Зиёратномаи ҳазрати Маъсума (с)

Зиёратномаи ҳазрати Маъсума (с) (форсӣ: زیارتنامه حضرت معصومه(س)) зиёратномае барои ҳазрати Маъсума (с) духтари Имом Мусои Козим (а), Имом ҳафтуми шиаён аст. Олимони шиа мақоми Фотимаи Маъсумаро бисёр баланд медонанд ва аҳамияти зиёде ба зиёрати ӯ медиҳанд. Тибқи ривояте аз Имом Ризо нақл шудааст, ҳар кас Фотимаи Маъсума (с)-ро зиёрат кунад, вориди биҳишт мешавад.
Зиёратномаи Фотимаи Маъсумаро Аллома Маҷлисӣ ба Имом Ризо (а) нисбат додааст. Ин зиёратнома дар китобҳои Биҳор-ул-анвор ва Туҳфат-уз-зоир, ҳар ду асари Аллома Маҷлисӣ, нақл шудааст. Дар иборае аз ин зиёратнома омадааст: «Йа Фотима, ишфаъӣ лӣ фи-л-ҷанна», ки ба мақоми шафоати Ҳазрати Маъсума (с) ишора мекунад. Бархе аз пажӯҳишгарон ба санад ва матни зиёратнома ишколоте ворид кардаанд; бо ин ҳол, олимони шиа онро аз боби тасоҳул дар адиллаи сунан мепазиранд.
Ҷойгоҳи ҳазрати Маъсума ва зиёрати ӯ

Олимони шиа ҷойгоҳи волое барои Фотимаи Маъсума қоиланд ва ривоятҳое дар хусуси манзалати ӯ ва аҳамияти зиёраташ нақл мекунанд. Барои мисол, Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор ба ҳадисе аз Имом Содиқ (а) пардохта, ки тибқи он, шиаён бо шафоати Ҳазрати Маъсума (с) ба биҳишт ворид мешаванд.[1]
Ибни Қулавайҳи Қумӣ, дар китоби Комил-уз-зиёрот, ду ривоят бар фазилати зиёрати Фотимаи Маъсума (с) нақл кардааст:
- Имом Ризо (а): «Ман зораҳо фалаҳ-ул-ҷанна; ҳар кас Фотимаи Маъсума (с)-ро зиёрат кунад, вориди биҳишт мешавад.»
- Имом Ҷавод (а): «Ман зора қабра амматӣ биқумма фалаҳ-ул-ҷанна; касе ки мазори аммаам дар Қумро зиёрат кунад, аҳли биҳишт аст.»[2]
Дар китоби Мавсуату зиёрот-ил-маъсумин алайҳимуссалом низ ба нақл аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки зиёрати ҳазрати Маъсума (с) муодили биҳишт аст.[3] Гуфтаанд ҳазрати Фотима (с) ва ҳазрати Маъсума ягона занонеанд, ки зиёратномаи маъсур (зиёратномае ки санади он ба маъсум мерасад) доранд.[4]
Матн ва тарҷумаи зиёратнома
Зиёратномаи ҳазрати Маъсумаро Аллома Маҷлисӣ дар китобҳои Зод-ул-маод, Биҳор-ул-анвор ва Туҳфат-уз-зоир, ба нақл аз Имом Ризо (а) ривоят кардааст.[5] Албатта ӯ дар Туҳфат-уз-зоир пас аз зикри зиёратнома, эҳтимол додааст ки матни он идомаи ҳадиси Имом Ризо набошад ва уламо онро афзуда бошанд.[6] Ривояти Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор ба ин шарҳ аст: дар баъзе аз китобҳои зиёрот дидам ки Алӣ ибни Иброҳим аз падараш ва ӯ аз Саъд ва ӯ аз Имом Ризо (а) чунин ривоят кардааст: Эй Саъд, қабре аз мо назди шумо ҳаст. Гуфтам фидоят шавам, қабри Фотима, духтари Имом Козим (а)-ро мегӯӣ? Посух дод: Оре. Ҳар кас ӯро зиёрат кунад, дар ҳоле ки ба ҷойгоҳаш огоҳ бошад, биҳишт барои ӯст. Вақте назди қабри он ҳазрат мерасӣ, болои сар, рӯ ба қибла ист ва 34 маротиба «Аллоҳу акбар» ва 33 маротиба «Субҳоналлоҳ» ва 33 маротиба «Алҳамдулиллоҳ» бигӯ. Он гоҳ бихон:[7]
