Шаҳодати Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кушта шудани ҳазрати Алӣ)
Наққошии зарбат хӯрдани Алӣ(а), асари Юсуф Абдинажод

Шаҳодати Имом Алӣ (а) (форсӣ: شهادت امام علی (ع)) аз рӯйдодҳои садаи аввали қамарӣ аст, ки бар вазъияти шиаён таъсири зиёде гузошт. Шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) сабаби оғози қатлу озори шиаён ва боиси фурӯпошии лашкари Имом Алӣ (а) шуд. Бо шаҳодати Имом, гуногунии гароишҳо, ихтилоф ва кина байни мардуми Куфа аён гардид. Баъзе ёрони Алӣ (а) лашкари Куфаро пас аз шаҳодати Имом ба галлае монанд карданд, ки чӯпонашро аз даст додааст ва гургҳо аз ҳар сӯй онҳоро мерабоянд.

Гурӯҳе аз хавориҷ пас аз анҷоми маросими ҳаҷ ҷамъ шуда, аз шароити мусалмонон шикоят карданд. Дар ниҳоят се нафар қасам хӯрданд, ки Алӣ (а), Муовия ва Амр ибни Осро бикушанд. Ибни Мулҷам тааҳҳуд кард, ки Алӣ(а)-ро бикушад. Имом Алӣ (а) дар шаби 19-уми рамазон меҳмони духтараш - Уммукулсум, буд ва пеш аз азони бомдод ба масчид рафт. Мардуми дар масҷид хобидаро, аз ҷумла Ибни Мулҷамро барои намоз бедор кард ва дар меҳроб истода намоз хонд.

Ибни Мулҷам ҳангоми саҷда ё бархостан аз саҷда бо шамшер ба сари Имом зад. Имомро ба хона бурданд ва табиби моҳире ба номи Асир ибни Амр Имомро муоина кард. Асир аз тобеин буд ва пас муоина, ки зарбаи шамшер ба мағзи Имом расида буд, ба он кас гуфт, васият кунад; зеро вақти каме мондааст. Имом пеш аз шаҳодат борҳо беҳуш мешуд. Намозашро нишаста мехонд ва ба фарзандонаш васият мекард.

Имом Алӣ (а)-ро Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Муҳаммади Ҳанафия ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ғусл доданд. Имом Ҳасан (а) намози ҷанозаи Имомро хонд. Алӣ (а)-ро шабона дафн карданд. Қабри ҳазрати Алӣ (а) ба хотири ҷилавгирӣ аз кофтани қабр аз ҷониби хавориҷ ва душмании Банӣ Умайя пинҳон буд, то ин ки Имом Содиқ (а) дар замони ҳукумати Банӣ Аббос ҷои қабрро барои ҳама ошкор кард.

Таъсири шаҳодати Имом Алӣ (а) бар вазъияти шиаён

Наққошии асари Алии Баҳрайнӣ

Имом Алӣ (а) дар рамазони соли 40 ҳиҷрӣ ба шаҳодат расид.[1] Шаҳодати Имом дар замоне буд, ки мушкилоти фаровоне вуҷуд дошт; лашкариён итоати комил аз Имом надоштанд ва дар ҳамроҳии ӯ, сустӣ ба харҷ медоданд. Дар муқобил, лашкари Шом ба фармондеҳии Муовия қуввати бисёр ёфта буд.[2] Дар ин даврон, Муовия бо огоҳӣ аз вазъият, ба ноҳияҳои мухталифи ҳукумати Имом Алӣ (а) ҳамла карда, пайравон ва шиаёни Алӣ (а)-ро қатлу ғорат мекард.[3]

