Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Мероси зан аз шавҳар

Аз wikishia
Мақолаи Мероси зан аз шавҳар бо мақолаҳои иртибот дорад.


Мероси зан аз шавҳар (форсӣ: میراث زن از شوهر) саҳмест, ки пас аз марги шавҳар, аз амволи ӯ ба ҳамсараш мерасад. Мувофиқи ояти 12 сураи Нисо, зан дар сурати дорои фарзанд будан аз шавҳар, ҳаштяк ва дар сурати надоштани фарзанд чоряк аз шавҳар ирс мебарад. Дар сурате ки мард чанд ҳамсар дошта бошад, ин саҳм баробар миёни онҳо тақсим мешавад.

Яке аз масъалаҳои ихтилофӣ дар фиқҳ ва ҳуқуқ, маҳрумияти зан аз баъзе амволи ғайриманқул (амволи ғайриманқули шавҳар) аст. Ҳарчанд дар асли меросбарӣ зан ва шавҳар дар ҳама табақот, иҷмоъ вуҷуд дорад, аммо фақиҳони имомия, ба ҷуз Ибни Ҷунайд, бар ин боваранд, ки зан аз замин мерос намебарад. Дар ҷузъиёти ин ҳукм низ дидгоҳҳои мухталиф пешниҳод шудааст: баъзе маҳрумиятро шомили ҳамаи анвои замин медонанд, баъзе онро маҳдуд ба заминҳои маскунӣ мекунанд, ва баъзе дигар муътақиданд зан аз «айн»-и замин мерос намебарад, аммо аз «қимат»-и он баҳраманд мешавад. Дар бораи шумули ин ҳукм нисбат ба ҳамаи занон ё танҳо занони бидуни фарзанд ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Таъриф

Мероси зан аз шавҳар саҳмест, ки пас аз марги шавҳар, аз амволи ӯ ба ҳамсараш мерасад.[1] Ба иҷмоъи мусалмонон, зан ва шавҳар дар ҳама табақоти мерос ҳузур доранд.[2] Мувофиқи иҷмоъ ва ояти 12-уми сураи Нисо, зан дар ҳолате, ки шавҳар фарзанд дошта бошад, ҳаштяк ва дар ғайри ин ҳолат чоряк аз таракаи шавҳар мерос мебарад.[3] Ҳамчунин агар мард дорои чанд ҳамсар бошад, ин саҳм (ҳаштяк ё чоряк) баробар миёни онҳо тақсим мешавад ва ҳар як ба танҳоӣ саҳми комил намегирад.[4]

Маҳрумияти завҷа аз мероси ғайриманқул

Аз баҳсҳои ихтилофии фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи мероси зан аз шавҳар, масъалаи маҳрум будан ва ё ин ки ҳақ доштани зан аз иқор(мероси ғайриманқул)-и шавҳар аст.[5] Фақиҳони аҳли суннат занро аз ҳамаи дороиҳои шавҳар, аз ҷумла манқул ва ғайриманқул баҳраманд медонанд;[6] аммо бисёре аз фақиҳони шиа муътақиданд зан аз замин мерос намебарад ва танҳо аз қимати бино ва воситаҳои сохтмон саҳм мебарад.[7] Маҳрумияти зан аз бахше аз мероси шавҳар аз хусусиятҳои фиқҳи имомия дониста шуда ва ба ҷуз Ибни Ҷунайд мавриди пазириши машҳури фақиҳост.[8] Ибни Ҷунайд муътақид аст зан ҳамонанди дигар ворисон аз айни қимати ҳамаи амволи шавҳар аз ҷумла манқул ва ғайриманқул мерос мебарад.[9]

Дар ҷузъиёти мерос набурдани зан аз амволи ғайриманқули шавҳар ихтилофи назар вуҷуд дорад; аз ҷумла дар бораи маҳдудаи амволи ғайриманқул ва ин ки оё ин маҳрумият шомили ҳамаи занон мешавад ё фақат занони бидуни фарзанд.[10]

Машҳури қудамо муътақиданд зан аз айни қимати тамоми заминҳо ва дарахтон маҳрум аст, аммо аз қимати бино мерос мебарад.[11] Ин дидгоҳ ба иҷмоъ ва ривоёт мустанад шудааст.[12] Дар муқобил, баъзе бар ин боваранд, ки зан аз айни қимати ҳамаи заминҳо маҳрум аст, аммо аз қимати бино ва дарахтон мерос мебарад;[13] дидгоҳе, ки машҳури фақиҳони қарни понздаҳум онро пазируфтаанд.[14] Ҳамчунин маҳрумияти зан аз айни қимати заминҳои маскунӣ ва мерос бурдан аз заминҳои зироатӣ ва қимати бино[15] ва ин ки маҳрумият хосси айни замин аст,[16] ду назарияи дигар дар ин мавзуъ вуҷуд дорад.