السَّلامُ عَلَیٰ آدَمَ صِفْوَهِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیٰ نُوحٍ نَبِیِّ اللهِ، السَّلامُ عَلَی إِبْراهِیمَ خَلِیلِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیٰ مُوسَیٰ کَلِیمِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیٰ عِیسیٰ رُوحِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا رَسُولَ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا خَیْرَ خَلْقِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا صَفِیَّ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا مُحَمَّدَ بْنَ عَبْدِاللهِ خاتَمَ النَّبِیِّینَ،
السَّلامُ عَلَیْکَ یَا أَمِیرَ الْمُؤْمِنِینَ عَلِیَّ بْنَ أَبِی طالِبٍ وَصِیَّ رَسُولِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا فاطِمَهُ سَیِّدَهَ نِساءِ الْعالَمِینَ، السَّلامُ عَلَیْکُما یَا سِبْطَیْ نَبِیِّ الرَّحْمَهِ وَسَیِّدَیْ شَبابِ أَهْلِ الْجَّنَهِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا عَلِیَّ بْنَ الْحُسَیْنِ سِیِّدَ الْعابِدِینَ وَقُرَّهَ عَیْنِ النَّاظِرِینَ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا مُحَمَّدَ بْنَ عَلِیٍّ باقِرَ الْعِلْمِ بَعْدَ النَّبِیِّ؛
السَّلامُ عَلَیْکَ یَا جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ الصَّادِقَ الْبارَّ الْأَمِینَ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا مُوسَی بْنَ جَعْفَرٍ الطَّاهِرَ الطُّهْرِ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا عَلِیَّ بْنَ مُوسَی الرِّضَا الْمُرْتَضیٰ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا مُحَمَّدَ بْنَ عَلِیٍّ التَّقِیَّ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا عَلِیَّ بْنَ مُحَمَّدٍ النَّقِیَّ النَّاصِحَ الْأَمِینَ، السَّلامُ عَلَیْکَ یَا حَسَنَ بْنَ عَلِیٍّ، السَّلامُ عَلَی الْوَصِیِّ مِنْ بَعْدِهِ.
اللّٰهُمَّ صَلِّ عَلَیٰ نُورِکَ وَسِراجِکَ، وَوَلِیِّ وَلِیِّکَ، وَوَصِیِّ وَصِیِّکَ، وَحُجَّتِکَ عَلَیٰ خَلْقِکَ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا بِنْتَ رَسُولِ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا بِنْتَ فاطِمَهَ وَخَدِیجَهَ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا بِنْتَ أَمِیرِ الْمُؤْمِنِینَ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا بِنْتَ الْحَسَنِ وَالْحُسَیْنِ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا بِنْتَ وَلِیِّ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا أُخْتَ وَلِیِّ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا عَمَّهَ وَلِیِّ اللهِ، السَّلامُ عَلَیْکِ یَا بِنْتَ مُوسَی بْنِ جَعْفَرٍ وَرَحْمَهُ اللهِ وَبَرَکاتُهُ؛
السَّلامُ عَلَیْکِ عَرَّفَ اللهُ بَیْنَنا وَبَیْنَکُمْ فِی الْجَنَّهِ، وَحَشَرَنا فِی زُمْرَتِکُمْ، وَأَوْرَدَنا حَوْضَ نَبِیِّکُمْ، وَسَقَانا بِکَأْسِ جَدِّکُمْ مِنْ یَدِ عَلِیِّ بْنِ أَبِی طالِبٍ صَلَواتُ اللهِ عَلَیْکُمْ، أَسْأَلُ اللهَ أَنْ یُرِیَنا فِیکُمُ السُّرُورَ وَالْفَرَجَ، وَأَنْ یَجْمَعَنا وِإِیَّاکُمْ فِی زُمْرَهِ جَدِّکُمْ مُحَمَّدٍ صَلَّی اللهُ عَلَیْهِ وَآلِهِ، وَأَنْ لَایَسْلُبَنا مَعْرِفَتَکُمْ إِنَّهُ وَلِیٌّ قَدِیرٌ،
أَتَقَرَّبُ إِلَی اللهِ بِحُبِّکُمْ، وَالْبَراءَهِ مِنْ أَعْدائِکُمْ، وَالتَّسْلِیمِ إِلَی اللهِ راضِیاً بِهِ غَیْرَ مُنْکِرٍ وَلَا مُسْتَکْبِرٍ، وَعَلَیٰ یَقِینِ مَا أَتیٰ بِهِ مُحَمَّدٌ وَبِهِ راضٍ، نَطْلُبُ بِذٰلِکَ وَجْهَکَ یَا سَیِّدِی اللّٰهُمَّ وَرِضاکَ وَالدَّارَ الْآخِرَهَ، یَا فاطِمَهُ اشْفَعِی لِی فِی الْجَنَّهِ فَإِنَّ لَکِ عِنْدَ اللهِ شَأْناً مِنَ الشَّأْنِ.
اللّٰهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُکَ أَنْ تَخْتِمَ لِی بِالسَّعادَهِ فَلَا تَسْلُبْ مِنِّی مَا أَنَا فِیهِ، وَلَا حَوْلَ وَلَا قُوَّهَ إِلّا بِاللهِ الْعَلِیِّ الْعَظِیمِ . اللّٰهُمَّ اسْتَجِبْ لَنا وَتَقَبَّلْهُ بِکَرَمِکَ وَعِزَّتِکَ وَبِرَحْمَتِکَ وَعافِیَتِکَ، وَصَلَّی اللهُ عَلَیٰ مُحَمَّدٍ وَآلِهِ أَجْمَعِینَ وَسَلَّمَ تَسْلِیماً یَا أَرْحَمَ الرَّاحِمِینَ.
Салом бар Одам баргузидаи Худо, салом бар Нӯҳ пайғамбари Худо, салом бар Иброҳим дӯстдори Худо, салом бар Мӯсо ҳамсуҳбати Худо, салом бар Исо рӯҳи Худо, салом бар ту эй Расули Худо, салом бар ту эй беҳтарин махлуқи Худо, салом бар ту эй баргузидаи Худо, салом бар ту эй Муҳаммад ибни Абдуллоҳ - хотами пайғамбарон,
Салом бар ту эй Амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб, васии Расули Худо, салом бар ту эй Фотима, сарвари занони ҷаҳониён, салом бар шумо эй ду набераи Пайғамбари раҳмат ва ду сарвари ҷавонони аҳли биҳишт, салом бар ту эй Алӣ ибни Ҳусайн, сарвари ибодаткунандагон ва равшании чашми бинандагон, салом бар ту эй Муҳаммад ибни Алӣ, шахсе, ки донишро пас аз Пайғамбар ошкор кард;
Салом бар ту эй Ҷаъфар ибни Муҳаммад, ростгӯи некӯкор ва амин, салом бар ту эй Мӯсо ибни Ҷаъфар, имоми пок ва покиза, салом бар ту эй Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо, имоми писандида, салом бар ту эй Муҳаммад ибни Алӣ ат-Тақӣ, салом бар ту эй Алӣ ибни Муҳаммад ан-Нақӣ, насиҳатгари амин, салом бар ту эй Ҳасан ибни Алӣ, салом бар васии пас аз ӯ.
Эй Худо, дуруду баракат фирист бар нуру чароғат ва бар валийи валият ва васийи васият ва ҳуҷҷати Ту бар махлуқонат. Салом бар ту эй духтари Расули Худо, салом бар ту эй духтари Фотима ва Хадиҷа, салом бар ту эй духтари Амири муъминон, салом бар ту эй духтари Ҳасан ва Ҳусайн, салом бар ту эй духтари валийи Худо, салом бар ту эй хоҳари валийи Худо, салом бар ту эй аммаи валийи Худо, салом ва раҳмату баракати Худо бар ту эй духтари Мӯсо ибни Ҷаъфар;
Салом бар ту, Худо миёни мо ва шумо дар биҳишт шиносоӣ барқарор кунад ва моро дар гурӯҳи шумо ҷамъ оварад ва ба ҳавзи Пайғамбари шумо ворид созад ва моро бо ҷоми ҷадди шумо аз дасти Алӣ ибни Абитолиб сероб гардонад. Дуруди Худо бар шумо бод. Аз Худо хоҳиш дорам, ки шодӣ ва кушоишро дар бораи шумо ба мо нишон диҳад ва моро бо шумо дар гурӯҳи ҷадди шумо Муҳаммад (дуруди Худо бар ӯ ва хонадонаш) ҷамъ оварад ва шинохти шуморо аз мо нагирад. Ҳаққо ки Ӯ сарпарасти тавоност.
