Үндана:Ҷосусӣ
Мақолаҳои Викишиа бо рӯйкарди иртибот бо мактаби ташайюъ навишта мешаванд. Барои огоҳӣ аз паҳлӯҳои дигари мавзуъ, манобеи дигарро ҷӯё шавед. |
Ҷосусӣ (форсӣ: جاسوسی) ба маънои гирдоварии махфии иттилоот ва интиқоли он ба ашхос ё давлатҳои дигар аст, ки дар шумори масоили мустаҳдасаи фиқҳӣ қарор гирифтааст. Фақиҳон, ҷосусӣ барои низоми исломиро ҷоиз ва ҷосусӣ ба суди душманонро ҳаром ва дорои муҷозот донистаанд. Далели ин фақиҳон оятҳои Қуръон ва ривоёте дар ҳадди тавотури иҷмолӣ аст.
Сайид Муҳаммад Мусавӣ Буҷнурдӣ, фақиҳи шиа, ҷосусӣ барои душманони Исломро бар асоси ақл, оятҳои Қуръон ва ривоёт, ҳаром дониста ва онро хиёнат ба Худо, расул ва кишвари исломӣ баршумурдааст. Дар миёни фақиҳон, баъзе ҳамчун Алломаи Ҳиллӣ ва Шайхи Тусӣ, муҷозоти ин амалро таъзир донистаанд ва гурӯҳи дигар, ҳукм ба қатли шахсе додаанд, ки ба нафъи душманони низоми исломӣ ҷосусӣ мекунад.
Таҷассус ва нақзи ҳарими хусусӣ аз ҷумлаи аъмоли ҳароме ҳастанд, ки ҷосусӣ метавонад мисдоқи онҳо қаламдод шавад. Баъзе пажӯҳишгарон, дар баррасии ҳукми фиқҳии ҷосусӣ, аз ин ду мавзуъ баҳра гирифтаанд.
Пешина ва аҳамият
Ҷосусӣ ба маънои гирдоварӣ ва гузориши махфии ахбор ва иттилооти сиррии ашхос, муассисаҳо ё кишварҳо барои шахс ё кишвари дигар таъриф шудааст.[1] Донишномаи ҷаҳони Ислом гузорише аз пешинаи таърихии ҷосусӣ аз давраи подшоҳони Ҳахоманишӣ то Қоҷор ироа карда ва нишон додааст, ки истихдоми ҷосусон, сирае бардавом дар миёни ҳокимон Эрон будааст.[2]
Ҳусайналии Мунтазирӣ (ваф.1388ҳ.ш.), дар китоби Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, бар аҳамияти ҳаётии ҷосусӣ барои ҳукумати исломӣ таъкид кардааст. Вай иттилоъ аз имконот ва шумори нерӯҳои низомӣ ва ғайринизомии душманро аз муҳимтарин омилони пирӯзӣ бар он дониста ва ҷосусиро «як ҳунар» муаррифӣ кардааст. Аз дидгоҳи ӯ, бояд ба таври ҷиддӣ афроди мутахассисеро барои омӯзиш ва фаъолият дар ин ҳавза парвариш дод. Вай ҷосусиро дар чорчӯби пайравии низоми иллату маълуле, ки Худованд дар олам қарор додааст, тафсир мекунад.[3]
Масъалае бо унвони мустақили «фиқҳи ҷосусӣ» ё «ҳукми ҷосус» дар китобҳои муҳимми фиқҳи шиа мавриди баҳс қарор нагирифтааст.[4] Ин мавзуъ асосан дар қолаби ҷумлаҳои пароканда дар бораи мусалмони ҷосус ё фарде ки мазнун ба ҷосусӣ аст, дар зайли мабоҳисе чун боби ҷиҳод ё ҳифзи низоми исломӣ тарҳ шудааст.[5] Бар ҳамин асос, баъзе пажӯҳишгарон, ин мавзуъро аз ҷумлаи масоили мустаҳдасаи фиқҳӣ донистаанд; яъне масоили навпадиде, ки дар гузашта собиқаи фиқҳӣ надошта ва ниёзманди иҷтиҳоди нав ҳастанд.[6]
Ҷосусӣ навъе таҷассус ва нақзи ҳарими хусусӣ
