Иди Фитр

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рузи иди фитр)
Ин мақола дар бораи ид Фитр аст. Барои итилоъ аз намози иди Фитр, мадхали намози идро бубинед.
Тамбри ёдбуди иди Фитр ва иди Қурбон дар кишвари Канада

Иди Фитр, (ба форсӣ عید فطر) рӯзи аввали моҳи шавол ва аз муҳимтарин идҳои мусулмонон аст. Дар ривоёт ин рӯз барои касоне ки рӯзаи онҳо дар моҳи Рамазон қабул шуда, рӯзи ид ва подош муаррифӣ шудааст. Дар ин рӯз, рӯза гирифтан ҳаром ва пардохти закоти фитра бар мусулмонон воҷиб аст.

Одоб ва аҳкоми хоссе барои шабу рӯзи иди Фитр гуфта шудааст; аз ҷумла эҳё, хондани намозу дуо, қироати Қуръон, ғусл, зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва гуфтани такбироти хос. Ин рӯз дар кишварҳои исломӣ, таътили расмӣ аст. Мусулмонон дар ин рӯз намози иди Фитрро ба ҷамоат баргузор мекунанд ва тибқи одоб ва русуми худ ҷашн мегиранд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Иди Фитр, аввалин рӯзи моҳи шавол аст. Дар ривоёт, рӯзи иди Фитр, рӯзи ҷоизаҳои Худо,[1] рӯзи подоши некӯкорон[2] ва омурзиши гуноҳон[3] муаррифӣ шудааст. Бино бар ривояте, ки аз Имом Алӣ (а) нақл шуда иди Фитр, иди касе аст, ки Худованд, рӯзаи ӯро пазируфта, ибодаташро қабул кардааст.[4] [Ёддошт 1]

Имом Ризо (а) фармуд:

«Рӯзи Фитр, аз он ҷиҳат ид қарор дода шудааст, ки мусулмонон, иҷтимое дошта бошанд, ки дар он рӯз гирди ҳам оянд ва барои Худо берун оянд ва Ӯро бар неъматҳое, ки ба онон дода шудааст, ҳамд гӯянд ва рӯзи ид, рӯзи таҷаммуъ, рӯзи хӯрдани рӯза, рӯзи закот, рӯзи шавқ ва рӯзи ниёиш аст; ва барои он ки аввалин рӯзи сол аст, ки хӯрдану ошомидан дар он ҳалол аст; чароки моҳи Рамазон, аввалин моҳи сол назд аҳли ҳақ (шиаёни исноъашарӣ) аст. Пас Худованд, дӯст медорад, ки дар чунин рӯзе, ҳамоише дошта бошанд, то Худоро ҳамду ситоиш кунанд ва дар ин рӯз, такбир дар намоз, аз он рӯй беш аз рӯзҳои дигар қарор дода шудааст, ки такбир, бузургдошти Худованд, ситоиш ва санои Ӯ бар неъмати ҳидоят аст.... »[5]

Номгузорӣ

Калима «фитр» аз решаи фатр ба маънои шикофтан, ибтидо ва ихтироъ гирифта шудааст.[6] Гуфта шудааст «иди Фитр» низ аз ҳамин реша аст; зеро рӯзадор даҳонашро дар рӯзи иди Фитр бар хӯрданиҳою ошомиданиҳо боз мекунад.[7]

Аҳком

Намози иди Фитр дар Мусаллои Теҳрон ба имомати Оятуллоҳ Хоманаӣ (соли 1437ҳ.қ.)[8]
  • Закоти Фитра: бино бар қавли машҳури фуқаҳо, замони вуҷуби закоти Фитра, оғози шаби иди Фитр аст, аммо Сайид Абулқосими Хуӣ, замони онро ҳангоми тулӯъи фаҷри рӯзи ид донистааст.[9] Ҳамчунин ба фатвои мароҷеъи тақлид, вақти пардохт закоти фитра дар рӯзи иди Фитр то зуҳр (пешин) аст;[10] албатта аз ин миён, Шубайрии Занҷонӣ кулли рӯзро замони пардохти закоти фитрия донистааст.[11] Албатта агар касе намози иди Фитр мехонад, бояд закоташро пеш аз намоз пардохт кунад, ё ба фатвои бархе, онро аз амволаш ҷудо кунад.[12]
  • Намози ид: хондани намози ид дар замони ғайбати Имом Маҳдӣ (аҷ) мустаҳаб аст, вале дар асри ҳузур ва ҳокимияти Имом (а) воҷиб аст.[13]
  • Рӯза гирифтан дар рӯзи иди Фитр ҳаром аст.[14]
  • Ба гуфтаи Абуссалоҳ Ҳалабӣ, мусофират кардан дар рӯзи ид пас аз тулуъи хуршед ва пеш аз хондани намози ид дар фарзи вуҷуби намози ид, ҳаром ва дар ғайри ин сурат, макрӯҳ аст.[15]