Имом Алӣ (а) дар ҳоли омода сохтани лашкаре барои ҳаракат ба самти Шом ва ҷанг бо Муовия буд, ки мавриди зарбати Ибни Мулҷам қарор гирифт.[4] Шаҳодати Имом Алӣ (а) гусасте байни лашкари Кӯфа фароҳам овард; ба наҳве ки Навфи Биколӣ - яке аз ёрони Алӣ (а) нақл мекунад, ки лашкариён дар ҳоли омода шудан барои ҳаракат ба самти Шом буданд, ки Алӣ (а) мавриди зарбати Ибни Мулҷам қарор гирифт ва лашкариён ба Кӯфа бозгаштанд. Навф вазъияти он давраи сипоҳи Имом Алӣ (а)-ро ба рамае монанд кардааст, ки чупони худро аз даст дода ва гургҳо аз ҳар сўй онҳоро мерабоянд.[5]

Пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а), мардуми Кӯфа бо Имом Ҳасан (а) байъат карданд, аммо ба гуфтаи бархе аз муҳаққиқон, воқеияти Куфа чизе ҷуз гуногунии гароишҳо, ихтилофи назарҳо ва ошкор шудани кинаҳо байни мардум набуд. Аз ҳамин ҷиҳат, сипоҳи Имом Ҳасан (а) тавоноии муқовимат дар баробари сипоҳи Шомро надошт.[6] Оятуллоҳ Субҳонӣ - таърихпажӯҳи шиа, муътақид аст, ки шаҳодати Имом Алӣ (а) зарбаи сахте бар пайкараи ҷомеаи исломӣ буд ва сабаби оғози қатлу таъарруз ва озори шиаён тавассути душманон гардид.[7] Бо шаҳодати Имом ва пас аз давраи кӯтоҳи ҳукумати Имом Ҳасан (а), даврони Банӣ Умайя, ки душвортарин замон барои шиаён буд, оғоз шуд.[8] Авзоъи шиаён бо қудрат гирифтани Муовия ба шиддат сахт шуд; Ибни Абилҳадид нақл мекунад, ки шиаён ҳарҷо буданд, ё ба қатл мерасиданд, ё дасту пояшон бурида мешуд, ё амволашон ба ғорат мерафт ва зиндонӣ мешуданд.[9]

Шиаён ба ҷиҳати шаҳодати Имом Алӣ (а) дар шаби бисту якуми моҳи рамазон, ки эҳтимол дорад шаби Қадр бошад,[10] азодорӣ мекунанд.[11] Дар бархе манотиқи Эрон, дар ин шаб, таъзияе ба номи «таъзияи Қанбар ва ҳазрати Алӣ (а)» иҷро мешавад.[12] Ҳамчунин бархе аз шиаён дар ин шаб нузурот, ифторӣ ва саҳарӣ тақсим мекунанд.[13] Такрори сад маротиба зикри «аллоҳумма-лъан қаталата Амиралмуъминин/اللّهمَّ العَن قَتلَة اَميرَالمُومِنين»; яъне Худовандо, қотилини Алӣ (а)-ро лаънат кун, аз аъмоли шаби нуздаҳум ва бисту якуми моҳи рамазон аст.[14]

Оё Имом Алӣ аз шаҳодати худ хабар дошт?

Мақолаи аслӣ: Илми имом ба шаҳодати худ

Бинобар бархе ривоёт, Имом Алӣ аз ҷузъиёти шаҳодати худ: монанди замон ва чигунагии он хабар доштааст.[15] Дар китоби ал-Кофӣ, аз кутуби арбаъаи шиа, бахше бо ин унвон вуҷуд дорад, ки имомон медонанд кай мемиранд.[16] Шайх Муфид, Аллома Ҳиллӣ ва Сайиди Муртазо низ дар осори худ аз ин масъала сухан гуфтаанд.[17] Ба гуфтаи Шайх Муфид (ваф.413ҳ.қ.) - мутакаллими шиа, ривоёт дар ин бора мутавотир аст.[18] Ӯ дар ҷавоб ба ин масъала, ки агар аимма, аз ҷумла: Имом Алӣ ба замони шаҳодати худ илм доштаанд, чаро аз ҷони худ муҳофизат накардаанд, ду эҳтимол матраҳ кардааст:

  • Шояд илми онҳо ба замон ва макони шаҳодат ва низ қотилашон, тафсилӣ набудааст.
  • Агар ҷузъиёти шаҳодати худро медонистанд, шояд таклифи онҳо сабр будааст.[19]

