Jump to content

Мунозираи Имом Ризо бо Имрони Собӣ

Аз wikishia

Мунозираи Имом Ризо (а) бо Имрони Собӣ (форсӣ: مناظره امام رضا (ع) با عمران صابی) мунозирае каломӣ дар бораи вуҷуди Худо ва сифотҳои Ӯ аст. Ин мунозира дар ҳадисе омадааст, ки бар асоси он, Имом Ризо (а) бо хоҳиши Маъмун халифаи Аббосӣ, бо олимон бузурги масеҳӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва собеӣ мунозира мекунад. Дар ин гуфтугӯ, Имрон саволҳои зиёде дар хусуси Худо мепурсад ва Имом Ризо (а) ба онҳо ҷавоб медиҳад.

Ба гуфтаи рoвии ин ҳадис, Имрони Собӣ ҷавобҳои Имом Ризо (а)-ро қонеъкунанда меёбад, шаҳодатайн мегӯяд ва мусулмон мешавад. Ин ҳадис дар китобҳои "Тавҳид" ва "Уюну ахбор-ир-Ризо"-и навиштаи Шайх Садуқ (305-381ҳ.қ.) омадааст.

Заминаи ташаккули мунозира

Мунозираи Имом Ризо (а) бо Имрони Собӣ дар ҳадисе омадааст, ки дар он, ӯ бо олимони адёни гуногун мунозира кардааст.[1] Ҳасан ибни Муҳаммад Навфалӣ, рoвии ин ҳадис, достони ташаккули мунозираро ин тавр шарҳ додааст: Вақте ки Имом Ризо аз Мадина ба Марв назди Маъмун, халифаи Аббосӣ рафт, Маъмун олимон ва мутакаллимони адёни гуногун, аз ҷумла Ҷосалиқ (бузурги масеҳиён), Раъсулҷолут (бузурги яҳудиён), бузургони собеиён ва Ҳирбиз (бузурги зардуштиён)-ро ҷамъ кард ва аз онҳо хоҳиш кард, ки бо Имом Ризо (а) мунозира кунанд.[2]

Сипас ба Имом Ризо (а) гуфт, агар тамоил дорад, дар мунозира ширкат кунад. Имом Ризо ин пешниҳодро қабул кард ва фардои он рӯз назди Маъмун рафт.[3] Имом Ризо (а) дар ин мунозира пас аз баҳс бо Ҷосалиқ, Раъсулҷолут ва Ҳирбиз ва маҳкум кардани онҳо,[4] рӯ ба ҷамъ мегӯяд, агар касе мухолифи Ислом аст, саволҳояшро пешниҳод кунад. Дар ин ҳангом, Имрони Собӣ мегӯяд, ки дар хусуси ваҳдоният (яке будани Худо) бо мутакаллимони бисёре дар Куфа, Басра, Шом ва Ҷазира баҳс кардааст ва ҳеҷ кадом аз онҳо натавонистаанд, ки онро исбот кунанд. Ӯ аз Имом Ризо (а) хоҳиш мекунад, ки дар ин замина бо ӯ гуфтугӯ кунад ва Имом Ризо (а) қабул мекунад.[5]

Саволҳои Имрони Собӣ

Дар мунозираи Имом Ризо (а) бо Имрони Собӣ, Имрон саволҳои бисёре аз Имом Ризо дар бораи Худо мепурсад, ки баъзе аз онҳо ба таври зерин ҳастанд:

  • Аввалин мавҷуд дар ҳастӣ чист?[6]
  • Оё он мавҷуд, ба худаш, назди худаш, маълум аст?[7]
  • Офариниши Худо чӣ гуна аст ва офариниш чӣ маъноҳо ва ақсом дорад?[8]
  • Оё бо офариниш, дар Худо тағире ба вуҷуд меояд?[9]
  • Мо бо воситаи чӣ чизе, ба вуҷуди Худо пай мебарем?[10]
  • Худо чист?[11]
  • Оё Худо дар махлуқот аст ё махлуқот дар Ӯ ҳастанд?[12]
  • Оё ваҳдонияти Худо бо шинохти зоти ӯ дониста мешавад ё бо шинохти сифотҳои Ӯ?[13]
  • Худо дар чӣ чизе қарор дорад? Оё чизе Ӯро иҳота кардааст? Ва оё аз ҷое ба ҷои дигаре тағири макон медиҳад?[14]

