Алии Шамхонӣ
| Лақаб | Дарёсолор Шамхонӣ |
|---|---|
| Мазҳаб | шиа |
| Санаи таваллуд | 28 сентябри 1955 |
| Зодгоҳ | Аҳвоз, Эрон |
| Санаи шаҳодат | 28 феврали 2026 |
| Маҳалли шаҳодат | Теҳрон, Эрон |
| Маҳалли дафн | Имомзода Солеҳи Таҷриш |
| Таълифот | Доктрини стратегияи дарёии Ҷумҳурии исломии Эрон |
| Фаолиятҳо | Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳ, фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳ ва нерӯи дарёии артиш ва Сипоҳ, намояндаи Раҳбарӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ |
| Шинохташуда барои | Фармондеҳи низомӣ |
Алии Шамхонӣ (форсӣ: علی شمخانی 1955 – 2026), дарёсолори нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз фармондеҳони эронӣ дар ҷанги Ироқ бо Эрон аст. Шамхонӣ масъулиятҳое чун фармондеҳии Сипоҳи Хузистон, фармондеҳии нерӯи дарёии Сипоҳ ва артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, вазорати дифоъ (солҳои 1997 – 2005), котибии Шӯрои олии амнияти миллӣ (солҳои 2013 – 2023), узвият дар Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом ва мушовири Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро бар ӯҳда доштааст.
Шамхонӣ дар 28 феврали соли 2026 дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон ҳадафи террор қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.
Зиндагинома ва ҷойгоҳ
Алии Шамхонӣ, мутаваллиди соли 1955 мелодӣ дар Аҳвоз,[1] аз фармондеҳони эронӣ дар ҷанги Ироқ бо Эрон[2] ва ягона дарёбони (сарлашкари) нерӯи дарёии Эрон буд.[3] Шамхонӣ дар 13 июни соли 2025, дар ҷанги дувоздаҳрӯзаи Исроил бо Эрон ҳадафи террор қарор гирифт ва маҷруҳ шуд.[4]
Шамхонӣ давраҳои олии фармондеҳӣ ва ситод (Дофӯс) ва мутолиоти стратегии низомиро гузаронд ва дорои мадраки муҳандисӣ аз Донишгоҳи Шаҳид Чамрони Аҳвоз ва коршиносии аршади мудирият буд.[5] Гуфта мешавад нахустин доктрини стратегияи дарёии Ҷумҳурии исломии Эрон ва доктрини муқоисаи стратегияҳои Амрико ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ тавассути ӯ тадвин шудааст.[6]
Дар соли 1989 мелодӣ бо ҳукми Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, аз Сипоҳи посдорон ба артиши Ҷумҳурии исломии Эрон мунтақил шуд[7] ва аз соли 1990 ба таври ҳамзамон, фармондеҳии нерӯи дарёии артиш ва Сипоҳро бар ӯҳда гирифт.[8]
Ӯ муваффақ ба дарёфти як нишони Фатҳи дараҷаи як ва ду нишони Фатҳи дараҷаи ду шуд[9] ва дар соли 1999 ба дараҷаи дарёбонӣ (сарлашкарӣ) расид.[10] Ҳамчунин дар соли 2000, олитарин нишони давлатии Арабистони Саудӣ (медали Абдулазиз) аз сӯи Малик Фаҳд, подшоҳи вақти Арабистони Саудӣ, ба вай дода шуд.[11]
Ӯ пеш аз Инқилоби исломии Эрон, ҳамроҳ бо Муҳаммади Ҷаҳоноро, Ғуломалӣ Рашид ва Муҳсин Ризоӣ дар фаъолиятҳои сиёсии гуногуне, аз ҷумла узвият дар гурӯҳи Мансурун, мушорикат дошт.[12]
Террор ва шаҳодат
Шамхонӣ дар ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон дар 28 феврали соли 2026 дар ҷаласаи Шӯрои дифоъ ҳамроҳ бо Сайид Абдурраҳими Мусавӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Азиз Насирзода, вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон, ба шаҳодат расид.[13] Ҷанозаи ӯ дар 14 марти соли 2026 дар Теҳрон ташйиъ ва дар Имомзода Солеҳи Таҷриш ба хок супурда шуд.[14]
Масъулиятҳо
Масъулиятҳои низомӣ ва сиёсии Алии Шамхонӣ иборат аст аз:
Масъулиятҳои низомӣ
- Фармондеҳии Сипоҳи Хузистон дар давраи ҷанги Ироқ бо Эрон.[15]
- Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳ (1981 – 1989).[16]
- Фармондеҳии нерӯи заминии Сипоҳ (1986).[17]
- Фармондеҳии нерӯи дарёии Сипоҳ (1986 – 1989).
