Мунозираи Имом Ризо бо олими зартуштӣ
Мунозираи Имом Ризо бо олими зардуштӣ (форсӣ: مناظره امام رضا با عالم زرتشتی) гуфтугӯи илмӣ байни Имом Ризо (а) ва Ҳирбизи зардуштӣ дар бораи исботи нубуввати ҳазрати Мусо, ҳазрати Исо ва ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Дар ин мунозира, Имом Ризо (а) бар асоси далели Ҳирбиз бар нубуввати Зардушт, нубуввати пайғамбарони яҳудият, масеҳият ва исломро барои ӯ исбот мекунад.
Ин гуфтугӯ дар ҷаласае анҷом шуд, ки дар он, бо хоҳиши Маъмун халифаи Аббосӣ, Имом Ризо (а) бо олимон яҳудӣ, масеҳӣ, зардуштӣ ва собеӣ ба таври муфассал баҳс кард. Ҳадиси мунозираро аввалин бор Шайх Садуқ дар китобҳои "Тавҳид" ва "Уюну ахбор-ир-Ризо" нақл кардааст.
Ба ривояти ӯ, Ҳирбиз ҷавоби ишколи Имом Ризо (а)-ро намедиҳад ва хеле зуд, баҳсро тамом мекунад.
Заминаи ташаккули мунозира ва мавзӯи он
Мунозираи Имом Ризо (а) бо Ҳирбизи акбар, олими зардуштӣ, гуфтугӯи кӯтоҳе аст, ки дар он аз исботи нубуввати Зардушт, ҳазрати Мусо, ҳазрати Исо ва ҳазрати Муҳаммад (с) баҳс шудааст. Ин мунозира бо хоҳиши Маъмун халифаи Аббосӣ баргузор шуд. Ӯ вақте ки Имом Ризо аз Мадина ба Марв рафт, аз олимон масеҳӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва собеӣ хоҳиш кард, ки бо ӯ мунозира кунанд.[1]
Дар ин ҷаласа, Ҷослиқ (бузурги масеҳиён), Раъсулҷолут (бузурги яҳудиён), бузургони собиён ва Имрон Собӣ низ ҳозир буданд ва мунозира карданд.[2] Ҳасан ибни Муҳаммад Науфалӣ, рӯии мунозира, ҳадафи Маъмунро аз баргузории он озмоиши Имом Ризо ифода кардааст.[3]
Матни мунозира
- Имом Ризо: Далели ту бар нубуввати Зардушт — ки ӯро пайғамбар медонӣ — чист?
- Ҳирбиз: Ӯ чизе барои мо овардааст, ки пеш аз ӯ, касе наоварда буд. Албатта, мо худамон ӯро надидаем, вале ахборе аз пешиниёни мо ба мо расид, ки ӯ чизҳоеро барои мо ҳалол кард, ки касе ғайр аз ӯ ҳалол накарда буд ва чизҳоеро ҳаром кард, ки ғайр аз ӯ ҳаром накарда буд. Аз ин рӯ, аз ӯ пайравӣ кардем.
- Имом Ризо: Пас, шумо ба ҳамони ахборе, ки дар бораи ӯ омадааст, аз ӯ пайравӣ мекунед?
- Ҳирбиз: Ҳа.
- Имом Ризо: Дигар умматҳо низ ҳамин тавр ҳастанд. Ахборе дар бораи он чизе, ки пайғамбарони онҳо, аз ҷумла Мусо, Исо ва Муҳаммад (с) барояшон овардаанд, ба онҳо расидааст. Агар далели шумо барои қабули нубуввати Зардушт, ахбори мутавоттар аст, чаро ба нубуввати он пайғамбарон эқрор намекунед?
