Сураҳои маккӣ ва маданӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сураҳои маккӣ)

Сураҳои маккӣ ва маданӣ ба тақсими сураҳои Қуръон аз рӯи замони нозил шуданашон; яъне пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ё баъд аз он ишора мекунанд.

Донистани сураҳои маккӣ ва маданӣ дар тафсир, фиқҳ ва калом муҳим аст; зеро аз ин роҳ метавон марҳалаҳои даъвати Пайғамбар (с) ва сайри масоили сиёсӣ ва иҷтимоъии садри Исломро донист.

Донистани оёти носиху мансух, донистани сайри такомули ташреъу конунгузории Ислом ва низ донистани сабабхои нузули оёти Куръон аз фоидаҳои дигари донистани сураҳои маккӣ ва маданӣ мебошад.

Қуръонпажӯҳон мегӯянд, дар баъзе сураҳои маккӣ, оёти маданӣ ва дар баъзе сураҳои маданӣ, оятҳои маккӣ вуҷуд доранд. Ин оятҳоро “оятҳои истисноӣ” меноманд.

Ба ақидаи онҳо, дар Қуръон 20 сура қатъан маданӣ ва 82 сура қатъан маккӣ буда, дар бораи боқимондаи сураҳо (12 сура) ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Услуб ва мазмуни сураҳои маккиву маданӣ бо якдигар фарқ доранд ва ин беҳтарин роҳ барои ҷудо кардани сураҳои маккӣ ва маданӣ маҳсуб мешавад.

Баъзе аз хусусияти сураҳои маккӣ ба ин шарҳ аст: даъват ба усули ақоид, кӯтоҳ будани сураю оятҳо ва низ лаҳни тунд доштан. Бархе аз вижагиҳои сураҳои маданӣ ҳам иборатанд аз: баёни аҳкоми шаръӣ, пардохтан ба масоили мунофиқон ва баёни масъалаи ҷиҳод ва аҳкоми он.

Бо назардошти аҳамияти донистани сураҳои маккӣ ва маданӣ, ба ин масъала шарқшиносон низ таваҷҷуҳ кардаанд, вале онҳо дар муқоиса бо Қуръонпажуҳони мусулмон роҳҳои дигареро дар пеш гирифтаанд.

Аҳамияти шинохтани маккӣ ва маданӣ будани сураҳо дар улуми исломӣ

Шинохтани сураҳои маккӣ ва маданӣ, барои муфассирон дар тафсири Қуръон ва барои фақеҳон дар истинботи аҳкоми шаръӣ[1] ва барои мутакаллимон дар таъйид ё радди мабоҳиси каломӣ корбурд дорад;[2] зеро бо шиносоии маккӣ ё маданӣ будани сураҳо метавон аз таърихи вуқуъи рӯйдодҳо ва замони ташреъи аҳком огоҳ шуд.[3] Аз бархе андешмандони улуми қуръонӣ нақл шудаааст, шахсе ки маккӣ ва маданиро намешиносад ва наметавонад онҳоро аз якдигар ташхис диҳад, ҷоиз нест Қуръонро тафсир кунад.[4]

Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, муаллифи тафсири ал-Мизон муътақид аст, шинохтани сураҳои маккӣ ва маданӣ ва ба дунболи он, шинохтани тартиби нузули сураҳо таъсири муҳимме дар мабоҳиси марбут ба даъвати Пайғамбари Ислом (с) ва сайри рӯҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии замони ӯ ва таҳлили сираи набавӣ дорад.[5] Шинохти носиху мансух,[6] донистани асбоби нузул,[7] огоҳӣ аз чигунагии нузули Қуръон[8] ва шинохтани ғараз ва ҳадафи сураҳо аз фоидаҳои дигари шинохтани сураҳои маккӣ ва маданӣ аст.[9]

Меъёрҳо ва милокҳои ташхис

Дар бораи меъёрҳои ташхиси маккӣ ё маданӣ будани оёти Қуръони Карим, се назар вуҷуд дорад:

