Jump to content

Раҷо ибни Абизаҳҳок

Аз wikishia
Раҷо ибни Абизаҳҳок
Санаи вафотСоли 226 ҳиҷрӣ
ХешовандонФазл ибни Саҳл
ФаолиятҳоКорманди ҳукумати Аббосиён • масъули Девони хироҷ
Шинохташуда бароиМаъмурияти ҳамроҳии Имом Ризо (а) аз Мадина ба Марв


Раҷо ибни Абизаҳҳок (форсӣ: رَجاء بن ابی‌ضَحّاک) маъмури ҳамроҳии Имом Ризо (а) аз Мадина ба Марв буд. Ӯ дар тӯли сафар, рафтори Имом Ризо (а)-ро зери назар дошт ва гузоришҳое дар ин замина ба Маъмун додааст. Ӯ аз давлатмардони Аббосиён аст, ки дар замони ҳукумати халифаҳо чун Маъмуни Аббосӣ, Муътасим ва Восиқ масъулиятҳое чун девони хироҷро бар ӯҳда дошт.

Муаррифии иҷмолӣ

Раҷо ибни Абизаҳҳок аз давлатмардони Аббосиён аст, ки дар замони Маъмун, Муътасим ва Восиқ масъулиятҳое бар ӯҳда дошт. Раҷо аз аҳли Ҷарҷароё (мантиқае миёни Васит ва Бағдод буда, ки аз байн рафтааст.[1]) буд[2] ва бо Фазл ибни Саҳл, вазири Маъмун, хешованд буд.[3] Ӯ бо Муҳаммад ибни Ҷаъфар, мулаққаб ба Дибоҷ, даргириҳое доштааст.[4]

Аз таърихи таваллуди Раҷо ибни Абизаҳҳок иттилооте дар даст нест; аммо таърихи вафоти ӯро соли 226 қамарӣ зикр кардаанд.[5] Ӯ пас аз ихтилофот ва муҷодалаҳое, ки бо Алӣ ибни Исҳоқ, масъули таъмини лашкари Димишқ, пайдо кард, ба дасти ӯ кушта шуд.[6] Баъдан писараш Ҳасан ба масъулиятҳое дар ҳукумати Аббосиён расид.[7]

Маъмури ҳамроҳии Имом Ризо (а) аз Мадина то Марв


Раҷо аз сӯи Маъмун маъмур шуд, то Имом Ризо (а)-ро дар сафар ба Марв ҳамроҳӣ кунад.[8] Дар бархе гузоришҳо ӯ маъмур шуд, то толибиёни дигарро низ ҳамроҳ бо Алӣ ибни Мӯсо (а) аз Мадина ба Марв бибарад.[9]

Ӯ дар тӯли сафар, рафторҳои Имом Ризо (а)-ро зери назар гирифт ва гузорише дар ин замина ба Маъмун дод; гузориши ӯ аз ибодати Имом дар сафар дар манбаъҳои ривоии шиа инъикос ёфтааст.[10] Бар асоси он чи аз Абуҳошими Ҷаъфарӣ нақл шудааст, ҳангоме ки дар Аҳвоз, ки кароматҳое аз Имом Ризо (а) содир шуд, Раҷо дастур дод, ки Имом ва ҳамроҳонашро ба зудӣ аз минтақа ҳаракат диҳанд, то мардум ба ӯ рӯй наёранд.[11]

Бар асоси ривояте, ки Шайх Садуқ нақл кардааст, бархе аз ёрони Имом Ризо (а) дар миёнаи сафар тасмим ба терори Раҷо гирифтанд, ки Имом бо ибораи «أ تُرِيدُ أنْ تَقْتُلَ نَفْساً مُؤْمِنَةً بِنَفْسٍ كَافِرَةٍ»[Ёддошт 1] онҳоро аз ин кор манъ кард.[12] Маҳдӣ Лоҷвардӣ, мусаҳҳиҳи китоби Уюну ахбор-ир-Ризо, гуфтааст, ки аз ибораи мазкур мадҳи Раҷо фаҳмида мешавад.[13]

Дар бархе аз манбаъҳо, маъмури ҳамроҳии Имоми ҳаштум Исо ибни Язиди Ҷалудӣ дониста шудааст[14] Албатта чунонки дар китоби Шарҳ-ул-ахбор омадааст, маъмури ҳамроҳи ҳазрати Ризо (а) аз Мадина то Форс Ҷалудӣ буд ва аз Форс то Марв, Раҷо масъулияти ҳамроҳии Имомро бар ӯҳда гирифт.[15]