Натиҷаи мунозира

Ба гуфтаи Ҳасан ибни Муҳаммад Навфалӣ, гузоришгари ин мунозира, пас аз он ки Имом Ризо (а) ҷавоби ҳамаи саволҳои Имрони Собиро медиҳад, ӯ қонеъ мешавад ва мегӯяд, ки Худо ҳамон тавре аст, ки Имом Ризо тавсиф мекунад. Он гоҳ шаҳодатайн мегӯяд ва мусулмон мешавад. Ӯ инчунин мегӯяд, ки Имом Ризо Имронро барои зиёфат ба хонааш даъват кард ва либос, маркаб ва даҳ ҳазор дирҳам ба ӯ ҳадя дод.[15]

Бар асоси ин ривоят, то муддате пас аз ин мунозира, мутакаллимони гуногун назди Имрони Собӣ мерафтанд ва бо ӯ баҳс мекарданд ва ӯ дар баҳс, бар ҳамаи онҳо ғолиб меомад. Баъд аз он, Маъмун даҳ ҳазор дирҳам ба ӯ дод ва Имом Ризо ӯро ба вазифаи садақоти Балх таъин кард.[16]

Манбаъҳои ҳадис

Матни мунозираро аввалин бор, Шайх Садуқ (305-381ҳ.қ.) дар китобҳои "Тавҳид"[17] ва "Уюну ахбор-ир-Ризо"[18] овардааст. Аҳмад ибни Алӣ Табарсӣ (зиста дар қарни шашуми ҳиҷрӣ) хулосаи онро дар "Иҳтиҷоҷ" ривоят кардааст.[19] Аллома Маҷлисӣ низ дар "Биҳор-ул-анвор" ҳадисро ба нақл аз ду китоби Шайх Садуқ нақл кардааст.[20]

Эътибори санади ҳадис

Риҷолиён дар хусуси силсилаи рoвиёни ин ҳадис ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе ҳамаи онҳоро сиқа донистаанд ва баъзеҳо баъзеи онҳоро ғайрисиқа шумурдаанд.[21] Илова бар ин, санади ҳадис "мурсал" аст; яъне баъзе аз афроди силсилаи рoвиёнаш зикр нашудааст. Аз ин рӯ, ҳадисро аз назари санад, заиф мешуморанд.[22] Бо вуҷуди ин, баъзе бар ин боваранд, ки ин ҳадис "заифи мақбул" аст; яъне ба рағми заифӣ дар санад, бар асоси он амал мешавад; зеро олиме боэътимод чун Садуқ онро ривоят кардааст ва Ӯ танҳо ривоятҳоеро нақл мекард, ки ба судури онҳо аз маъсум итминон дошт.[23]

