Изолаи наҷосат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Татҳири наҷосат)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Изолаи наҷосат (форсӣ: اِزاله نجاست) ба маънои бартараф кардани наҷосат аст. Изолаи наҷосат аз бадан ва либоси намозгузор, тавофкунанда, мавзеи саҷда, масҷид, Қуръон, ҳарами имомон (а), бадан ва кафани майит ва аъзои вузу ва ғусл, воҷиб аст, аммо қасди қурбат дар он шарт нест.

Бино ба назари машҳури фуқаҳои шиа изолаи наҷосат аз бадани ҳайвон, яке аз мутаҳҳирот аст ва ҷое, ки бадани ҳайвоне ба наҷас олуда шавад, бо бартараф кардани наҷосат, бадани ҳайвон пок мешавад.

Мафҳумшиносӣ ва аҳамият

Изолаи наҷосат, ба маънои бартараф кардани наҷосат, аз чизе аст, ки дар тамос бо яке аз наҷосоти даҳгона (хун, идрор, мадфуъ, манӣ, мурдор, саг, хук, кофир, шароб ва фуқоъ) ё дар тамос бо шайъи мутанаҷҷис (чизе ки дар тамос бо наҷосат, наҷас шудааст), наҷас шудааст.[1]

Аз изолаи наҷосат бештар дар бобҳои таҳорат ва салот сухан гуфта шудааст.[2] Ва дар анҷоми он, қасди қурбат шарт нест.[3]

Изолаи наҷосат бо яке аз мутаҳҳирот монанди об, замин ва офтоб анҷом мешавад.[4] Ҳамчунин бинобар назари машҳури фуқаҳои шиа, бадани ҳайвоне, ки дар тамос бо наҷосат ё мутанаҷҷис наҷас шудааст, бо изолаи айни наҷосат аз он, пок мешавад.[5]

Аҳком

Изолаи наҷосат аз ҳар чизе ки дар маърази истифода ва истеъмол аст амре матлуб аст[6] ва дар мавориде низ воҷиб аст, монанди:

  • Масҷид: изолаи наҷосат аз масҷид воҷиби фаврист[7] ва ба таъхир андохтани он ҷоиз нест.[8] Аз ин рӯ, дар сурати тазоҳум бо воҷиботи дигаре монанди намози вақтдор, бар онҳо муқаддам мешавад.[9] Ба фатвои фуқаҳои шиа, изолаи наҷосат аз масҷид воҷиби кифоӣ аст.[10] Ва ба касе ки масҷидро наҷас кардааст, ихтисос надорад, балки бар ҳама воҷиб аст.[11] Мустанади бархе аз фуқаҳо дар ҳукми вуҷуби изола аз масоҷид, ояти «Ҳамоно мушрикон наҷас ҳастанд, пас набояд ба Масҷидулҳаром наздик шаванд!»[12] аст. Гуфтаанд, ки дар ин ҳукм, байни Масҷидулҳаром ва масоҷиди дигар фарқе нест.[13]
  • Мавзеи саҷда: бино ба назари машҳур, изолаи наҷосат аз мавзеи саҷда (ҷое, ки намозгузор пешониашро бар он мегузорад) аз шароити дурустии намоз аст.[14] Абусалоҳи Ҳалабӣ аз фуқаҳои шиа, изолаи наҷосат аз мавозеъи ҳафтгонаи саҷдаро воҷиб донистааст.[15]
  • Намоз: изолаи наҷосат аз бадан, ҳатто нохуну мӯ ва аз либос барои намоз, воҷиб буда ва аз шароити сиҳҳат ва дурустии намоз аст.[16] Ҳамчунин дар намози эҳтиёт, қазо, ташаҳҳуд ва маҳали саҷда ва низ саҷдаи саҳв изолаи наҷосат аз бадану либос воҷиб аст.[17]
  • Тавоф: тавоф бо либос ва бадани наҷас ҷоиз нест, аз ин рӯ, изолаи наҷосат аз онҳо бар муҳрим воҷиб аст.[18] Бино ба гуфтаи Юсуфи Баҳронӣ, Ибни Ҳамза аз фуқаҳои шиа, тавоф дар либос ва бадани наҷасро макрӯҳ донистааст.[19]
  • Қуръон ва зиёратгоҳи имомон (а): изолаи наҷосат аз Қуръон, зиёратгоҳи имомон (а) ва ҳар чизе ки дар дини Ислом таъзим шуда ва аз иҳонат ва таҳқири он наҳй шуда, воҷиб аст.[20]
  • Бадан ва кафани майит: изолаи наҷосат аз бадани майит ва кафани наҷасшудаи ӯ, ҳатто агар дар қабр гузошта шуда бошад, воҷиб аст.[21] Ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, Муҳаққиқи Ардабилӣ изолаи наҷосат аз бадани майит қабл аз дафнро воҷиб донистааст.[22]
  • Аъзои вузӯъ ва ғусл: бартараф кардани наҷосат аз аъзои вузу ва ғусл воҷиб аст.[23] Чароки таҳорати аъзои вузу ва ғусл аз шароити сиҳҳати вузӯъ ва ғусл аст.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба муассисаи доиратулмаорифи фиқҳул-исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан лимазҳаби Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.289.
  2. Муассисаи доиратулмаорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, ҷ.1, саҳ.388.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.93.
  4. Муассисаи доиратулмаорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.389.
  5. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287; Ғаравӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.216.
  6. Нигоҳ кунед ба муассисаи доиратулмаорифи фиқҳул-исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан лимазҳаби Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.289.
  7. Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, 1403.қ, ҷ.1, саҳ.325; Фақиҳ Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, 1376ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.56.
  8. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.97.
  9. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.197.
  10. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.86.
  11. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
  12. Сураи Тавба, ояти 28.
  13. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493.
  14. Шаҳиди Аввал, аз-Зикро, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.14; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.491.
  15. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403.қ, ҷ.1, саҳ.140.
  16. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  17. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  18. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.16, саҳ.86.
  19. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.16, саҳ.87.
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.99.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.251.
  22. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.251.
  23. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.101.
  24. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, муассисаи ан-Нашрулисломӣ аттобеъа лиҷамоъатилмударрисин, бе то.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи доиратулмаорифи ал-фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳул-исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан лимазҳаби Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳул-исломӣ, 1387ҳ.ш./1429ҳ.қ./2008м.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, маркази интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи чаҳорум, 1370ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1403.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Ғаравии Табрезӣ, Алӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, Қум, интишороти Лутфӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1391ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Абусалоҳ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, Исфаҳон, мактабат-ул-Имом Амирулмуъминин (а), чопи аввал, 1403.қ.
  • Ҳамадонӣ, Оқоризо, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, Қум, алмуассисатул-Ҷаъфария ли эҳёилтурос, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.474.