Дар хусуси шумули ин ҳукм нисбат ба занон, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Машҳури фақиҳони қадим маҳрумиятро шомили ҳамаи занон медонанд,[17] аммо баъзе аз қудамо[18] ва машҳури мутааххирон онро махсуси занони бефарзанд шумурдаанд.[19] Дар баъзе ривоёт ҳикмати ин ҳукм пешгирӣ аз вуруди бегонагон (монанди шавҳари ҷадид ё фарзанд аз ӯ) ба моли ворисон пас аз издивоҷи дубораи зан баён шудааст.[20]

Далели ихтилофи фақиҳон дар мероси замин

Далел ва мустанади ҳар як аз ин дидгоҳҳо ояти таворуси завҷайн ва ривоёт[21] аст; аммо тафовути онҳоро ношӣ аз ихтилофи фақиҳон дар усули ҳалли таоруз миёни ривоёт донистаанд.[22] Соҳиби Васоил муътақид аст далели назарияи Ибни Ҷунайд ривояте аз Имом Содиқ (а) аст, ки Шайхи Тӯсӣ онро бар тақия ҳамл карда ва Шайхи Садуқ онро нозир ба мавриде донистааст, ки зан аз шавҳар фарзанд дошта бошад.[23]

Мероси зан аз замин дар қонуни кишварҳои исломӣ

Дар қонуни Ироқ, пас аз тағйири қонуни аҳволи шахсӣ, зан аз молҳои манқули таракаи шавҳари худ мерос мебарад. Аммо замини мулки шавҳар, на аз айни он ва на аз қимати он мерос намебарад, балки аз қимати он чи дар он аз бинову дарахтон ва монанди онҳост, мерос мебарад.[24] Дар қонуни Эрон, то соли 2009, зан на аз айни замин ва на аз қимати он мерос намебурд, балки қимати бино ва дарахтонро мерос мебурд, мувофиқи машҳур дар назди фақеҳони имомия.[25] Пас аз тағйири ин моддаҳо, зан аз қимати замин низ мерос мебарад,[26] ва гуфта шуда, ки ин тағйир бар асоси фатвои Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, марҷаи тақлид ва раҳбари вақти Эрон, будааст.[27]

Аммо дар кишварҳое, ки мутобиқи фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоат амал мекунанд, қонун миёни замин ва дигар амволи тарака фарқ намегузорад, балки замин ҷузъе аз тарака ба шумор меравад ва зан аз он насиби шаръии худро мувофиқи ҳаққи худ дар тарака мерос мебарад.[28]

Мероси зан аз амволи ғайриманқули шавҳар дар қонунгузории ҶТ

Мутобиқи моддаи 34-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зан танҳо аз молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯ якҷоя ҷамъ кардаанд, ҳуқуқи меросбарӣ дорад; ин молу мулк чи манқул бошад ва чи ғайриманқул, фарқе надорад, фақат бояд моликияти муштарак эътироф гардадида бошад.[29]

Эзоҳ

  1. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.39, саҳ.196.
  2. ↑ Субҳонӣ, Низом-ул-ирс фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, саҳ.307.
  3. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.39, саҳ.207.
  4. ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.3, саҳ.375; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.397.
  5. ↑ Обидинӣ, «ارث زنان از همه دارايى شوهر يا بخشى از آن؟», саҳ.41 - 43.
  6. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.4, саҳ.116.
  7. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.13, саҳ.184.
  8. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.13, саҳ.184.
  9. ↑ Ибни Ҷунайд, Маҷмуаи фатовои Ибни Ҷунайд, саҳ.336.
  10. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.13, саҳ.184 ва 190.
  11. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, саҳ.642; Абуссаллоҳи Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, саҳ.374; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-ислом, ҷ.4, саҳ.28 - 29.
  12. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.4, саҳ.116.
  13. ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.3, саҳ.376; Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, ҷ.2, саҳ.358.
  14. ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.397; Ҳаким, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.2, саҳ.407; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.2, саҳ.372; Табрезӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.2, саҳ.470; Ваҳиди Хуросонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.3, саҳ.426; Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.3, саҳ.351.
  15. ↑ Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, саҳ.687; Ибни Идрис, ас-Сароир, ҷ.3, саҳ.258 - 259; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Мухтасар-ун-нофиъ, ҷ.2, саҳ.272.
  16. ↑ Сайиди Муртазо, ал-Интисор, саҳ.585; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, ҷ.9, саҳ.53; «ارث بردن زن از زمین و اموال غیر منقول همسر», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ.
  17. ↑ Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, саҳ.687; Сайиди Муртазо, ал-Интисор, саҳ.585; Шайхи Тӯсӣ, ал-Истибсор, ҷ.4, саҳ.154; Ибни Идрис, ас-Сароир, ҷ.3, саҳ.258 - 259.
  18. ↑ Шайхи Садуқ, Китоби ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.4, саҳ.349; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-ислом, ҷ.4, саҳ.28 - 29.
  19. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.13, саҳ.190 - 191.
  20. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.13, саҳ.192.
  21. ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.26, саҳ.205 - 212.
  22. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.13, саҳ.186 - 190.
  23. ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.26, саҳ.213.
  24. ↑ قرار رقم (١٠) لسنة ٢٠٢٥ الخاص بالتصديق على مدونة الأحكام الشرعية في مسائل الاحوال الشخصية وفق المذهب الشيعي الجعفري, Сомонаи қонунгузории электронии Ироқ.
  25. ↑ «قانون مدنی», Сомонаи Маркази таҳқиқоти Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  26. ↑ «قانون اصلاح موادی از قانون مدنی», Сомонаи Маркази таҳқиқоти Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  27. ↑ Содиқи Муқаддам, «تحول در حقوق ارث زن از اموال غير منقول شوهر»; رقم (١٠) لسنة ٢٠٢٥ الخاص بالتصديق على مدونة الأحكام الشرعية في مسائل الاحوال الشخصية وفق المذهب الشيعي الجعفري, Сомонаи қонунгузории электронии Ироқ.
  28. ↑ قانون الميراث المصري رقم 77 لسنة 1943هـ, Сомонаи мутолиоти ҳуқуқи башар; قرارات وأنظمة/لوائح وأنظمة, Сомонаи Умм-ул-қуро.
  29. ↑ КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарчашма

  • Абуссаллоҳи Ҳалабӣ, Тақиюддини ибни Наҷмуддин, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, Исфаҳон, китобхонаи умумии Имом Амирулмуъминин (а), 1403ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мадрасаи Имом Боқир (а), 1428ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатово, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҷунайд, Муҳаммад ибни Аҳмад, Маҷмуаи фатовои Ибни Ҷунайд, (ҷамъоварии Алипаноҳи Иштиҳордӣ), Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1416ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Руҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Дор-ул-илм, бетаърих.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Мухтасар-ун-нофиъ фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Муассисат-ул-матбуот-ид-диния, 1418ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, интишороти Исмоилиян, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Обидинӣ, Аҳмад, «ارث زنان از همه دارايى شوهر يا بخشى از آن؟» (Мероси занон аз ҳамаи дороии шавҳар ё бахше аз он?), маҷаллаи Фиқҳ (Ковише нав дар фиқҳ), №15, 1388ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1415ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, 1417ҳ.қ.
  • Содиқи Муқаддам, «تحول در حقوق ارث زن از اموال غير منقول شوهر» (Таҳаввул дар ҳуқуқи мероси зан аз амволи ғайриманқули шавҳар), Нашрияи Дониши ҳуқуқи маданӣ, №2, исфанди 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ул-ирс фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1415ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод ибни Алӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Маҷмаъ-ул-Имом ал-Маҳдӣ (аҷ), 1426ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, нашри Мадинат-ул-илм, 1410ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Бейрут, Дор-ут-таъоруф ли-л-матбуот, 1410ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад Алӣ, Китоби ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсор фи мо ихталафа мин-ал-ахбор, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1390ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддини ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ила танқиҳи шароиъ-ул-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • قرار رقم (١٠) لسنة ٢٠٢٥ الخاص بالتصديق على مدونة الأحكام الشرعية في مسائل الاحوال الشخصية وفق المذهب الشيعي الجعفري (Қарори рақами (10) соли 2025 махсус ба тасдиқи мудавванаи аҳкоми шаръӣ дар масоили аҳволи шахсӣ мувофиқи мазҳаби шиаи ҷаъфарӣ), Сомонаи қонунгузории электронии Ироқ, санаи интишор: 6 декабри 2025, санаи боздид: 27 сентиябри 2026.
  • قانون الميراث المصري رقم 77 لسنة 1943هـ (Қонуни мероси Миср рақами 77 соли 1943), Сомонаи мутолиоти ҳуқуқи башар, санаи боздид: 27 сентиябри 2026.
  • КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи интишор: 16 январи 2020, санаи боздид: 27 сентиябри 2026.
  • «قانون اصلاح موادی از قانون مدنی» (Қонуни ислоҳи моддаҳое аз қонуни маданӣ), Сомонаи маркази таҳқиқоти Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи боздид: 27 сентиябри 2026.
  • «قانون مدنی» (Қонуни маданӣ), Сомонаи Маркази таҳқиқоти Маҷлиси шӯрои исломӣ, санаи боздид: 27 сентиябри 2026.
  • قرارات وأنظمة/لوائح وأنظمة (Қарорҳо ва низомҳо/лавойиҳ ва низомҳо), Сомонаи Умм-ул-қуро, санаи интишор: 18 марти 2022, санаи боздид: 27 сентиябри 2026.
  • «ارث بردن زن از زمین و اموال غیر منقول همسر» (Ирс бурдани зан аз замин ва амволи ғайриманқули ҳамсар), Пойгоҳи иттилорасонии дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ, санаи боздид: 18 сентябри 2026.

Шаблон:Аҳкоми мерос