Сайиди Муртазо (ваф.436ҳ.қ.) - дигар мутакаллими шиа, низ гуфтааст, ки Имом Алӣ ба чигунагии шаҳодат ва қотили худ илм доштааст, аммо замони шаҳодатро намедонистааст; зеро агар медонист, бояд қатлро аз худ дур мекард.[20]

Ба гуфтаи нависандаи мақолаи “Илми Имом ба шаҳодат ва шубҳаи носозгории он бо исмат”, дар мавориде, ки аимма тан ба шаҳодат додаанд, бо ҳукми вуҷуби ҳифзи нафс мухолифат накардаанд. Аз назари ин нависанда, илми аимма аз тариқи мутаъораф ҳосил нашудааст. Барои ҳамин, чунин илме мумкин аст таклифовар набошад ва барфарз, ки таклифовар ҳам бошад, шояд аимма дар ростои саодати ҷомеъа ва..., таклифи вижае дошта ва ба он амал кардаанд.[21] Аз Имом Ризо (а) низ нақл шудааст, ки Имом Алӣ дар шаби нуздаҳум таслим шудан ба тақдири Илоҳиро пазируфт.[22]

Нақши Қутом дар шаҳодати Имом Алӣ (а)

Бино ба гузоришҳои таърихӣ, Қутом бинти Шаҷна дар шаҳодати Имом Алӣ (а) нақш дошт. Ӯ дар ҷавоби хостгории Ибни Мулҷам, маҳрияи худро ҳазор дирҳам, як каниз, як ғулом ва куштани Алӣ (а) қарор дод.[23] Ибни Мулҷам бо пазируфтани ин шароит, бо Қутом издивоҷ кард.[24] Падар[25] ва бародарони Қутом[26] дар ҷанги Наҳравон кушта шуда буданд.

Дар маросими ҳаҷҷи соли 39-уми ҳиҷрӣ, байни коргузори Имом Алӣ (а) ва коргузори Муовия ихтилофе ба вуҷуд омад. Пас аз маросими ҳаҷ, гуруҳе аз хавориҷ дар Макка ҷамъ шуда гуфтанд, ки инҳо ҳурмати Каъбаро нигаҳ надоштаанд.[27] Онон аз шароити мусулмонон гилоя доштанд ва кушташудагони худ дар ҷанги Наҳравонро ёд карданд.[28] Дар ниҳоят се нафар аҳд бастанд, ки Алӣ (а), Муовия ва Амр ибни Осро бикушанд. Ибни Мулҷами Муродӣ тааҳҳуд кард, ки Алӣ (а)-ро бикушад.[29] Ибни Мулҷам бистуми шаъбони соли 40-уми ҳиҷрӣ вориди Куфа шуд[30] ва дар онҷо бо Қутом ошно шуд.[31]

Зарбат хӯрдани Имом Алӣ (а)

Таблои шаҳодати Имом Алӣ (а) асари Эҳсони Афшор

Имом Алӣ (а) дар шаби нуздаҳи рамазон барои ифтор, меҳмони духтараш - Уммикулсум буд.[32] Ҷаъфариён - таърихпажӯҳи шиа, нақл мекунад, ки ривоёти фаровоне аз тариқи Аҳли Байт (а) ва аҳли суннат нақл шудааст, ки вазъияти хосси рӯҳии Имом дар шаби зарбат хӯрданро нишон медиҳад.[33] Бинобар нақли Ибни Асир - муаррихи аҳли суннат, дар китоби ал-Комил[34] ва ривояте аз китоби Кофӣ,[35] дар шаби зарбат хӯрдан, ҳангоме, ки Имом аз хона берун меомад, ғозҳо назди ӯ омаданд ва вақте онҳоро ронданд, Имом гуфт, онҳоро раҳо кунед, ки навҳа мекунанд. Аллома Маҷлисӣ ин ривояти Кофиро заъиф донистааст.[36]