Матн ва тарҷумаи мунозира

Ҳазрат ба ҷамъият рӯ карда фамуданд: Агар дар байни шумо касе мухолифи Ислом аст ва мехоҳад савол бипурсад, бидуни шарму ҳаё, савол бипурсад. Дар ин вақт, Имрони Собӣ, ки яке аз мутакаллимин буд, бархосту гуфт: Эй донишманд, агар даъват ба савол накарда будӣ, ман савол намедодам. Ман ба Кӯфа, Басра, Шом ва Ҷазира сафар кардаам, бо бисёр мутакаллимин вохӯрдаам, вале касеро наёфтаам, ки тавонад вуҷуди "воҳид"-ро, ки ғайр аз ӯ касе дигар қоим ба ваҳдоният набошад, бароям исбот кунад. Оё иҷозат медиҳӣ, ки ман савол бипурсам? Ҳазрат фармуданд: Агар дар байни ҷамъият Имрони Собӣ ҳозир бошад, албатта ту ҳастӣ. Гуфт: Бале, худам ҳастам. Ҳазрат фармуданд: Бипурс, вале инсофро аз даст мадеҳ ва аз сухани ботилу фосиду мунҳариф аз ҳақ бипарез. Имрон гуфт: Ба Худо қасам, эй сарварам, фақат мехоҳам чизеро бароям исбот кунӣ, ки тавонам ба он чанг занам ва ба сӯи чизе дигар наравам. Ҳазрат фармуданд: Он чиро, ки мехоҳӣ бипурс. Аҳли маҷлис ҳамагон издиҳом карданд ва ба якдигар наздик шуданд. Имрон гуфт: Аввалин мавҷуд ва он чиро, ки офарид, чӣ буд? Ҳазрат фармуданд: Савол кардӣ, пас хуб диққат кун. "Воҳид" ҳамеша воҳид буда, ҳамеша мавҷуд буда, бе он ки чизе бо ӯ бошад, бе ҳеч гуна ҳудуду аърозе, ва ҳамеша низ ин гуна хоҳад буд. Сипас бе ҳеч собиқаи қаблӣ, махлуқеро бо гунае дигар офарид, бо аърозу ҳудуде гуногун, на онро дар чизе ҷой дод ва на дар чизе маҳдуд намуд ва на ба монанду мисли чизе эҷод кард ва на чизеро мисли ӯ намуд ва баъд аз он, махлуқотро ба суратҳои гуногун, аз ҷумла холису нохолис, мухталифу яксон, ба рангҳо ва таъмҳои мухталиф офарид, бе он ки ниёзе ба онҳо дошта бошад ё барои расидан ба мақому манзиле ба ин хилқат муҳтоҷ бошад ва дар ин офариниш, дар худ, зиёдӣ ё нуқсоне надидааст. Оё ин матолибро мефаҳмӣ? Гуфт: Бале, ба Худо, эй сарварам. Ҳазрат идома доданд: ва бидон, ки агар Худованд ба хотири ниёзу эҳтиёҷ, махлуқотро офарида бошад, фақат чизҳоеро офарида бошад, ки тавонад аз онҳо барои баровардани ҳоҷаташ ёрӣ ҷӯяд, ва низ дар ин сурат шоиста буд, ки чанд баробари он чиро, ки офаридааст, офарида бошад; зеро ҳар қадар аъвону ансор бештар бошанд, шахси ёриҷӯянда қавитар хоҳад буд, ва низ дар ин сурат ҳоҷату ниёзҳо тамомӣ надошт; зеро ҳар офаринише, ки анҷом медиҳад, ҳоҷати дигаре дар ӯ эҷод мекунад, ва ба ин хотир мегӯям: Махлуқотро аз рӯи ниёз наофаридааст; балки бо офариниши махлуқот, аз яке ба дигарӣ интиқол медиҳад ва баъзеҳоро бар баъзеи дигар бартарӣ медиҳад, бе он ки муҳтоҷи шахси бартар бошад ё бихоҳад аз он дигарӣ, ки зердаст қарор гирифтааст, интиқом бигирад, ба ин иллат офариниш кардааст. Имрон савол кард: Оё он мавҷуд, ба худии худ, назди худ, маълум буд? (Ба худаш илм дошт?) Ҳазрат фармуданд: Ҷуз ин нест, ки илму дониши ҳар чиз барои тамизи он аз ғайр аст ва барои ин аст, ки мавҷудияташ исбот ва шинохта шавад; ва дар он ҷо вуҷуди маҳз буд ва ғайре набуд, то тамиз лозим бошад ва зарурате бошад, ки имтиёзи ҳар як маълум гардад. Ҷуз вуҷуди баҳти басит, чизе дигар набуд, то лозим ояд ҳадди ҳар як маълум гардад. Оё фаҳмидӣ, эй Имрон? Гуфт: Оре, эй сарвари ман. Ҳоло бифармо, ба чӣ медонист он чиро, ки медонаст? Яъне ба чӣ воситае он чиро, ки донистааст, ба он огоҳӣ ёфтааст? Оё ба воситаи замир буд ё чизе ғайр аз он? Ҳазрат фармуданд: Агар илми ӯ тариқи "замир" (ва он сурати ҳосилшуда дар андеша) иҷро гардад, оё метавон барои шиносои он "замир" ҳадду ҳудуде қарор надод? Гуфт: Не, наметавонад. Имом идома доданд: Он замир