Ба даргоҳи Худо бо муҳаббати шумо ва безорӣ аз душманони шумо ва таслим шудан ба Худо наздикӣ меҷӯям, дар ҳолати ризоият, бе инкор ва бе кибр ва бо яқин ба он чи Муҳаммад овардааст ва ба он розиям. Бо ин корҳо рӯи Ту, эй Парвардигори ман ва ризоияту сарои охиратро мехоҳам. Эй Фотима, дар биҳишт барои ман шафоат кун, зеро ки ту назди Худо мақоме аз мақомҳои бузург дорӣ.
Эй Худо, аз Ту хоҳиш мекунам, ки анҷоми корамро бо саодат хотима бахшӣ ва он чиро, ки дар он ҳастам, аз ман нагирӣ. Ва ҳеҷ нерӯву тавон нест магар аз они Худои баландмартабаи бузург. Эй Худо, дуои моро иҷобат кун ва онро бо караму иззатат ва бо раҳмату офиятат бипазир. Ва дуруди Худо бар Муҳаммад ва тамоми хонадонаш ва бар онҳо салом бод; саломе комил, эй меҳрубонтарини меҳрубонҳо.
Шафоати Фотимаи Маъсума (с)
Дар зиёратномаи ҳазрати Маъсума (с) ки Аллома Маҷлисӣ онро дар китоби Биҳор-ул-анвор нақл кардааст, ин ибора ҳаст: «Йа Фотима, ишфаъӣ лӣ фӣ-л-ҷанна, фаинна лаки индаллоҳи шаънан минаш-шаън; Эй Фотима, дар биҳишт маро шафоат кун. Ба дурустӣ ки ту назди Худо мақоме баланд дорӣ.» Дар баёни мақоми Ҳазрати Маъсума (с) ва шафеъ будани ӯ, аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст: «Худо ҳараме дорад ки Макка аст. Пайғамбараш ҳам ҳараме дорад ки Мадина аст. Амирулмуъминин ҳам ҳараме дорад ки Кӯфа аст. Қум Кӯфаи кучак аст. Огоҳ бошед ки биҳишт ҳашт дар дорад, ки се дар аз онҳо ба рӯи Қум боз аст ва бонуе аз фарзандони ман дар он ҷо дафн хоҳад шуд, ки Фотима духтари Мусо (а) ном дорад ва бо шафоати ӯ ҳамаи шиаён вориди биҳишт мешаванд.»[8]
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлиди шиа, бо истинод ба ин ҳадис гуфта доираи шафоат мутаносиб бо доираи мақом ва шахсият аст. Ҳарчи мақом волотар бошад, доираи шафоат низ густардатар аст. Вақте Имом Содиқ (а) мегӯяд: «Бо шафоати Фотимаи Маъсума, ҳамаи шиаён вориди биҳишт мешаванд», маълум мешавад Фотимаи Маъсума (с) мақоми бисёр азиме шабеҳи исмат дорад, ки бар асари маориф ва тақвои боло насиби ӯ шудааст.[9]
Эътибори зиёратнома
Дар санад ва матни зиёратномаи ҳазрати Маъсума ишколоте ворид шудааст:
Баррасии санад
Аллома Маҷлисӣ зиёратномаи ҳазрати Маъсумаро аз Алӣ ибни Иброҳим, ӯ аз падараш Иброҳими ибни Ҳошим, ӯ аз Саъд ибни Саъди Ашъарӣ ва ӯ аз Алӣ ибни Мусои Ризо (а) нақл кардааст.[10] Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор[11] ва китоби Туҳфат-уз-зоир[12] китобе ки ин зиёратномаро аз он нақл кардааст, ном набурда[13] ва танҳо гуфта ин зиёратномаро дар бархе аз китобҳои дарбардорандаи зиёратҳо дидаам.[14] Бо ин ҳол, дар Туҳфат-уз-зоир, санади зиёратномаро ҳасан хондааст.[15] Шайх Аббоси Қумӣ ҳам дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон ин зиёратномаро аз Аллома Маҷлисӣ нақл кардааст.[16]