- Фармондеҳии нерӯи дарёии артиш (1989 – 1997).[18]
- Фармондеҳии муштараки нерӯи дарёии артиш ва Сипоҳ ва қароргоҳи дарёии Хотимуланбиё (1990).[19]
Масъулиятҳои сиёсӣ
- Вазири Сипоҳ (1988 – 1989).[20]
- Вазири дифои ҳукумати Сайид Муҳаммади Хотамӣ (1997 – 2005).
- Раёсати маркази таҳқиқоти роҳбурдии дифоии нерӯҳои мусаллаҳ (2005).[21]
- Узви Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон (2006).[22]
- Намояндагии Раҳбарӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ (2013).[23]
- Котиби Шӯрои олии амнияти миллӣ (2013 – 2023).[24]
- Узви Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом ва мушовири сиёсии Оятуллоҳ Хоманаӣ, дувумин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон (2023).[25]
Шамхонӣ дар соли 2001 мелодӣ дар ҳаштумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ширкат кард ва пас аз Сайид Муҳаммади Хотамӣ ва Аҳмади Таваккулӣ дар рутбаи севум қарор гирифт.[26]
Эзоҳ
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «17 сарлашкари Ҷумҳурии исломии Эронро бишносед + акс», Вебгоҳи хабаргузории Мизон
- ↑ «بدون تعارف با شمخانی؛ از لحظه حمله رژیم صهیونیستی تا لحظه نجات از زیر آوار+ فیلم», Вебгоҳи Машриқнюс
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «زندگینامه علی شمخانی», Вебгоҳи Ҷаморон
- ↑ «حکم انتصاب فرمانده نیروى دریایى ارتش جمهورى اسلامى ایران», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «حکم انتصاب فرمانده نیروى دریایى سپاه پاسداران انقلاب اسلامى», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «سه نشان فتح بر سینه دریابان شمخانی», Вебгоҳи хабаргузории Дифои муқаддас
- ↑ «زندگینامه علی شمخانی», Вебгоҳи Ҷаморон
- ↑ «عالی ترین نشان دولتی عربستان به وزیر دفاع ایران اعطا شد», Вебгоҳи ИРНА
- ↑ Азизӣ ва дигарон, «Мансурун, аз ташкил то иътилоф», саҳ.69
- ↑ «علی شمخانی به شهادت رسید», Хабаргузории ИЛНА
- ↑ «تشییع و تدفین دریاسالار شهید علی شمخانی در امامزاده صالح(ع)», Хабаргузории Дифои муқаддас
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «زندگینامه علی شمخانی», Вебгоҳи Ҷаморон
- ↑ نامه شمخانی فرمانده نیروی زمینی سپاه به رزمندگان، قبل از عملیات کربلای 1, Вебгоҳи маркази аснод, таҳқиқот ва нашри маорифи дифои муқаддас ва муҷоҳидатҳои Сипоҳ
- ↑ «زندگینامه علی شمخانی», Вебгоҳи Ҷаморон
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «زندگینامه علی شمخانی», Вебгоҳи Ҷаморон
- ↑ «انتصاب ریاست مرکز تحقیقات راهبردی دفاعی و معاون بازرسی ستاد کل نیروهای مسلح», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «آنچه درباره شورای راهبردی روابط خارجی ایران باید بدانید | ۷ هدف راهبردی برای شورا», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «انتصاب آقای علی شمخانی به نمایندگی رهبری در شورای عالی امنیت ملی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «انتصاب آقای علی شمخانی به عضویت در مجمع تشخیص مصلحت نظام و مشاورت سیاسی رهبری», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)», Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн
Сарчашма
- Азизӣ, Амин ва Нуруллоҳ Карамиёни Каримӣ, «Мансурун, аз ташкил то иътилоф» («Мансурун, аз ташкил то иътилоф»), Маҷаллаи Мутолиоти таърихӣ, №№47 ва 48, зимистони 2014 ва баҳори 2015.
