Ҳайвони наҷостхор

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Ҳайвони наҷосатхор (форсӣ: حیوان نجاست‌خوار) ё ҷаллол (форсӣ: جَلّال), ҳайвони ҳалолгӯште, ки ба хӯрдани наҷосати инсон одат кардааст. Хӯрдани гӯшту шир ва тухми ҳайвони наҷосатхор ҳаром аст ва мадфуъу идрори он наҷас мебошад. Бо истиброъи наҷосатхор (хӯрондани ғизои пок ва пешгирӣ аз хӯрдани наҷосат) аҳкоми ҷаллола аз он бардошта мешавад.

Муддати истиброъи ҳайвоноти наҷосатхор гуногун аст; бино ба назари машҳури фақеҳон, муддатзамони лозим барои истиброи шутур 40 рӯз, гов 20 рӯз, гусфанд 10 рӯз, мурғобӣ 5 рӯз ва мурғ 3 рӯз аст.

Дар бораи ҳайвоноте, ки барои истиброи онҳо дар ривоёт муддати муайяне зикр нашудааст, баъзе фақеҳон муътақиданд, то замоне ки сифати наҷосатхор аз онон зоил нашавад, ҳукми ҷаллоларо доранд, ҳарчанд баъзеи дигар паррандагони монанд ба мурғу мурғобиро дар ин ҳукм бо он ду яксон медонанд.

Мафҳумшиносӣ

Ҳайвони ҳалолгӯште, ки ба хӯрдани мадфуъи инсон (узра) одат кардааст, наҷосатхор ва ё ҷаллола номида мешавад.[1] Аз назари бештари фақеҳон, ғайр аз Абуссалоҳ Ҳалабӣ, ин сифат танҳо бо хӯрдани мадфуъи инсон ҳосил мегардад ва хӯрдани дигар наҷосот ҳусули ин сифатро дар пай надорад.[2]

Фақеҳони гузашта (то 460ҳ.қ.) муддатзамони лозим барои таҳаққуқи ин вижагӣ дар ҳайвонро зикр накардаанд,[3] аммо милокҳои мухталифе дар каломи мутааххирон барои ин манзур баён гардидааст; хӯрдани як шабонарӯз мадфуъи инсон,[4] рӯиши гӯшти ҷадид ва муҳкам шудани устухон ба сабаби хӯрдани наҷосат,[5] намоён шудани вайронӣ ва буи бад дар бадан ва пӯсти ҳайвон[6] ва наҷосатхор шудани ҳайвон аз назари урф,[7] аз меъёрҳое аст, ки барои итлоқи наҷосатхор бар ҳайвон зикр гардидааст.

Ҳайвони ҳалолгӯшт танҳо дар сурате наҷосатхор хонда шуда ва аҳкоми ҳайвони ҷаллола бар он мутараттиб мешавад, ки танҳо ғизои ӯ мадфуъи инсон бошад.[8]

Аҳкоми фиқҳӣ

Дар китобҳои фиқҳӣ аҳкоме барои ҳайвоноти наҷосатхор зикр шудааст:

Ҳукми хӯрдани гӯшт, шир ва тухм

Тибқи назари бештари фақеҳон, хӯрдани гӯшти ҳайвони наҷосатхор ҳаром аст; дар муқобил, бархе аз фақеҳон ба кароҳати он ҳукм кардаанд.[9] Ҳамчунин хӯрдани шир ва тухми ҳайвони наҷосатхор низ ҳаром дониста шудааст; чароки шир ва тухми ҳайвонот, дар ҳалол будан ё ҳаром будан, тобеъи ҳалолу ҳаром будани гӯшти онҳост.[10]

Агар ҳайвони ҳалолгӯшт илова бар мадфуъи инсон, хӯроки поки дигаре бихӯрад, ҳатто дар сурате, ки бештари хуроки ӯ аз ҳамон наҷосат бошад, хӯрдани гӯшти он на ҳаром, балки макрӯҳ аст.[11]

Наҷосати пешоб, ахлот, арақ ва нимхӯрда (суър)

