Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Имдоди ғайбӣ

Аз wikishia
Нигорае аз ёрӣ кардани фариштагон ба Пайғамбар (с) дар ҷанги Бадр

Имдоди ғайбӣ (форсӣ: امداد غیبی) ба ёриҳое гуфта мешавад, ки аз омилҳои ноаён ва болотар аз асбоби моддӣ сарчашма мегиранд.[1] Ин мафҳум ҳамаи неъматҳои ошкор ва пинҳони Илоҳиро дарбар мегирад;[2] Муртазо Мутаҳҳарӣ, исломшиноси шиа, онро ба ду қисм тақсим кардааст: ёрии ғайбии умумӣ, ки ҳамаи неъматҳои Илоҳиро барои ҳамаи махлуқот дарбар мегирад, ва ёрии ғайбии хос, ки ёриҳои махсус барои муъминон дар вазъиятҳои махсус аст.[3] Бо вуҷуди ин, дар истифодаҳои маъмул, имдоди ғайбӣ бештар ба ёриҳои махсус ва ғайриоддии Худо барои муъминон дар шароити душвор ва истисноӣ маҳдуд мешавад.[4] Дар Қуръон ёриҳои ғайбӣ мададҳое дониста шудаанд, ки реша дар олами ғайб доранд; бар асоси ояти 6 сураи Исро моли дунё ва фарзандон низ аз мисолҳои он шуморида шудаанд.[5]

Имдоди ғайбӣ ва муъҷиза одатан ба тариқи ғайриоддӣ ва тавассути омилҳои пинҳон рух медиҳанд. Бо ин фарқ, ки имдоди ғайбӣ ҳамроҳ бо таҳаддӣ ва даъвои нубувват нест ва ҳатман тавассути пайғамбарон рух намедиҳад; дар ҳоле ки муъҷиза барои исботи нубуввати пайғамбар ва ҳамроҳ бо таҳаддӣ аст.[6]

Дар таърихи анбиё ва садари Ислом, намунаҳои сершуморе барои имдоди ғайбӣ зикр шудааст: наҷоти Юсуф (а) аз гуноҳ,[7] ҳифзи Мусо (а) аз хатари Фиръавн тавассути илҳом ба модараш,[8] нобудии сипоҳи Абраҳа ба воситаи абоил,[9] наҷоти Пайғамбар (с) дар лайлат-ул-мабит,[10] ёрии фариштагон дар ҷанги Бадр,[11] боздоштани душман аз ҳамла пас аз ҷанги Уҳуд,[12] пирӯзии мусалмонон дар ҷанги Аҳзоб бо бод ва сипоҳи ноаён,[13] ва нузули сакинаву оромиш дар ҷанги Ҳунайн.[14]

Шарти дарёфти имдоди ғайбӣ

Зиндагии инсон агар ҳамроҳ бо ҳақҷӯӣ, ҳақиқатхоҳӣ, ихлос ва амалу кӯшиш бошад, мавриди ҳимояти ҳақиқат қарор мегирад ва аз роҳҳое, ки бар мо маҷҳул аст, дасти ғайбӣ моро таҳти инояти худ қарор медиҳад, илова бар ин ки як амри имонӣ аст ва аз лавозими имон ба таълимоти анбиё аст, як ҳақиқати таҷрибӣ ва озмоишӣ аст. Албатта таҷриба ва озмоиши шахсӣ; яъне ҳар кас лозим аст дар умри хеш чунин кунад, то асари лутф ва инояти Парвардигорро дар зиндагии худ бубинад ва чӣ қадр лаззатбахш аст муомила бо Худо ва мушоҳидаи осори лутфи Худо.[15]


Ҳамчунин ҳидояти муҷоҳидон,[16] ёрии дини Худо[17] ва наҷоти парҳезгорон аз мушкилот[18] аз дигар намунаҳои он дониста шудааст.[19] Муртазо Мутаҳҳарӣ, ваҳй[20] ва ҳатто илҳомот ва ишроқҳои илмиро низ аз ҷилваҳои имдоди ғайбӣ бармешуморад.[21] Имом Хумайнӣ, бунёнгузори низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҳодисаи Табас (кӯшиши номуваффақонаи низомиёни амрикоӣ барои озодии гаравгонони сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон, ки бо тӯфони рег, нуқси техникӣ ва бархӯрди ҳавопаймо бо чархбол ҳамроҳ шуд) ҳамчун намунае аз имдоди ғайбӣ ёд кардааст.[22]