Аъмол ва одоб

Шаби ид

Аҳкоми шаби иди Фитр иборатанд аз:

  • Хондани дуо, намоз ва қироати Қуръон.[16]
  • Хондани дуои истеҳлол ба ҳангоми руъяти ҳилоли шавол.[17]
  • Истиҳбоби зиёрати Имом Ҳусайн (а)[18]
  • Ғусл кардан: вақти ғусли шаби иди Фитр, аз аввали мағриб то азони субҳ аст.[19] Ба гуфтаи Сайид ибни Товус бино бар ривояте қабл аз ғуруб ва бино бар ривояти дигаре авохири шаб ғусл кунад.[20]
  • Ду ракъат намоз, ки дар ракъати аввал Ҳамд ва ҳазор бор сураи Тавҳид ва дар ракъати дуям як бор сураи Ҳамд ва як бори сураи Тавҳид хонда мешавад. Ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки бар асоси он ҳар кас ин намозро бихонад аз Худо чизе дархост намекунад, магар онки Худо ба ӯ ато мекунад.[21]
  • Такбирҳои махсус; мустаҳаб аст баъд аз намози шом ва хуфтани шаби иди Фитр ин такбирҳо гуфта шавад:

الله اکبر الله اکبر، لا اله الا الله و الله اکبر، و لله الحمد علی ما هدانا، و له الشکر علی ما اولانا

«Аллоҳу Акбар Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, ва лиллаҳил-ҳамду ало мо ҳадоно, ва лаҳу-ш-шукру ало мо авлоно.[22] [Ёддошт 2]

Гуфта шудааст мақсуд аз «و لِتُکبِّرُ‌وا اللَّهَ /ва литакаббируллоҳа» дар ояти «وَ لِتُکمِلُوا الْعِدَّةَ وَ لِتُکبِّرُ‌وا اللَّهَ عَلَیٰ مَا هَدَاکمْ وَ لَعَلَّکمْ تَشْکرُ‌ونَ»[23] [Ёддошт 3] такбирҳое аст, ки дар шаби иди Фитр ворид шудааст.[24]

  • Шабзиндадорӣ; дар ривояте, ки аз Имом Козим (а) ба нақл аз Имом Алӣ (а) нақл шуда, омадааст: маро шодмон месозад ҳар касе ки дар тӯли сол, худашро дар чаҳор шаб (барои ибодат) фориғ созад: шаби иди Фитр, шаби иди Қурбон, шаби нимаи шаъбон ва шаби аввали моҳи раҷаб.[25] Ҳамчунин аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки Алӣ ибни Ҳусайн (а) шаби иди Фитрро дар масҷид мемонд ва то субҳ намоз мехонду шабзиндадорӣ карда мефармуд: ин шаб, камтар аз шаби Қадр нест.[26]

Рӯзи ид

  • Ғусл: аз мустаҳаботи рӯзи иди Фитр, ғусл аст. Оғози замони ғусл аз тулуи фаҷр аст, вале дар инки поёни вақти ғусл, пеш аз берун рафтан барои намози ид аст, ё заволи хуршед (вақти намози пешин) ва ё ғуруби офтоб, назароти мухталифе вуҷуд дорад.[27]
  • Ифтор: мустаҳаб аст қабл аз намози ид, хӯрокие ба вижа хурмо хӯрда шавад.[28]
  • Такбироти хосси баъд аз намози субҳ ва намози ид[29] ва ҳамчунин намози пешин ва аср[30] рӯзи ид мустаҳаб аст.
  • Истиҳбоби хондани дуои нудба[31]
  • Тавсеа додан бар хонавода дар хӯрданӣ ва ғайри он мустаҳаб аст.[32]

Одобу русум

Иди Фитр аз идҳои муҳими мусулмонон аст, ки бо одоб ва русуми хоссе баргузор мешавад. Ин рӯз дар кишварҳои исломӣ бо таътилоти ду рӯза то 23 рӯза ҳамроҳ аст.[33] Дар иди Фитр, мусулмонон намози иди Фитр мехонанд. Онҳо дар ин рӯз шириниҳои маҳаллӣ мепазанд, ҷашн мегиранд ва ба дидубоздиди хешон ва ҳамчунин зиёрати аҳли қубур мераванд.[34]

