Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Фалсафаи аҳком

Аз wikishia

Фалсафаи аҳком (форсӣ: فلسفه احکام) ба баррасии чароии ташреи аҳкоми шаръӣ ва ҳикмат, масолеҳ ва мафосиди онҳо мепардозад ва дар сарчашмаҳои ривоӣ, фиқҳ, усули фиқҳ ва калом матраҳ шудааст. Дар усули фиқҳ миёни иллати ҳукм, ҳикмати ҳукм ва меъёри ҳукм тафовут гузошта мешавад ва фалсафаи аҳком бо мақосиди шариат низ тафовут дорад. Аз мабонии он дар андешаи имомия, ғоятмандии афъоли ташреии Худованд, мубтанӣ будани аҳком бар масолеҳ ва мафосиди воқеӣ ва маҳдудияти ақл дар шинохти меъёрҳои аҳком аст. Фалсафаи аҳком аз тариқи Қуръон, ривоёт ва далели қатъии ақлӣ қобили шинохт аст ва ёфтаҳои илмӣ низ дар сурати бархурдорӣ аз шароити лозим метавонанд дар шарҳу баёни баъзе ҳикматҳо муассир бошанд. Дар сарчашмаҳои исломӣ барои аҳкоме мисли рӯза, қисос, ҷизя ва ҳурмати хамр ҳикматҳо баён шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Фалсафаи аҳком ба баҳс дар бораи ҳикмат, маслаҳат ва мафсадаи аҳкоми шаръӣ ва чароии ташреи онҳо гуфта мешавад.[1] Баррасии фалсафаи аҳком метавонад дар фаҳми беҳтари ҳикмати ташреи аҳком ва посух ба баъзе пурсишҳо ва шубаҳот дар бораи онҳо муассир бошад.[2]

Баҳси фалсафаи аҳком дар сарчашмаҳои ривоӣ, фиқҳ, усули фиқҳ ва калом матраҳ шудааст. Дар сарчашмаҳои ривоии шиа, ривоёте дар бораи иллату ҳикмати аҳком нақл шуда ва китоби ал-Илал-уш-шароеъ, таълифи Шайхи Садуқ, аз осори муҳим дар ин замина ба шумор меравад.[3] Дар усули фиқҳ, мабоҳисе мисли иллати ҳукм ва ҳикмати ҳукм ва меъёри аҳком баррасӣ шудааст.[4] Дар илми калом низ баҳси фалсафаи аҳком бо масъалаи ғоятмандии афъоли ташреии Худованд иртибот дорад.[5] Ҳамчунин осоре ба таври мустақил дар бораи фалсафаи аҳком таълиф шудааст.

Баъзе низ фалсафаи аҳкомро дониши мустақиле барои шарҳу баёни ҳикмат ва иллати аҳком ва тавзеҳи чароии ташреи онҳо донистаанд.[6]

Нисбати фалсафаи аҳком бо иллату ҳикмати ҳукм ва мақосиди шариат

Фалсафаи аҳком бо мафоҳиме чун «иллати ҳукм» ва «ҳикмати ҳукм» иртибот дорад, аммо ин мафоҳим дар усули фиқҳ яксон нестанд.[7] Иллати ҳукм амрест, ки ҳукм ба он вобаста аст ва бо вуҷуд ё набуди он, ҳукм низ тағйир мекунад; дар ҳоле ки ҳикмати ҳукм, маслаҳат ё мафсадаест, ки ҳукм барои таъмин ё пешгирӣ аз он ташреъ шуда ва метавонад дар ҳамаи маворид вуҷуд надошта бошад.[8] Фалсафаи аҳком дар корбурде умум, баррасии чароӣ ва ғояти аҳком ва шомили баҳси иллату ҳикмат ва маслаҳату мафсадаи онҳост.[9] Бо ин ҳол, баъзе фалсафаи аҳкомро танҳо бо ҳикмати ҳукм яке дониста ва бо иллати ҳукм мутафовит ба шумор овардаанд.[10]

