Маҳруссунна

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Маҳрул-суннат)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Маҳр-ус-сунна (арабӣ:مَهرالسُنَّة) маҳрияе, ки Пайғамбари Ислом (с) барои ҳамсарон ва духтаронаш таъйин мекард. Миқдори маҳруссунанат, панҷсад дирҳам, баробар бо 1500 грамм нуқраи холис будааст. Дар ривоёт маҳрия ҳазрати Заҳро (с), зиреҳ ё каттони бофти Яман ё чизҳои дигаре ғайр аз дирҳам муаррифӣ шудааст, ки арзиши онро байни 400 то 500 дирҳам донистаанд. Имом Ҷавод (а) низ маҳрияи ҳамсараш Уммуфазл духтари Маъмунро панҷсад дирҳам, муодили маҳрияи ҳазрати Заҳро (с) қарор дод.

Ба фатвои иддае аз фақеҳон, таъйини маҳрия беш аз маҳрулсуннат макрӯҳ аст. Дар муқобил, бархе ба ин иллат, ки имрӯза, 1500 мисқол нуқра арзиши пулии зиёде надорад ва дар замони Пайғамбар (с) ва имомон (а) арзиши бештаре доштааст, бар ин боваранд, ки маҳруссунна муодили пулии собите надорад ва талош кардаанд онро бар асоси арзиши рӯз муҳосиба кунанд; бо ин ҳол мегӯянд маҳруссунна, маҳрияи сангине нест.

Мафҳумшиносӣ

Ҳамчунин бубинед: Маҳрия

Маҳруссунна, маҳрияе аст, ки Пайғамбари Ислом (с) барои ҳамсарон ва ҳамчунин ба нақли Шайхи Садуқ барои духтаронаш[1] қарор медод.[2]

Миқдор

Бинобар ривоёт, миқдори маҳруссунна, 500 дирҳам будааст.[3] Ин ривоётро мутавотир донистаанд.[4] Дар бархе аз ривоёт омадааст, ки Пайғамбар барои ҳечяк аз занон ва духтаронашро беш аз дувоздаҳу ним авқия (муодили панҷсад дирҳам) маҳрия таъйин накард.[5]

Чанд ривояти гуногун

Дар манобеи ривоӣ, чанд ривояти мутафовит бо ривоёти маҳруссунна дида мешавад. Аз ҷумлаи онҳо ривояте аст, ки Шайхи Садуқ аз Имом Боқир (а) овардааст ва дар он маҳрияи Уммуҳабиба (ҳамсари Пайғамбар) чаҳор ҳазор дирҳам нақл шудааст.[6] Гуфтаанд, дар ин ривоят, Имом Боқир (а) ин маҳрияро як истисно донистааст, ки онро Наҷҷошӣ, ҳокими Ҳабаша, ки ваколати Пайғамбар дар хостгорӣ аз Уммуҳабибаро бар ӯҳда доштааст, анҷом дода ва худи ӯ маҳрияро пардохт кардааст ва Пайғамбар (с) бо он мухолифат накардааст.[7]

Ҳамчунин дар хусуси маҳрияи ҳазрати Заҳро (с) гузоришҳои мутафовите ҳаст. Аз он ҷумла аст 480 дирҳам, 400 мисқол нуқра ва 500 дирҳам.[8] Ибни Шаҳрошӯб (488 - 588ҳ.қ.), аз муҳаддисони шиа, дар китобаш Маноқиб, иллати ин ихтилофотро он донистааст, ки маҳрияи ҳазрати Заҳро (с) чизи дигаре буда ва ин ихтилофот, дар бораи баҳо ва арзиши он аст. Сипас ривоёте овардааст, ки бар пояи бархе, аз онҳо маҳрияи ҳазрати Фотима, каттони бофти Яман ва пӯсти даббоғинашуда ва гиёҳи хушбӯ ва тибқи бархеи дигар, зиреҳ ва пӯсти даббоғинашудаи гӯсфанд ё шутур будааст.[9]

Бархе аз нависандагон бо баррасии маҷмӯи ин ривоёт ва бо тавваҷӯҳ ба сираи Пайғамбар (с) ва ҳамчунин ҳадисе ки дар он, Имом Ҷавод (а) маҳрияи ҳамсараш - Уммуфазл духтари Маъмунро панҷсад дирҳам муодили маҳрияи ҳазрати Заҳро (с) муайян карда,[10] гуфтаанд, маҳрияи ҳазрати Заҳро беш аз 500 дирҳам набудааст.[11]

