Вафо кардан ба аҳд

Аз wikishia
Макорими ахлоқ

Вафо кардан ба аҳд яке аз фазоили ахлоқие аст, ки дар Қуръон ва ривоёт ба он таъкид шудааст.

Тибқи аҳодиси исломӣ, вафо кардан ба аҳд асли дин, нишонаи яқин ва усораи тамоми адён аст. Дар Қуръон, Худованд бо ин вижагӣ сутуда шуда ва дар ривоёт, вижагии имомони шиа муаррифӣ шудааст.

Ба гуфтаи муфассирон, Худованд дар Қуръон, инсонҳои вафодорро тамҷид карда, дар зумраи муъминон, ростгӯён, намозгузорон, растагорон ва аҳли биҳишт муаррифӣ кардааст.

Ҳамчунин гуфтаанд, тибқи оёти Қуръон, вафодорӣ осоре ҳамчун наздикӣ ба Паёмбар (с) дар рӯзи қиёмат ва расидан ба аҷри азимро дорад.

Аҳамият

Вафо ба аҳдро ба маънои анҷоми комили коре донистаанд, ки шахс ба анҷоми он тааҳҳуд кардааст.[1] Вафо ба аҳду паймонро яке аз муҳимтарин фазоили ахлоқӣ ва паймоншиканиро аз бадтарин разоили ахлоқӣ шуморидаанд.[2]

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, ин масъала дар оёти Қуръон ва ривоёти исломӣ ба сурати густарда матраҳ шуда ва бо қавитарин таъбироту баёнҳо, бар лузуми вафои ба аҳд таъкид шуда ва паймоншиканон ба шиддат мазаммат шудаанд.[3]

Дар ривоёт, вафои ба аҳд асоси дин ва нишонаи яқин,[4] шохисаи имон ба Худо ва рӯзи ҷазо[5] муаррифӣ шуда ва аҳдшикнаӣ бо бединӣ баробар дониста шудааст.[6] Тибқи ҳадисе аз Имом Саҷҷод (а), вафои ба аҳд яке аз се усораи тамоми адён аст.[7] Дар Наҳҷ-ул-балоға ҳам аз муҳимтарин воҷиботи Илоҳӣ дониста шудааст.[8]

Вафо кардан ба аҳд, вижагии Худо, паёмбарон ва имомон

Ба гуфтаи бархе аз муфассирон, Худованд дар Қуръон худро бо сифати вафодорӣ тамҷид кардааст.[9] Дар Қуръон, аз ҳазрати Исмоил бо сифати «содиқул-ваъд» ёд шудааст.[10] Вафои ба аҳд яке аз сифатҳое аст, ки дар хусуси имомони шиа, махсусан Имом Ҳусайн (а) ҳам ба кор рафтааст.[11]

Фарз будани вафои ба аҳд, яке аз аҳкоми Қуръон

Мақолаи аслӣ: Ояти вуҷуби вафо

Фақеҳон, бо истинод ба ояти «أَوفوا بِالعُقودِ»,[12] ба фарз будани вафо ба тамоми қарордодҳо ҳукм кардаанд ва дар китобҳои фиқҳӣ, ба сурати муфассал аз ин мавзӯъ баҳс кардаанд.[13] Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар китоби Фарҳанги Қуръон, бо истинод ба оёти Қуръон[14] гузориш медиҳад, ки вафо кардан ба аҳд фарзе аст,[15] ки Худованд дар чанд оят,[16] сароҳатан ба он фармон додааст.[17]

Ризоии Исфаҳонӣ - пажӯҳишгари қуръонӣ низ бо мустанад қарор додани бархе оятҳои Қуръон[18] навиштааст, инсон дар баробари тааҳҳудоти худ масъул аст ва дар сурати аҳдшиканӣ бозхост мешавад.[19]

Осори вафодорӣ дар Қуръон

Қуръонпажӯҳон бар асоси оятҳои Қуръон, осоре барои вафо кардан ба аҳд зикр кардаанд, ки бархе ба ин шарҳ аст: наздикӣ ба Паёмбар (с) дар рӯзи растохез,[20] замонати биҳишт,[21] расидан ба аҷри азим,[22] сазовор будани растагорӣ.[23]