  1. Меъёри замонӣ: ончи пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст, маккӣ ва ончи баъд аз расидани Пайғамбар ба Мадина нозил шудааст, маданист. Аз ин рӯ, агар сура ё ояте баъд аз ҳиҷрат нозил шуда бошад, маданӣ хоҳад буд, ҳатто агар дар шаҳри Макка ё дар сафаре аз сафарҳои Пайғамбар (с) нозил шуда бошад; монанди оёте ки дар Фатҳи Макка ё дар Ҳаҷҷатулвадоъ нозил шуд.[10]
  2. Меъёри маконӣ: ончӣ дар Макка ва атрофи он монанди Мино, Арафот ва Ҳудайбия нозил шуда бошад, маккӣ аст, ҳарчанд баъд аз ҳиҷрат бошад ва ончӣ дар Мадина ва атрофи он монанди Бадру Уҳуд нозил шуда бошад, маданист.[11]
  3. Меъёри мухотаб: бархе ба «мухотаби ваҳй» тавваҷуҳ карда, гуфтаанд, ҳарчӣ хитоб ба аҳли Макка нозил шуда бошад, маккӣ ва ҳарчӣ хитоб ба аҳли Мадина нозил шуда бошад маданист.[12] Милоки ташхиси мухотаб ин аст, ки ончӣ бо таъбири «ё айюҳо-н-нос» (эй мардум) нозил шуда бошад, маккӣ ва ончӣ бо таъбири «ё айюҳа-л-лазина оману» (эй касоне ки имон овардаед) нозил шуда бошад, маданист.[13] Ин дидгоҳ ба Ибни Масъуд, саҳобаи Пайғамбар (с) нисбат дода шудааст.[14]

Мегӯяанд, агар теъдоде аз оёти як сура, маккӣ ва теъдоде аз он маданӣ бошад, маккӣ ё маданӣ будани сура бо дар назар гирифтани бахши умдаи он сура муайян мешавад; масалан агарчӣ макони нузули теъдоде аз оёти сураи Анъом марбут ба Мадина дониста шудааст, аммо бо тавваҷуҳ ба инки бештари оёти он дар Макка нозил шудааст, ин сура маккӣ муаррифӣ мешавад.[15] Дар муқобил, бархе бар ин боваранд, ки номгузории ингунаи сураҳо бо тавваҷуҳ ба оёти ибтидои он сурат гирифтааст.[16]

Дидгоҳи машҳур

Меъёри замонӣ аз ду меъёри дигар машҳуртар ва пазируфтаи аксари пажӯҳишгарони улуми қуръонӣ аст.[17] Далелашон ин аст, ки ин меъёр, бар хилофи ду меъёри дигар, ҳамаи оёти Қуръонро дарбар мегирад,[18] аммо меъёри маконӣ ҷомеъ нест ва дар бораи ҳамаи оёт ҷараён надорад; зеро бархе аз оёт на дар Макка ва на, дар Мадина нозил нашудаанд, балки дар маконҳои дуртаре монанди Табук ва Байтулмуқаддас нозил шудаанд.[19] Меъёри мухотаб ҳам илова бар ҷомеъ набудан, бо ин ишкол мувоҷаҳ аст, ки бархе аз оёте ки қатъан маданӣ ҳастанд, бо таъбири «ё айюҳа-н-нас» ва бархе аз оёте, ки қатъан маккӣ ҳастанд бо таъбири «ё айюҳа-л-лазина оману» оғоз шудаанд.[20]

«Оёти истисноӣ»

Бархе аз сураҳои Макка, теъдоде аз оёташон дар Мадина нозил шудааст. Ҳамчунин дар бархе сураҳои маданӣ, оёте ҳаст, ки дар Макка нозил шудааст.[21] Ба ин оятҳо, дар истилоҳ, «оёти истисноӣ» гуфта мешавад.[22] Албатта бархе муҳаққиқони улуми қуръонӣ ин тақсимбандиро напазируфта, гуфтаанд, дар ҳеҷ як аз сураҳо оёти истисноӣ вуҷуд надорад; яъне ҳамаи оёти сураҳо ё маккӣ аст ё маданӣ.[23]

Теъдоди сураҳои маккӣ ва маданӣ

Шумори сураҳои маданӣ 20 ва шумори сураҳои маккӣ 82 сура дониста шудааст. Дар хусуси 12 сура ҳам ихтилофи назар ҳаст:[24] сураҳои мадании пазируфтаи ҳама иборатанд аз: Бақара, Оли Имрон, Нисо, Моида, Анфол, Тавба, Нур, Аҳзоб, Муҳаммад, Фатҳ, Ҳуҷарот, Ҳадид, Муҷодала, Ҳашр, Мумтаҳана, Ҷумъа, Мунофиқун, Талоқ, Таҳрим ва Наср.[25] Сураҳои ихтилофӣ ҳам инҳо ҳастанд: Фотиҳа, Раъд, Арраҳмон, Саф, Тағобун, Мутаффифин, Қадр, Байина, Зилзила, Ихлос, Фалақ ва Нос.[26] Бақияи сураҳо ҳам маккианд.[27]

Албатта дар Қуръонҳои чоппӣ, ки дар онҳо маъмулан дар ибтидои сураҳо, маккӣ ё маданӣ буданашон мушаххас шудааст, 28 сура маданӣ ва 86 сура, маккӣ муаррифӣ шудааст.[28]