Ба назари фақеҳон, пешобу ахлоти ҳайвоноти наҷосатхор наҷас аст.[12] Албатта фақеҳон дар наҷосат ё покии арақи шутури наҷосатхор ихтилофи назар доранд. Аз ин рӯ, дар сурате, ки арақи шутури наҷосатхор бо чизе бархӯрд дошта бошад, бархе аз фақеҳон пок кардани онро воҷиб донистаанд.[13] Аммо аксари фуқаҳо арақи шутури наҷосатхорро пок медонанд.[14] Баъзе аз муҳаққиқон бо ин ки арақи шутури наҷосатхорро пок донистаанд, аммо муътақиданд, намозгузор бояд онро аз бадани худ бартараф намояд.[15] Бархе аз нависандагон арақи соири ҳайвоноти ҷаллоларо дар наҷосату таҳорат, ба арақи шутури наҷосатхор мулҳақ карда, аҳкоми онҳоро яксон донистаанд.[16]

Бархе аз фақеҳони суър(боқӣ мондаи об ё ғизо)-и ҳайвони наҷосатхорро наҷас донистаанд.[17] Аз ин рӯ, хӯрдани суъри он монанди дигар наҷосот ҳаром аст.[18] Дар муқобил, бархе ба наҷосат боқимондаи хуроки ҳайвони наҷосатхор ҳукм накарда ва хӯрдани онро макрӯҳ донистаанд.[19]

Савор шудан бар шутури наҷосатхор дар ҳаҷ ва умра

Савор шудан бар шутури наҷосатхор дар айёми ҳаҷҷ ва умра макруҳ дониста шудааст.[20]

Истибро

Дар сурате, ки ҳайвони наҷосатхор барои муддате аз хӯрдани наҷосат манъ карда шавад ва фақат алафҳои пок ба ӯ хӯронада шавад, тамоми аҳкоми ҳайвони наҷосатхор бардошта мешавад. Ин амал дар фиқҳ «истибро» ном дорад.[21] Бо ин ҳол, бархе аз фақеҳон пок будани алафро барои аз байн бурдани сифати наҷосатхорӣ лозим надонистаанд.[22]

Муддати замони истибро

Ба назари бештари фақеҳон муддатзамони лозим барои истиброи шутур чиҳил рӯз, гов бист рӯз, гӯсфанд даҳ рӯз, мурғобӣ панҷ рӯз ва мурғ се рӯз аст.[23] Ин муддат дар ривоёти машҳур зикр шуда ва фуқаҳо мурооти онро лозим медонанд.[24]

Дар аҳодиси ғайримашҳур барои мурғобӣ се,[25], шаш[26] ва ҳафт рӯз,[27] барои гӯсфанд ҳафт[28] ва чаҳордаҳ рӯз,[29] ва барои гов сӣ рӯз,[30] ба унвони муддатзамони истибро зикр шудааст. Албатта дар ҳамаи ривоёт барои истиброи шутур чиҳил рӯз ва барои мурғ фақат се рӯз баён шудааст.[31]