чӣ аст? Имрон ҷавобе надод. Сипас фармуданд: Боке нест. Ҳол агар аз ту дар бораи "замир" бипурсам, ки оё онро бо "замире" дигар боз мешиносӣ, агар бигӯӣ оре, дар воқеъ ҳарфу даъвои худро ботил кардаӣ, эй Имрон. Оё шоиста нест, ки бидонӣ, ки "воҳид" ё "замир" васф намешавад? Ва чунин нест, ки барояш, ғайр аз карду кор гуфта нашавад ва ӯ чунин нест, ки дар борааш ҷиҳоту аҷзо таваҳҳуму хиёл шавад ё дар бораи ӯ, ҷиҳоту аҷзои мухталиф мисли ҷиҳоту аҷзои махлуқин қобили тасаввур гардад. Инро хуб бифаҳм ва донистаҳои саҳеҳи худро бар он асос қарор бидеҳ. Имрон савол кард: Оё маро дар бораи кайфияти ҳудуди хилқаташ ва маъноҳову навъҳои он огоҳ мекунӣ? Ҳазрат фармуданд: Саволатро кардӣ, ҳоло хуб диққат кун, то бифаҳмӣ: Ҳудуди халқи Худованд шаш навъ аст: Ламс карданӣ, вазн карданӣ, диданӣ, чизе, ки вазн надорад, ки ҳамин рӯҳ аст ва навъе дигар, ки диданӣ аст, вале вазн надорад ва қобили ламсу ҳис нест, ва ранг надорад ва қобили чишидан нест ва андоза ва арзу сурат ва тулу арз низ надорад, ва аз ҷумлаи онҳо амал ва ҳаракатҳое аст, ки ашёро месозад ва аз ҳоле ба ҳоли дигар тағйир медиҳад ва зиёду кам мекунад; аммо аъмол ва ҳаракатҳо мераванд ва замоне бештар аз он чиро, ки барои онҳо ниёз будааст, надоранд. Пас ҳар вақт фароғу халосӣ аз он феъл ҳосил шавад, он нест шуда равад ва асараш боқӣ мемонад, ва ҳамчун сухан аст, ки меравад ва танҳо асараш боқӣ мемонад. Имрон гуфт: Бифармоед, агар Холиқ "воҳид" бошад, чизе ғайр аз ӯ набошад ва низ чизе бо ӯ набошад, оё офариниши халқ, худ тағйире намекунад? Ҳазрат фармуданд: Худо буда ва бо хилқати халоиқ тағйир намекунад; балки махлуқот бо тағйироте, ки Худо дар онҳо эҷод мекунад, тағйир мекунанд. Имрон пурсид: Мо Худоро бо чӣ шинохтаем? Ҳазрат фармуданд: Бо чизе ғайр аз ӯ. Пурсид: Ғайр аз ӯ чист? Ҳазрат фармуданд: Машияти ӯ, исми ӯ ва сифати ӯ ва ҳар чизи дигар шабеҳ ба инҳо ва ҳамаи инҳо махлуқ, ҳодис ва тадбири Худо мебошанд. Имрон пурсид: Ӯ чист? Ҳазрат фармуданд: Нур аст, ба ин маъно, ки махлуқоташро - чи аз аҳли осмон бошанд, чи аз аҳли замин - ҳидоят мекунад ва ҷуз баёну исботи воҳидияти ӯ баёни чизи дигар бар ман воҷиб нест. Имрон пурсид: Оё магар ин тавр нест, ки қабл аз офариниш сокит буда, сипас ба нутқ омадааст? Ҳазрат фармуданд: Сокит дар ҷое маъно дорад, ки қаблан нутқе дар миён бошад. Ба мисол, дар бораи чароғ "сокит" гуфта намешавад. Ва низ дар бораи кори чароғ, гуфта намешавад: "Чароғ дурахшид"; зеро "нур" ва "дурахшиш", "кор" ва "вуҷуд" аз чароғ нестанд; балки чизе ҷуз чароғ нестанд ва феъли чароғ ҳисоб намешаванд ва худ чизе ҷуз нур нестанд. Пас ҳангоме, ки моро равшанӣ мебахшад, гӯем: барои мо равшан шуд ва мо равшанӣ ҷустем ва ту ба он равшанӣ, амри худро меёбӣ, дар кори худ, бино мегардӣ. Имрон гуфт: Ман гумон мекардам, Холиқ бо офаридани махлуқот ва тағйире, ки дар кори ӯ эҷод мешавад, аз ҳолати худ дигаргун мегардад. Ҳазрат фармуданд: Сухани муҳоле гуфтӣ, ки мавҷуд тағйир мекунад, магар он ки чизе онро тағйир диҳад. Оё дидаӣ, ки тағйири оташ, онро тағйир диҳад? Ё то ҳол дидаӣ, ки ҳарорати худро бисӯзонад? Ё ҳеч дидаӣ, ки шахси бино биноии худро бинад? Имрон гуфт: Не, надидаам. Ҳоло бифармоед, оё ӯ дар махлуқот аст ё махлуқот дар ӯянд? Ҳазрат фармуданд: Ӯ бартар аз ин ҳарфҳост. На ӯ дар махлуқот аст ва на махлуқот дар ӯянд. Болотар ва бартар аз ин ҳолат аст. Ҳол ба ҳавлу қуввати Илоҳӣ бароят тавзеҳ хоҳам дод. Бигӯ бинам, оё ту дар оина ҳастӣ ё оина дар ту? Агар ҳеч кадом дар дигарӣ нест, чӣ тавр