Тавотури иҷмолӣ

Аз wikishia

Тавотури иҷмолӣ (арабӣ: تَواتُر اِجمالی) аз ақсоми тавотур аст ва дар муқобили тавотури лафзӣ ва маънавӣ қарор дорад. Тавотури иҷмолӣ дар бораи маҷмуае аз гузоришҳо ба кор меравад, ки ҳеҷ мазмуни муштараке байнашон вуҷуд надорад, вале аз онҳо қадри муштараке ба даст меояд.

Истилоҳи тавотури иҷмолиро нахустин бор Охунди Хуросонӣ дар баҳси хабари воҳид ба кор бурд. Пас аз он дигар уламои шиа аз он баҳс карданд. Бархе аз уламои шиа ба эътибори тавотури иҷмолӣ ишкол кардаанд.

Тавотур

Мақолаи аслӣ: Тавотур

Тавотур ба маънои нақли як ривоят аз роҳҳои мухталиф, ба гунае аст, ки муҷиби итминон шавад; чароки наметавон тасаввур кард чунон ададе аз ровиён ҳамагӣ дурӯғ гуфта ё фаҳми хато аз воқеа дошта бошанд.[1]

Эътибори тавотур мавриди пазириши донишмандони илми усули фиқҳ аст.[2]

Хабари мутавотирро ба мутавотири тафсилӣ ва мутавотири иҷмолӣ тақсим кардаанд. Тавотури тафсилӣ ҳам худ ду қисм дорад: тавотури лафзӣ ва тавотури маънавӣ.[3]

Мафҳумшиносӣ

Тавотури иҷмолӣ дар баробари тавотури лафзӣ ва маънавӣ аст. Тавотури лафзӣ замоне шакл мегирад, ки ҷумлае хос дар тамоми гузоришҳо муштарак бошад. Барои тавотури лафзӣ ҳадиси Сақалайнро мисол задаанд.[4] Тавотури маънавӣ; яъне мазмуни хоссе дар гузоришҳо муштарак бошад, аммо бо лафзҳои гуногун нақл шавад. Намунаи тавотури маънавиро шуҷоати Имом Алӣ (а) медонанд, ки аз гузоришҳои мухталиф ва мутафовити ҷангҳои Садри Ислом бардошт мешавад.[5]

Дар тавотури иҷмолӣ, иборат ва мазмуни муштараке байни гузоришҳо нест, вале аз гузоришҳо матлаби муштараке байни ҳамаи онҳо бардошт мешавад, монанди эътибори хабари воҳиде, ки тавассути шиаи имомии сиқа, нақл мешавад, ки мазмуни он дар ривоёт наёмадааст, аммо аз маҷмуи онҳо, чунин ба даст меояд.[6]

Гуфтаанд: нахустин бор ин истилоҳро Охунди Хуросонӣ дар баҳс аз адиллаи эътибори хабари воҳид ба кор бурд.[7]

Эътибор

Уламои шиа ва бештари уламои аҳли суннат бар эътибори хабари мутавотир, иттифоқи назар доранд,[8] аммо дар заминаи тавотури иҷмолӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад.[9] Бештари донишмандони илми усули фиқҳ эътибори онро мепазиранд,[10] аммо бархе чун Шаҳид Садр ва Муҳаммадҳусайни Ноинӣ дар эътибори чунин қисме аз тавотур ишкол кардаанд.[11]

Ишколи Ноинӣ

Муҳаммадҳусайни Ноинӣ тавотурро дар ду қисми тавотури лафзӣ ва маънавӣ мунҳасир медонад. Ишколи ӯ бар тавотури иҷмолӣ ин аст, ки дар мавориди тавотури иҷмолӣ, агар битавон ба маънои ҷомеъ ва муштараке расид, ин ҳамон тавотури маънавӣ аст, аммо агар аз онҳо чунин чизеро натавон бардошт кард, тавотуре дар кор нахоҳад буд ва дар натиҷа матлаби ба даст омада, эътибор нахоҳад дошт; зеро агар бар якояки ривоёт даст бигузорем, эҳтимол медиҳем дурӯғ бошанд ва ҳамин ҳукми афрод ба маҷмуа ҳам сироят хоҳад кард ва яқине ба даст нахоҳад омад.[12]

Посухҳое ба ин ашкол дода шудааст. Аз ҷумла Сайид Абулқосими Хуӣ шогирди Ноинӣ гуфтааст: ин ишкол агар ворид бошад, ба тавотури лафзӣ ва маънавӣ ҳам ворид аст; чароки дар ин ду низ эҳтимоли кизби якояки ривоёт ба сурати мустақил вуҷуд дорад.[13]

Эзоҳ

  1. Музаффар, ал-Мантиқ, 1424ҳ.қ., саҳ.333.
  2. Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, ал-Идда, 1417ҳ.қ., саҳ.7; Музаффар, ал-Мантиқ, 1424ҳ.қ., саҳ.333; Садр, Дурусун фи илм-ил-усул, 1418ҳ.қ., ҷ, саҳ.270
  3. Софӣ, Баён-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.152.
  4. Нароқӣ, Анис-ул-муҷтаҳидин, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.197
  5. Софӣ, Баён-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.154
  6. Мулкии Исфаҳонӣ, Фарҳанги истилоҳоти усул, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.309.
  7. Мураввиҷ, Мунтаҳа-д-дироя, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.423.
  8. Тӯсӣ, ал-Идда, 1417ҳ.қ., саҳ.7.
  9. Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., саҳ.181.
  10. Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., саҳ.181.
  11. Ҳусайнии Ҳоирӣ, Мабоҳис-ул-усул, 14087ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.482 то 484
  12. Хуӣ, Аҷвад-ут-тақрирот, 1352ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.113.
  13. Ҳусайнии Ҳоирӣ, Мабоҳис-ул-усул, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.483.

Сарчашма

  • Вилоӣ, Исо, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, Теҳрон, нашри нав, 1387ҳ.ш.
  • Малакии Исфаҳонӣ, Муҷтабо, Фарҳанги истилоҳоти усул, Қум, олима, 1379ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, ал-Мантиқ, Қум, Муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ ибни Абизар, Анис-ул-муҷтаҳидин фи илм-ил-усул, Қум, муассисаи Бӯстони китоб, 1388ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим ибни Ҳусайн, Кифоят-ул-усул, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт, 1409ҳ.қ.
  • Садр, Муҳаммадбоқир, Дурусун фи илм-ил-усул, Қум, муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Софӣ, Лутфуллоҳ, Баён-ул-усул, Доират-ут-тавҷиҳи ва-л-иршод-ид-динӣ фи мактаб-ил-марҷаъ-ид-динӣ Оятуллоҳилъузмо аш-Шайх Лутфуллоҳ ас-Софӣ ал-Гулпойгонӣ, Қум, 1428ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Идда фи усул-ил-фиқҳ, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим ва Муҳаммадҳусайни Ноинӣ, Аҷвад-ут-тақрирот, Қум, Ирфон, 1352ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҳоирӣ, Сайид Козим ва Сайид Муҳаммадбоқири Садр, Мабоҳис-ул-усул, Қум, матбаат марказ-ун-нашр ва мактаб-ул-эълом-ил-исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Муҳаммадҷаъфар, Мунтаҳа-д-дироя фи тавзеҳ-ил-кифоя, Қум, муассисаи Дор-ул-китоб, 1415ҳ.қ.