Бинобар нақли Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор, Имом Алӣ (а) ба масҷид рафт. Худ дар маъзана азон гуфт.[37] Мардуми хобида дар масҷидро барои намоз бедор кард. Ибни Мулҷамро ҳам, ки дар масҷид ва ба шикам хобида буд, бедор кард ва аз чунин хобидане наҳй намуд.[38] Сипас дар меҳроб ба намоз истод. Ибни Мулҷам дар замони саҷда[39] ё баланд шудани Имом аз саҷда[40] зарбае бо шамшер ба сари Имом зад.[41] Бар асоси бархе нақлҳо, Имом ҳангоми вуруд ба масҷид мавриди ҳамла қарор гирифт.[42] Ибни Мулҷамро Шабиб ибни Баҷраи Ашҷаъӣ[43] ва Вирдон[44] ҳамроҳӣ мекарданд. Ибни Мулҷам пас аз зарба гуфт: ҳукм барои Худованд аст ва на барои туву ёронат.[45] Нақле вуҷуд дорад, ки пас аз зарбат хӯрдани Имом Алӣ (а), Ҷабраил ба Худованд савганд хӯрд, ки пояҳои ҳидоят нобуд шуд, ситораҳои осмон ва нишонаҳои тақво бефурӯғ шуданд.[46] Ин нақл дар манобеи мутақаддим вуҷуд надорад [ниёзманди манбаъ] ва танҳо бархе аз манобеи мутааххир[47] онро нақл кардаанд.

Ҳамчунин бибинед: Шаби зарбат хӯрдани Имом Алӣ(а)

Фузту ва Раббил-Каъба

Мақолаи аслӣ: Фузту ва Рабб-ил-Каъба

Бино ба гузориши Ибни Қутайбаи Динаварӣ - муаррихи қарни сеюм, Имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан таъбири «Фузту ва Рабб-ил-Каъба/فُزْتُ وَ رَبِّ الْکَعْبَه; ба Парвардигори Каъба қасам, растагор шудам»-ро бар забон овард.[48] Олимоне аз шиа, монанди Сайиди Разӣ,[49] Ибни Шаҳрошуб[50] ва аз аҳли суннат монанди Ибни Асир[51] ва Балозурӣ[52] ин суханро нақл кардаанд.

Ба гуфтаи Ибни Абилҳадид, пас аз зарбат хӯрдани Имом, табибони Куфаро барои муоинаи Имом гирд оварданд.[53] Асир ибни Амр пас аз баррасии захми сари Имом ба ин натиҷа расид, ки зарба ба мағз расидааст, аз ин рӯ, ба Имом гуфт, ки васият кунад; зеро замони зиёде зинда нахоҳад монд.[54]

Васиятҳои Имом Алӣ пас аз зарбат хӯрдан

Наққошии «видоъи ғариб» бо мавзӯи ҷанозаи Имом Алӣ (а), асари Алии Баҳрайнӣ

Аз Имом Алӣ, дар фосилаи зарбат хӯрдан то шаҳодат, суханон ва васиятҳое нақл шудааст. Имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан то замони шаҳодат дафаъоти тӯлонӣ аз ҳуш мерафт.[55] Намози худро нишаста мехонд ва васиятҳое хитоб ба фарзандонаш дошт.[56] Васияте махсус низ хитоб ба Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн дошт, ки дар Наҳҷулбалоға нақл шудааст.[57] Имом, дар ин даврон, суханоне перомуни марг низ гуфт.[58] Имом Алӣ (а) дар 21-уми рамазони соли 40-уми ҳиҷрӣ ба шаҳодат расид.[59] Бархе манобеъ таърихҳои дигареро барои шаҳодати он ҳазрат зикр кардаанд.[60]

Васият дар бораи қисоси Ибни Мулҷам

Имом Алӣ (а) васият кард, танҳо як зарба бар Ибни Мулҷам бизананд.[61] Агар дар асари зарба кушта шуд, баданашро мусла накунанд.[62] Бар асоси бархе манобеъ, Имом ба обу хурок додан ва рафтори дуруст бо Ибни Мулҷам дастур додааст.[63] Албата дар бархе манобеъ нақл шудааст, ки пас аз қисоси Ибни Мулҷам тавассути Имом Ҳасан,[64] мардум ҷанозаи ӯро сӯзонданад.[65] Ҳамчунин бархе нақлҳо ба мусла кардани Ибни Мулҷам ишора доштаанд.[66]

