Масҷид-ул-ақсо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ал-Масҷид-ул-ақсо)
Намози мусулмонони фаластинӣ дар саҳни Масҷидул-ақсо

Масҷид-ул-ақсо (арабӣ: المسجد الأقصی) аз масоҷиди шаҳри Байт-ул-муқаддас ва нахустин қиблаи мусулмонон аст. Бинобар ривоёт, Паёмбари Ислом (с) аз он ҷо ба меъроҷ рафт. Қуръон ҳангоми зикри моҷарои меъроҷ дар сураи Исро, аз он ёд кардааст. Масҷид-ул-ақсо назд мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиён муҳтарам аст. Дар аҳодиси исломӣ дар канори Масҷид-ул-ҳаром ва Масҷид-ун-набӣ аз масоҷиди бофазилат дониста шуда ва омадааст намоз гузордан дар он бо ҳазор намоз дар масоҷиди дигар баробар аст.

Яҳудиён бар ин боваранд, ки бақоёи маъбади Сулаймон зери Масҷид-ул-ақсо қарор дорад. Аз назари бархе масеҳиён, вайронии Масҷид-ул-ақсо ва сохти маъбади сеюми Сулаймон ба ҷои он, шарти зуҳури Масеҳ аст. Аз ин рӯ бархе аз яҳудиён дар садади тахриби Масҷид-ул-ақсо ва эҳёи маъбади Сулаймон ба ҷой он ҳастанд. Ба сабаби ҳамин, нерӯҳои исроилӣ аз вуруди мусулмонон ба ин масҷид ҷилавгирӣ мекунанд. Дар соли 1969 як яҳудӣ Масҷид-ул-ақсоро ба оташ кашид ва барои ҳамин, дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон, 31 мурдод, Рӯзи ҷаҳонии Масҷид номгузорӣ шудааст.

Сохтмоне ки имрӯза Масҷид-ул-ақсо номида мешавад, дар давраи Абдулмалик ибни Марвон дар қарни нахусти ҳиҷрии қамарӣ таъсис шуда ва дар давраҳои мухталиф бозсозӣ ва таъмир шудааст.

Мавқеъият ва номгузорӣ

سُبْحَانَ الَّذِی أَسْرَ‌یٰ بِعَبْدِهِ لَیلًا مِّنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَ‌امِ إِلَی الْمَسْجِدِ الْأَقْصَی الَّذِی بَارَ‌کنَا حَوْلَهُ لِنُرِ‌یهُ مِنْ آیاتِنَا ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِیعُ الْبَصِیرُ‌
Поку муназзаҳ аст он [Худое] ки бандаашро шабонгоҳ аз Масҷид-ул-ҳаром ба сӯии Масҷид-ул-ақсо - ки перомуни онро баракат додаем - сайр дод, то аз нишонаҳои Худ ба ӯ бинамоёнем, ки Ӯ ҳамон шунавои биност.
Сураи Исро, ояти 1

Масҷид-ул-ақсо дар луғат ба маънои дуртарин масҷид, ба масҷиде дар шаҳри Байт-ул-муқаддаси кишвари Фаластин ишора дорад, ки дар ҷанубу шарқии шаҳр воқеъ шудааст.[1] Дар бораи иллати номгузории он ба Масҷид-ул-ақсо, гуфтаанд ки дурии масофаташ то Макка ва Масҷид-ул-ҳаром ки дар он замон маҳалли истиқомати Паёмбар (с) ва мусулмонон буд, мавриди таваҷҷуҳ будааст.[2]

Ба гуфтаи бархе аз муҳаққиқон, манзур аз Масҷид-ул-ақсо ки дар Қуръон ба кор рафта, ҳавлии васеъе буда, ки шомили масҷиди Сахра (маҳалли уруҷи Паёмбар), равоқҳо ва ғайра ҳам мешудааст.[3] Аз ин рӯ бархе аз муфассирони шиа, манзур аз Масҷид-ул-ақсоро, ки дар ояти нахусти сураи Исро ба он ишора шуда, Байт-ул-муқаддас дониста[4] ки ҳазрати Довӯд ва Сулаймон онро бино кардаанд.[5] Дар бархе ривоёт низ аз Масҷид-ул-ақсо бо унвони масҷиди Байт-ул-муқаддас ёд шудааст.[6]