Роҳҳои шиносоӣ

Барои шинохти сураҳои маккӣ ва маданӣ се роҳ зикр шудааст: 1. Ривоёт, 2. Шавоҳиди зоҳирӣ, 3. Аломатҳои муҳтавоӣ ва маънавӣ.[29] Дар хусуси ривоёт мегӯянд, ғолибан бо мушкилоте рӯбарӯ аст, монанди заъфи санад, нақл нашудан аз маъсум ва вуҷуди ривоёти муъориз. Барои ҳамин дар сурати истинод ба ривоёт, танҳо ба ривоёте истинод мешавад, ки шоҳиде бар сиҳҳати онҳо вуҷуд дошта бошад.[30] Ба назари бархе қуръонпажӯҳон, сиёқи оёт, матолиби мавҷуд дар сураҳо ва қаринаҳои хориҷӣ танҳо роҳ[31] ва ба ақидаи баъзеи дигар, беҳтарин роҳ[32] барои шиносои маккӣ ё маданӣ будани сураҳост.

Аз онҷо ки Макка ва Мадина ду фазои комилан мутафовит доштанд, монанди бештар будани куффор дар Макка ва барпоии ҳукумати динӣ дар Мадина,[33] сураҳои маккӣ ва маданӣ вижагиҳои мутафовите дар хитобу мазмун доранд.[34] Бо ин ҳол мегӯянд, ин вижагиҳо дақиқ нест ва ҳамаи оёту сураҳоро ба сурати комил шомил намешавад ва танҳо эҳтимоли маккӣ ё маданӣ будани сураро тақвият мекунад.[35] Ҳамчунин мумкин аст сурае маккӣ ё маданӣ бошад, аммо бархе оёти он аз оёт истисноӣ бошад ва ин вижагиҳо танҳо дар он ояти истисноӣ вуҷуд дошта бошад.[36]

Вижагиҳои сураҳо ва оёти маккӣ

Вижагиҳои сураҳо ва оёти маккӣ чунин баён шудааст:

  • Даъват ба усули ақоид, монанди имон ба Худо ва имон ба рӯзи қиёмат;[37]
  • Кӯтоҳ будани оёт ва сураҳо;[38]
  • Баён шудани қисаҳои анбиё ва умматҳои пешин;[39]
  • Доштани лаҳни тунд;[40]
  • Ба кор рафтани калимаи «калло» дар сура;[41]
  • Доштани оёти саҷдадор;[42]
  • Оғоз шудан бо ҳуруфи муқаттаъа монанди алиф-лам-мим, алиф-лам, алиф-лам-ро, то-син-мим, ва ҳа-мим (ба ғайр аз сураҳои Бақараву Оли Имрон);[43]
  • Ҳамлаи шадид ба бутпарастӣ;[44]

Вижагии сураҳо ва оёти маданӣ

Вижагиҳое, ки барои сураҳо ва оёти маданӣ матраҳ кардаанд, ба шарҳи зер аст:

  • Баёни фароиз ва ҳудуди динӣ;[45]
  • Тӯлонӣ будани оятҳову сураҳо;[46]
  • Баёни қонунҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ;[47]
  • Доштани забони нарму мулоим бо муъминон;[48]
  • Пардохтан ба масоили марбут ба мунофиқон;[49]
  • Баёни аҳвол ва иқдомоти мунофиқон ва мавзеи мусулмонону Пайғамбар (с) дар баробари онҳо;[50]
  • Муҷодала бо аҳли китоб;[51]
  • Баёни масъалаи ҷиҳод ва аҳкоми он.[52]

Дидгоҳи ховаршиносон

Аз миёнаи қарни сездаҳуми қамарӣ, ховаршиносоне чун Теодор Нулдка ва Режи Билошер ба таърихгузории Қуръон пардохтанд.[53] Бархе аз онон сураҳои Қуръонро аз назари замони нузул, на ба ду қисми маккӣ ва маданӣ, балки ба се, чаҳор ё панҷ қисм тақсим карданд,[54] вале ҳамаи онҳо сураҳои маданиро дар як гуруҳ қарор доданд.[55]

Бархе ховаршиносон[56] ва равшанфикроне чун Тоҳо Ҳусайн, бо тавваҷуҳ ба ихтилофи зоҳирӣ ва мазмунии сураҳои маккӣ ва маданӣ, чунин бардошт кардаанд, ки Қуръон кори башар аст ва аз тарафи Худо нест; чароки Қуръон (сураҳои маккӣ ва маданӣ) мутаассир аз ҷавви ҳоким будааст, дар ҳоле ки агар аз тарафи Худо мебуд, тобеъи муҳити худ намешуд.[57]

Муҳаммадҳодии Маърифат, муаллифи китоби ат-Тамҳид дар посух ба ин ишкол мегӯяд, бояд байни тобеъ будан аз муҳит ва ҳамоҳанг будан бо он барои таъсиргузории бештар фарқ гузошт. Ишколи ёдшуда танҳо дар сурате матраҳ мешавад, ки ихтилофи вижагиҳои сураҳои маккӣ ва маданӣ ношӣ аз тобеъ будани он аз муҳити худ бошад, аммо Қуръон ҳамгом бо воқеатҳои мавҷуди дар Маккаву Мадина нозил шудааст, то беҳтар битавонад бар мардуми онҷо таъсир бигузорад.[58]