худатро дар оина мебинӣ? Гуфт: Ба воситаи нуре, ки байни ман ва он аст. Ҳазрат фармуданд: Оё он нурро - бештар аз он чиро, ки дар чашми худ мебинӣ - дар оина мебинӣ? Гуфт: Бале. Ҳазрат фармуданд: Ба мо нишон бидеҳ. Имрон ҷавобе надод. Ҳазрат фармуданд: Аз назари ман, нур бе он ки дар яке аз шумо дуто бошад, ту ва оинаро ба худатон нишон додааст. Ин мавзуъ мисолҳои дигаре ҳам дорад, ки ҷоҳилро дар онҳо роҳе нест. Худовандро достони болотар аст. Сипас рӯ ба Маъмун намуда, фармуданд: Вақти намоз шуд. Инрон гуфт: «Эй ҳазратам, саволи маро қатъ накунед. Дилам нарм шудааст». Ҳазрат фармуданд: «Намоз мегузорем ва боз мегардем». Сипас бархостанд ва Маъмун низ аз ҷои худ бархост. Ҳазрат дар дохил (андарунӣ) намоз хонданд ва мардум ба имомати Муҳаммад ибни Ҷаъфар (амаки ҳазрат) дар берун намоз гузоштанд. Сипас берун омада ба ҷои худ баргаштанд ва Инронро фарохонда, фармуданд: «Саволҳои худро бипурс». Инрон гуфт: «Бифармоед, оё яктоии Худо ба ҳақиқат дарк мешавад ё аз рӯи васф?» Ҳазрат фармуданд: «Худо офаридгори ягона, ҳамон мавҷуде, ки аз аввал бошад, ҳамеша ягона буд, бе он ки чизе бо ӯ бошад. Яктост ва дуюм надорад. На маълум аст ва на маҷҳул. На муҳкам аст ва на муташобеҳ. На дар ёдҳо аст ва на фаромӯш шуда ва на чизест, ки номи чизе аз ашё ғайр аз худаш бар ӯ гузошта шавад. Ин тавр нест, ки аз вақте (махсус) мавҷуд шуда бошад ва то вақти (муайяне) боқӣ монад ё қоим ба чизе бошад ва ё то марзи чизе барпо бошад. Ба чизе такя накарда ва дар чизе пинҳон нашудааст ва инҳо ҳама пеш аз офариниши махлуқот аст; зеро чизе ғайр аз худаш набуд ва ҳар сифате бар ӯ қарор диҳӣ, ҳама сифатҳое ҳодис ва тарҷумание ҳастанд, ки маъноро мефаҳмонанд. Ва бидон, ки ибдоъ, машият ва ирода се ном барои як чиз ҳастанд; ва аввалин ибдоъ, ирода ва машияти ӯ, ҳарфҳое буд, ки онҳоро асоси ҳар чизе қарор дод ва роҳнамоӣ ба ҳар мадраке ва равшангарие ба ҳар амри муштабеҳе намуд; ва ба воситаи он ҳарфҳо, ҳар чизе аз ҳаққу ботил, феълу мафъул, ё маъно ва ғайри маъно аз ҳам ҷудо ва шинохта мешавад ва ҳамаи умур бар онҳо ҷамъ шудаанд ва дар офариниши ин ҳарфҳо барои онҳо, маънои мутаноҳӣ ва вуҷуде ғайр аз нафси онҳо, қарор надод; зеро онҳо бо ибдоъ ва иҷод, ба вуҷуд омадаанд ва нӯр, дар ин ҷо, аввалин феъли Худо аст; Худое, ки худаш нӯри осмонҳо ва замин аст ва ҳарфҳо аз он феъл, ба феълият расидаанд ва онҳо ҳарфҳое ҳастанд, ки асоси гуфтор бар онҳо аст ва иборатҳо ҳама аз Худо аст, ки ба махлуқати худ омӯхтааст. Ин ҳарфҳо, сию се ҳарф ҳастанд: бисту ҳашт ҳарф аз онҳо нишондиҳандаи забонҳои (лаҳҷаҳои) арабӣ аст. Ва аз бисту ҳашт ҳарф, бисту ду ҳарф, нишондиҳандаи забонҳои сурёнӣ ва ибрӣ аст. Ва аз миёни онҳо панҷ ҳарф дар дигар забонҳои аҷамӣ дар минтақаҳои гуногун, забонҳо, мутафарриқ ва пароканда аст. Ва инҳо панҷ ҳарф ҳастанд, ки аз бисту ҳашт ҳарф ҷудо шудаанд, ки дар натиҷа, ҳарфҳо сию се ҳарф шуданд. Ва ин панҷ ҳарф, ба далелҳое аст, ки беш аз он чи гуфтем, ҷоиз нест зикр шавад. Сипас ҳарфҳоро баъд аз ҳисоб намудан ва шумурдани онҳо «феъл»-и худ намуд; мисли ин ояти шарифа: «Кун фаякуну» (мавҷуд шав, ӯ низ мавҷуд шуд). «Кун» сифат ва офариниши Худо аст ва он чи ки аз он иҷод мешавад, маснуъ ва махлуқ аст. Аввалин офариниши Худованди азза ва ҷалл ибдоъ аст. Бе вазну ҳаракат аст, масмуъ нест, ранг надорад, қобили ҳис нест. Дуюмин махлуқ, ҳарфҳо ҳастанд, ки вазну ранг надоранд. Қобили шунидан ва васф кардан ҳастанд, вале қобили дидан нест. Сеюмин махлуқ чизе аз ҳамаи навъҳои маҳсус ва мамлус