Бархе гуфтаанд ҳангоми меъроҷи Паёмбар, биное ба номи Масҷид-ул-ақсо набуда ва калимаи масҷид дар ояти меъроҷ, ба маънои макони парастиш ва ибодатгоҳ будааст.[7]

Имрӯза бинои сақфдоре, ки дар давраи Абдулмалик ибни Марвон дар маҳдудаи ҳарами Қудс сохта шуда, масҷиди ақсои сақфдор ё Масҷид-ул-ақсо шинохта мешавад ва аз замине, ки бинои мазкур, масҷиди Сахра, масҷиди Умар,[Ёддошт 1] девори Буроқ [Ёддошт 2] ва ғайра дар он ҷой дорад, бо номи Маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо ёд мешавад.[8]

Фазилат

Масҷид-ул-ақсо назд мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиён муҳтарам аст. Аз назари яҳудиён боқимондаҳои маъбади Сулаймон, зери Масҷид-ул-ақсо қарор дорад.[9] Мусулмонон муътақиданд Паёмбари Ислом аз ин макон ба меъроҷ рафтааст.[10] То пеш аз тағйири қиблаи мусулмонон дар соли дуввуми қамарӣ, нахустин қиблаи мусулмонон ҳамин будааст.[11] Аз ин рӯ бархе шиаёни эронӣ дар давраи қоҷор ва паҳлавӣ, ҳангоми сафари ҳаҷ, маконҳои мазҳабии Байт-ул-муқаддас аз ҷумла Масҷид-ул-ақсоро ҳам зиёрат мекардаанд.[12]

Дар аҳодис, Масҷид-ул-ақсо дар канори Масҷид-ул-ҳаром, Масҷид-ун-набӣ ва масҷиди Кӯфа яке аз чаҳор масҷиди бофазилат дониста шудааст.[13] Дар бархе аҳодис масҷиди Кӯфа вуҷуд надорад ва Масҷид-ул-ақсо дар канори Масҷид-ул-ҳарому Масҷид-ун-набӣ аз масоҷиди сегонаи бофазилат аст.[14] Намоз гузордани як намоз дар масоҷиди сегона баробар бо ҳазор намоз дар дигар масоҷид аст.[15]

Албатта дар манобеи ривоии шиа, аҳодисе дар бораи бартарии масҷиди Кӯфа бар Масҷид-ул-ақсо низ вуҷуд дорад.[16]

Таърихча

Гуфтаанд нахустин бор ҳазрати Довӯд дар маҳалли маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, маъбаде сохт ва ҳазрати Сулаймон онро такмил намуд ки маъбади Сулаймон, маъбади Уршалим, маъбади Илиё ва буқъаи Илиё хонда мешудааст.[ниёзманди манбаъ] Ба гуфтаи Густав Ле Бони таърихдони қарнҳои нуздаҳуму бистуми милодӣ, қабл аз фатҳи Байт-ул-муқаддас тавассути мусулмонон, дар маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, калисое ба номи ҳазрати Марям вуҷуд доштааст.[17]

Бинобар асноде ки аз қарни нахусти қамарӣ, ба ҷо монда, бинои кунунии Масҷид-ул-ақсо дар давраи умавиён ва дар қарни нахусти қамарӣ сохта шудааст.[18] Ба гуфтаи Ибни Касир - муаррихи қарни ҳаштуми қамарӣ, сохти бинои масҷид, дар соли 66ҳ.қ. ба дастури Абдулмалик ибни Марвон (ҳукумат 65 - 86ҳ.қ.) оғоз шуду соли 73ҳ.қ. поён ёфт.[19] Бархе таъсиси онро ба Валид ибни Абдулмалик (ҳукумат 86 - 96ҳ.қ.) нисбат додаанд.[20]

Ибни Касир навиштааст: Абдулмалик бо ин ҳадаф Масҷид-ул-ақсо ва биноҳои атрофи онро сохт, ки шомиёнро аз рафтан ба ҳаҷ боз дораду ононро ба тавофи перомуни он водорад;[21] Чароки Абдуллоҳ ибни Зубайр аз ҳаҷ барои таблиғ бар зидди Абдулмалик ва байъат гирифтан аз ҳоҷиён барои худ суд меҷуст.[22] Ӯ дар хутбаҳое дар рӯзи арафа ва айёми Мино, бо ёд кардан аз лаънати Паёмбар бар Ҳакам ибни Ос - ҷадди Абдулмалик ва дудмонаш, шомиёнро ба худ ҷалб мекард.[23]

