Үндана:Ҷиҳоди зан
Ҷиҳоди зан (форсӣ: جهاد زن) ба иштироки бевоситаи занон дар даргирии низомӣ ишора дорад, ки дар фиқҳи исломӣ воҷиб нест[1] ва бархе фақеҳон онро ғайримашруъ шумурдаанд.[2] Ин ҳукм нозир ба ҷиҳоди ибтидоӣ аст;[3] аммо дар ҷиҳоди дифоӣ, дар сурати ниёз, мушорикати занон воҷиб шумурда мешавад.[4] Ба бовари Сайид Муҳаммадҳусайн Теҳронӣ аз уламои шиа, воҷиб набудани ҷиҳод барои занон ба маънои манъи ҳузури онон дар майдони ҷанг нест; балки мақсуд ширкат накардан дар набарди бевосита аст. Аммо анҷоми карҳои ақибгоҳ, монанди муолиҷаи маҷруҳон ва тадорукот барои онон, ҷоиз аст.[5] Дар сарчашмаҳои таърихӣ, намунаҳое аз ҳузури занон дар ҷангҳои Пайғамбар (с) гузориш шудааст; барои намуна дар ҷанги Уҳуд 14 зан, аз ҷумла ҳазрати Фотима (с) ва Оиша, ба расондани об, таҳияи озуқа ва табобати маҷруҳон мепардохтанд.[6]
Дар китобҳои ҳадисӣ, бархе корҳои занон дар зумраи ҷиҳод шумурда шудааст, аз ҷумла:
- Шавҳардории некӯ: Дар ривояте аз Имом Козим (а) ҷиҳоди зан, некӯ шавҳардорӣ кардан муаррифӣ шудааст.[8]
- Таҳаммули ҳамсар: Дар ҳадисе аз Имом Боқир (а) ҷиҳоди занро сабр дар баробари озору азиятҳои шавҳараш донистаанд.[9]
- Хонадорӣ: Дар ривояте аз Пайғамбари Ислом, арзиши корҳои хона ҳамсанги ҷиҳод муаррифӣ шудааст.[10]
- Бордории зан: Бино бар ривояте аз Пайғамбар (с) зани бордор подоше ҳамчун ҷиҳодгарон дорад ва бо зоиш, омурзида мешавад.[11]
Эзоҳ
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.7; Шайхи Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.289; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.12; Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.197
- ↑ Мунтазирӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, ҷ.1, саҳ.102; Ҳусайнии Теҳронӣ, Рисолаи бадиа, 1418ҳ.қ., саҳ.121
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8
- ↑ Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8; Кошифулғитоъ, Кашф-ул-ғитоъ, Интишороти Маҳдавӣ, саҳ.395-396
- ↑ Теҳронӣ, Рисолаи бадиа, 1418ҳ.қ., саҳ.121
- ↑ Воқидӣ, Китоб-ул-мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.507
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.507
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.9; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.439
- ↑ Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.376
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.618
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Муассисаи Ол-ил-байт алайҳимуссалом, Қум, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, таҳқиқ: Марсден Ҷунс, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
- Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дуввум, 1410ҳ.қ.
- Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ, Қоҳира, Мактабат-ул-Қоҳира, 1388ҳ.қ.
- Кошифулғитоъ, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитоъ ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарроъ, Исфаҳон, Интишороти Маҳдавӣ, чопи аввал, бетаърих.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, чопи аввал, бетаърих.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, Интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Рисолаи бадиа, Машҳад, Интишороти Аллома Таботабоӣ, 1418ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, муҳаққиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1400ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.