Ояти Хайрул-барийя

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 7 сураи Байина)
Ояти Хайрул-барийя

Ояти Хайрул-барийя (Байина: 7) аз оёте аст, ки дар шаъни Имом Алӣ (а) нозил шудааст.

Бар асоси ривоёте ки дар манобеи шиаю суннӣ аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, манзур аз иборати “хайр-ул-барийя”, ба маънои беҳтарини махлуқон, Имом Алӣ (а) ва пайравонаш ҳастанд.

Бархе аз муфассирон аз ин оят натиҷа гирифтаанд, ки инсонҳои муъмину солеҳ бар фариштагон ҳам бартарӣ доранд; зеро калимаи “барийя” ҳамаи махлуқотро дарбар мегирад.

Матн ва тарҷума

Ояти ҳафтуми сураи Баййина ба ояти Хайрул-барийя маъруф шудааст.[1]

إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَـٰئِكَ هُمْ خَيْرُ الْبَرِيَّةِ

Дар ҳақиқат касоне ки имон оварда, корҳои шоиста кардаанд, онон беҳтарин махлуқотанд.


Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ

Мо назди Пайғамбар (с) будем, Алӣ (а) аз роҳ расид. Пайғамбар (с) фармуд: «Савганд ба он касе ки ҷонам ба дасти Ӯст, ин ва шиаёни ӯянд, ки дар рӯзи қиёмат растгоранд»»; ва ин оят нозил шуд: «إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَـٰئِكَ هُمْ خَيْرُ الْبَرِيَّةِ» ва ёрони Пайғамбар (с) ҳаргоҳ Алӣ аз роҳ мерасид, мегуфтанд: «хайрул-барийя (беҳтарини махлуқот) омад!».

Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.371.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Ояти Хайрул-барийя яке аз фазоили Имом Алӣ (а) ба шумор меояд.[2] Аз Ибни Аббос нақл шудааст, ин оят дар бораи Имом Алӣ (а) нозил шудааст.[3] Ба гуфтаи олимони шиа, Имом Алӣ дар шӯрои шашнафара барои исботи ҳаққонияти худ ба ин оят ва шаъни нузули он дар бораи худ истинод кардааст.[4]

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ (тав. 1305ҳ.ш.) - муфассири шиа, бо истинод ба ривоёте аз Пайғамбар, ки дар шаъни нузули ин оят ворид шудааст ва дар онҳо аз Алӣ ва шиаёнаш сухани омада,[5] гуфтааст, калимаи «шиа» аз замони Пайғамбар (с) матраҳ шудааст ва манзур аз шиа дар ин ривоёт, пайравони хосси Имом Алӣ (а) аст.[6]

Манзур аз хайрул-барийя

Дар китобҳои ривоии шиаю аҳли суннат, аҳодисе аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки дар онҳо хайрул-барийя (беҳтарини махлуқот) ба Имом Алӣ (а) ва шиаёни ӯ тафсир шудааст.[7] Ҳокими Ҳасконӣ (ваф. 490ҳ.қ.) - олими аҳли суннат, дар китоби Шавоҳид-ут-танзил беш аз бист ривоят дар ин бора бо санадҳои мухталиф нақл мекунад.[8] Аз ҷумла аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ҳангоме ки ин оят нозил шуд, Пайғамбар (с) хитоб ба Имом Алӣ (а) гуфт: «он (хайрул-барийя) ту ва шиаёнат ҳастед. Дар рӯзи қиёмат, ту ва шиаёнат, дар ҳоле ки шумо аз Худо розиед ва Худо аз шумо розӣ аст, меоед!».[9]

Нуктаҳои тафсирӣ

Яке аз нукоти тафсирие, ки муфассирон аз оят бардошт кардаанд, ин аст, ки инсонҳои боимону солеҳ бар фариштагон ҳам бартарӣ доранд; зеро калимаи «ал-барийя» дар иборати «хайрул-барийя» (беҳтарини махлуқот) шомили ҳамаи махлуқот мешавад.[10]

Нузули оят дар Макка

Бар пояи бархе ривоёт, ояти Хайрул-барийя дар ҳоле нозил шуд, ки Пайғамбар дар Масҷидулҳароми Макка буд.[11] Ба навиштаи Тафсири Намуна, ин масъала зиддияте бо маданӣ будани сура надорад; чароки мумкин аст сура маданӣ бошад ва ин оят дар сафарҳое, ки Пайғамбар (с) аз Мадина ба Макка доштааст, нозил шуда бошад.[12]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1402ҳ.қ., саҳ.189.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.213.
  3. Ниг.: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1410 - 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.473; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.27.
  4. Табарӣ, ал-Мустаршид, 1415ҳ.қ., саҳ.354; Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., саҳ.803.
  5. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.589; Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57 ва 58.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.213 - 214.
  7. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.379; Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., саҳ.80 - 803; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.432.
  8. Ниг.: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1410 - 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.459 - 473.
  9. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1410 - 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.461.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.340; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.209.
  11. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1410 - 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.467.
  12. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.212.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорул-китобил-лубнонӣ, 1402ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир лид-диросотил-исломийя, 1416ҳ.қ.
  • Астарободӣ, Сайидалӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира фи фазоил-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Ҳусайн Устодвалӣ, Қум, Нашрус-Саломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, таҳқиқи Амр ибни Ғаромат ал-Умравӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атийя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1415ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмони ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, ал-Мустаршид фи имомати Алӣ ибни Абитолиб (а), тасҳеҳи Аҳмад Маҳмудӣ, Қум, Қушонпур, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафсил фи-л-оёт-ин-нозилати фи Аҳли-л-Байт, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Теҳрон, Вазоратус-сақофати вал-иршодил-исломӣ, 1410 - 1411ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, мактабату Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.