Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя (китоб)
Нависанда | Ибни Таймия |
---|---|
Мавзуъ | Нақди шиа |
Забон | Арабӣ |
Ношир | Дор-ул-кутуб-ул-илмия |
Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиати вал-қадария (арабӣ: مِنهاجُ السُّنّة النَبَویُة فی نَقْضِ کلام الشّیعة و القَدَریة) китобе ба забони арабӣ, навиштаи Ибни Таймияи Ҳарронӣ (ваф. 728ҳ.қ.) аз фуқаҳои ҳанбалии қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ ва яке аз назарияпардозони салафия.
Ӯ ин китобро дар рад бар китоби «Минҳоҷ-ул-каромати фи маърифат-ил-имома» навиштаи Аллома Ҳиллӣ (648-726ҳ.қ.) - фақеҳ ва мутакаллими шиа, таълиф кардааст.
Ин китоб бар асоси мабонии зоҳиргароии салафия тадвин шудааст. Нигоҳҳои наққодонаи Ибни Таймийя ба мабонии каломии шиа дар ин китоб, гоҳ бо иддаоҳои беасосу тавҳин ҳамроҳ аст, то он ҷо ки дар чорчӯби ин шева талош карда манзалати Имом Алӣ (а)-ро мавриди тардид қарор диҳад ва ҷойгоҳаш байни мусулмононро тазъиф намояд.
Равиши Ибни Таймия дар китоби Минҳоҷ-ус-сунна муҷиб шуда то иддае аз уламои аҳли суннат аз беинсофӣ ва шиддати тавҳини ӯ ба тарафи муқобилаш, аз ӯ интиқод кунанд.[1]
Нависанда
- Навиштори аслӣ: Ибни Таймия
Аҳмад ибни Абдулҳалим ибни Абдусалом ибни Таймияи Ҳарронии ҳанбалӣ маъруф ба Ибни Таймия (661 – 728ҳ.қ.) аз уламои аҳли суннат дар қарни ҳафтум ва ҳаштуми қамарӣ аст,[2] ки мабонии фикрии салафияро теоризасозӣ кард.[3] Бисёре аз дидгоҳҳои ҷараёнҳои салафӣ, аз ҷумла, ваҳҳобият дар андешаҳои Ибни Таймия реша дорад.
Назароти олимони динӣ ва нависандагон, дар бораи Ибни Таймия бисёр мутафовит аст; бархе ӯро сутуда ва бархе бар куфр, залолат ва бидъати ӯ тасреҳ кардаанд.
Яке аз авомили мухолифати шумори зиёде аз уламои аҳли суннат бо Ибни Таймия, дидгоҳҳо ва фатвоҳои хосси ӯст, ки дар мавориди гуногун хориҷ аз чорчӯби мабонии эътиқодӣ ва фиқҳии мазоҳиби исломӣ аст.
Таълифоти Ибни Таймияро дар ҳудуди 330 китоб баршумурдаанд. Бештари китобҳои Ибни Таймия дар қолаби мавсуае бо унвони Маҷмуи фатовои Ибни Таймия ҷамъоварӣ шудааст.
