Тури Сино

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кӯҳи Тӯр)
Тури Сино

Тури Сино (форсӣ:طُور سِیناء) кӯҳ ё маҷмӯае аз кӯҳҳо дар саҳрои Синои Миср аст, ки дар Қуръон ва Таврот аз он ёд шудааст.

Дар Тури Сино ҳодисаҳои гуногуне аз ҷумла, суҳбат кардани Худованд бо ҳазрати Мусо (а), миқоти чиҳилрӯза, (чиҳил шаб) миқот ба ҳамроҳи ҳафтод нафар аз Банӣ Исроил ва марги Мусо (а) рух додааст.

Пайғамбари Ислом (с) иллати тақаддуси Тури Синоро мавориде, аз ҷумла суҳбат кардани Худованд бо ҳазрати Мусо (а) дар он ҷо донистааст.

Мавқеияти ҷуғрофиёӣ

Тури Сино дар ҷануби биёбони Сино қарори гирифта ва биёбони Сино низ дар шимоли шарқии кишвари Миср воқеъ буда, бо Фаластин, Урдун ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст. Дар он ноҳия, кӯҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки кӯҳи Сино дар миёни онҳост.[1] Ибни Манзур, Тури Синоро номи кӯҳе дар Шом донистааст.[2]

Бархе эҳтимол додаанд, ки манзур аз Тури Сино, маҷмӯае аз кӯҳҳо буда ва воқеаҳои мухталифи Тури Сино, дар маҷмӯаи ин кӯҳҳо рух додааст, на як кӯҳи хос.[3] Ҳамчунин гуфтаанд, истифодаи Қуръон аз ду таъбири «Сино» ва «синин» ишора ба ҳамин нукта дорад ва Тури Синин бахше аз Тури Сино аст.[4]

Дар ҷануби саҳрои Сино, кӯҳе ба номи кӯҳи Сино вуҷуд дорад, ки дар наздикии дайри Катрини Муқаддас қарор гирифтааст.[5]

Номгузорӣ

Қуръон як бор аз таъбири «Тури Сино» истифода карда ва ба дарахте ки дар онҷо рушд мекунаду равған медиҳад, ишора кардааст.[6] Ҳамчунин ба Тури Синин қасам хӯрдааст,[7] ки бархе муфассирон манзур аз онро ҳамон Тури Сино донистаанд.[8] Дар оёти дигар низ таъбир ба «ал-тур» вуҷуд дорад, муфассирон манзур аз онро ҳамон, Тури Сино донистаанд.[9]

Шайхи Садуқ ҳадисеро аз Ибни Аббос нақл мекунад, бар асоси он, номида шудани Тур ба Сино ба хотири вуҷуди дарахте дар он аст.[10]

Тақаддус

Тури Сино маконе аст, ки Худо дар онҷо бо Мусо сухан гуфт: бино бар ояти 12-и сураи Тоҳо, Худованд дар онҷо, ба ҳазрати Мусо (а) дастур дод, ки кафшҳояшро барорад; чароки «إِنَّک بِالْوادِ الْمُقَدَّسِ طُوی; ту дар сарзамини муқаддас Туво ҳастӣ!».[11] Бархе муҳаққиқон аз ин оят, муқаддас будани Тури Синоро истифода кардаанд.[12] Ҳамчунин Худованд дар сураи Тур ба ин кӯҳ қасам хӯрдааст.[13]

Аз Пайғамбари Ислом, дар ҷавоб ба саволе дар бораи иллати муқаддас будани Тури Сино нақл шудааст ки:

«зеро дар он водӣ, арвоҳ тақдис мешаванд ва фариштагонро дар онҷо ба саф кашидаанд ва Худованд дар онҷо бо Мусо (а) такаллум фармудааст!».[14]

Воқеаҳои Тур

Бино бар оёту ривоёт, бархе воқеаҳо бар ҳазрати Мусо ва Банӣ Исроил дар Тури Сино иттифоқ афтодааст:

