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396 - 397
- ↑ Ниг.: Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.252; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.397
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78; Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.251; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78; Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.251; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396
- ↑ Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.251; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.132; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78 - 79
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396 - 397; Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.250 - 252; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131 - 133
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396; Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.251 - 252; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131 - 132
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.397; Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.252; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78 - 79
- ↑ Шайхи Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.250 - 252
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, ҷ.1, саҳ.131 - 133
- ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.396 - 397
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.36 - 38
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюни ахбор-ир-Ризо, интишороти илмияи Исломия, ҷ.1, саҳ.85 - 86
Сарчашма
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, алтўҳид, таҳқиқу тасҳеҳи ҳошими ҳусайнӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, таҳқиқу тасҳеҳи Меҳдии лоҷувардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, чопоўл, 1378ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳи ассалом, тарҷумаи Муҳаммадтақии оқонҷФии Исфаҳонӣ, Теҳрон, интишороти илмияи Исломия, чопи аввал, бе то.
- Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷи Алӣ аҳли аллҷоҷ, таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммадбоқири хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, баҳори алонвори алҷомъаҳи лдрри ахбори алоъма алотҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.