аст. Қобили чашидан ва қобили дидан аст. Ва Худованди таборак ва таоло пеш аз ибдоъ будааст; зеро пеш аз Худованди азза ва ҷалл ва ҳамроҳи ӯ, чизе дигаре набуд; ва ибдоъ пеш аз ҳарфҳо будааст ва ҳарфҳо чизе дигаре ғайр аз худро нишон намедиҳанд. Маъмун савол кард: «Чӣ тавр ғайр аз худ, чизе дигареро нишон намедиҳанд?» Ҳазрат фармуданд: «Зеро Худованди таборак ва таоло онҳоро барои маъно дар канори ҳам ҷамъ мекунад. Вақте чанд ҳарфе аз онҳоро масалан чор ҳарф ё панҷ ё шаш ё бештар ё камтарро дар канори ҳам қарор медиҳад, барои маъное муҳдас ва наве аст, ки пеш аз ин набуд». Инрон пурсид: «Мо чӣ тавр метавонем ин мавзуъро (беҳтар) бифаҳмем?» Ҳазрат фармуданд: «Тавзеҳи ин мавзуъ чунин аст, ки вақте мақсуди ту аз ин ҳарфҳо, худи онҳо бошад, на чизе дигаре, онҳоро ҷудо ҷудо зикр мекунӣ ва мегӯӣ: А (ا), Б (ب), Т (ت), С (ث), Ҷ (ج), Ҳ (ح), Х (خ) то охир. Дар ин ҳолат маъное ғайр аз худи ин ҳарфҳо дар онҳо намеёбӣ; аммо вақте онҳоро дар канори ҳам қарор диҳӣ ва исму сифат барои маънои мақсуди худ созӣ, нишондиҳандаи маъно ва мавсуфи худ хоҳанд буд, оё фаҳмидӣ?» Гуфт: «Бале». Ва бидон, ки сифат наметавонад бе мавсуф бошад ва низ исм бе маъно, ва ҳад бе маҳдуд нахоҳад буд ва сифатҳо ва исмҳо ҳама далолаткунанда бар камол ва вуҷуд ҳастанд; ва ба монанди ҳудуд, мисли тарбеъ (чаҳортоӣ намудан), таслес (сетоӣ намудан), ва тасдис (шаштоӣ намудан), далолате бар иҳота ва фарогирӣ надоранд; зеро маърифати Худо ба воситаи сифатҳо ва исмҳо дарк мешавад ва бо ҳад гузоштан ба воситаи тулу арз, қиллу касрат, ранг ва вазну амсоли онҳо дарк намешавад. Ва ҳеҷ чизе аз ин мазкурот, дар бораи Худованди ҷалла ва тақаддаса намуна надорад, то махлуқот бо шинохти худ, ӯро (ба воситаи ин ҳудуд) бишиносанд. Ва ин мавзуъ, ба зарурат, аз гуфтаҳо ва далелҳои мо собит мешавад; лекин сифатҳои Худо, далолат бар Худо ҳастанд. Ва ӯ бо исмҳои худ дарк мегардад ва бо вуҷуди махлуқот, бар вуҷуди ӯ истидлол кардан мумкин аст; ба тавре, ки инсони толиб(-и ҳақиқат) ниёзе ба дидан бо чашм ё шунидан бо гӯш ва ламс кардан бо даст ва иҳота кардан бо ҷону дил нахоҳад дошт. Ва агар сифатҳо ва исмҳояш нишондиҳандаи ӯ набуданд ва илми махлуқ маънои ӯро дарк намекард, махлуқ, исмҳо ва сифатҳои ӯро мепарастид, на маънои ӯро; ва агар ғайр аз он мебуд, маъбуди ягона ғайр аз «Аллоҳ» мебуд; зеро исмҳо ва сифатҳо ғайр аз ӯ ҳастанд. Оё фаҳмидӣ?» Имрон гуфт: «Бале, бештар шарҳ диҳед». Ҳазрати Имом фармуданд: Мабодо суханҳои ҷоҳилони гумроҳу кӯрдилро бар забонат оварӣ; ҳамин касоне, ки гумон доранд, ки Худованд барои ҳисобу китобу савобу азоб дар охират ҳозир аст, вале дар дунё барои итоъат ва умедвории бандагон ҳозир нест; ва ҳол он ки агар қарор буд ҳузури Худованд барои ӯ мояи нуқсу шикастагӣ бошад, дар охират ҳам ҳозир намебуд; вале ин афроде, ки чунин пиндор доранд, ба саргардонӣ дучор гардидаанд ва надониста, нисбат ба ҳақ кӯру кар шудаанд; ва ин ояти шарифа ба ин мавзуъ ишора дорад: «Ва ман кāн фи ҳāзиҳи аъмā фаҳува фи-л-āхирати аъмā ва азаллу сабилā» (Ва ҳар кас дар ин ҷаҳон кӯр бошад, дар охират низ кӯр аст ва гумроҳтар (сураи Исро, ояти 72). Мақсади кӯрӣ дар ин оят, кӯрӣ аз ҳақоиқ аст; ва оқилон медонанд, ки истидлол бар он ҷаҳон имкон надорад, ҷуз бо он чи дар ин ҷаҳон аст ва ҳар кас бихоҳад бо орои худаш ва аз пеши худ, ба он, олим гардад ва онро дарк намояд, бо ин кор танҳо аз дарки он ҳақоиқ фосила мегирад; зеро Худованд, илми онро назди касоне қарор додааст, ки оқиланду олим, ва аҳли фаҳм мебошанд. Имрон гуфт: Бароям бигӯед оё «ибдоъ» махлуқ аст ё ғайри махлуқ? Ҳазрат фармуданд: Халқест сокин, ки бо сукун дарк намешавад; ва ба ин далел махлуқ аст, ки: чизест пайдошуда ва муҳдас, ва Худованд аст, ки ӯро иҷод намуда ва пайдо оварда ва дар натиҷа ӯ «махлуқ» шудааст; ва ба ибораи дигар, Худованд аст ва махлуқоташ, чизе сеюм дар ин миён нест. Он чи Худованд халқ намояд аз махлуқ будан сар намезанад ва халқи Худованд ё сокин аст ё мутаҳаррик, ё мухталиф ё яксон, ё маълум аст ё муштабеҳ; ва ҳар он чи ҳад пазирад, махлуқи Худованд аст. Ва бидон ҳар он чи ҳавоссат онро эҷод кунад, маъноест, ки бо ҳавосс қобили дарк аст, ва ҳар ҳиссе нишондиҳандаи ҳамин чизест, ки Худованд дар идраки он барояш қарор додааст ва фаҳм аз қалб сарчашма мегирад. Ва бидон он яктое, ки ҳамеша барпо аст, бидуни ҳеч андозаву ҳудуде, махлуқе бо андозаву ҳад (мушаххас) офарид, ва он чи офарид, ду чиз буд: андоза ва чизи бо андоза ва ҳеҷ кадоме рангу вазн надошт ва қобили чашидан набуд ва якеро воситаи идроки дигаре қарор дод ва он дуро он гуна қарор дод, ки худ ба худ дарк шаванд ва чизеро ба сурати якто ва қоим ба худ, на ғайр аз худ наофарид, чун мехост роҳе барои истидлол бар вуҷуди худ ва исботи он қарор диҳад. Худованд якто асту ягона. Дуюме надорад, ки он дуюме ӯро барпо нигоҳ дорад ва ёриаш кунад ва ё ӯро ҳифз кунад ва эмин бидорад; вале махлуқот бо иҷозат ва хоҳиши Худованд, баъзе баъзеи дигарро ҳифз мекунанд ва нигоҳ медоранд. Мардум дар ин масъала бо якдигар ихтилоф карданд, то он ҷо ки ба саргардонӣ ва ҳайрат афтоданд ва бо истифода аз торикӣ, дар талоши раҳоӣ аз торикӣ баромаданд; чун Худовандро бо сифати худ васф карданд (ва дар натиҷа ба ҷои ҳидоят ёфтану ба мақсад расидан, ба гумроҳӣ афтоданд) ва аз ҳақ дур шуданд; ва агар Худовандро бо сифати худи Худо ва махлуқотро низ бо сифати худ васф мекарданд, ба савоб сухан гуфта буданд ва ба ихтилоф намеафтоданд; вале аз он ҷо ки ба дунболи чизе рафтанд, ки дар он саргардон мешуданд, дар он гирифтор омаданд ва Худованд ҳар он касро, ки бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Имрон гуфт: Эй сарвари ман, шаҳодат медиҳам, ки ӯ ҳамон гуна аст, ки сифаташ намудӣ; вале саволи дигаре бароям боқӣ мондааст. Ҳазрат фармуданд: Савол кун. Имрон пурсид: (Худои) ҳаким дар чӣ чизе қарор дорад? Ва оё чизе ӯро иҳота кардааст? Ва оё аз чизе (ё ҷое) на чизе дигар (ё ҷое дигар) тағйири макон медиҳад? Ё ниёзе ба чизе дорад? Ҳазрат фармуданд: Ин мавзуъ аз печидатарин нуқтаҳоест, ки дар миёни мардум пурсида мешавад. Ва касоне, ки дучори камбудии ақлу фаҳм ҳастанд, онро намефаҳманд; ва дар муқобил, оқилони мунсиф аз дарки он оҷиз нестанд. Пас хуб ба ҷавоби ман диққат кун ва онро бифҳам эй Имрон: Аммо нуктаи аввали он: Агар (Худованд) махлуқотро ба хотири ниёз ба онҳо офарида буд, ҷоиз буд, ки бигӯем ба сӯи махлуқоташ тағйири макон медиҳад; чун ниёз ба онҳо дорад; вале ӯ чизеро аз рӯи ниёз наофаридааст ва ҳамеша соибит будааст; на дар чизе ва на бар рӯи чизе; магар он ки махлуқот якдигарро нигоҳ медоранд ва баъзе дар баъзе дигар дохил шуда ва баъзе аз баъзе дигар берун меоянд; ва Худованд бо қудрати худ, ҳамаи инҳоро нигоҳ медорад ва на дар чизе дохил мешавад ва на аз чизе берун мегардад, ва на нигоҳдории онҳо ӯро хаста ва нотавон месозад ва на аз нигоҳдории онҳо оҷиз аст, ва ҳеҷ яке аз махлуқот чигунагии ин амрро намедонад, магар худи Худованд ва он касоне, ки худаш онҳоро бар ин амр огоҳ сохта бошад, ки иборатанд аз: пайғамбарони Худо ва хоссу ошиқони