Дар мутуни динӣ, таҷассус ва нақзи ҳарими хусусӣ мавриди мазаммат қарор гирифта ва аз назари шаръӣ ҳаром шумурда шудаанд.[7] Мустанади ин ҳукм, ояти 12 сураи Ҳуҷурот ва далоилест, ки бар аҳамияти обрӯи муъмин, ҳурмати ғайбат, манъи айбҷӯӣ, истироқи самъ ва набудани кафолат нисбат ба ҷиноят бар нақзкунандаи ҳарими хусусӣ далолат доранд.[8] Ҳамчунин қавоиде чун қоидаи эҳтиром ва қоидаи салтанат (тасаллут ва ихтиёр бар амвол ва нафс) низ аз далоили фиқҳии ҳурмати таҷассус ва зарурати риояи ҳарими хусусӣ шумурда шудаанд.[9]
Бо ин ҳол, фақиҳон дар мавқеиятҳои хос, онро ба шарти риояи қоидаҳои шаръӣ ва маслиҳати болотар, раво донистаанд. Аз ҷумла:
- Таҷассуси давлатҳо ва дастгоҳҳои иттилоотӣ дар ҳарими хусусии афрод бо ҳадафи ҳифзи маслиҳат ва амнияти низоми исломӣ;[10]
- Назорати корфармоён бар амалкарди коргузорон ва маъмурон;[11]
- Таҷассус барои интихоби ҳамсар дар чорчӯби ахлоқӣ ва шаръӣ.[12]
Ҳукми ҷосусӣ барои ҳукумати исломӣ
«Он гоҳ [Пайғамбар (с)] ба сӯи асҳоби худ бозгашт. Вақте шаб фаро расид он ҳазрат, Алӣ ибни Абитолиб, Зубайр ибни Аввом, ва Саъд ибни Абиваққосро ҳамроҳи чанд нафари дигар ба сӯи маҳалле аз Бадр ки об дошт ва маъмулан корвонёни дар он ҷо фурӯд меомаданд, эъзом кард, то дар бораи аҳли Макка ва корвонҳои Қурайш иттилооте ба даст оварда ва барои он ҳазрат гузориш кунанд.»[13]
Фақиҳони шиа ба таври сареҳ ё зимнӣ, ҷосусӣ барои ҳукумати исломиро раво донистаанд. Ба гуфтаи Ҳусайналӣ Мунтазирӣ, дар сираи ҷангҳои Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а), барномарезӣ барои иттилоъ аз авзои душман амре роиҷ ва табиӣ будааст.[14] Ҳамчунин Муҳаммадҳасани Наҷафӣ дар китоби Ҷавоҳир-ул-калом тасреҳ карда, ки ҷосусӣ барои касби иттилоъ аз душман, ҳатто агар муҷиби ғайбат аз саҳнаи ҷанг шавад, муҷиби ҳаққдор шудани ҷосус дар саҳм аз ғаниматҳо хоҳад буд.[15]
Баъзе муҳаққиқон бо истиндод ба зарурати ҳифзи низоми исломӣ, натиҷа гирифтаанд, ки ҷосусӣ дар мавориде воҷиб мешавад; зеро бидуни он, амният ва бақои низом дар маърази таҳдид қарор мегирад.[16]
Далелҳои фиқҳии раво будани ин амал иборатанд аз:
- Оятҳои Қуръон: Ба гуфтаи Мунтазирӣ, ояти 60 сураи Анфол ки дастур ба омодагии ҳамаҷониба дар баробари душманон медиҳад, шомили тадоруки иттилоотӣ низ мешавад.[17] Носир Макорими Шерозӣ низ ин оятро нозир ба ҳар гуна омодагӣ, аз ҷумла эҷоди системаи иттилоотӣ барои шиносоии нерӯҳои душман донистааст.[18]
- Ривоёт: Мунтазирӣ муътақид аст ривоёти марбут ба ҷосусӣ дар сираи Пайғамбар (с) ва имомон (а) ба ҳадди тавотури иҷмолӣ мерасад.[19] Аз ҷумла, маъмурияти Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш барои таҳияи гузориш аз қабилаи Қурайш дар минтақаи Нахла, намунае аз ин сираи амалӣ аст.[20]
- Далели ақлӣ: Бар асоси асли ҳифзи низом, ҳар иқдоме, ки бақои ҳукумати исломӣ ба он вобаста бошад, воҷиб мешавад; ва ҷосусӣ дар баробари душманон аз намунаҳои ин асл аст.[21]
Ҳукми гуноҳони ҷосус тайи амалиёти ҷосусӣ