Ангезаи нигориш
Тибқи бархе гузоришҳо, китоби Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя вокунише ба китоби Минҳоҷ-ул-каромаи Аллома Ҳиллӣ ва ба унвони раддияе бар ин китоб будааст.[4]
Дар бархе гузоришҳо омадааст, қудрати Аллома Ҳиллӣ дар баҳсу мунозира бо уламои аҳли суннат дар ҳузури Улҷойту, подшоҳи вақти билоди исломӣ, нақши муҳимме дар гароиши Улҷойту ва густариши ташайюъ дар Эрон доштааст.[5][6] Навиштани китоби Минҳоҷ-ул-карома барои султони Улҷойту аз сӯи Аллома Ҳиллӣ, гуёи таъсирпазирии султон аз шиа ва ташайюъ аст.[7][8] Ин вазъият муҷиб шуд, то Ибни Таймия бо навиштани Минҳоҷ-ус-сунна, бо нигоҳи тунд ва хориҷ аз инсоф, мабонии шиаро мавриди нақд қарор диҳад.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Аз он ҷо ки китоби Минҳоҷ-ус-сунна ба унвони яке аз муҳимтарин осори Ибни Таймия ба шумор меравад, дар миёни ҷараёнҳои салафӣ ба хусус ваҳобият, мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар даврони муосир шахсиятҳои ваҳҳобие монанди Бенбоз бар ин китоб шарҳ задаанд.[9][10][11]
Гузорише аз муҳтаво
Ибни Таймия дар китоби Минҳоҷ-ус-сунна матолиби худро дар 214 фасл баён кардааст. Аз он ҷо ки Минҳоҷ-ус-сунна раддияе аст бар китоби Минҳоҷ-ул-каромаи Аллома Ҳиллӣ, нависанда бештари матолиби китобро ба нақд ва радди дидгоҳҳои Аллома Ҳиллӣ дар бораи мабонии шиа қарор додааст. Ба иборате китоби Минҳоҷ-ус-сунна, оинаи тамомнамои раддияҳо алайҳи шиа аст.[12]
Ибни Таймия дар саросари китобаш аз калимаи рофизӣ барои шиаён истифода кардааст. Умда таваҷҷуҳи ӯ ба мавзуи имомат ва Аҳли Байт (а) мутамаркиз аст. Ибни Таймия дар саросари китоб ба шиддат бо дидгоҳи шиа дар мавзуи имомат бархӯрд карда ва дар ин миён иҳонатҳоеро ба шиаён кардааст.
Нақди хориҷ аз инсофи Ибни Таймия ба мавзуи имомат то ҳадде аст, ки ӯ бо нигоҳи тардидомез ба ҷойгоҳи Имом Алӣ (а) ба унвони халифаи чаҳоруми мусулмонон менигарад.[13]
Нависандаи китоб, он даста аз фазоили Имом Алӣ (а)-ро ки ҳамаи мусулмонон дар мавриди он иттифоқи назар доранд, рад карда ва талош мекунад ҷойгоҳи эшонро дар миёни саҳобаи Пайғамбар (с) камранг ҷилва диҳад.[14] Ибни Таймия дар бораи ҷойгоҳи Аҳли Байт (а) низ аз чорчӯби инсоф хориҷ гашта ва аҳодис дар фазилати ононро аз асос напазируфтааст.[15]
Дар муқобил, Ибни Таймия нигоҳи мусбате, ба ҳукумати Банӣ Умайя ва шахси Муовия доштааст ва барои дифоъ аз ӯ ба Имом Алӣ (а) тавҳин кардааст.[16] Ӯ ҳамчунин дар дифоъ аз Язид ва татҳири шахсияти ӯ кутоҳӣ накардааст.[17]
Нависандаи китоби Минҳоҷ-ус-сунна ҳаргуна тавассул, зиёрати қабр ва талаби ҳоҷат аз Пайғамбар (с)-ро ширк донистааст.[18]
Дидгоҳи Ибни Таймия дар бораи сифоти Худованд ба ташбиҳ ва таҷсим мунтаҳӣ шуда ва таъвил дар оёти Қуръонро напазируфтааст.[19]
Шарҳи китоб
Шамсиддини Заҳабӣ (673 – 728ҳ.қ.) муосири Ибни Таймия ва яке аз шогирдони ӯ, Минҳоҷ-ус-суннаро хулоса карда, ки «ал-Мухтасар-ул-мунтақо мин минҳоҷ-ул-эътидол фи нақзи каломи аҳл-ир-рафзи вал-эътизол» (مختصر المنتقی من منهاج الاعتدال فی نقض کلام أهل الرفض والاعتزال») ном дорад, ки гоҳе ба он, ал-Мунтақo мин минҳоҷ-ул-эътидол низ гуфта мешавад.
Ҳамчунин дар 1426 ҳ.қ., Абдуллоҳи Ғанимон, устоди донишгоҳи Мадинаи Мунаввара, хулосае аз китоби Минҳоҷ-ус-суннаро ироа додааст.[20] Ин китоб тавассути Исҳоқ Дабирӣ дар соли 1386ҳ.ш., ба форсӣ тарҷума шудааст.[21]
Нақдҳои китоб
Минҳоҷ-ус-сунна тавассути бархе аз уламои шиа мавриди нақд қарор гирифтааст, ки метавон ба мавориди зер ишора кард:
- Аллома Аминӣ дар китоби ал-Ғадир; ӯ се ҷилд аз китоби ал-Ғадири худро ба шубаҳот ва истидлолҳои Ибни Таймия дар китоби Минҳоҷ-ус-сунна посух дода, ки ба сурати китобе мустақил, бо унвони "Назратун фи китоби Минҳоҷ-ус-суннатин-набавийя" низ чоп ва мунташир шудааст.[22]
- Сайид Муҳаммадмаҳдии Мӯсавии Козимии Қазвинӣ (тав. 1282 – 1358ҳ.қ.) маъруф ба "Кишвон" дар китоби худ бо унвони Минҳоҷ-уш-шариати фир-радди ало минҳоҷ-ус-сунна.