- «سه نشان فتح بر سینه دریابان شمخانی» («Се нишони Фатҳ бар синаи дарёбон Шамхонӣ»), Вебгоҳи хабаргузории Дифои муқаддас, санаи дарҷи матлаб: 15 июли 2018, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «تشییع و تدفین دریاسالار شهید علی شمخانی در امامزاده صالح(ع)» («Ташйиъ ва тадфини дарёсолори шаҳид Алии Шамхонӣ дар Имомзода Солеҳ (а)»), Хабаргузории Дифои муқаддас, санаи дарҷи матлаб: 14 марти 2026, санаи боздид: 20 апрели 2026.
- «انتصاب ریاست مرکز تحقیقات راهبردی دفاعی و معاون بازرسی ستاد کل نیروهای مسلح» («Интисоби раёсати маркази таҳқиқоти роҳбурдии дифоӣ ва муовини бозрасии ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 26 сентябри 2005, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «انتصاب آقای علی شمخانی به نمایندگی رهبری در شورای عالی امنیت ملی» («Интисоби оқои Алии Шамхонӣ ба намояндагии Раҳбарӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 12 сентябри 2013, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «حکم انتصاب فرمانده نیروى دریایى ارتش جمهورى اسلامى ایران» («Ҳукми интисоби фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 30 октябри 1989, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «حکم انتصاب فرمانده نیروى دریایى سپاه پاسداران انقلاب اسلامى» («Ҳукми интисоби фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 22 декабри 1990, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «انتصاب آقای علی شمخانی به عضویت در مجمع تشخیص مصلحت نظام و مشاورت سیاسی رهبری» («Интисоби оқои Алии Шамхонӣ ба узвият дар Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом ва мушоварати сиёсии Раҳбарӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 22 майи 2023, санаи боздид: 21 июли 2025.
- نامه شمخانی فرمانده نیروی زمینی سپاه به رزمندگان، قبل از عملیات کربلای 1 («Номаи Шамхонӣ фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳ ба размандагон, пеш аз амалиёти Карбалои 1»), Вебгоҳи маркази аснод, таҳқиқот ва нашри маорифи дифои муқаддас ва муҷоҳидатҳои Сипоҳ, санаи дарҷи матлаб: 9 марти 2025, санаи боздид: 22 июли 2025.
- «زندگینامه: علی شمخانی (۱۳۳۴ -)» («Зиндагинома: Алии Шамхонӣ (1334 -)»), Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 7 октябри 2013, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «آنچه درباره شورای راهبردی روابط خارجی ایران باید بدانید | ۷ هدف راهبردی برای شورا» («Он чи дар бораи Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон бояд бидонед | 7 ҳадафи роҳбурдӣ барои шӯро»), Вебгоҳи Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 6 сентябри 2024, санаи боздид: 22 июли 2025.
- «علی شمخانی به شهادت رسید» («Алии Шамхонӣ ба шаҳодат расид»), Хабаргузории ИЛНА, санаи дарҷи матлаб: 28 феврали 2026, санаи боздид: 20 апрели 2026.
- «عالی ترین نشان دولتی عربستان به وزیر دفاع ایران اعطا شد» («Олитарин нишони давлатии Арабистон ба вазири дифои Эрон эъто шуд»), Вебгоҳи ИРНА, санаи дарҷи матлаб: 1 майи 2000, санаи боздид: 22 июли 2025.
- «همه چیز درباره عالیترین نشان نظامی ایران/غیر نظامی مشهوری که نشان فتح دارد» («Ҳама чиз дар бораи олитарин нишони низомии Эрон / Ғайринизомии машҳуре, ки нишони Фатҳ дорад»), Вебгоҳи хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 17 октябри 2024, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «زندگینامه علی شمخانی» («Зиндагиномаи Алии Шамхонӣ»), Вебгоҳи Ҷаморон, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «بدون تعارف با شمخانی؛ از لحظه حمله رژیم صهیونیستی تا لحظه نجات از زیر آوار+ فیلم» («Бидуни таоруф бо Шамхонӣ; аз лаҳзаи ҳамлаи режими саҳюнистӣ то лаҳзаи наҷот аз зер овор + филм»), Вебгоҳи Машриқнюс, санаи дарҷи матлаб: 28 июни 2025, санаи боздид: 21 июли 2025.
- «۸ سرلشکر ارتش و ۸ سرلشکر سپاه جمهوری اسلامی ایران + تصاویر» («8 сарлашкари артиш ва 8 сарлашкари Сипоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон + тасовир»), Вебгоҳи хабаргузории Мизон, санаи дарҷи матлаб: 22 августи 2017, санаи боздид: 21 июли 2025.