ба асрори ӯ, ҳофизону нигоҳбонони шариати ӯ. Дастури ӯ дар як чашм баҳамзадан, балки зудтар, ба иҷро дармеояд. Ҳар он чи ирода фармояд, танҳо ба ӯ мегӯяд: мавҷуд шав ва он чиз низ ба хоҳиш ва иродаи Худо мавҷуд мешавад. Ва ҳеҷ чиз аз махлуқоташ аз чизе дигар ба ӯ наздиктар нест ва ҳеҷ чиз низ аз чизе дигар аз ӯ дуртар нест. Оё фаҳмидӣ Имрон? Гуфт: Ҳа, сарвари ман, фаҳмидам ва шаҳодат медиҳам, ки Худованд ҳамон гуна аст, ки шарҳ додӣ ва ба яктоӣ сифаташ намудӣ, ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад бандаи ӯст, ки ба нури ҳидоят ва дини ҳақ мабъус шудааст. Он гоҳ рӯ ба қибла, ба саҷда афтод ва Ислом овард. [24]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 417-441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 154-175
  2. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 417-418; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 154-155
  3. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 420-430; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 156-168
  4. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 417-441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 154-175
  5. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 430; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 168
  6. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 169
  7. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 169
  8. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 170
  9. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 171
  10. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 171
  11. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 171
  12. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 173
  13. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 172
  14. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 176
  15. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 178
  16. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 441; Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 178
  17. Шайх Садуқ, Тавҳид, 1398ҳ.қ, саҳ. 417-441
  18. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ. 154-175
  19. Табарсӣ, Ал-Ихтиҷоҷ, 1403ҳ.қ, ҷ.2, саҳ. 415-425
  20. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ, ҷ.10, саҳ. 299-318
  21. Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.112-113, 116-125
  22. Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
  23. Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозироти Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
  24. Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.168-177. Шайх Садуқ, Тарҷумаи Уюну ахбор-ир-Ризо, 1372ҳ.ш, саҳ.340-358.

Сарчашма

  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати ли-дурари ахбор-ил-аиммат-ит-тоҳира», Байрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибн Али, «Ал-Ихтиҷоҷу ала аҳл-ил-лаҷоҷ», таҳқиқ ва тасҳеҳ Муҳаммадбоқир Хурсун, Машҳад, Нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Хусравиён Қуллазу, Ҷаъфар, «Баррасӣ ва таҳлили санади мунозираҳои Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», дар Пажуҳишҳои Қуръон ва ҳадис, № 1, 1397ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибн Али, «Ат-Тавҳид», таҳқиқ ва тасҳеҳ Ҳошим Ҳусайнӣ, Қум, Дар ун-нашроти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибн Али, «Уюну ахбор-ир-Ризо», таҳқиқ ва тасҳеҳ Маҳдӣ Лоҷувайрдӣ, Теҳрон, Нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.