Маълумот дар бораи бино

Сохтмони Масҷид-ул-ақсо росткунҷашакл буда 80 метр тӯл ва 55 метр арз дорад.[24] Сохтмони масҷид бар рӯй 53 сутуни мармарӣ ва 49 поя бино гардидааст.[25] Ҳамчунин масҷид дорои равоқи бузурге аст ки бар фарози қисмати миёнаи он гунбаде қарор дорад.[26] Носири Хусрав (394 - 468ҳ.қ.) ҷаҳонгарди қарни панҷуми қамарӣ ки дар соли 438ҳ.қ. аз Байт-ул-муқаддас дидан карда,[27] дар сафарномаи худ тавсифоте аз Масҷид-ул-ақсо ироа дода ва аз вуҷуди ходимоне барои он сухан гуфтааст.[28]

Бозсозӣ ва таъмир

Сохтмони Масҷид-ул-ақсо дар давраҳои мухталиф таъмир ва бозсозӣ шудааст. Аббосиён, фотимиён, айюбиён ва усмониён аз ҷумла ҳукуматҳое ҳастанд, ки онро таъмир ва бозсозӣ кардаанд.

Мансури Давониқӣ (ҳукумат: 136 - 158ҳ.қ.)[29] ва Маҳдии Аббосӣ (126 - 169ҳ.қ.), аз хулафои аббосӣ, сохтмони Масҷид-ул-ақсоро ки бар асари зилзила вайрон шуда буд, таъмир ва бозсозӣ карданд.[30] Ҳамчунин бар пояи катибае, ба дастури аз-Зоҳиру ли эъзози диниллоҳ - аз хулафои фотимӣ, дар соли 426ҳ.қ. бар фарози Масҷид-ул-ақсо гунбаде сохта шуд[31] ва ба дастури ал-Мустансиру лидиниллоҳ дар соли 458ҳ.қ. айвони шимолии масҷид бозсозӣ гардид.[32]

Дар соли 1099 мелодӣ баробар бо 583ҳ.қ., салибиҳо Байт-ул-муқаддасро тасарруф карданд ва дар қисмате аз маҳалли Масҷид-ул-ақсо, килисо сохтанд ва қисмати дигари онро ба истироҳатгоҳи саворону анбори захираҳо табдил карданд.[33] Дар соли 589ҳ.қ. Салоҳуддини Айюбӣ Байт-ул-муқаддасро аз онҳо пас гирифт, меҳроби масҷидро аз нав сохт, гунбади онро кошикорӣ намуд ва минбаре чӯбӣ дар он қарор дод.[34] Мамолик ва усмониён низ Масҷид-ул-ақсоро бозсозӣ кардаанд.[35]

Яҳудисозӣ

Яҳудиён бар ин боваранд ки боқимондаҳои маъбади Сулаймон, зери Масҷид-ул-ақсо қарор дорад. Аз ин рӯ бархе аз онон барои тахриби Масҷид-ул-ақсо ва эҳёи маъбади Сулаймон талош мекунанд.[36] Ба гуфтаи коршиносон, ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ дар зери Масҷид-ул-ақсо, таҳдиде барои ин бино ба шумор меравад;[37] чунонки ин ҳаффориҳо шикофҳоеро дар деворҳо ва зери пояҳои масҷидулақсо падид овардааст.[38] Мегӯянд бархе аз Масеҳиён муътақиданд, ки вайронии Масҷид-ул-ақсо ва сохти маъбади сеюми Сулаймон ба ҷои он, шарти зуҳури Масеҳ аст.[39] Аз ин рӯ нерӯҳои исроилӣ аз вуруди мусулмонон ба Масҷид-ул-ақсо ҷилавгирӣ мекунанд.[40] Масҷид-ул-ақсо намоди ҳуввияти исломӣ дар Байт-ул-муқаддас дар баробари Исроил дониста шудааст.[41]