Шаҳриёр:

Он дами субҳи қиёмат таъсир,
Ҳалқаи дар шуд аз ӯ домангир.
Даст дар домани Мавло зад дар,
Ки Алӣ бигузару аз мо магузар.
Шоли шаҳ во шуду доман ба гарав,
Зайнабаш даст ба доман, ки марав.
Шол мебасту нидое мубҳам,
Ки камарбанди шаҳодат муҳкам.
Пешвое ки зи шавқи дидор,
Мекунад қотили худро бедор.

~ [67] [манбаи беҳтаре ниёз аст]


Ҷаноза ва хоксупорӣ

Имом Алӣ (а) тавассути Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Муҳаммади Ҳанафия ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ғусл дода шуд.[68] Имом Ҳасан (а) бар ҷасади Имом намози ҷаноза хонд.[69] Алӣ (а)-ро шабона дафн карданд ва чанд нуқтаро барои дафни он ҳазрат муҳайё карданд, то макони қабр пинҳон бимонад.[70] Макони дафни Имом Алӣ (а) барои пешгирӣ аз набши қабр тавассути хавориҷ[71] ва душмании Банӣ Умайя[72] пинҳон буд.

Теъдоди андаке аз шиаён ҷои дафнро мешинохтанд то ин ки Имом Содиқ (а) дар замони ҳукумати Банӣ Аббос, ҷои қабрро барои ҳамагон ошкор кард.[73] Макони дафни Имом Алӣ (а), дар шаҳри Наҷаф, ки дар манобеъ бо номҳои мухталифе аз он ёд шудааст,[74] мавриди иттифоқи назар байни шиаён аст.[75]

Такнигорӣ

  • Мақтал-ул-Имом Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, китобе ба забони арабӣ, навиштаи Ибни Абилдунё (ваф.281ҳ.қ.) - муҳаддиси аҳли суннат аст.[76] Дар ин китоб, ахборе дар бораи шаҳодати Имом Алӣ (а) ба сурати ҳадис нақл шудааст. Ин китобро Маҳмуд Маҳдавии Домғонӣ ба форсӣ баргардон намудааст.[77]
  • «Шаҳиди танҳо (Мақтали Амири муъминон Алӣ алайҳиссалом)» тавассути Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Мутлақ навишта шудааст.[78]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.130.
  2. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.323.
  3. Ҷаъфариён, Ҳаёти сиёсӣ ва фикрии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.54 - 53.
  4. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.110.
  5. Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.264.
  6. Насирии Разӣ, Таърихи таҳлилии садри Ислом, 1384ҳ.ш., саҳ.191.
  7. Субҳонӣ, аш-Шиъату фи мавкиб-ит-таърих, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  8. Насирии Разӣ, Таърихи таҳлилии садри Ислом, 1384ҳ.ш., саҳ.135.
  9. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.43.
  10. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.381.
  11. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.19.
  12. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.20.
  13. Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.21.
  14. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Усва, саҳ.226.
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.530.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.258 - 260.
  17. Ниг.: Раббонии Гулпойгонӣ ва Раҳмонизода, “Илми Имом ба шаҳодат ва шубҳаи носозгории он бо исмат”, саҳ.105.
  18. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319.
  19. Шайх Муфид, ал-Масоил-ул-акбарийя, 1413ҳ.қ., саҳ.69 - 72.
  20. Сайиди Муртазо, Расоил-уш-шариф-ил-Муртазо, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131.
  21. Раббонии Гулпойгонӣ ва Раҳмонизода, “Илми Имом ба шаҳодат ва шубҳаи носозгории он бо исмат”, саҳ.111.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  23. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18 -19
  24. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180.
  25. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18.
  26. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180.
  27. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
  28. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.113.
  29. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.607.
  30. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.212.
  31. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18.
  32. Ҳусайнии Мутлақ, Шаҳиди танҳо, 1386ҳ.қ., саҳ.114
  33. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.111.
  34. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.388.
  35. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  36. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.122.
  37. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.281.
  38. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.281.
  39. Шайх Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.365.
  40. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.281.
  41. Ибни Аъсами Куфӣ, ал-Футуҳ, ҷ.4, саҳ.278.
  42. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.145.
  43. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25 - 28
  44. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.646.
  45. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.646.
  46. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.282.
  47. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.282.
  48. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180.
  49. Сайиди Разӣ, Хасоис-ул-аимма, 1406ҳ.қ., саҳ.63.
  50. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.119.
  51. Ибни Асир, Усд-ул-ғобаҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.618.
  52. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ‏1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.488.
  53. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.119.
  54. Мадании Шерозӣ, ат-Тароз-ул-аввал, 1384ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.14.
  55. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.289.
  56. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.290.
  57. Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.421 - 422.
  58. Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., хутбаи 149, саҳ.207.
  59. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  60. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.645.
  61. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, ҷ.5, саҳ.233.
  62. Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.422.
  63. Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воъизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137.
  64. Хазози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.162.
  65. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.330.
  66. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
  67. علی آن شیر خدا شاه عرب, сайти Ҳавзанет.
  68. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
  69. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
  70. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.30.
  71. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
  72. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10.
  73. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.338.
  74. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.32.
  75. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.338.
  76. Ибни Абиддунё, Мақталу Амирилмуъминин (а), 1379ҳ.ш., саҳ.12 - 23.
  77. Ибни Абиддунё, Мақталу Амирилмуъминин (а), 1379ҳ.ш., саҳ.23.
  78. “Мақтали Алӣ (а): шаҳиди танҳо”, хонаи китоб ва адабиёти Эрон.

