Ғусли ҷанобат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ғусли ҷинобат)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ғусли ҷанобат (арабӣ: غسل الجنابة) ғусле аст ки ба сабаби ҷанобат анҷом мешавад. Ин ғусл ба худии худ воҷиб нест аммо барои анҷоми аъмоли воҷибе ки дар онҳо таҳорат шарт аст, монанди намоз воҷиб мешавад. Ғусли ҷанобат ҳамчун дигар ғуслҳо ба шеваи тартибӣ ва иртимосӣ анҷом мешавад; дар шеваи тартибӣ нахуст сару гардан, пас аз он самти рости бадан ва сипас самти чапи он шуста мешавад. Ғусли ҷанобат барои вузӯ ҳам кифоят мекунад.

Ҷанобат

Мақолаи аслӣ: Ҷанобат

Ғусли ҷанобат яке аз ғуслҳои воҷиб дар дини Ислом аст.[1] Аз ин ғусл ва аҳкоми он дар китобҳои ривоӣ,[2] фиқҳӣ[3] ва рисолаҳои амалия[4] баҳс мешавад.

Инсон ба сабаби хориҷ шудан манӣ (дар хоб ё бедорӣ) ё омезиш (ҳатто агар манӣ хориҷ нашавад) ҷунуб мешавад.[5] Аз назари фақеҳон, анҷоми бархе аз аъмоли ибодӣ бар ҷунуб, макруҳ ё ҳаром аст ва бо анҷоми ғусли ҷанобат ҳурмат ва кароҳат онҳо бардошта мешавад.[6] Ба унвони намунаи намоз хондан, таваққуф дар масоҷид, хондани сураҳои саҷдадор ва ламси хатти Қуръон ва номи имомон бар ҷунуб ҳаром аст.[7] Ҳамчунин хӯрдан ва ошомидан, қироат беш аз ҳафт оят аз Қуръон, ламси ҷилди Қуръон, ҳузур назди муҳтазар ва... бар ҷунуб макруҳ аст.[8] Албатта бархе аз ин кароҳатҳо, бо вузуъ низ бартараф мешавад.[9]

Оё фавран пас аз ҷанобат бояд ғусл кард?

Ба фатвои фақиҳон, ғусли ҷанобат вуҷуби ғайрӣ дорад;[10] яъне ба худии худ мустаҳаб аст на воҷиб.[11] Аммо барои анҷоми аъмоли воҷибе, ки таҳорат дар онҳо шарт аст,[12] ҳамчун намоз воҷиб мешавад.[13] Ҳамчунин аз назари фақиҳон, ғусли ҷанобат аз воҷибот мувассаъ аст; аз ин рӯ метавон онро то замони анҷоми воҷиб ба таъхир андохт.[14]

Дурустии рӯза гирифтани ҷунуб вобаста ба ғусли ҷанобат

Мақолаи аслӣ: Бақо бар ҷанобат

Касе ки дар моҳи рамазон ҷунуб шуда, бояд қабл аз азони субҳ ғусли ҷанобат кунад; агар қасдан то қабл аз азони субҳ ғусл накунад, рӯзааш ботил аст ва бояд қазои онро бигирад ва каффора ҳам бипардозад.[15]

Чигунагии анҷоми ғусли ҷанобат

Мақолаи аслӣ: Ғусл

Ғусли ҷанобат монанди ғуслҳои дигар ба сурати тартибӣ ва иртимосӣ анҷом мегирад.[16] Дар шеваи тартибӣ ибтидо сару гардан, сипас самти рост ва баъд самти чапи бадан шуста мешавад.[17] Дар ғусли иртимосӣ якбора тамоми баданро дар об фурӯ мебаранд; албатта дар иртимосӣ бояд тамоми бадан дар як лаҳза зери об қарор гирад.[18]

Одоби ғусли ҷанобат

  • Дар сурате, ки ҷанобат ба сабаби хориҷ шудани манӣ бошад, ба фатвои фақиҳон, қабл аз анҷоми ғусл, идрор кардан мустаҳаб аст.[19]
  • Шустани дастҳо, мазмаза ва истиншоқ қабл аз ғусл ва гуфтани бисмиллоҳ ва хондани дуоҳои воридшуда ҳангоми ғусл мустаҳаб аст.[20]