- Сироҷиддини Ҳиндӣ дар китобе бо унвони “Икмол-ул-миннати фи нақзи минҳоҷ-ус-сунна”.[23]
- Сайид Муҳаммадҳасан Абӯлмаолии Мӯсавии Ҳоирии Қазвинӣ (1296 – 1380ҳ.қ.) дар “ал-Имомат-ул-кубро вал-хилофат-ул-узмо”.[24]
- Сайидалӣ Ҳусайнии Милонӣ дар соли 1419 ҳ.қ., китобе бо унвони «Диросотун фи минҳоҷ-ус-суннати лимаърифати Ибни Таймия» дар нақд бар китоби Минҳоҷ-ус-сунна таълиф кардааст ва маворидеро, ки Ибни Таймийя ба унвони нақд ба мабонии шиа ворид карда, ба сурати ҷудогона ва ба тафсил посух додааст.[25]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, ҷ.8, саҳ.551.
- ↑ Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.3, саҳ.174.
- ↑ Фармониён, Мабонии фикрии салафия, саҳ.3 ва 4.
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, ҷ.3, саҳ.215.
- ↑ Ҷаъфариён, Султон Муҳаммади Худобанда, Аллома Ҳиллӣ ва ривоҷи ташайюъ дар Эрон, саҳ.172 ва 173.
- ↑ Ибни Алвердӣ, Таърихи Ибни Алвердӣ, ҷ.2, саҳ.270.
- ↑ Ҷаъфариён, Султон Муҳаммади Худобанда, Аллома Ҳиллӣ ва ривоҷи ташайюъ дар Эрон, саҳ.175.
- ↑ رحلت عالمی که پادشاه مغول را شیعه کرد, Хабаргузории Ҳаҷ.
- ↑ بنباز، شرح منهاج السنهБенбоз, Шарҳи Минҳоҷ-ус-сунна
- ↑ Ниг.: Аҳмад ибни Абдурраҳмони Ассуён, Усул ва қавоъид манҳаҷия; қироъот фи Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя.
- ↑ انس سلیمان المصری النابلسی، منهج شیخ الاسلام فی الرد علی الرافضة فی کتابه منهاج السنة النبویه, Сайти Аҳл-ул-ҳадис.
- ↑ Алвирӣ/ Ҳусайнпур, Раддияҳҳои торихӣ алайҳи шиа; нақд ва баррасии «Минҳоҷ-ус-суннатин-набавийя», Шиашиносӣ, №40.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.1, саҳ.537 - 539.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Ибни Таймя, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.5, саҳ.19/ ҷ.7, саҳ.155 ва 273/ ҷ.8, 285 ва 389.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.7, саҳ.177 - 179, 318 ва 394.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.4, саҳ.513.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.4, саҳ.472, 513 ва 577.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.1, саҳ.478, 479/ ҷ.2, саҳ.437.
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.3, саҳ.348.
- ↑ Мухтасари Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя лиибни Таймия, ал-Мактабат-ул-вақфия
- ↑ پایگاه اینترنتی کتابخانه عقیده وابسته به سلفیان
- ↑ Руҷуъ кунед ба: Назратун фи китоби Минҳоҷ-ус-суннатин набавийя, саҳ.7 - 197.
- ↑ سید علی حسینی میلانی، دراسات فی منهاج السنه لمعرفة ابن تیمیه, Пойгоҳи интерентии Сайидалӣ Милонӣ.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариату ило тасониф-иш-шиа, ҷ.11, саҳ.112.
- ↑ العلامة الحلّی ومنهاج الکرامة, пойгоҳи интерентии Сайидалӣ Милонӣ.