Ҳирбиз ҷавобе ба ин савол надод ва гуфтугӯро анҷом дод.[4][Ёддошт 1]
Манбаъҳои ҳадис
Аввалин бор, матни мунозира дар китобҳои "Тавҳид"[5] ва "Уюну ахбор-ир-Ризо",[6] навиштаи Шайх Садуқ (305-381 ҳ.қ.), гузориш шудааст. Пас аз он, Аҳмад ибни Алӣ Табарсӣ (зиста дар қарни шашум ҳиҷрӣ) дар "Иҳтиҷоҷ" онро нақл кардааст.[7] Дар "Биҳор-ул-анвор" низ ҳадис ба нақл аз ду китоби Шайх Садуқ ривоят шудааст.[8]
Эътибори санди ҳадис
Риҷолиён дар хусуси силсилаи рoвиён ин ҳадис ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе ҳамаи онҳоро сиқа донистаанд ва баъзеҳо баъзеи онҳоро ғайрисиқа шумурдаанд.[9] Илова бар ин, санди ҳадис "мурсал" аст; яъне баъзе аз афроди силсилаи рoвиёнаш зикр нашудааст. Аз ин рӯ, ҳадисро аз назари санд, заиф мешуморанд.[10] Бо вуҷуди ин, баъзе бар ин боваранд, ки ин ҳадис "заифи мақбул" аст; яъне бо ин ки заифӣ дар санд дорад, бар асоси он амал мешавад; зеро олиме боэътимод чун Садуқ онро ривоят кардааст ва Ӯ танҳо ривоятҳоеро нақл мекард, ки ба судури онҳо аз маъсум итминон дошт.[11]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Шайх Садуқ, «Тавҳид», 1398ҳ.қ., саҳ.417-418; Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо», 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154-155
- ↑ Шайх Садуқ, «Тавҳид», 1398ҳ.қ., саҳ.417-441; Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо», 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154-175
- ↑ Шайх Садуқ, «Тавҳид», 1398ҳ.қ., саҳ.419; Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо», 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155
- ↑ Шайх Садуқ, «Тавҳид», 1398ҳ.қ., саҳ.419; Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо», 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.167-168
- ↑ Шайх Садуқ, «Тавҳид», 1398ҳ.қ., саҳ.419
- ↑ Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо», 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.167-168
- ↑ Табарсӣ, «Ал-Иҳтиҷоҷ», 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.424
- ↑ Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.310
- ↑ Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санди мунозираҳои Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.112-113, 116-125
- ↑ Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санди мунозираҳои Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
- ↑ Хусравиён, «Баррасӣ ва таҳлили санди мунозираҳои Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», саҳ.126
Ёддошт
- ↑ ثمَّ دَعَا(ع) بِالْهِرْبِذِ الْأَکبَرِ فَقَالَ لَهُ الرِّضَا(ع) أَخْبِرْنِی عَنْ زَرْدَهُشْتَ الَّذِی تَزْعُمُ أَنَّهُ نَبِی مَا حُجَّتُک عَلَی نُبُوَّتِهِ قَالَ إِنَّهُ أَتَی بِمَا لَمْ یأْتِنَا أَحَدٌ قَبْلَهُ وَ لَمْ نَشْهَدْهُ وَ لَکنَّ الْأَخْبَارَ مِنْ أَسْلَافِنَا وَرَدَتْ عَلَینَا بِأَنَّهُ أَحَلَّ لَنَا مَا لَمْ یحِلَّهُ غَیرُهُ فَاتَّبَعْنَاهُ قَالَ أَفَلَیسَ إِنَّمَا أَتَتْکمُ الْأَخْبَارُ فَاتَّبَعْتُمُوهُ قَالَ بَلَی قَالَ فَکذَلِک سَائِرُ الْأُمَمِ السَّالِفَةِ أَتَتْهُمُ الْأَخْبَارُ بِمَا أَتَی بِهِ النَّبِیونَ وَ أَتَی بِهِ مُوسَی وَ عِیسَی وَ مُحَمَّدٌ فَمَا عُذْرُکمْ فِی تَرْک الْإِقْرَارِ لَهُمْ إِذْ کنْتُمْ إِنَّمَا أَقْرَرْتُمْ بِزَرْدَهُشْتَ مِنْ قِبَلِ الْأَخْبَارِ الْمُتَوَاتِرَةِ بِأَنَّهُ جَاءَ بِمَا لَمْ یجِئْ بِهِ غَیرُهُ فَانْقَطَعَ الْهِرْبِذُ مَکانَه (شیخ صدوق، توحید، ۱۳۹۸ق، ص۴۱۹؛ شیخ صدوق، عیون اخبار الرضا، ۱۳۷۸ق، ج۱، ص۱۶۷-۱۶۸).
Сарчашма
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Биҳор-ул-анвор ал-ҷомеъа ли-дурар ахбор ал-аимма ал-атоҳор», Бейрут, Дор иҳё ат-турас ал-арабӣ, чапи дуюм, 1403ҳ.қ.
- Табарсӣ, Аҳмад ибн Алӣ, «Ал-Иҳтиҷоҷ ала аҳл ал-Лаҷоҷ», таҳқиқ ва тасҳеҳ Муҳаммадбоқир Хуросон, Машҳад, Нашри Муртазо, чапи аввал, 1403ҳ.қ.
- Хусравиён Қаллазӯ, Ҷаъфар, «Баррасӣ ва таҳлили санди мунозираҳои Имом Ризо (а) дар Ироқ ва Хуросон», дар «Пажӯҳишҳои Қуръон ва Ҳадис», №1, 1397ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибн Алӣ, «Ат-Тавҳид», таҳқиқ ва тасҳеҳ Ҳошим Ҳусайнӣ, Қум, Дар ал-Интишороти Исломӣ, чапи аввал, 1398ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибн Алӣ, «Уюну ахбор-ир-Ризо», таҳқиқ ва тасҳеҳ Маҳдӣ Лоҷвардӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чапи аввал, 1378ҳ.ш.