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, бар асоси қоидаи аҳам ва муҳим, дар сурати тазоҳум миёни ду маслиҳат, бояд маслаҳати аҳамро муқаддам дошт.[22] Аз ин рӯ, агар шахсе барои ҳифзи низоми исломӣ иқдом ба ҷосусӣ кунад, на танҳо амали таҷассуси ӯ ҳаром нест, балки аъмоле монанди дурӯғ, худъа ва ҳатто қатл, ки дар масири касби иттилоот ночор ба анҷоми онҳост, дар тазоҳум бо ҳифзи киёни ислом, аҳамияти камтар доранд ва аз ҳукми аввалии худ соқит мешаванд.[23]
Ҳукми ҷосусӣ барои душманони низоми исломӣ
Ба гуфтаи Сайид Муҳаммад Мусавӣ Буҷнурдӣ, фақиҳи шиа, ҷосусӣ барои душманони Ислом бар асоси ҳукми ақл, оятҳои Қуръон ва ривоёти маъсумин, ҳаром буда ва мисдоқи хиёнат ба Худо ва Пайғамбар (с) аст.[24] Вай муътақид аст, ки муфассирони шиа ва аҳли суннат, вожаи «саммоъун»-ро дар ояти 41 сураи Моида ба маънои ҷосусони душман ва ҷосусони Банӣ Қурайза тафсир кардаанд.[25] Буҷнурдӣ ҳамчунин ҷосусиро мисдоқи хиёнат ба кишвар дониста ва бар ин бовар аст, ки дар Қуръони карим, дар оятҳое монанди ояти 27 сураи Анфол, аз хиёнат ба уммати исломӣ ки дар воқеъ хиёнат ба Расули Худо (с) низ ҳисоб мешавад, наҳй шудааст.[26]
Муҷозоти ҷосус
Баъзе фатвоҳои фақиҳони шиа дар бораи муҷозоти ҷосусӣ ба суди душманони Ислом чунин аст:
- Агар ҷосус мусалмон бошад:
- Фақиҳоне чун Ҳусайналӣ Мунтазирӣ, бо истиндод ба ривоёт ва мутобиқ будани унвони муҳориба ва муфсид фи-л-арз бар ҷосус, ҳукм ба эъдом додаанд.[27] Наҷмуддини Табасӣ дар тавҷеҳи ин дидгоҳ, ишора карда, ки ҳукми Пайғамбар ба тахфиф ва афв дар моҷарои Ҳотиб ибни Абибалтаъа, эҳтимолан ба хотири содалавҳии Ҳотиб ва изтирори ӯ бошад.[28]
- Дар муқобил, фақиҳоне монанди Шайхи Тусӣ ва Алломаи Ҳиллӣ бо истиндод ба ривоёте чун моҷарои Ҳотиб ибни Абибалтаъа, ҳукм ба афв ё таъзир додаанд.[29] Наҷмуддини Табасӣ бо нақди санад ва далолати ривоёти ҷоиз будани қатли ҷосус, қатлро мубоҳ намедонад ва бо истиндод ба асли эҳтиёт дар хунрезӣ, ҳукм ба раво набудани қатл додааст.[30] Ӯ ҳамчунин бо истиндод ба шавоҳиди таърихӣ, табъидро аз муҷозотҳои муносиб дониста ва онро дар чорчӯби таъзир қарор додааст.[31]
- Макорими Шерозӣ бо фарқ гузоштан миёни анвои ҷосусӣ, муътақид аст агар ҷосусӣ муҷиби таҳдиди аркони низоми исломӣ ё ҷони мусалмонон шавад, қатлаш ҷоиз аст; аммо дар мавориде, ки иттилооти ғайримуҳим мунтақил шуда бошад, таъзир кофӣ аст.[32]
- Агар ҷосус ғайримусалмон бошад:
- Ба гуфтаи Табасӣ, дар манбаъҳои шиа ҳукми сареҳе дар бораи муҷозоти ҷосусӣ ғайримусалмон вуҷуд надорад.[33] Бо ин ҳол, баъзе пажӯҳишгарони фиқҳӣ муътақиданд агар кофири зиммӣ барои душманони Ислом ҷосусӣ кунад, аҳди зимма нақз шуда ва баъзе фақиҳон ҳукм ба эъдоми ӯ додаанд.[34]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.3, саҳ.36.
