Ҷомеияти Қуръон
Ҷомеияти Қуръон (форсӣ: جامعیت قرآن) ба ин маъност, ки Қуръон дарбардорандаи ҳамаи маориф ва таълимоти зарурии ҳидояти инсон аст. Ин мавзуъ аз баҳсҳои ихтилофӣ дар улуми қуръонӣ ба шумор меравад ва аз давраҳои нахустини исломӣ мавриди таваҷҷуҳ будааст. Дар сарчашмаҳои тафсирӣ ва ривоӣ, ба вижа зайли оятҳое монанди «тибёнaн ли кулли шайъ», дар бораи маъно ва ҳудуди ҷомеияти Қуръон дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст.
Дар ин замина якчанд дидгоҳи аслӣ вуҷуд дорад: баъзе Қуръонро шомили ҳамаи донишҳои зарурии башар медонанд; баъзе онро китоби ҳидоят медонанд, ки бар роҳнамоии инсон дар умури динӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тамаркуз дорад; ва гурӯҳе низ эътиқод доранд, ки Қуръон усули умумии имон ва ахлоқро баён мекунад ва ҷузъиёти зиндагӣ ба ақл ва таҷрибаи инсон вогузор шудааст. Аз қарнҳои чордаҳум ва панздаҳуми қамарӣ (бист ва бисту яки мелодӣ), ин баҳс бо мавзуоте монанди қаламрави дин, нисбати илм ва дин ва интизор аз дин пайванд хӯрда ва дар чорчӯби ин мавзуъҳо баррасӣ мешавад.
Аҳамияти баҳс аз ҷомеияти Қуръон
Баҳс аз ҷомеияти Қуръон аз ин ҷиҳат аҳамият дорад, ки бо рӯшан шудани ҳадду марзи таълимоти Қуръон, қаламрави дин ва ҳудуди нақши он дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсон низ равшан мешавад.[1] Бар асоси дидгоҳҳои мухталиф дар бораи ҷомеияти Қуръон, бардоштҳо аз нақши дин дар ҳавзаҳое монанди ахлоқ, аҳком, сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва низ нисбати илм ва дин мухталиф хоҳад буд.[2] Аз ин рӯ, ин баҳс дар муайян кардани интизор аз дин, шеваи муроҷеа ба Қуръон ва муайян кардани ҷойгоҳи ақл ва таҷрибаи башарӣ дар фаҳми дин нақше асосӣ дорад.[3]
Имрӯз (қарни панздаҳуми қамарӣ ва бисту якуми мелодӣ) масъалаи ҷомеияти Қуръон бо мавзуоте монанди қаламрави дин, интизор аз дин ва низ нисбати илм ва дин ва ҷовидонагии дин, пайванд ёфта ва дар ҳамин чорчӯб баррасӣ мешавад.[4]
Мафҳумшиносӣ
Ҷомеияти Қуръон ба ин маъност, ки Қуръон маҷмуае аз маориф, усул ва таълимоти зарурӣ барои ҳидояти инсон ва сомондиҳии зиндагии фардӣ ва иҷтимоии ӯро дар бар дорад.[5] Бар ин асос, Қуръон ниёзҳои асосии инсон дар масири ҳидоятро баён карда ва чорчӯбҳо ва усули умумии зарурӣ барои шинохти ҳақиқат, танзими муносиботи инсонӣ ва дастёбӣ ба саодатро пешниҳод мекунад.[6]
Пешина
Бар асоси баъзе пажӯҳишҳо, баҳс дар бораи ҷомеияти Қуръон ба давраи саҳоба бозмегардад.[7] Дар ривояте аз Ибни Масъуд нақл шудааст, ки Қуръон манбаи илми гузашта ва оянда аст ва муроҷеа ба он барои дастёбӣ ба дониш тавсия шудааст.[8] Муфассирон низ зери оятҳое монанди «ва наззално алайка-л-китоба тибёнaн ли кулли шайъ»,[9] ба баррасии маънии «кулли шайъ» ва ҳудуди ҷомеияти Қуръон пардохтаанд.[10]
Дар сарчашмаҳои ривоии шиа низ аҳодисе дар ин замина нақл шудааст.[11] Дар хутбаи 158 Наҳҷ-ул-балоға, Қуръон ба унвони китобе муаррифӣ шуда, ки шомили дониши оянда, гузориши гузашта, дармони мушкилот ва сомондиҳии зиндагии инсон аст.[12] Ҳамчунин дар китоби ал-Кофӣ бобе ба ҷомеияти Қуръон бахшида шуда ва ривоёте дар ин мавзуъ ҷамъоварӣ гардидааст.[13]
Ҷомеияти мутлақи Қуръон