Дарёфти ёрии ғайбиро вобаста ба шароите донистаанд,[23] мананди:

  • имон — бо ваъдаи ёрии Илоҳӣ дар дунё ва охират барои муъминон,[24]
  • таваккул — чунон ки пас аз шикасти мусалмонон дар ҷанги Уҳуд, дар Ҳамро-ул-асад машмули ёрии Худо шуданд,[25]
  • парҳезгорӣ — ки муҷиби фурқон, мағфират ва кушоиш дар корҳост,[26]
  • истиқомат — ки сабаби нузули фариштагон ва рафъи хавфу андуҳ мешавад,[27]
  • ҷиҳод[28] ва ёрии дини Худо[29] — ҳамроҳ бо ваъдаи ҳидоят ва нусрати хос,[30]
  • сабр — заминасози ёрии Илоҳӣ[31] ва ҳимояти маънавии фариштагон,[32]
  • ихлос — ки ҳамчунон достони Юсуф (а) муҷиби наҷот аз гуноҳ шуд.[33]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Носиҳӣ, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.17.
  2. Носиҳӣ, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.17.
  3. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор: Имдодҳои ғайбӣ, интишороти Садро, ҷ.3, саҳ.344-345.
  4. Носиҳӣ, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.17.
  5. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.344.
  6. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.82; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Паёми Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.277; Носиҳӣ, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.19-20.
  7. Сураи Юсуф, ояти 24; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.370-374; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.126-130.
  8. Сураи Тоҳо, ояти 39; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.198-202; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.18.
  9. Сураи Фил, оятҳои 1-5; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.336-337; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.825.
  10. Сураи Тавба, ояти 40; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.418-419.
  11. Сураи Анфол, ояти 9-12; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.103-107.
  12. Сураи Оли Имрон, ояти 151; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.125-126; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.43.
  13. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.143-144.
  14. Сураи Тавба, ояти 26; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.338 ва 341.
  15. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.348.
  16. сураи Анкабут, ояти 69.
  17. сураи Муҳаммад, ояти 7.
  18. сураи Талоқ, ояти 2.
  19. барои мутолиаи бештар дар ин замина, ниг: Носиҳӣ, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, 1387ҳ.ш.; Даргоҳзода, Муҳаммад, Имдодҳои ғайбӣ, 1381ҳ.ш.
  20. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.647.
  21. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.351.
  22. Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.380.
  23. Носиҳӣ, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, саҳ.103-114.
  24. сураи Ғофир, ояти 51; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.127; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.646.
  25. сураи Оли Имрон, оятҳои 173-174; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.175-178.
  26. сураи Анфол, ояти 29; сураи Талоқ, оятҳои 2-4; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.140-141 ва ҷ.24, саҳ.232-244.
  27. сураи Фуссилат, ояти 30; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.269-271.
  28. сураи Анкабут, ояти 69.
  29. сураи Муҳаммад, ояти 7.
  30. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.348-350 ва ҷ.21, саҳ.425-426.
  31. сураи Анъом, ояти 34; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.212.
  32. сураи Оли Имрон, ояти 125; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.79-80.
  33. сураи Юсуф, ояти 24; Макорими Шерозӣ ва дигарон, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.370-374; Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.126-130.

Сарчашма

  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Садро, беҷо, 1389ҳ.ш.
  • Даргоҳзода, Муҳаммад, Имдодҳои ғайбӣ, Маркази пажӯҳишҳои исломии Сидо ва Симо, 1381ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фи тафсирил-Қуръон, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсирил-Қуръон, Интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Ал-Ҷомеъ ли аҳкомил-Қуръон, Дорул-кутубил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор: Имдодҳои ғайбӣ, Интишороти Садро, бетаърих
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва дигарон, Паёми Қуръон, Интишороти мактаби Имом Алӣ ибни Абутолиб (а), 1374ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва дигарон, Тафсири намуна, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Носиҳӣ, Муҳаммадҳасан, Имдодҳои ғайбӣ аз нигоҳи Қуръон, Бӯстони китоб, 1387ҳ.ш.