Дар 21 августи соли 1969 баробар бо 1348ҳ.ш., як яҳудӣ ба номи Денис Майкл Руҳон, Масҷид-ул-ақсоро оташ зад, ки ба осеб дидани бахшҳое аз масҷид ва фурӯ рехтани сақфи он мунҷар шуд. Минбари қадимии масҷид ҳам ки мутаъаллиқ ба соли 583ҳ.қ. буд, дар ин оташ сӯхт.[42] Дар тақвими расмии Ҷумҳурии исломии Эрон, солрӯзи оташ задани Масҷид-ул-ақсо дар 31 мурдод баробар бо 21 август, рӯзи ҷаҳонии масҷид номгузорӣ шудааст.[43]

Ҷусторҳои вобаста

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Ҳамидӣ, Таърихи Ӯршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183
  2. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.7; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.612
  3. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.7
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.612
  5. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.6
  6. Барои намуна ниг.: Тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.661
  7. Ҳамидӣ, Таърихи Ӯршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183 - 184
  8. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.7
  9. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, 1385ҳ.ш., саҳ.88
  10. Сураи Исро, ояти 1
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331
  12. Барои намуна ниг.: Ҷаъфариён, Панҷоҳ сафарномаи ҳаҷҷи қоҷорӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.230
  13. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу ал-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29
  14. Бухорӣ, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.398
  15. Тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.661
  16. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.279; Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрику васоил-уш-шиа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.409
  17. Густав Ле Бон, Тамаддуни Ислом ва араб ба нақл аз Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183
  18. Ниг.: Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.10
  19. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.280
  20. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.10
  21. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.280
  22. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дори содир, ҷ.2, саҳ.261
  23. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.280
  24. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.10
  25. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183
  26. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.10
  27. Носири Хусрав, Сафарнома, 1368ҳ.ш., саҳ.26
  28. Носири Хусрав, Сафарнома, 1368ҳ.ш., саҳ.32
  29. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183
  30. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.11
  31. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.11
  32. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.11
  33. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183
  34. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183
  35. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.13 - 15
  36. Тавфиқӣ, Ошноӣ бо адёни бузург, саҳ.88
  37. Barghoti, "Israeli excavations threaten Al-Aqsa Mosque: Experts".
  38. «ал-Ҳафриёт-ул-исроилийяти асфал-ил-Қудси ва-л-Ақсо»
  39. «Оташ задани Масҷид-ул-ақсо иқдоме барои санҷиши ғайрати динии мусулмонон буд», Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон
  40. «Гузориш: Исроил омодаи тахриби Масҷид-ул-ақсо ва сохти «сеюмин маъбад» мешавад», сайти Пресстиви
  41. «Пушти пардаи тавтеъаҳои ҷадид алайҳи Масҷид-ул-ақсо/таҳлил», хабаргузорӣ Эронпресс
  42. Мӯсои Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.16
  43. «Иллати номгузории Рӯзи ҷаҳонӣ Масҷид чист?», хабаргузории Садо ва симои ҶИЭ

Ёддошт


Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳамад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, 1380ҳ.қ..
  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсири ал-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ..
  • Бухорӣ, Муҳамад ибни Исмоил, Саҳиҳ-ул-Бухорӣ, дори Ибни Касир, ал-Ямома, 1407ҳ.қ..
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Мӯсои Ғуша, Муҳаммадҳошим, Таърихи маҷмуаи Масҷид-ул-ақсо, тарҷумаи Сайид Шаҳроми Фарҳониён ва Ҳудсои Отифӣ, Қум, нашри адён, 1390ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрик-ул-васоили ва мустанбат-ул-масоил, Қум, Муассисату Ол-ил-Байт, 1408ҳ.қ.
  • Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Сафарнома, интишороти Отилаи Ҳунар, таҳқиқи Муҳамади Салаҳшур, 1368ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳамад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳамад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, дор-ут-турос, 1967м/1387ҳ.қ..
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсири ал-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Тавфиқӣ, Ҳусайн, Ошноӣ бо адёни бузург, Теҳрон, Созмони мутолиа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, Қум, муассисаи фарҳангии тоҳо ва маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, чопи ҳаштум, 1385ҳ.ш.
  • Тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ, Қум, Мадрасату ал-Имом ал-Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳушшариф, 1409ҳ.қ..
  • Ҳамидӣ, Сайид Ҷаъфар, Таърихи Уршалим (Байт-ул-муқаддас), Теҳрон, Амиркабир, 1381ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Панҷоҳ сафарномаи ҳаҷҷи қоҷорӣ, нашри илм, Теҳрон, 1389ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳамад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳу ал-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дори содир, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found