Кифояти ғусли ҷанобат аз вузуъ

Ба назари фақеҳони шиа ғусли ҷанобат аз вузуъ кифоят мекунад.[21] Машҳури фақеҳон бо анҷоми ғусли ҷанобат, вузуъ гирифтанро машруъ намедонанд.[22] Албатта ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ, Шайхи Тӯсӣ бар хилофи дигар уламо ба истиҳбоби вузӯи ҳамроҳ бо ғусли ҷанобат фатво додааст.[23]

Агар дар ҳангоми анҷоми ғусли ҷанобат, аз инсон ҳадси асғар (яке аз мубтилоти вузӯ) монанди идрору боди меъда сар бизанад, фақиҳон дар ин ки ғусл ботил аст ё саҳеҳ ихтилофи назар доранд; дар фарзи саҳеҳ будани ғусл, дар ин ки кифояти ин ғусл аз вузӯ низ ихтилофи назар доранд.[24] Ба фатвои Сайид Муҳаммадкозим Таботабоӣ Яздӣ ғусл ботил намешавад аммо бояд вузӯ бигирад.[25]

Фалсафаи ғусли ҷанобат

Бар пояи ривоёте, ки дар Илал-уш-шароеъ нақл шуда иллати вуҷуби ғусли ҷанобат, назофату татҳири бадан аз наҷосат зикр шудааст чароки ҷанобат аз тамоми бадан хориҷ мешавад, барои ҳамин бояд тамоми бадан шуста шавад.[26] Ҳамчунин дар Тафсири намуна омадааст: тибқи таҳқиқоти донишмандон, дар бадани инсон ду силсила асабҳои наботӣ вуҷуд дорад, ки фаъолиятҳои баданро кантрол мекунанд. Ҳангоми оргазм (авҷи лиззати ҷинсӣ), таъодули ин ду ба ҳам мехӯрад. Бинобар таҳқиқоти илмӣ, тамоси бадан бо об метавонад ин таъодулро баргардонад ва аз он ҷо ки таъсири «оргазм» рӯй тамоми аъзоӣ бадан аст дастур дода шуда, ки пас аз ҷанобат тамоми бадан шуста шавад.[27]

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493
  2. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Муассисату Ол-ил-Байт, ҷ.2, саҳ.273 ба баъд
  3. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.521
  4. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.208
  5. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.496 - 499
  6. Ниг.: Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.507
  7. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., саҳ.507 - 509
  8. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.520
  9. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.520
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.46
  11. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.521
  12. Муассисаи доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.558
  13. Ниг.: Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.521
  14. Ниг.: Ибни Идрис, Мавсуъату Ибни Идрис ал-Ҳиллӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.111
  15. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.563
  16. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.522 - 523
  17. Ҳаким, Мустамсак-ул-Урва, 1968м, ҷ.3, саҳ.79
  18. Ҳаким, Мустамсак-ул-Урва, 1968м, ҷ.3, саҳ.85 - 86
  19. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.108
  20. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.541 - 542
  21. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.131; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.240
  22. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.240
  23. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340
  24. Ниг.: Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.547
  25. Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.547
  26. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, ал-Мактабат-ул-ҳайдарияти ва матбаъатаҳо фи-н-Наҷаф, ҷ.1, саҳ.281
  27. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.292 - 294

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиати фи аҳком-иш-шариъа, ба кӯшиши Марказ-ул-абҳоси ва-д-диросот-ил-исломия, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1381ҳ.ш.
  • Ибни Идрис, Мавсуъату Ибни Идрис ал-Ҳиллӣ, Қум, Далели мо, 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чоп: сию дувум, 1374ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, ал-Мактабат-ул-ҳайдарияти ва матбаъатаҳо фи-н-Наҷаф, бе то.
  • Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (ҷ1), Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (ҷ3), Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоби ал-Хилоф, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, бе то.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, Наҷаф, бе но, 1968м.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисату Ол-ил-Байти алайҳимуссалом ли эҳё-ит-турос, бе то.