Фалсафаи аҳком ва мақосиди шариат ҳарду ба ҳадафҳо ва ғояти аҳком таваҷҷӯҳ доранд, аммо фалсафаи аҳком бештар ба чароӣ ва ҳикмати як ҳукм ё маҷмуае аз аҳком мепардозад; мисли баррасии фалсафаи вуҷуби рӯза, дар ҳоле ки мақосиди шариат нозир ба ҳадафҳои кулон ва самтгириҳои умумии шариат аст.[11]

Мабонии назарии фалсафаи аҳком

Аз назари уламои шиа, пазируфтани фалсафаи аҳком ва баҳс дар бораи он бар мабонии каломӣ ва усулӣ устувор аст, аз ҷумла:

  • Ғоятмандии афъоли ташреии Худованд

Уламои имомия[12] ва муътазила[13] афъоли ташреӣ ва таквинии Худовандро ғоятманд медонанд ва бар ин боваранд, ки аҳкоми шаръӣ бар масолеҳу мафосиди воқеӣ мубтанӣ ҳастанд. Дар муқобил, ашоира ғоятмандии афъоли Илоҳӣ ба вижа афъоли ташреиро ба маъное, ки сабаби таҳаққуқи ғарази хориҷ аз иродаи Илоҳӣ бошад, намепазиранд ва аҳкоми шаръиро тобеи масолеҳу мафосиди мустақил аз иродаи Худо намедонанд.[14] Ин дидгоҳ аз сӯи имомия ва муътазила мавриди нақд қарор гирифтааст.[15]

  • Мубтанӣ будани аҳкоми шаръӣ бар масолеҳу мафосид

Аз назари муътазила ва имомия, аҳкоми шаръӣ бар масолеҳу мафосиди воқеӣ мубтанӣ ҳастанд ва амру наҳйи Илоҳӣ бар асоси онҳо ташреъ мешавад.[16] Дар муқобил, ашоира вуҷуди масолеҳу мафосиди воқеии мустақил аз амру наҳйи Илоҳиро мабнои аҳком намедонанд ва ҳусну қубҳ ва меъёри аҳкомро тобеи амру наҳйи Худованд мешуморанд.[17]

  • Маҳдудияти ақл дар шинохти меъёрҳои аҳком

Аз дидгоҳи имомия, ақл дар баъзе маворид метавонад ба маслаҳат ё мафсадаи ҳукм пай барад, аммо шинохти меъёри ҳамаи аҳком барои инсон мумкин нест.[18] Аз ин рӯ, нисбат додани як маслаҳат ё мафсадаи мушаххас ба ҳукми шаръӣ бидуни далели муътабар пазируфта нест ва ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, шинохти фалсафаи аҳком бояд бар далели қатъӣ устувор бошад ва наметавон бар асоси гумонзании ё бардошти шахсӣ, чизеро фалсафаи як ҳукм донист.[19]

Роҳҳои шинохти фалсафаи аҳком

Фалсафаи аҳкомро метавон аз роҳи далелҳои шаръӣ ва ақлӣ шинохт,[20] аз ҷумла:

  • Қуръон: Ҷаъфари Субҳонӣ дар китоби Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин фимо ло насса фиҳ, нуҳ оятро баршумурда, ки ба бовари ӯ фалсафаи баъзе аҳкомро ба сароҳат баён мекунанд.[21] Ӯ ҳамчунин ҳашт оятро баршумурда, ки ба сурати ғайрисареҳ, ба фалсафаи баъзе аҳком ишора доранд.[22]
  • Ривоёт: Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, ривоёт гоҳ ба сурати кулл бар вуҷуди масолеҳу ҳикматҳое дар аҳком далолат доранд ва гоҳ маслиҳати мушаххасеро барои як ҳукм баён мекунанд.[23] Барои намуна, дар ривояте, таҳрими шаробхорӣ бо зоил шудани ақл ва паёмадҳое мисли гароиш ба гуноҳ, дур шудан аз ёди Худо ва тасаллути шайтон бар инсон марбут шудааст.[24]
  • Далели қатъии ақлӣ: Бар асоси дидгоҳи шуморе аз уламои имомия, ақл дар мавориде метавонад меъёр ва маслаҳати ҳукмро кашф кунад.[25] Муртазо Мутаҳҳарӣ бар ин бовар аст, ки ҳар гоҳ меъёри як ҳукм ба таври қатъӣ шинохта шавад, ҳукми шаръӣ бо он ҳамоҳанг аст.[26]
  • Ёфтаҳои илмӣ: Баъзе нависандагон ёфтаҳои улуми таҷрибиро низ дар шинохти ҳикмати баъзе аҳком муассир донистаанд.[27] Бо ин ҳол, ёфтаҳои илмӣ дар сурате, ки қатъӣ ва марбут ба меъёри ҳукм набошанд, ба танҳоӣ далели қатъӣ бар фалсафаи он ҳукм ба шумор намеоянд.