Вафо кардан ба аҳд, як қонуни ҷаҳоншумул

Макорими Шерозӣ навиштааст, бар асоси ривоёт, вафо кардан ба аҳд як қонуни ҷаҳоншумул аст, ки ҳам мусулмонон ва ҳам кофиронро дарбар мегирад.[24] Ба бовари ӯ, лузуми пойбандӣ ба паймон, дар фитрати инсонҳост ва ба ҳамин далел, дар миёни тамоми ақвому милал, чӣ муътақид ба дин бошанд чӣ набошанд, лозим шуморида мешавад.[25] Ӯ бо истинод ба ояти 177-и сураи Бақара[26] баён мекунад, ки мафҳуми вафои ба аҳд дар Қуръон ҳеҷ қайду шарте надорад ва шомили тамоми аҳдҳои Илоҳӣ ва паймонҳои мардум, чӣ мусулмон ва чӣ кофир мешавад ва модоме ки онон ба аҳди худ пойбанд ҳастанд, мусулмонон низ бояд ба паймони худ вафодор бошанд.[27]

Дар номаи Имом Алӣ (а) ба Молики Аштар омадааст, тамоми мардуми ҷаҳон, бо ихтилофоте, ки дар афкору тамоюлот доранд, дар лузуми вафои ба аҳд иттифоқи назар доранд, ҳатто мушрикони замони ҷоҳилият ҳам онро риоят мекарданд. Дар ин нома, ба Молики Аштар супориш шудааст, ба аҳди худ бо кофирон ҳам пойбанд бошад.[28]

Хусусиятҳои вафодорон

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, дар Қуръону ривоёт, вафодорон бо хусусиятҳое муаррифӣ шудаанд; аз ҷумла: дар радифи соҳибони ақлу андешаанд, барқароркунандаи пайвандҳои Илоҳианд, Худотарсу шакибоянд ва намозгузороне ҳастанд, ки бо ҳасанот алайҳи сайиот мубориза мекунанд.[29] Ризоии Исфаҳонӣ - пажӯҳишгари қуръонӣ низ навиштааст, дар оёте аз Қуръон, вафодорон бо сифатҳое монанди некукорӣ[30] ва имон[31] муаррифӣ шудаанд.[32]

Эзоҳ

  1. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.230; Саҷҷодӣ, Фарҳанги истилоҳот ва таъбироти ирфонӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.788.
  2. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.244.
  3. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.244.
  4. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.257.
  5. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.364.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.252.
  7. Садуқ, Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.113.
  8. Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., номаи 53.
  9. Сақафии Теҳронӣ, Тафсири Равони ҷовид, 1398ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.626.
  10. Сураи Марям, ояти 54.
  11. Барои намуна ниг.: Сайид ибни Товус, Ҷамол-ул-усбуъ, саҳ.32, 422, 490, 512; Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2; Табарӣ, Далоил-ул-имомат, саҳ.73.
  12. Сураи Моида, ояти 5.
  13. Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211.
  14. Сураи Моида, ояти 1, сураи Исро, ояти 34.
  15. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.316.
  16. Сураи Бақара, ояти 40, сураи Анъом, ояти 152.
  17. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.304.
  18. Сураи Исро, ояти 34.
  19. Ризоии Исфаҳонӣ, Қуръон ва улуми инсонӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.173, 174.
  20. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.257.
  21. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1386, ҷ.6, саҳ.514.
  22. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.304.
  23. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.538.
  24. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.257.
  25. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.244.
  26. «وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا; чун аҳд банданд, ба аҳди худ вафодоранд!».
  27. Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.245.
  28. Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., номаи 53, саҳ.442.
  29. Таботабоӣ, тафсири ал-Мизон, 1390ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.342 - 351.
  30. Сураи Бақара, ояти 177.
  31. Сураи Муъминун, ояти 8, сураи Маъориҷ, ояти 32.
  32. Ризоии Исфаҳонӣ, Қуръон ва улуми инсонӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.173, 174.

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, муассисатул-Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қуръон.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, таҳия ва танзими ҷамъе аз фузало, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (алайҳис-салом), 1377ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, интишороти Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Қуръон ва улуми инсонӣ, Қум, Насими ҳаёт, 1391ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Ҷамол-ул-усбуъ, Қум, Дорул-Разӣ, бе то.
  • Сақафии Теҳронӣ, Муҳаммад, Тафсири Равони ҷовид, Теҳрон, интишороти Бурҳон, 1398ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, Дорул-захоир, бе то.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1421ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Фарҳанги Қуръон, Қум, Бустони китоб, 1386ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1403ҳ.қ.