Сарчашма

  • "Алӣ он шери Худо шоҳи араб", сайти Ҳавзанет, таърихи боздид: 26 озари 1402ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқ: Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Абиддунё, Абдуллоҳ, Мақтали Алӣ, тарҷумаи Маҳдавии Домғонӣ, Машҳад, Тосуъо, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Абиддунё, Абдуллоҳ, Мақталу Амирилмуъминин, Қум, Маҷмаъу эҳёил-сақофатил-исломийя, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.ш.
  • Ибни Аъсами Куфӣ, Аҳмад ибни Аъсм, ал-Футуҳ, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёсат, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун (Дивон-ул-мубтадаи ва-л-хабар), таҳқиқ: Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорул-фикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Усва, бе то.
  • Мадании Шерозӣ, Алихон ибни Аҳмад, ат-Тароз-ул-аввал ва-л-канозу лимо алайҳи мин луғат-ил-араб-ил-муъаввал‏, Машҳад, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос‏, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабатус-сақофатид-динийя, Бур Саид, бе то.
  • "Мақтали Алӣ (а): шаҳиди танҳо", хонаи китоб ва адабиёти Эрон, таърихи боздид: 3 дейи 1402ҳ.ш.
  • Маҷидии Хомана, Фарида, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, маҷаллаи Гулистони Қуръон, № 37, озари 1379ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи ал-Табъ вал-нашр, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори ол-ир-Расул, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайидҳошими Расулӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Насирии Разӣ, Муҳаммад, Таърихи таҳлилии Ислом, Қум, Дафтари нашри маориф, 1384ҳ.ш.
  • Наҳҷулбалоға, таҳқиқ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ ва Муҳсини Раҳмонизода, “Илми Имом ба шаҳодат ва шубҳаи носозгории он бо исмат”, дар маҷаллаи Каломи исломӣ, № 110, тири 1398ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил-уш-шарифи-л-Муртазо, Маҳдии Раҷоӣ ва Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1415ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, аш-Шиъату фи мавкиб-ит-таърих, Қум, муъовинияту шуъунил-таълими вал-буҳус, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ (Таърих-ул-умами ва-л-мулук), таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Абдуллатиф Ҳусайнии Куҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Шайх Муфид, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ул-акбарийя, Алиакбар Илоҳии Хуросонӣ, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, чопи аввал, бе то.