Ба эътиқоди пажӯҳишгарони ҳадис, зикр нашудани сарчашмаи аслӣ, нуқтаи заъфест ки метавон ба ин ривоят ворид донист.[17] Албатта Алӣ ибни Иброҳим соҳиби китоби Тафсири Қумӣ, мавриди эътимоди олимони илми риҷол, хусусан Наҷошӣ, буда[18] ва Кулайнӣ аз ӯ нақли ривоят кардааст.[19] Оламоне чун Сайид ибни Тавус ва Абулқосими Хӯӣ ҳам бар висоқати Иброҳими ибни Ҳошим таъкид карда ва ӯро мавриди эътимод донистаанд.[20] Аммо дар иртибот бо нақл шудани ин зиёратнома аз Саъд ва нақли ӯ аз Имом Ризо (а), олимони илми риҷол ибҳомоте ворид карда ва бархе аз ишколоти риҷолиро ворид донистаанд.[21]
Баррасии матн
Бархе аз муҳаққиқон дар матни зиёратнома ва бархе аз фарозҳои он ишколоте ворид карда ва гуфтаанд[22] чаро дар фарозҳои поёнии зиёратнома, хитобҳо иваз мешаванд? Ба унвони мисол, бо оварда шудани ибораи «Натлубу бизолика ваҷҳака йа сайидӣ» хитоби зиёратнома аз ҳазрати Маъсума (с) ба Пайғамбар (с) тағйир мекунад ва сипас бо омадани ибораи «Аллоҳумма ва ризока ва-д-доар ал-охира» хитоб ба самти Худованд мешавад ва дубора бо баёни ибораи «Йа Фотима ишфаъӣ лӣ фи-л-ҷанна, фаинна лаки индаллоҳи шаънан мин-аш-шаън» хитоби зиёратнома ба ҳазрати Маъсума (с) бозмегардад.[23]
Бо вуҷуди ишколоти санадӣ ва матнӣ ба ин зиёратнома, бархе онро аз боби тасоҳул дар адиллаи сунан пазируфтаанд.[24] Тибқи қоидаи тасоҳул, диққат ва муноқиша дар дурустии асноди дуоҳо ва мустаҳаббот, танҳо ҷанбаи илмӣ ва таҳқиқӣ дорад ва дар амал, агар касе ин зиёратномаро ба умеди судур аз маъсум (а) ва дастёбӣ ба мазмуни саҳеҳ ва баланди он бихонад, қатъан амали матлуб ва мақбул анҷом додааст.[25]
Зиёратномаҳои ғайри машҳур
Бархе аз олимони шиа, зиёратномаҳои дигаре барои ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) нақл кардаанд ки ба маъсум (а) нисбат дода нашудааст.[26] Илова бар ин, Аллома Маҷлисӣ дар китоби Биҳор-ул-анвор, ба нақл аз китоби ал-Мазор, навиштаи Шайх Муфид, зиёратномаи дигареро низ дар хусуси ҳазрати Маъсума (с) нақл кардааст.[27]
Такнигорӣ
Китобҳое дар шарҳи зиёратномаи ҳазрати Маъсума (с) навишта шудааст; аз ҷумла:
- Равоқи исмат; шарҳе бар зиёратномаи ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), асари Алӣ Ҳусайнӣ, Қум, интишороти Зоири остонаи муқаддаса, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Шарҳи зиёрати бузурги бонуи каромат: шарҳи зиёратномаи ҳазрати Фотимаи Маъсума алайҳоссалом, ба қалами Ғуломалӣ Сафоии Бушеҳрӣ, Қум, интишороти Зоири остонаи муқаддаса, чопи аввал, 1402ҳ.ш.