Эзоҳ

  1. Рукнӣ, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.111.
  2. Давлатӣ, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.65.
  3. Рукнӣ, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.110.
  4. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54.
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.235.
  6. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54.
  7. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.47.
  8. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.602.
  9. Хомагар, Сохтори ҳандасии сураҳои Қуръон, 1386ҳ.қ., саҳ.152.
  10. Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.130.
  11. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55.
  12. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  13. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, с81.
  14. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  15. Давлатӣ, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.72.
  16. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.613.
  17. Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131.
  18. Давлатӣ, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.71.
  19. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.602.
  20. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.602.
  21. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.612 - 613.
  22. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.62.
  23. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.62; Мирмуҳаммадӣ, Таъриху улуми Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.311.
  24. Суютӣ, ал-Итқон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.60.
  25. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.610.
  26. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.610.
  27. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.610.
  28. Рукнӣ, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.111.
  29. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.51.
  30. Давлатӣ, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.73.
  31. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.235.
  32. Давлатӣ, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.74.
  33. Аҳмадӣ, Пажуҳише дар улуми Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.52 - 55.
  34. Аҳмадӣ, Пажуҳише дар улуми Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.62.
  35. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.170.
  36. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.172.
  37. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.171.
  38. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.171.
  39. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.171.
  40. Рукнӣ, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.111.
  41. Мазлумӣ, Пажуҳише перомуни охирин китоби Илоҳӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188.
  42. Мазлумӣ, Пажуҳише перомуни охирин китоби Илоҳӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188.
  43. Мазлумӣ, Пажуҳише перомуни охирин китоби Илоҳӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188.
  44. Мазлумӣ, Пажуҳише перомуни охирин китоби Илоҳӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188.
  45. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.172.
  46. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.172.
  47. Родманеш, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1374ҳ.ш., саҳ.172.
  48. Рукнӣ, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.111.
  49. Мазлумӣ, Пажуҳише перомуни охирин китоби Илоҳӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.189.
  50. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.607.
  51. Ҷавон Ороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.132.
  52. Ҷавон Ороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.132.
  53. Накуном, Даромаде бар таърихгузории Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.11.
  54. Накуном, Даромаде бар таърихгузории Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.12 - 21.
  55. Деҳқонӣ ва Маҳдавии Род, “Сайри таърихии шинохти сувар ва оёти маккию маданӣ”, саҳ.69.
  56. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.52.
  57. Абушшубҳа, ал-Мадхал лидиросат-ил-Қуръон-ил-Карим, 1407ҳ.қ., саҳ.233 - 234.
  58. Маърифат, Таърихи Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.52.

Сарчашма

  • Абушшубҳа, Муҳаммад Муҳаммад, ал-Мадхал лидиросат-ил-Қуръон-ил-Карим, Риёз, Дорул-ливоъ, 1407ҳ.қ.
  • Аҳмадӣ, Ҳабибуллоҳ, Пажуҳише дар улуми Қуръон, Қум, Фотимо, 1381ҳ.ш.
  • Давлатӣ, Карим, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари маккӣ ва маданӣ, Теҳрон, Вазорати иршод, 1384ҳ.ш.
  • Деҳқонӣ ва Маҳдавии Род, “Сайри таърихии шинохти сувар ва оёти маккию маданӣ”, дар маҷаллаи Таҳқиқоти улуми Қуръону ҳадис, № 10, 1387ҳ.ш.
  • Мазлумӣ, Раҷабалӣ, Пажуҳише перомуни охирин китоби Илоҳӣ, Теҳрон, Нашри офоқ, 1403ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Таърихи Қуръон, Теҳрон, самт, 1382ҳ.ш.
  • Мирмуҳаммадӣ, Абулфазл, Таъриху улуми Қуръон, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Накуном, Ҷаъфар, Даромаде бар таърихгузории Қуръон, Теҳрон, нашри Ҳастинамо, 1380ҳ.ш.
  • Родманеш, Сайид Муҳаммад, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, Теҳрон, Ҷомӣ, 1374ҳ.ш.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амир Кабир, 1369ҳ.ш.
  • Рукнӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ошноӣ бо улуми қуръонӣ, Теҳрон, самт, 1379ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Хомагар, Муҳаммад, Сохтори ҳандасии сураҳои Қуръон, Теҳрон, Созмони таблиғоти исломӣ, 1386ҳ.қ.
  • Ҷавон Ороста, Ҳусайн, Дарсномаи улуми қуръонӣ, Қум, Бустони китоб, 1380ҳ.ш.