- ↑ Бунёди Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.1, саҳ.4332.
- ↑ Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, ҷ.4, саҳ.320.
- ↑ Алавӣ, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه», саҳ.143.
- ↑ Алавӣ, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه», саҳ.143; Мусавии Буҷнурдӣ, «درباره جاسوسی و خیانت به کشور», саҳ.19.
- ↑ Миръалӣ, Қарасайидрумиёнӣ, «بررسی جاسوسی از نظر فقه امامیه», саҳ.21 - 29.
- ↑ Ояти 12 сураи Аҳзоб; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, бахши таҷассус ва ифшои асрор, масъалаи 1390 ва 1392; Макорими Шерозӣ, Истифтоот, ҷ.3, саҳ.147, саволи 443 ва ҷ.2, саҳ.364, саволи 1077.
- ↑ Сарафрозӣ, Нигариши фиқҳӣ ҳуқуқӣ бар ҳаримҳои хусусӣ, саҳ.43 - 44; Қанавотӣ ва Ҷовир, «حریم خصوصی؛ حق یا حکم», саҳ.8 - 9; Шаҳбози Қаҳфаррухӣ, Масъудиён, «حمایت از حریم خصوصی اشخاص از منظر آیات و روایات», саҳ.91; Алмосӣ, Муҳаммадиён, «ملاکهای حریم خصوصی در فقه امامیه و حقوق اساسی ایران، تطبیق با خودروی شخصی», саҳ.35 - 36; Киштгар, Ҷовир, «راهبردهای فقه امامیه در تضمین حق حریم خصوصی شهروندان», саҳ.29 - 30.
- ↑ Ҳусайнӣ, Барзӯӣ, «مبانی و مؤلفههای فقهی حمایت از حریم خصوصی افراد در فضای مجازی», саҳ.121.
- ↑ Даргоҳӣ, «حدود اختیارات دستگاههای اطلاعاتی در ورود به حریم خصوصی افراد از منظر فقه امامیه», саҳ.77; Акбариён, «بررسی حکم شرعی رفتار حکومت در جمعآوری اطلاعات از حوزه حریم خصوصی اشخاص», саҳ.21; Сулаймонӣ, «بررسی ورود به حریم خصوصی در فعالیتهای اطلاعاتی-امنیت در چارچوب اصول و قواعد فقهی», саҳ.33.
- ↑ Мусавии Буҷнурдӣ, «درباره جاسوسی و خیانت به کشور», саҳ.19.
- ↑ Илҳоминиё, Фиқҳи мудирият, саҳ.105; Макорими Шерозӣ, Ахлоқ дар Қуръон, ҷ.3, саҳ.357.
- ↑ Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, ҷ.4, саҳ.324 - 327.
- ↑ Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, ҷ.4, саҳ.321.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, саҳ.201.
- ↑ Алавӣ, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه», саҳ.143.
- ↑ Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, саҳ.321.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.27, саҳ.403; ҷ.7, саҳ.224.
- ↑ Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, саҳ.321.
- ↑ Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, саҳ.321.
- ↑ Алавӣ, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه», саҳ.150.
- ↑ Алавӣ, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه», саҳ.145.