Бар асоси ин дидгоҳ, Қуръон илова бар умури ҳидоятӣ ва динӣ бар ҳамаи умури зарурии башар дар зиндагии дунёвӣ ва ухравӣ ва бар ҳамаи улуми дигар ҷомеият ва ишроф дорад ва чизе берун аз он нест.[14] Дар миёни муфассирони шиа, Абдуллоҳ Ҷаводии Омулиро аз тарафдорони ин дидгоҳ ба шумор овардаанд.[15] Ҷаводии Омулӣ эътиқод дорад, ки Қуръон ҳамаи умуре, ки дар саодати инсон муассир аст, дар бар мегирад; аммо мунҳасир кардани саодати башар ба масоили эътиқодӣ, фиқҳӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ва дохил надонистани улуми таҷрибӣ, ниматаҷрибӣ, таҷридии маҳз ва шуҳудӣ дар саодати башар, раво нест; аз ин рӯ метавон ҳамаи улуми ёдшударо дар доираи Қуръон, новобаста аз зоҳир ва ботони он, донист.[16] Дар баъзе сарчашмаҳо Абулфазли Мурсӣ[17] ва Тантовии Ҷавҳарӣ аз муфассирони аҳли суннатро аз тарафдорони ин дидгоҳ муаррифӣ кардаанд.[18]
Баъзе аз далелҳое, ки тарафдорони ин дидгоҳ баён кардаанд, ба шарҳи зер аст:
- Оятҳое монанди ояти «ва наззално алайка-л-китоба тибёнaн ли кулли шайъ»[19] ва ояти «ва тафсила кулли шайъ ва ҳудан ва раҳматан ли қавмин юъминун»,[20] аз ҷумла оятҳое ҳастанд, ки барои исботи ҷомеияти мутлақи Қуръон ба онҳо истинод шудааст.[21] Аз назари ин уламо мақсад аз «кулли шайъ: (ҳама чиз)» дар ин оёт ҳамаи он чи зарурати башар дар амри дин ва дунё ва ҳамаи улум ва маориф аст.[22]
- Оятҳое монанди ояти «ва мо арсалнока илло раҳматан ли-л-ъоламин»[23] ва ояти «ва мо ҳува илло зикрун ли-л-ъоламин»,[24] ки бар ҷаҳонӣ будани Қуръон далолат мекунанд.[25]
- Ривоятҳое аз имомони маъсум (а)[26] ки аз он ҷомеияти мутлақи Қуръон бардошт шудааст.[27]
- Далели ақлӣ ба ин сурат, ки дини Ислом дини хотам ва комил аст. Дини комил бояд ҳамаи ниёзҳои башарро то қиёмат посух диҳад. Қуръон муҳимтарин манбаъ ва матни асосии дин аст. Пас, бинобар ин, Қуръон бояд шомили ҳамаи маориф ва ниёзҳои башар бошад.[28]
Ҷомеият дар ҳидояти башар
Баъзе уламо ва муфассирони мусалмон ҷомеияти Қуръонро танҳо ба умури ҳидоятӣ маҳдуд донистаанд ва эътиқод доранд, ки аз он ҷо ки Қуръон китоби ҳидоят аст, пас бояд дар заминаи умури ҳидоятӣ ва он чи ки марбут ба саодати башар дар зиндагии дунё ва охират аст, ҷомеъ бошад.[29] Барои намуна Аллома Таботабоӣ дар Тафсири Ал-Мизон зери ояти «ва наззално алайкал-китоба тибёнaн ли кулли шайъ ва ҳудан ва раҳматан ва бушро ли-л-муслимин», [30] мегӯяд мақсад аз «кулли шайъ: (ҳама чиз)», ҳамаи умурест, ки ба масъалаи ҳидоят бозмегардад; яъне он чи мардум дар роҳи ҳидояти худ ба он ниёз доранд, аз маорифи ҳақиқӣ марбут ба мабдаъ ва маод, ахлоқи некӯ, шариатҳои Илоҳӣ, ва низ достонҳо ва мавъизаҳо ва Қуръон баёнгари ҳамаи ин умур аст.[31]
Дидгоҳи ҳаддиақаллӣ дар ҷомеияти Қуръон
Дидгоҳи ҳаддиақаллӣ нисбат ба шумули таълимоти Қуръонро ба баъзе навандешони динӣ нисбат додаанд.[32] Ин дидгоҳ низ монанди дидгоҳи ҷомеияти ҳидоятии Қуръон, ин китоби осмониро китоби ҳидоят медонад, аммо дар домана ва миқдори ин ҳидоят ва матолиби марбут ба он ихтилофи назар доранд; ба ин баён, ки дар ҷомеияти ҳидоятии Қуръон ҳамаи ниёзҳои ҳидоятии инсонро дар ҳавзаи дин ва зиндагӣ баён кардааст; аммо дар ин дидгоҳ, Қуръон фақат чорчӯбҳои асосии имон ва ахлоқро пешниҳод мекунад ва бахши зиёде аз сомондиҳии зиндагии инсон ва аз ҷумла барнома барои ҳидояти ӯ ба ақл ва таҷрибаи башар вогузор шудааст.[33]
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.57.