Вуҷуби маҳруссунна ё истиҳбоби он

Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, аз фақеҳони қарни сездаҳуми қамарӣ, дидгоҳи машҳур байни фақеҳон ин аст, ки маҳрияи зан ҳадду ҳудуди хоссе надорад ва таъйини маҳрияи беш аз маҳруссунна ҷоиз аст.[12] Ба фатвои онҳо, таъйини маҳрияи беш аз маҳруссунна фақат макрӯҳ аст.[13]

Ба гуфтаи ӯ, шумори андаке, аз ҷумла Сайиди Муртазо,[14] аз фақеҳони қарнҳои чаҳорум ва панҷуми қамарӣ, маҳрияи беш аз маҳруссуннаро ботил медонанд ва мегӯянд, агар маҳрияе беш аз он бошад, танҳо миқдори муодили маҳруссунна бар ӯҳдаи мард аст.[15]

Муодили имрӯзии маҳруссунна

Миқдори маҳруссунна, яъне панҷсад дирҳам, муодили ҳудуди 1500 грамм нуқраи холис аст, ки имрӯза арзише, бисёр поёнтар аз он замон дорад. Аз он ҷо ки арзиши панҷсад дирҳам дар замони Пайғамбар (с) ва имомон (а), бисёр бештар аз давраҳои баъдӣ будааст, бархе мӯътақиданд, маҳруссунна муодили пулии собите надорад ва онро бояд бар асоси арзиши рӯз муҳосиба кард. Аз ин рӯ, талош кардаанд муодили рӯзи онро ба даст биоваранд.[16]

Барои мисол дар гузашта, бархе аз фақеҳон панҷсад дирҳамро бо динор месанҷиданд ва чун дар рӯзгорашон ҳар даҳ дирҳам як динор арзиш дошт, маҳруссуннаро панҷоҳ динор; яъне панҷоҳ мисқоли тиллоии холис медонистанд. Ҳамчунин бархе пешниҳод додаанд арзиши имрӯзии маҳруссунна бар асоси қудрати хариди он дар замони Пайғамбар (с) ба даст ояд; чароки бар пояи бархе ривоёт, Пайғамбар (с) бо пули маҳрияи ҳазрати Заҳро, васоиле барои зиндагии муштараки ӯ бо Имом Алӣ (а) харид, ки аз ин роҳ метавон арзиши имрӯзии маҳруссуннаро ба даст овард.[17]

Бо таваҷҷӯҳ ба арзиши панҷоҳ мисқоли тилло ва ин ки васоиле, ки бо маҳрияи ҳазрати Заҳро (с) харидорӣ шуд, васоиле бисёр сода ва ҳаддиақалӣ будааст, натиҷа гирифтаанд, ки маҳруссунна, маҳрияи сангине нест.[18]

Ҳамчунин бубинед: Ҷаҳизияи ҳазрати Заҳро (с)

Эзоҳ

  1. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.302.
  2. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.344.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.347 - 348; Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.302; Шаҳиди Сонӣ, 1410, ҷ.5, саҳ.344.
  4. Масъудӣ, “Пажӯҳише дар бораи маҳрулсуннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, саҳ.113.
  5. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.16 - 17.
  6. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.473.
  7. Масъудӣ, “Пажӯҳише дар бораи маҳрулсуннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, саҳ.113.
  8. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351.
  9. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351.
  10. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.284.
  11. Мураввиҷи Табасӣ, Фотимаи улгӯи ҳаёти зебо, 1380ҳ.ш., саҳ.35 - 36.
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.13.
  13. Нигоҳ кунед ба Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.269; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.47.
  14. Нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, ал-Интисор, 1415, саҳ.292.
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.15.
  16. Масъудӣ, “Пажӯҳише дар бораи маҳрулсуннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, саҳ.114.
  17. Масъудӣ, “Пажӯҳише дар бораи маҳрулсуннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, саҳ.114 - 115.
  18. Масъудӣ, “Пажӯҳише дар бораи маҳрулсуннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, саҳ.115 - 116.

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Абдуллҳодӣ, “Пажӯҳише дар бораи маҳрулсуннат (маҳри Муҳаммадӣ)”, дар Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ, Қум, созмони чоп ва нашри Дорулҳадис, чопи дувум, 1389ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мураввиҷии Табасӣ, Муҳаммадҷавод, Фотима улгӯи ҳаёти зебо, Қум, Бустони китоб, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, тасҳеҳ ва таҳқиқи гурӯҳи пажӯҳиши дафтари интишороти исломӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, муассисаи Имом Ҳодӣ (а), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқия, таҳқиқи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1413ҳ.қ.