Масъулиятҳо пас аз шаҳодати Имом Ризо (а)

Раҷо ибни Абизаҳҳок пас аз вилоятъаҳдии Имом Ризо (а) ва дар замони хуруҷи Маъмун аз Хуросон ҷонишини ӯ шуд[16] ва сипас дар даврае ба вилояти Ҷурҷон расид.[17] Ӯ дар рӯзгоре аз даврони хилофати Маъмун масъулияти девони хироҷро бар ӯҳда дошт[18] ва дар аҳди Муътасим доираи ихтиёроти ӯ ба девони хироҷи Димишқ маҳдуд шуд.[19] Ӯ дар даврони ҳукумати Восиқ низ масъулияти хироҷи лашкариёни Димишқро бар ӯҳда дошт.[20]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.123; Қазвинӣ, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, 1373ҳ.ш., саҳ.351
  2. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.122; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1411ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.104
  3. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.448, 452; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.540; Ибни Раста, ал-Алоқ-ун-нафиса, 1892 м., саҳ.307
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.539–540
  5. Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.111
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.111; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.122–124; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1411ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.104
  7. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.84–90; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1411ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.9–11
  8. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.448; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.544; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.141; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, 1404ҳ.қ., саҳ.87; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147, 165, 180, 205
  9. Басавӣ, ал-Маърифа ва-т-таърих, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.540
  10. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.180–183; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.55–56
  11. Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, 1419ҳ.қ., саҳ.488–489; Қутбуддини Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.661–662
  12. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.205–206
  13. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.205, понависи 2
  14. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, Бейрут, саҳ.454; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259; Фаттоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.224
  15. Қозии Нуъмон, Шарҳ-ул-ахбор, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.339–340
  16. Ибни Раста, ал-Алоқ-ун-нафиса, 1892 м., саҳ.307; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.452–453
  17. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.313
  18. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.122; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1411ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.104
  19. Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.111; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.122; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1411ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.104
  20. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.122; Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1411ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.104

Ёддошт

  1. Оё мехоҳӣ шахси муъминро ба хотири шахси кофир ба қатл расонӣ?! Бар асоси он чи дар тарҷумаи китоби Уюну ахбор-ир-Ризо омадааст, манзур ин аст, ки шахси дигар (Маъмун) дастури ҳузури Имомро додааст ва ту мехоҳӣ Раҷоро ба ҷои ӯ ба қатл расонӣ. (Ирфонманиш, Ҷуғрофиёи таърихии ҳиҷрати Имом Ризо (а), 1376ҳ.ш., саҳ.47, понависи 35.)

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибийин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе таърих.
  • Басавӣ, Яъқуб ибни Суфён, ал-Маърифа ва-т-таърих, таҳқиқи Акрам Зиё ал-Умари, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, чопи дуюм, 1401ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Ғалӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Раста, Аҳмад ибни Умар, ал-Алоқ-ун-нафиса, Бейрут, Дор Содир, 1892 м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаъ ва-л-хабар фи таърих-ил-араб ва-л-барбар, таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ас-Соқиб фи-л-маноқиб, таҳқиқи Набил Ризо Алвон, Қум, Ансориён, 1419ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи дуюм, 1404ҳ.қ.
  • Сафадӣ, Халил ибни Айбак, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, таҳқиқи Ҳелмут Ритер, Бейрут, Дор-ун-нашр, 1411ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуюм, 1387ҳ.қ.
  • Фаттоли Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Равзат-ул-воизин ва басират-ул-муттаизин, Қум, Нашриёти Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, Нашриёти Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дор Содир, бе таърих.
  • Қазвинӣ, Закариё ибни Муҳаммад, Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, Теҳрон, Амиркабир, 1373ҳ.ш.
  • Қозии Нуъмон, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор (а), таҳқиқи Муҳаммадҳусайн Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1409ҳ.қ.
  • Қутбуддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳаббатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, таҳқиқи Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дор Содир, чопи дуюм, 1995 м.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, таҳқиқ ва тасҳеҳ: гурӯҳи пажӯҳиши Муассисаи Олилбайт (а), Қум, Муассисаи Олилбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.