Үндана:Зиёратнома
Зиёратнома (форсӣ: زیارتنامه) матне дуомонанд аст, ки ҳангоми зиёрати Пайғамбар (с), имомон (а), имомзодагон ва баъзе шахсиятҳои динӣ хонда мешавад. Ин матнҳо одатан бо салом ва изҳори эҳтиром ба зиёратшаванда оғоз мешаванд ва дар онҳо ба фазоилу ҷойгоҳи динӣ, изҳори боварҳои эътиқодӣ ва дархости шафоат ва тақарруб ба Худованд пардохта мешавад.[1] Зиёратномаҳо, ба вижа матнҳои мансуб ба маъсумон (а), илова бар коркарди ибодӣ, дарбардорандаи таълимоте дар бораи худошиносӣ, паёмбаршиносӣ ва имомшиносӣ ҳастанд ва аз сарчашмаҳои шарҳу баёни маорифи шиа ба шумор мераванд.[2]
Зиёратномаҳо аз назари нисбат додани онҳо ба маъсумон (а) ба ду дастаи маъсура ва ғайримаъсура тақсим мешаванд. Зиёратномаи маъсура матнест, ки дар сарчашмаҳо ба яке аз маъсумон (а) мансуб ва аз онон нақл шуда бошад; монанди зиёрати Аминуллоҳ, зиёрати Ҷомеаи кабира, зиёрати Ворис ва зиёрати Арбаин.[3] Дар муқобил, зиёратномаи ғайримаъсура матнест, ки интисоби он ба маъсумон (а) собит нашуда бошад.[4] Баъзе зиёратномаҳо барои хондан дар канори мазор ва баъсе барои зиёрат аз роҳи дур низ ворид шудаанд;[5] барои намуна, зиёрати Пайғамбар (с) дар рӯзи мавлуди он Ҳазрат ва зиёрати Ошуроро метавон аз роҳи дур низ қироат кард.
Зиёратномаҳо аз назари замон ва мавриди истифода низ яксон нестанд. Баъзе, монанди зиёрати Арбаин, ба муносибате хонда мешаванд ё замони хоссе доранд;[6] дар ҳоле ки баъзеи дигар, монанди зиёрати Ҷомеаи кабира, дар замонҳои мухталиф барои зиёрати имомон (а) хонда мешаванд.[7] Ҳамчунин баъзе зиёратномаҳо барои зиёрати як шахсият ё имоми хоссе ҳастанд, аммо баъзе, монанди зиёрати Ҷомеаи кабира, барои зиёрати ҳамаи имомон (а) корбурд доранд.[8]
Мазмуни зиёратномаҳо танҳо ба салом ва изҳори иродат маҳдуд нест, балки дар онҳо усули эътиқодӣ, фазоил ва ҷойгоҳи Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) ва вазифаҳову арзишҳои динӣ баён шудааст. Иқомаи намоз, пардохти закот, ҷиҳод, амр ба маъруф ва пайравӣ аз суннат аз ҷумлаи арзишҳои матраҳшуда дар баъзе зиёратномаҳост ва дар муқобил, зулм ба Аҳли Байт (а), ёрии ситамгорон ва ҳамроҳӣ бо онон накӯҳиш шудааст.[9]
Аз зиёратномаҳои машҳур, салавоти хоссаи Имом Ризо (а) аст. Матни он чунин аст:
|
| Китоб | Муаллиф | Асри таълиф (ҳиҷрӣ) | Тавзеҳ |
|---|---|---|---|
| Комил-уз-зиёрот | Ибни Қӯлавайҳи Қумӣ | чаҳорум | Аз қадимтарин сарчашмаҳои шиа дар бораи зиёрат ва фазоилу одоби он. |
| ал-Мазор | Шайхи Муфид | панҷум | Аз осори марбут ба зиёрат ва одобу матнҳои зиёратӣ. |
| Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид | Шайхи Тӯсӣ | панҷум | Шомили аъмоли ибодӣ, дуоҳо ва зиёратномаҳо. |
| ал-Мазор-ул-кабир | Ибни Машҳадӣ | ҳафтум | Аз сарчашмаҳои муҳимми зиёрот ва матнҳои зиёратӣ. |
| Мисбоҳ-уз-зоир | Сайид ибни Товӯс | ҳафтум | Аз сарчашмаҳои марбут ба аъмоли зиёратӣ ва зиёратномаҳо. |
| ал-Балад-ул-амин | Иброҳими Кафъамӣ | нуҳум | Шомили дуоҳо, азкор ва баъзе матнҳои зиёратӣ. |
| Туҳфат-уз-зоир | Аллома Маҷлисӣ | ёздаҳум | Шомили дуоҳо ва зиёратномаҳо. |
| Биҳор-ул-анвор, ҷ.101, «Китоб-ул-мазор» | Аллома Маҷлисӣ | ёздаҳум | Махсуси зиёратномаҳои нақлшуда аз маъсумон. |
| Зод-ул-маод | Аллома Маҷлисӣ | ёздаҳум | Дорои 14 боб аст, ки боби ёздаҳуми он махсуси зиёроти Пайғамбари акрам (с) ва имомони шиа аст. |
| Мафотиҳ-ул-ҷинон | Шайх Аббоси Қумӣ | чордаҳум | Аз китобҳои дуоии шиа, ки бахше аз он махсуси зиёрат ва зиёратномаҳои маъсумон, имомзодагон ва баъзе бузургони шиа аст ва зиёратномаҳое барои Ҳамза, Салмони Форсӣ, ҳазрати Маъсума (с), Муслим ибни Ақил ва Ҳонӣ ибни Урва низ дар он нақл шудааст.[11] |
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Тӯсӣ, Таҳзиб, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.113.
- ↑ Ниг.: Тӯсӣ, Таҳзиб, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.113.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.113.
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260.
- ↑ Шамсуддин, Ансор-ул-Ҳусайн, 1407ҳ.қ., саҳ.155.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., саҳ.642
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., саҳ.487.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., саҳ.487.
- ↑ Фарозе аз зиёрати Ошуро.
- ↑ Ибни Қӯлавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.309; Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, тарҷумаи Илоҳии Қумшаӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.824.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., саҳ.420-777.
Сарчашма
- Ибни Қӯлавайҳ, Ҷаъфар, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, 1356ҳ.ш.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Балад-ул-амин, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1403ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Машъар, 1387ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маод - Мифтоҳ-ул-ҷинон, таъриб ва таълиқи Аллоуддин ал-Аъламӣ, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, Бейрут, 1423ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, мусаҳҳеҳ: Ҳасан Мусавии Хирсон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
- Шамсуддин, Муҳаммадмаҳдӣ, Ансор-ул-Ҳусайн, дироса ан шуҳадои саврат-ул-Ҳусайн, ар-риҷол ва-д-далолот, ал-Муассисат-ул-биъса, Теҳрон, 1407ҳ.қ.