Кишвар Арабистон Қатар Сурия Иморот Аммон Кувайт Малайзия Урдун Судон Индонезия Баҳрайн Афғонистон Покистон Туркия Ироқ Эрон
Таътилот 23 рӯз 11 рӯз 9 рӯз 9 рӯз 9 рӯз 9 рӯз 7 рӯз 6 рӯз 5 рӯз 5 рӯз 5 рӯз 3 рӯз 3 рӯз 3 рӯз 3 рӯз 2 рӯз[35]


Дар Эрон идороти давлатӣ ба муносибати иди Фитр, як рӯз таътил буд, аз соли 1390ҳ.ш., ба ду рӯз афзоиш ёфт.[36]

Иди Фитр дар ашъор

Муҷируддин Билқонӣ:

Рӯзи бас хурраму мавсими зи ҳама хубтар аст

Иди Фитр аст, ки олам ҳама пурзебу фар аст[37]

Ҷомӣ:

Иди Фитр аст биё то ба май ифтор кунем

Идгаҳи хок дар хона хумор кунем[38]

Ҷусторҳои вобаста

Дуои Имом Саҷҷод дар рӯзи иди Фитр

Иди Қурбон

Эзоҳ

  1. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.650.
  2. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174.
  3. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.154.
  4. Наҳҷулбалоға, ҳикмати 428.
  5. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.522.
  6. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи “фитр”.
  7. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи “фитр”.
  8. «Иқомаи намози иди саиди Фитр ба имомати раҳбари муаззами инқилоби исломӣ», пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ.
  9. Нигоҳ кунед ба: Таботабоии Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.222.
  10. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.180.
  11. Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1388ҳ.ш., саҳ.418.
  12. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.2, саҳ.180.
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.332, 333.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.324.
  15. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.155.
  16. Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1418ҳ.қ., саҳ.590 - 589.
  17. Муфид, Масорр-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., саҳ.29.
  18. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.464.
  19. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.359.
  20. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.457.
  21. Сайид ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.461.
  22. Сайид ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.827.
  23. Сураи Бақара, ояти 185.
  24. Сайид ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.459; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.259.
  25. Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1418ҳ.қ., саҳ.589.
  26. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.465.
  27. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1310ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.86.
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.377.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.378 ва 382.
  30. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.827.
  31. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.504.
  32. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.155.
  33. «Одобу русуми иди Фитр дар кишварҳои мухталиф», хабаргузории Тасним.
  34. «Одобу русуми иди Фитр дар Эрон», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза; «Одоб ва русуми иди Фитр дар кишварҳои мухталиф», хабаргузории Тасним.
  35. “Одоб ва русуми иди Фитр дар кишварҳои мухталиф», хабаргузории Тасним.
  36. «Афзоиши таътилоти иди Фитр, муғоирате бо шаръ ва қонуни асосӣ надорад», сайти шурои нигаҳбон.
  37. Билқонӣ, Девони ашъор, қасоид, шумораи 12.
  38. Ҷомӣ, Девони ашъор, воситатулъақд, ғазалиёт, ғазали 332.

Ёддошт

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • «Одоб ва русуми иди Фитр дар Эрон», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, дарҷи матлаб: 14 хурдоди 1398ҳ.ш., мушоҳида: 26 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • “Одоб ва русуми иди Фитр дар кишварҳои мухталиф”, хабаргузории Тасним, дарҷи матлаб: 12 хурдоди 1398ҳ.ш., мушоҳида: 26 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • «Афзоиши таътилоти иди Фитр, муғоирате бо шаръ ва қонуни асосӣ надорад», сайти шӯрои нигаҳбон, дарҷи матлаб: 27 шаҳривари 1390, таърихи боздид: 31 хурдоди 1396ҳ.ш.
  • «Иқомаи намози иди саиди Фитр ба имомати раҳбари муаззами инқилоби исломӣ», пойгоҳи итилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дарҷи матлаб: 15 тири 1395ҳ.ш., мушоҳида: 26 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • и Омулӣ, Муҳаммадтақӣ, мисбоҳи алҳдии фии шарҳи Урват-ул-вусқо, Теҳрон, бе но, 1310ҳ.қ..
  • Абуссалоҳ ал-Ҳалабӣ, Тақиюддин ибни Наҷмиддин, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Исфаҳон, китобхонаи умумии Амирулмӯъминин (а), 1403ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Билқонӣ, Муҷируддин, Девони ашъор, сайти Ганҷур.
  • Ҷомӣ, Нуриддин Абдурраҳмон, Девони ашъор, сайти Ганҷур.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт лиэҳёилтурос, 1416ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, маркази ал-Нашрултобеъ лимактабил-эъломил-исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Мусо, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, Салсабил, 1388ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳ-ил-балво (Муҳашшо), Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, 1419ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисатул-аъламӣ, 1418ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, алтабъатуссолиса, 1425ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорулҳадис, 1429ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Масорр-уш-шиъа, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1408ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found