- ↑ Алавӣ, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه», саҳ.145 ва 154; Муродӣ, Ҳайдарӣ, Алиакбарӣ Бобуконӣ, «بررسی قلمرو جاسوسی در عملیات روانی از منظر فقه اسلامی», саҳ.88.
- ↑ Мусавии Буҷнурдӣ, «درباره جاسوسی و خیانت به کشور», саҳ.18 - 21.
- ↑ Мусавии Буҷнурдӣ, «درباره جاسوسی و خیانت به کشور», саҳ.21.
- ↑ Мусавии Буҷнурдӣ, «درباره جاسوسی و خیانت به کشور», саҳ.21.
- ↑ Табасӣ, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, саҳ.28 - 35.
- ↑ Табасӣ, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, саҳ.50.
- ↑ Табасӣ, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, саҳ.28 - 35; Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.2, саҳ.15; Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.505.
- ↑ Табасӣ, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, саҳ.53 - 56.
- ↑ Табасӣ, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, саҳ.59 - 60.
- ↑ Макорими Шерозӣ, «بررسی حکم محارب برای فرد جاسوس», Пойгоҳи иттлоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Табасӣ, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, саҳ.60.
- ↑ Муродӣ, Ҳайдарӣ, Алиакбарӣ Бобуконӣ, «بررسی قلمرو جاسوسی در عملیات روانی از منظر فقه اسلامی», саҳ.90.
Сарчашма
- Алавӣ, Сайид Алиасғар, «جواز جاسوسی برای نظام سیاسی در فقه شیعه» (Ҷавози ҷосусӣ барои низоми сиёсӣ дар фиқҳи шиа), дар маҷаллаи Сиёсати мутаолия, давраи 6, №20, 1397ҳ.ш.
- Алиакбариён, Ҳасаналӣ, «بررسی حکم شرعی رفتار حکومت در جمعآوری اطلاعات از حوزه حریم خصوصی اشخاص» (Баррасии ҳукми шаръии рафтори ҳукумат дар ҷамъоварии иттилоот аз ҳавзаи ҳарими хусусии ашхос), дар фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии Ковише нав дар Фиқҳ, №3, соли 21, 1393ҳ.ш.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ
- Алмосӣ, Алӣ, Муҳаммадиён Шермард, Марзия, «ملاکهای حریم خصوصی در فقه امامیه و حقوق اساسی ایران، تطبیق با خودروی شخصی» («Меъёрҳои ҳарими хусусӣ дар фиқҳи имомия ва ҳуқуқи асосии Эрон: татбиқ бо худрави шахсӣ»), дар дуфаслномаи Мутолиоти фиқҳии ҳуқуқии зан ва хонавода, №3, 1398ҳ.ш.
- Бунёди Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1375ҳ.ш.
- Даргоҳӣ, «حدود اختیارات دستگاههای اطلاعاتی در ورود به حریم خصوصی افراد از منظر فقه امامیه» (Ҳудуди ихтиёроти дастгоҳҳои иттилоотӣ дар вуруд ба ҳарими хусусии афрод аз манзари фиқҳи имомия), дар фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии Ковише нав дар фиқҳ, давраи 21, №82, 1393ҳ.ш.
- Илҳоминиё, Алиасғар, Фиқҳи мудирият, Теҳрон, Муассисаи таҳқиқот ва нашри маорифи аҳл-ул-байт (а), чопи якум, бетаърих.
- Киштгар, Амир, Ҷовир, Ҳусайн, «راهبردهای فقه امامیه در تضمین حق حریم خصوصی شهروندان» (Роҳбурдҳои фиқҳи имомия дар тазмини ҳаққи ҳарими хусусии шаҳрвандон), дар маҷаллаи Андешаҳои ҳуқуқи умумӣ, №18, 1399ҳ.ш.
- Қанавотӣ, Ҷалил, Ҷовир, Ҳусайн, «حریم خصوصی؛ حق یا حکم» (Ҳарими хусусӣ; ҳақ ё ҳукм), дар фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии Ҳуқуқи исломӣ, давраи 8, №31, 1390ҳ.ш.
