Буқъаи муборака

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Водии Туво)

Буқъаи муборака ё Водии муқаддаси Туво ва ё Водии Айман, маконе ки Худо бо Мусо (а) сухан гуфт ва ӯро ба паёмбарӣ интихоб кард.

Буқъаи муборака ба маънои қитъаи замини бобаракат, ки дар Қуръон ба он ишора шуда ва бештари муфассирон, муборак будани ин маконро ба хотири сухан гуфтани Худо бо ҳазрати Мусо донистаанд.

Ба хотири муқаддас будани ин макон, Худованд ба Мусо (а) амр кард, кафши худро дар ин макон аз пой барорад.

Муаррифии иҷмолӣ

Буқъаи муборака ба маънои қитъаи замини бобаракат, истилоҳи қуръоние аст, фақат як бор дар Қуръон мавриди ишора қарор гирифтааст.[1] Ҳангоме, ки Мусо (а) шабона аз Мадян озими Миср буд, оташе аз ҷониби Туври Сино назари ӯро ҷалб кард ва ба сӯи он раҳсипор шуд.[2] Тибқи ояти 30-и сураи Қасас «пас чун ба он [оташ] расид, аз ҷониби рости Водӣ (ё аз Водии Айман) дар он ҷойгоҳи муборак аз он дарахт нидо омад, ки эй Мусо! Манам, Ман Худованди Парвардигори ҷаҳонён!». Дар ин ҳангом буд, ки Худованд Мусо (а)-ро ба паёмбарӣ баргузид ва муъҷизаи асо ва яди байзоро ба ӯ дод.[3]

Дар бархе аз матнҳои ривоии шиа, маҳали дафни Пайғамбар (с)[4] ва имомони шиа[5] низ буқъаи муборака тавсиф шуда ва аз Карбало[6] ба буқъаи муборака ёд шудааст.

Ҷойгиршавии маконӣ

Ҷараёни сухан гуфтани Худованд бо Мусо (а) дар чанд мавзеи дигар дар Қуръон ишора шудааст. Дар сураи Тоҳо ва Нозиъот маконе ки Мусо (а) нидои Илоҳиро шунид, «Водии муқаддаси Туво» номида шудааст.[7] Ҷое ки ба хотири муқаддас буданаш Худованд ба Мусо (а) фармуд кафшҳояшро бароварад.[8] Аз ҳамин рӯ, муфассирон буқъаи муборака ва водии муқаддаси Туворо, ки ҳамон водии Айман аст яке донистаанд.[9] Ин макон дар ҷануби саҳрои Сино воқеъ аст ва ҳангоми рафтан ба Миср аз сӯи Мадян дар самти рости кӯҳи Тур қарор дорад.[10]

Аммо дар бархе аз ривоёт манзур аз буқъаи муборака, сарзамини Карбало дониста шудааст. Ин ривоёт ки дар Комил-уз-зиёрот[11] ва Таҳзиб-ул-аҳком[12] нақл гардида иборати (шотиил-водил-айман/ شاطی الوادی الایمن) дар оятро ба «Фурот» ва буқъаи муборакаро ба «Карбало» таъвил кардаанд. Файзи Кошонӣ ба ин ривоят ишора карда[13] ва дар ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон[14] ва Биҳор-ул-анвор[15] низ зикр шудаанд. Бархе аз нависандагон ин дидгоҳро бархилофи сариҳи оят донистаанд.[16] Дар бархе аз зиёратномаҳои имомон низ аз мадфани онон ба унвони буқъаи муборака ёд шудааст.[17] [Ёддошт 1]

Муборак будани буқъа

Ағлаби муфассирони шиа ва суннӣ, иллати муборак хондани буқъаро сухан гуфтани Худо бо Мусо (а) дар онҷо ва баргузидани ӯ ба паёмбарӣ донистаанд.[18] Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки муборак будани ин буқъа ба иллати сухан гуфтани Худо бо Мусо аст ва аз ин роҳ шарофат ёфтааст.[19] Аммо бархе вуҷуди анбуҳе аз дарахтону меваҳоро мояи муборакии буқъаи ёдшуда донистаанд.[20] Табарсӣ мегӯяд, ин макон ҳамон буқъае аст, ки Худо ба Мусо амр фармуд кафши худро аз пой барорад.[21] Аллома Таботабоӣ низ қадосат ва шарофати буқъаро иллати амри Худованд ба Мусо (а) барои аз пой баровардани кафш медонад.[22] Соҳиби ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон бар асоси ривояте аз Имом Алӣ (а) далели ин амри Худованд ба Мусо (а)-ро дарёфти баракати буқъа тавассути Мусо медонад.[23] Аз тарафе низ баровардани кафш аз пой ниҳояти тавозуъ барои дарёфти паёми рисолат арзёбӣ шудааст.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Ғори Ҳиро

Тури Сино

Боби ҳитта

Эзоҳ

  1. Ҳайдарӣ, “Буқъаи муборака”, ҷ.5, саҳ.612.
  2. Ниг.: Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1360ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.315.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.75-77.
  4. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.55.
  5. Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.34, 65; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.555.
  6. Ибни Қулавайҳи Қумӣ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.49; Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.115.
  7. Сураи Тоҳо, ояти 11-12, сураи Нозиъот, ояти 16.
  8. Сураи Тоҳо, ояти 12.
  9. Файзи Кошонӣ, ал-Асфо, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.902.
  10. Ҳайдарӣ, “Буқъаи муборака”, ҷ.5, саҳ.613.
  11. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.48-49.
  12. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.38.
  13. Файзи Кошонӣ, ал-Асфо, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.927.
  14. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.265.
  15. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.25.
  16. Ҳайдарӣ, “Буқъаи муборака”, ҷ.5, саҳ.614.
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, 160-161, ҷ.107, саҳ.152.
  18. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.392; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.392; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.32; Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.383.
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.32.
  20. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.392.
  21. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.392.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.32.
  23. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.164.
  24. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.168.

Ёддошт


Сарчашма

  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, тасҳеҳ: Абдулҳусайн Аминӣ, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дорул-Муртазавийя, 1356ҳ.ш.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, тасҳеҳ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, ал-Асфо фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Маркази интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ҳайдарӣ, Ҳасан, “Буқъаи муборака” дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1382ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, тасҳеҳ: Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, 1410ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found