- ↑ Ниг.: Саруш, Фарбеҳтар аз идеология, саҳ.48 ва 58 ва 122; Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.59 - 67.
- ↑ Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.57.
- ↑ Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.11.
- ↑ Ниг.: Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.19; Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.224.
- ↑ Ниг.: Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.19; Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.224.
- ↑ Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.222.
- ↑ Ибни Саид, Сунани Ибни Саид, ҷ.1, саҳ.7.
- ↑ Сураи Наҳл, ояти 89.
- ↑ Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.12, саҳ.324-325.
- ↑ Каримӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.114-115; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.59-62.
- ↑ Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.33; Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 158, саҳ.223.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, ҷ.1, саҳ.208-210; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.59-62; Каримӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.114-115.
- ↑ Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.225.
- ↑ Ҳусайнзода ва дигарон, «Мутолиаи татбиқии хониши ҷомеияти Қуръони карим аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Олусӣ», саҳ.27.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, ҷ.26, саҳ.186-187.
- ↑ Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Мактабату Ваҳба, ҷ.2, саҳ.353 - 354; Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, ҷ.6, саҳ.15 - 16.
- ↑ Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.226; Тантовӣ, ал-Ҷавоҳир фи тафсир-ил-Қуръон-ил-карим, ҷ.1, саҳ.5.
- ↑ Сураи Наҳл, ояти 89.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 111.
- ↑ Тантовӣ, ал-Ҷавоҳир фи тафсир-ил-Қуръон-ил-карим, ҷ.8, саҳ.190; Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.20.
- ↑ Тантовӣ, ал-Ҷавоҳир фи тафсир-ил-Қуръон-ил-карим, ҷ.8, саҳ.190; Ҳусайнзода ва дигарон, «Мутолиаи татбиқии хониши ҷомеияти Қуръони карим аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Олусӣ», саҳ.27.
- ↑ Сураи Анбиё, ояти 107.
- ↑ Сураи Қалам, ояти 52.
- ↑ Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.25-26; Каримӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.105 - 106.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.59 - 62; Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 158, саҳ.223.
- ↑ Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.25 - 26.
- ↑ Аёзӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.36 - 37; Каримӣ, Ҷомеияти Қуръон, саҳ.124 - 125.
- ↑ Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.227 - 228.
- ↑ Сураи Наҳл, ояти 89.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.12, саҳ.324 - 325.
- ↑ Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.231.
- ↑ Таҳмосбии Булдоҷӣ, Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», саҳ.231; Ҷавоҳирӣ, «Назарияи ҷомеияти илмии шабакавӣ ва ҳушманди Қуръони карим (сохтор ва раванд)», саҳ.105.
Сарчашма
- Аёзӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, Ҷомеияти Қуръон, Рашт, нашри Китоби Мубин, 1380ҳ.ш.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Заркашӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, 1376ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммадҳусайн, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Қоҳира, Мактабату Ваҳба, бетаърих.
- Ибни Саид, Саид ибни Мансур, Сунани Ибни Саид, Риёз, Дор-ус-самиъӣ, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-интишоротии ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ.
- Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солиҳ, Қум, Марказ-ул-буҳус-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Суруш, Абдулкарим, Фарбеҳтар аз идеология, Теҳрон, интишороти Сирот, 1393ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
- Тантовӣ, БинҶавҳарӣ, ал-Ҷавоҳир фи тафсир-ил-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1425ҳ.қ.
- Таҳмосбии Булдоҷӣ, Асғар ва Иброҳими Иброҳимӣ, «Нақд ва баррасии дидгоҳи муфассирони фариқайн дар бораи ҷомеияти Қуръон», Пажӯҳишҳои тафсири татбиқӣ, №9, Шаҳривари 1398ҳ.ш.
- Ҳусайнзода, Хадиҷа ва дигарон, «Мутолиаи татбиқии хониши ҷомеияти Қуръони карим аз манзари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Олусӣ», Мутолиоти татбиқии Қуръон ва ҳадис, №15, тирамоҳ ва зимистони 1399ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Муассисаи Исро, 1391ҳ.ш.
- Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, «Назарияи ҷомеияти илмии шабакавӣ ва ҳушманди Қуръони карим (сохтор ва раванд)», Пажӯҳишҳои қуръонӣ, №111, Шаҳривари 1403ҳ.ш.