Муддатзамони лозим барои истиброи бархе аз ҳайвонот монанди хурус, ундук, ғоз, кабк, будана ва буз дар ривоёт зикр нашудааст. Бархе аз фақеҳон парандагони монанд ба мурғу мурғобиро дар ҳукми он ду яксон донистаанд.[32] Аммо баъзеи дигар муътақиданд, истиброи тамоми ҳайвоноте, ки муддатзамони мушаххасе барои онҳо дар ривоёт баён нашудааст, то замоне, ки сифати наҷосатхор аз он зоил шуда ва дар урфи мардум дигар ба он сифат шинохта нашавад, давом меёбад.[33]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръиат, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.633; Омилӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160.
  2. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.313; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.249; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.36, саҳ.271.
  3. Ҳусайнъалӣ, Баррасии аҳкоми ҳайвони ҷаллол, 1396ҳ.ш., саҳ.12.
  4. Фозили Миқдод, ат-Танқиҳ-ур-роиъ, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.36.
  5. Омилӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160; Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130.
  6. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.25.
  7. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.250; Сабзаворӣ, Кифоят-ул-аҳком, интишороти Маҳдавӣ, ҷ.2, саҳ.603; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.383.
  8. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръиат, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.633; Омилӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.36, саҳ.272.
  10. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.376; Ҳоирӣ, Китоб-ул-маноҳил, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, саҳ.624; Табрезӣ, Танқиҳу мабони-л-урва: китобул-таҳорат, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.396.
  11. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.312; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.27.
  12. Ҳалабӣ, Ғунят-ун-нузуъ, 1417ҳ.қ., саҳ.40; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, ҷ.1, саҳ.51.
  13. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.71; Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.53.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.45; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръиат, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158; Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119 ва 120; Ҳиллӣ, Маъолим-уд-дин, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76.
  15. Хуӣ, ат-Танқиҳ: ат-таҳорат 2, 1418ҳ.қ., саҳ.154.
  16. Ҳиллӣ, Нузҳат-ун-нозир, 1394ҳ.қ., саҳ.18 - 19.
  17. Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25; Кидрӣ, Асбоҳ-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., саҳ.25.
  18. Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб (ал-Муҳашшо), 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188; Таботабоии Қумӣ, Мабонии минҳоҷ-ус-солеҳин, 1426ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.136.
  19. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.8; Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123.
  20. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръиат, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113; Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.474; Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъу ли-ш-шароиъ, 1405ҳ.қ., саҳ.230.
  21. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.62.
  22. Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.255.
  23. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407, ҷ.6, саҳ.86; Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.428; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.170 - 173; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръиат, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.633 - 635.
  24. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.386.
  25. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.338 ва 339.
  26. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.338 ва 339.
  27. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.252.
  28. Ибни Ашъас, ал-Ҷаъфариёт, Мактабат-ун-Найнаво, ал-ҳадиса, саҳ.27.
  29. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.252.
  30. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.253.
  31. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.251 ва 253; Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.338 ва 339; Ибни Ашъас, ал-Ҷаъфариёт, Мактабат-ун-Найнаво, саҳ.27.
  32. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.328; Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, 1410ҳ.қ., саҳ.236; Аллома Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.112.
  33. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.278.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Иршод-ул-азҳон ило аҳком-ил-имон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, Қум, муассисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, 1420ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб (ал-Муҳашшо), Қум, муассисаи матбуотии Дорул-китоб, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ашъас, Муҳаммад, ал-Ҷаъфариёт, Теҳрон, Мактабату Найнаво-л-ҳадиса, бе то.
  • Ибни Барроҷ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Кидрӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Асбоҳ-уш-шиъа би мисбоҳ-иш-шариъат, Қум, муассисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, 1416ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, ал-Ҳодӣ, 1419ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ул-азҳон, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароиъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Омилӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1414ҳ.қ.
  • Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком фи шарҳи ибодоти шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1410ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-аҳком, Исфаҳон, интишороти Маҳдавӣ, бе то.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1418ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1418ҳ.қ.
  • Таботабоии Қумӣ, Сайидтақӣ, Мабонии минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, маншуроти қаламуш-шарқ, 1426ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод ибни Алӣ, Танқиҳу мабони-л-урва: китобул-таҳорат, Қум, Дорул-Сиддиқатуш-Шаҳида саломуллоҳи алайҳо, 1426ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ат-Танқиҳ-ур-роиъ лимухтасар-иш-шароиъ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ (раҳ), 1404ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо: ал-таҳорат 2, Қум, бено, 1418ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Ҳамза ибни Алӣ, Ғунят-ун-нузуъ ило илмай-ил-усули ва-л-фуруъ, Қум, муассисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, 1417ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Шуҷоъ Алқатон, Маъолим-уд-дин фи фиқҳи Олиёсин, Қум, муассисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, 1424ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Яҳё ибни Саид, ал-Ҷомеъу ли-ш-шароиъ, Қум, муассисаи Сайидуш-шуҳадо алъилмия, 1405ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Яҳё ибни Саид, Нузҳат-ун-нозир фи-л-ҷамъ байна-л-ашбоҳи ва-н-назоир, Қум, маншуроти Разӣ, 1394ҳ.қ.
  • Ҳоирӣ, Сайид Муҳаммад, Китоб-ул-маноҳил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, бе то.
  • Ҳусайнъалӣ, Муҳаммадамин, Баррасии аҳкоми ҳайвони ҷаллол, поённомаи давраи сатҳи сеи риштаи фиқҳу усул, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмия, 1396ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фатовӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия фи фиқҳ-ил-имомия, Бейрут, Дорул-турос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фиа аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1419ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи ал-маъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.