Аввалин мусулмон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Нахустин мусулмон)

Аввалин мусулмон (форсӣ: اولین مسلمان) нахустин шахсе, ки ба Пайғамбари Ислом имон овард. Аввалин мусулмон будан, ифтихор ва фазилат ба шумор меомадааст. Шиаён, ҳазрати Хадиҷа (а)-ро аввалин зани мусулмон, ва Имом Алӣ (а)-ро аввалин марди мусулмон медонанд. Ин матлаб дар манобеи таърихии аҳли суннат низ омадааст.

Бар асоси гузоришҳое, ки дар бархе аз манобеи аҳли суннат омада, Абубакр нахустин марди мусулмон муаррифӣ шудааст. Расули Ҷаъфариён, таърихнигори муосири шиа, тарҳи чунин иддаое аз сӯи бархе аз аҳли суннатро бархоста аз даргириҳои мазҳабии мусулмонон дониста, ки маншаи таърихӣ надорад.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Нахустин мусулмон ба аввалин нафаре ишора дорад, ки ба Пайғамбари Акрам (с) имон овард. Аввалин мусулмон будан, ифтихор ва фазилат маҳсуб мешуд.[1] Бар асоси бархе манобеъ, Пайғамбар (с) аввалин мусулмон будани Имом Алӣ (а)-ро фазилате барои ӯ донистааст.[2] Бархе саҳоба, ки иддаои аввалин мусулмонӣ доштаанд низ ба ин масъала мубоҳот кардаанд.[3]

Хадиҷа (а) нахустин зани мусулмон

Таърихнигорон дар бораи ин ки ҳазрати Хадиҷа (а) нахустин зани мусулмон аст, ихтилофе надоранд.[4] Бархе аз онон аз ӯ ба унвони нахустин мусулмон (аз занону мардон) низ ёд кардаанд.[5] Ибни Асир муаррихи аҳли суннат, иҷмои мусулмононро бар ин донистааст, ки ҳазрати Хадиҷа (а) аввалин имоноваранда ба Пайғамбар (с) будааст.[6]

Ба гуфтаи Аҳмад ибни Абияъқуб, таърихнигори қарни сеюм, ҳазрати Хадиҷа (а) аввалин зани имоноваранда ва ҳазрати Алӣ (а) аввалин марди имоноваранда ба Пайғамбар (с) аст.[7]

Алӣ (а) нахустин марди мусулмон

Бар асоси ривоёт, Пайғамбари Ислом (с), Имом Алӣ (а)-ро аввалин мусулмон, аввалин муъмин[8] ва аввалин касе ки ӯро тасдиқ намуд, тавсиф кардааст.[9] Шайхи Тусӣ ривояте аз Имом Ризо (а) нақл кардааст, ки Имом Алӣ (а)-ро аввалин имоноваранда ба Пайғамбари Ислом (с) муаррифӣ мекунад.[10] Гуфтаанд, шиа бар ин иҷмоъ дорад, ки Имом Алӣ (а) аввалин марди мусулмон будааст.[11] Имом Алӣ (а) низ дар суханонаш бар пештозиаш дар Ислом ва ин ки нахустин мусулмон буда, тасреҳ кардааст.

Аллома Маҷлисӣ[12] ва Ҳусайн ибни Ҳамдони Хасибӣ,[13] нависандаи шиаи қарни чаҳорум, Имом Алӣ (а)-ро аввалин мусулмон донистаанд. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ,[14] Шамсиддини Заҳабӣ[15] ва дигарон[16] аз муаррихони аҳли суннат нақлҳое бар аввалин мусулмон будани Имом Алӣ (а) нақл кардаанд.

Гузоришҳои дигар

Бархе аҳли суннат, нақлҳоеро зикр кардаанд, ки бар асоси он Абубакр[17] ё Зайд бин Ҳориса аввалин мусулмон будаанд.[18]

Мақризӣ, таърихнигори аҳли суннат дар китоби “Имтоъ-ул-асмоъ”, Абубакрро аввалин мусулмоне донистааст, ки шоистагии ҳимоят ва кумак ба Пайғамбари Исломро доштааст.[19] Ибни Ҳаҷар дар китоби “ал-Исоба”, аввалин мусулмон аз кӯдаконро Имом Алӣ (а), аз занон Хадиҷа, аз маволӣ Зайд ибни Ҳориса ва аз бардагонро Билоли Ҳабашӣ дониста, ӯ Абубакрро аввалин марди озод медонад, ки мусулмон шуд.[20] Бо ин ҳол, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ аз Муҳаммад ибни Саъд нақл карда, ки Абубакр, баъд аз 50 нафар Ислом оварад.[21]

Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, таърихнигори муосири шиа, ин ки бархе манобеи таърихӣ, Абубакрро нахустин мусулмон донистаанд, аз лиҳози таърихӣ, заминае надошта ва бархоста аз низоъҳои мазҳабии байни мусулмонон аст.[22]

Тартиби исломоварандагон

Ибни Асир, муаррихи аҳли суннат, Хадиҷа (а), Алӣ (а), Зайд ибни Ҳориса ва Абубакр[23] ва Аллома Маҷлисӣ, Алӣ (а), Хадиҷа (а) ва Ҷаъфар ибни Абӯтолибро ба тартиб, нахустин имоноварандагон ба Расули Аллоҳ, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) муаррифӣ кардаанд.[24]

Эзоҳ

  1. Мураввиҷии Табасӣ, «Амири муъминон (а) ва пештозӣ дар Ислом», саҳ.72.
  2. Ибни Уқдаи Куфӣ, Фазоили Амирулмуъминин алайҳиссалом», 1424 ҳ.қ., саҳ.24.
  3. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992 м, саҳ.169.
  4. Ҳусайнӣ, «Нахустин муъмин ва огоҳонатарин имон», саҳ.48.
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.471/ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.15/ Ибни Абдулбирр, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.546/ Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.410/ Солеҳии Дамишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.300.
  6. Ибни Асир, ал-Комил, 1385 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57.
  7. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, дорусодир, ҷ.2, саҳ.23.
  8. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6.
  9. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84.
  10. Шайх Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414 ҳ.қ., саҳ.343.
  11. Ҳусайнӣ, «Нахустин муъмин ва огоҳонатарин имон», саҳ.48.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.66, саҳ.102.
  13. Хасибӣ, ал-Ҳидоят-ул-кубро, 1419 ҳ.қ., саҳ.50.
  14. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310.
  15. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128.
  16. Ибни Абдулбирр, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1090.
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.315/ Ибни Абдулбирр, ал-Истиъоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.965.
  18. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.470.
  19. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34.
  20. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84.
  21. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва ал-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316.
  22. Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом сираи Расули Худо, 1380 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.235.
  23. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.130 - 131.
  24. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.66, саҳ.102.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор, Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1417 ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқ: Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1409 ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад Албаҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, чопи аввал, 1412 ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ Ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, 1385 ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409 ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1410 ҳ.қ.
  • Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Фазоъили Амиралмуъминин алайҳис салом, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Абдурразоқ Муҳаммадҳусайн Ҳирзуддин, Қум, Далели мо, чопи аввал, 1424 ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дувум, 1408 ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимус салом, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379 ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқ: Сарват Акоша, Қоҳира, алҳайъат-ул-мисрийят-ил-омати ли-л-китоб, чопи дувум, 1992 м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобат фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Алӣ Муҳаммад Муавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1415 ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Тақиюддин, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набийи мин- ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1420 ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёи-т-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403 ҳ.қ.
  • Мураввиҷии Табасӣ, Муҳаммадҷавод, «Амири муъминон (а) ва пештозӣ дар Ислом», маҷаллаи фарҳанги Кавсар, шумораи 75, поиизи 1387 ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад салаллоҳу алайҳим, таҳқиқи Муҳсин ибни Аббосалӣ Кӯчабоғӣ, Қум, Мактабату оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404 ҳ.қ.
  • Солеҳии Димишқӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, чопи аввал, 1414 ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387 ҳ.қ.
  • Хасибӣ, Ҳусайн ибни Ҳамдон, ал-Ҳидоят-ул-кубро, Бейрут, ал-Балоғ, 1419 ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, чопи аввал, 1414 ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, чопи аввал, бе то.
  • Ҳусайнӣ, Сайидкарами Ҳусайн, «Нахустин муъмин ва огоҳонатарин имон», маҷаллаи Сирот, шумораи 10, обони 1392 ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи сиёсии Ислом сираи Расули Худо, Қум, интишороти Далел, 1380 ҳ.ш.