Намунаҳое аз фалсафаи баъзе аҳком

Дар сарчашмаҳои исломӣ барои баъзе аҳком, ҳикматҳое баён шудааст. Дар бораи рӯза, тақво,[28] таваҷҷӯҳ ба вазъи ниёзмандон[29] ва осори фардӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳикматҳои зикршуда аст.[30] Дар бораи қисос, ҳифзи ҷони инсонҳо аз ҳадафҳои баёншуда дар Қуръон аст.[31] Дар бораи ҷизя низ уламои шиа баёнҳои мухталифе пешниҳод кардаанд; аз ҷумла ҳифзи ҷону моли аҳли зимма,[32] водоштани онон ба пазируфтани аҳкоми исломӣ[33] ва тарғиби онон ба пазируфтани Ислом.[34]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.388.
  2. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.387 - 388.
  3. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.21, саҳ.293.
  4. Барои намуна нигаред ба Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, ҷ.2, саҳ.165; Сейфии Мозандаронӣ, Бадоеъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, саҳ.49.
  5. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.388.
  6. Замонӣ, Фалсафаи аҳком, саҳ.9 - 10.
  7. Сейфии Мозандаронӣ, Бадоеъ-ул-буҳус, ҷ.1, саҳ.209 - 210.
  8. Сейфии Мозандаронӣ, Бадоеъ-ул-буҳус, ҷ.1, саҳ.209 - 210.
  9. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.388; Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, саҳ.431.
  10. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.418.
  11. Субҳонӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ.347.
  12. Субҳонӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин фимо ло насса фиҳ, саҳ.332.
  13. Ниг.: Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.26, саҳ.399.
  14. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.9, саҳ.439.
  15. Субҳонӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин фимо ло насса фиҳ, саҳ.331 - 332.
  16. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.21, саҳ.293 ва ҷ.26, саҳ.61 - 62.
  17. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.22, саҳ.131; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, ҷ.4, саҳ.103.
  18. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.21, саҳ.300.
  19. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.393.
  20. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.393.
  21. Субҳонӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ.336-339.
  22. Субҳонӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин, саҳ.339-341.
  23. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.409.
  24. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.62, саҳ.162.
  25. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.21, саҳ.300.
  26. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.21, саҳ.300-301.
  27. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.414; Баҳромӣ, «Фалсафаи аҳком дар Қуръон», саҳ.66-67.
  28. Сураи Бақара, ояти 183.
  29. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.7, саҳ.3.
  30. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.413.
  31. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, ҷ.1, саҳ.408; Субҳонӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин фимо ло насса фиҳ, саҳ.337.
  32. Шайхи Муфид, ал-Муқниа, саҳ.269.
  33. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.43.
  34. Аллома Ҳиллӣ, Мухталиф-уш-шиа, ҷ.4, саҳ.440.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталиф-уш-шиа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Баҳромӣ, Муҳаммад, «Фалсафаи аҳком дар Қуръон», Пажӯҳишҳои қуръонӣ, №3, тирамоҳи 1374ҳ.ш.
  • Замонӣ, Алӣ, Фалсафаи аҳком, Қум, Маркази мутолиот ва посухгӯӣ ба масоили шаръӣ, 1394ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқорин, Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Байрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1370ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Интишороти Садро, 1391ҳ.ш.
  • Сейфии Мозандаронӣ, Алиакбар, Бадоеъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Усул-ул-фиқҳ-ил-муқорин фимо ло насса фиҳ, Қум, Интишороти Муассисаи Имом Содиқ (а), 1383ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1325ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, ал-Муқниа, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, чопи севум, 1387ҳ.қ.