Олами амр

Аз wikishia
Китоби ал-Аволим-ул-ғайбия фи-л-Қуръон-ил-Карим, навиштаи Оятуллоҳ Субҳонӣ

Олами амр (форсӣ: عالَم اَمْر) ё олами муҷаррадот (абстрактӣ), ки онро ҳавоси панҷгонаи зоҳирӣ дарк намекунад ва муқобили олами халқ аст, ки он бо ҳавоси панҷгона қобили дарк аст. Решаи эътиқод ба олами амрро дар фарози “أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ” дар ояти 54 сураи Аъроф донистаанд.

Ба вуҷуди омадани мавҷудот дар олами амрро лаҳзаӣ ва бидуни ниёз ба фароҳам шудани шароити замону макон донистаанд; баръакси олами халқ, ки ба вуҷуд омадани мавҷудот дар он тадриҷӣ буда ва вобаста ба шароити хоси моддӣ имконпазир аст.

Бо вуҷуди эътиқоди бархе аз файласуфон ба вуҷуди олами амр, бархе аз муфассирон бар ин боваранд, ки дар оятҳое аз Қуръон аз калимаи амр барои ишора ба олами модда истифода шудааст; ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ низ дар зери ояти 54-уми сураи Аъроф, халқ ва амр дар ин оят ба маънои ду ҷаҳони мустақил нест, балки ба маънои қудрати офариниши Худо ва фармони Ӯ медонад.

Мафҳумшиносӣ

Олами амр, ҷаҳоне аст, ки бар хилофи олами халқ, аз маҳсусот нест ва бо ҳавоси панҷгона дарк намешавад.[1] Бино бар назари Муллосадро, файласуфи шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ, Худованд ҷаҳонҳои сершуморе офаридааст, ки ҳамаи онҳо дар ду олам хулоса мешавад: 1- олами халқ 2- олами амр. Ӯ олами халқро ҳамон дунё ва олами амрро олами муҷаррадот дониста, гуфтааст, ин олам танҳо бо ҳавоси ботинӣ дарк мешавад.[2]

Ба бовари Муллоҳодии Сабзаворӣ, орифон истилоҳи олами амрро аз ояии 54 сураи Аъроф[3] иқтибос кардаанд.[4] Дар китоби Ҳуҷҷат-ут-тафосир, зайли ояи 85 сураи Исро, аз ду олами халқ ва амр сухан гуфта шудааст, ки бар асоси он, бадани инсон намунае аз олами халқ ва рӯҳи ӯ намунае аз олами амр дониста шудааст.[5]

Вижагиҳо

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, бархилофи олами халқ, ки таҳаққуқи мавҷудот дар он ба сурати тадриҷӣ сурат мегирад, дар олами амр, мавҷудот ба сурати онӣ таҳаққуқ пайдо мекунанд.[6] Макорими Шерозӣ, ин назари худро ба ояти 82 сураи Ёсин муттакӣ медонад, ки бар асоси он, ҳаргоҳ Худованд чизеро ирода кунад, ҳамин ки амр кунад, он чиз мавҷуд мешавад.[7]

Дар олами амр, мавҷудот ба сирфи иродаи Илоҳӣ ва амри Ӯ ва бидуни ниёз ба фароҳам шудани шароити моддие монанди замону макон ба вуҷуд меоянд; бархилофи олами халқ, ки барои таҳаққуқи мавҷуде дар он, бояд шароити хоси моддие вуҷуд дошта бошад.[8]

Дидгоҳҳо

Бархе аз фалосафаи мусулмон аз вуҷуди олами амр дар муқобили олами халқ сухан гуфтаанд.[9] Файзи Кошонӣ ҳам дар китоби ал-Софӣ дар тафсири иборати «لَهُ الْخَلْقُ وَ الْأَمْرُ»,[10] фарқи олами халқ ва амрро баён кардааст.[11] Файзи Кошонӣ дар тафсибри сураи Фалақ аз ояти «мин шарри мо халқ» истифода кардааст, ки шарҳо дар олами халқ аст ва олами амри хайри маҳз аст.[12]

Бо ин ҳол, чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, Қуръони Карим, калимаи амрро барои олами мода низ ба кор бурдааст; барои намуна дар ояти 54 сураи Аъроф, ки мустанади аслии олами халқ аст, хуршеду моҳу ситорагон, таҳти амри Худо дониста шудаанд.[13]

Аллома Таботабоӣ ҳам дар тафсири ал-Мизон дар тафсири ояти мазкур, аз вуҷуди чунин ҷаҳоне сухан нагуфта ва танҳо фарқҳои халқ, яъне офариниши Худованд ва амр, яъне фармони Худовандро баён кардааст.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Олами ғайб

Олами малакут

Олами ҷабарут

Олами носут

Олами лоҳут

Олами барзах

Эзоҳ

  1. Балоғӣ, Ҳуҷҷат-ут-тафосир, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84.
  2. Калонтарӣ, “Чистии олами амр дар оёти Қуръони Карим”, саҳ.150.
  3. أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ; огоҳ бош, ки [олами] халқ ва амр аз они Ӯст (тарҷумаи Фулодванд).
  4. Ансории Шерозӣ, Дуруси шарҳи манзума, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.335.
  5. Балоғӣ, Ҳуҷҷат-ут-тафосир, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.207.
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.207.
  8. Биҳиштӣ, “Тааммуле бар олами халқ ва олами амр”, саҳ.17.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.207.
  10. Сураи Аъроф, ояти 54.
  11. Файзи Кошонӣ, тафсири ал-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.205.
  12. Файзи Кошонӣ, ат-Тафсир-ус-Софӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.395.
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.207.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.150 - 153.

Сарчашма

  • Ансории Шерозӣ, Яҳё, Дуруси шарҳи манзумаи ҳакими муталлиҳ Ҳоҷи Муллоҳодии Сабзаворӣ, ҷ.2, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1387ҳ.ш.
  • Балоғӣ, Сайидабдулҳуҷҷат, Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, Қум, интишороти Ҳикмат, 1386ҳ.қ.
  • Биҳиштӣ, Сайид Муҳаммад, “Тааммуле бар олами халқ ва олами амр”, дар маҷаллаи Гулистони Қуръон, № 88, обони 1380ҳ.ш.
  • Калонтарӣ, Иброҳим ва Ҳамро Алавӣ, “Чистии олами амр дар оёти Қуръони Карим”, дар маҷаллаи пажӯҳишҳои Қуръон ва ҳадис, № 1, баҳор ва тобистони 1392ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти Исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, тафсири ал-Софӣ, Теҳрон, интишороти ал-Садр, 1416ҳ.қ.