- Қудсӣ, Заҳро, «مبانی فقهی جاسوسی» (Мабонии фиқҳии ҷосусӣ), Дуфаслномаи Мабонии фиқҳии ҳуқуқи исломӣ, соли шашум, №1, баҳор ва тобистони 1392ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Ахлоқ дар Қуръон, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи якум, 1377ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоот, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи дуюм, 1427ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, «بررسی حکم محارب برای فرد جاسوس» (Баррасии ҳукми муҳориб барои фарди ҷосус), Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- Миръалӣ, Яҳё, Қарасайидрумиёнӣ, Зайнабсодот, «بررسی جاسوسی از نظر فقه امامیه» (Баррасии ҷосусӣ аз назари фиқҳи имомия), дар маҷаллаи Фиқҳ, ҳуқуқ ва улуми ҷазо, №6, зимистони 1396ҳ.ш.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери назари Сайид Маҳмуд Ҳошимӣ Шаҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, мутарҷим Маҳмуд Салавотӣ ва Абулфазл Шакурӣ, Қум, Муассисаи Кайҳон, 1409ҳ.қ.
- Муродӣ, Алӣ, Ҳайдарӣ, Муҳаммадалӣ, Алиакбарӣ Бобуконӣ, Эҳсон, Табибӣ Ҷаблӣ, Муртазо, «بررسی قلمرو جاسوسی در عملیات روانی از منظر فقه اسلامی» (Баррасии қаламрави ҷосусӣ дар амалиёти равонӣ аз манзари фиқҳи исломӣ), дар маҷаллаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, давраи 11, №3, озари 1397ҳ.ш.
- Мусавии Буҷнурдӣ, Сайид Муҳаммад, «درباره جاسوسی و خیانت به کشور» (Дар бораи ҷосусӣ ва хиёнат ба кишвар), дар маҷаллаи Оин, №30 ва 31, 1389ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ шарҳи шароиъ-ул-ислом, Дор-ул-эҳё ли турос-ил-арабӣ, Бейрут, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Сарафрозӣ, Марям, Нигариши фиқҳӣ ҳуқуқӣ бар ҳаримҳои хусусӣ, Поённомаи коршиносии аршади риштаи фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, Теҳрон, Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Донишгоҳи озоди Теҳрон Шимол, 1391ҳ.ш.
- Сулаймонӣ, Муртазо, Сулаймонӣ, Ёсир, «بررسی ورود به حریم خصوصی در فعالیتهای اطلاعاتی-امنیت در چارچوب اصول و قواعد فقهی» (Баррасии вуруд ба ҳарими хусусӣ дар фаъолиятҳои иттилоотӣ-амниятӣ дар чорчӯби усул ва қавоиди фиқҳӣ), дар фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии Ковише нав дар фиқҳ, давраи 21, №82, 1393ҳ.ш.
- Табасӣ, Наҷмуддин, Мабонии фиқҳии ҷосусӣ ва зидди ҷосусӣ, Қум, Барги Фирдавс, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор, 1393ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Теҳрон, Дор-ун-набаъ, чопи якум, 1415ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ, Барзӯӣ, «مبانی و مؤلفههای فقهی حمایت از حریم خصوصی افراد در فضای مجازی» (Мабонии муаллифаҳои фиқҳии ҳимоят аз ҳарими хусусии афрод дар фазои муҷозӣ), Дуфаслномаи Мутолиоти ҳуқуқи башари исломӣ, соли 6, №13, 1396ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақӣ Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
- Шаҳбози Қаҳфаррухӣ, Саҷҷод, Масъудиён, Мустафо, «حمایت از حریم خصوصی اشخاص از منظر آیات و روایات» (Ҳимоят аз ҳарими хусусии ашхос аз манзари оёт ва ривоёт), дар дуфаслномаи тахассусии Пажӯҳишҳои миёнриштаии Қуръони карим, №2, 1391ҳ.ш.
- «جاسوس» (Ҷосус), Сомонаи Донишномаи ҷаҳони Ислом, санаи боздид: 9 ноябри 2026.