Эзоҳ
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.267.
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.324.
- ↑ Муассисаи Имом Ҳодӣ (а), Мавсуату зиёрот-ил-маъсумин алайҳимуссалом, 1426ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.225.
- ↑ Маҳдипур, Каримаи Аҳли Байт (с), 1380ҳ.ш., саҳ.126.
- ↑ Ниг.: Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.547–548; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.266–267; Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.664.
- ↑ Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.666.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.266–267.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.57, саҳ.228.
- ↑ Озод, «Зиёрати орифона; тавсияҳои олимона (бо меҳварияти зиёрати ҳазрати Маъсума (с))», саҳ.15.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.265 ва 266.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.266.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.664.
- ↑ Мақиса, «Пажӯҳише дар зиёратномаи Фотимаи Маъсума (а)», саҳ.55.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.265 ва 266.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.664.
- ↑ Қумӣ, Кулиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, бахши «Зиёроти имомзодагони изом».
- ↑ Мақиса, «Пажӯҳише дар зиёратномаи Фотимаи Маъсума (а)», саҳ.55.
- ↑ Донишвар, «Суфоришоти зиёрати ҳазрати Маъсума (с)», саҳ.30.
- ↑ Донишвар, «Суфоришоти зиёрати ҳазрати Маъсума (с)», саҳ.30.
- ↑ Донишвар, «Суфоришоти зиёрати ҳазрати Маъсума (с)», саҳ.30.
- ↑ Мақиса, «Пажӯҳише дар зиёратномаи Фотимаи Маъсума (а)», саҳ.55–56; «نگاهی به زیارت نامه حضرت معصومه سلام الله علیها», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
- ↑ Мақиса, «Пажӯҳише дар зиёратномаи Фотимаи Маъсума (а)», саҳ.56.
- ↑ Мақиса, «Пажӯҳише дар зиёратномаи Фотимаи Маъсума (а)», саҳ.56.
- ↑ «نگاهی به زیارت نامه حضرت معصومه سلام الله علیها», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
- ↑ Мақиса, «Пажӯҳише дар зиёратномаи Фотимаи Маъсума (а)», саҳ.56.
- ↑ Маҳдипур, Зиндагии Каримаи Аҳли Байт Алайҳимуссалом, 1392ҳ.ш., саҳ.161.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.273.
Сарчашма
- Донишвар, Ҳодӣ, «سفارشات زیارت حضرت معصومه(س)», дар маҷаллаи Фарҳанги Кавсар, №35, баҳмани 1378ҳ.ш.
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дори Муртазавия, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
- Мақиса, Ҳусайн, «پژوهشی در زیارتنامه فاطمه معصومه(ع)», дар маҷаллаи Фарҳанги Кавсар, №25, фарвардини 1378ҳ.ш.
- Маҳдипур, Алиакбар, Зиндагии Каримаи Аҳли Байт Алайҳимуссалом, Теҳрон, Ороми дил, 1392ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеа ли-дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маод, тасҳеҳ: Алоуддини Аъламӣ, Байрут, Муассисаи Аъламӣ ли-л-матбуот, 1423ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Туҳфат-уз-зоир, Қум, Паёми Имом Ҳодӣ (а), 1386ҳ.ш.
- Муассисаи Имом Ҳодӣ (а), Мавсуату зиёрот-ил-маъсумин алайҳимуссалом, Қум, Паёми Имом Ҳодӣ (а), 1426ҳ.қ.
- Озод, Аббос, «زیارت عارفانه؛ توصیه های عالمانه(با محوریت زیارت حضرت معصومه سلام الله علیها)», дар маҷаллаи Мубаллиғон, №234, озар ва дайи 1397ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Кулиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, бахши «Зиёроти имомзодагони изом».
- «نگاهی به زیارت نامه حضرت معصومه سلام الله علیها», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, гуфтугӯ бо Ҳасан Рамазонии Хуросонӣ, санаи нашр: 30 тир 1399ҳ.ш., санаи боздид: 12 тир 1403ҳ.ш.
- «نگاهی به زیارت نامه حضرت معصومه سلام الله علیها», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи нашр: 30 тири 1399ҳ.ш., санаи боздид: 19 тири 1403ҳ.ш.