  • Азимат ба самти Миср ва нузули аввалияи ваҳй; ҳазрати Мусо (а) баъд аз он ки муддати тааҳҳудаш ба ҳазрати Шуайб дар Мадян поён ёфт, ба ҳамроҳи ҳамсар, фарзанд ва амвол ба сӯи Миср раҳсипор шуд, роҳро гум кард[15] ва оташе бар болои кӯҳ диду ба онҷо рафт.[16] Дар онҷо ваҳй бар ӯ нозил шуд ва ин оғози беъсати ҳазрати Мусо (а) буд.[17] Қуръон аз маҳали вуқуъи ин воқеа бо таъбир «ал-тур»[18] ва «Туво»[19] ёд кардааст. Бархе муфассирон мақсуд аз «ал-тур»-ро ҳамон Тури Сино донистаанд, ки «Туво» водие дар поёни ин кӯҳ будааст.[20] Сайфи Фарғонӣ - шоири қарни ҳаштум, суруда аст:

Хитоби иннӣ анналлоҳ шунид гӯши Калим

Ва гарчи дар пайи оташ ба Тури Сино рафт[21]

  • Миқоти чиҳилрӯза; пас аз хуруҷи Банӣ Исроил аз Миср, ҳазрати Мусо (а) ба болои кӯҳ рафт, чиҳил рӯз дар онҷо монд ва алвоҳи Таврот дар онҷо бар ӯ нозил шуд.[22] Бархе муфассирон, ин миқоти чиҳилрӯзаро дар Тури Сино донистаанд.[23] Дар Таврот омадааст, ки:

«Ҳангоми бомдод омода бош. Бомдодон ба кӯҳи Синай (Сино) боло омада, назди Ман онҷо бар қуллаи он кӯҳ беист!».[24]

  • Рафтан ба миқот ба ҳамроҳи ҳафтод нафар аз Банӣ Исроил; ҳазрати Мусо (а) ба ҳамроҳи ҳафтод нафар аз Банӣ Исроил аз ҷумла, Юшаъ (а), васии худ,[25] ба миқот рафт[26] ва ба хотири воқеаҳое, Худованд кӯҳ (ё бахше аз онро) болои сари онҳо қарор дод, онҳо таслим шуда ва азоби Илоҳӣ бар онон нозил нашуд.[27] Дар ривояте Имом Содиқ (а) макони ин воқеа дар Тури Сино зикр шудааст.[28]
  • Бино бар бархе ривоёт, марги ҳазрати Мусо дар Тури Сино будааст.[29]

Ҷусторҳои вобаста

Буқъаи муборака

Боби ҳитта

Ғори Ҳаро

Эзоҳ

  1. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1360ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.293.
  2. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.508.
  3. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1360ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.293.
  4. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1360ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.295.
  5. Маҷмӯаи нависандагон, Муҷазу доират-ил-маориф-ил-исломийя, 1418ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.699.
  6. Сураи Муъминун, ояти 20.
  7. Сураи Тин, ояти 2.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.140.
  9. Таййиб, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1378ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.292.
  10. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.68.
  11. Сураи Тоҳо, ояти 12.
  12. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.256.
  13. Сураи Тур, ояти 1.
  14. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.472.
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.167.
  16. Сураи Тоҳо, ояти 10 - 11.
  17. Сураи Тоҳо, ояти 12 - 13.
  18. Сураи Қасас, ояти 29.
  19. Сураи Тоҳо, ояти 12.
  20. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.509.
  21. Сайфи Фарғонӣ, Девони ашъор, шумораи 15, сайти Ганҷур.
  22. Сураи Аъроф, ояти 142 - 145.
  23. Муллоҳувайш, Баён-ул-маъонӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.416.
  24. Хуруҷ, боби 34; ояти 2.
  25. Хуруҷ, боби 23, ояти 13.
  26. Сураи Аъроф, ояти 155.
  27. Сураи Бақара, ояти 93.
  28. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.246.
  29. Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.289.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мирдомодӣ, Ҷамолиддин, Бейрут, Дорул-фикр, Дорусодир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазоирӣ, Сайидтаййиб, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маҷмӯаи нависандагон, Муҷазу доират-ил-маориф-ил-исломийя, беҷо, Марказуш-шориқа лил-ибдоил-фикрӣ, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Муллоҳувайш Оли Ғозӣ, Абдуқодир, Баён-ул-маъонӣ, Димишқ, матбаъатул-Туруқӣ, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароиъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.