Вилояти фақиҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳукумати исломӣ)

Вилояти фақиҳ (арабӣ: ولاية الفقيه) назарияе дар фиқҳи шиа ки тибқи он дар замони ғайбати Имоми Замон (аҷ), ҳукумат бар ӯҳдаи фақиҳи ҷомеушшароит аст. Решаи таърихии ин назарияро ба замони Паёмбари акрам (с) боз гардондаанд. Фақиҳоне чун Шайхи Муфид ва Муҳаққиқи Каракӣ дар бораи ихтиёроти ҳукуматии фақиҳон сухан гуфтаанд, вале Мулло Аҳмади Нароқиро нахустин фақиҳе шумурдаанд, ки ҳамаи ихтиёроту вазоифи фақиҳро зайли унвони вилояти фақиҳ ҷамъ кард.

Бар асоси назарияи вилояти фақиҳ, ихтиёри ҳамаи умури ҷомеаи исломӣ ба дасти валии фақиҳ аст. Кошифулғито, Муҳаммадҳасани Наҷафӣ ва Имом Хумайнӣ аз мувофиқони ин дидгоҳ ва Шайхи Ансорӣ, Охунди Хуросонӣ ва оятуллоҳи Хуӣ аз мухолифони он ҳастанд.

Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала аз далоил нақлии тарафдорони назарияи вилояти фақиҳ аст. Тибқи ин ҳадис, дар мунозиот танҳо касеро бояд ба унвони ҳакам (довар) интихоб кард, ки аз Аҳли Байт ҳадис нақл мекунад ва бо аҳкоми исломӣ ошност. Зарурати вуҷуди ҳокиме олим ва одил барои иҷрои аҳкоми Илоҳӣ дар ҷомеа ҳам аз далоили ақлии мувофиқони вилояти фақиҳ аст.

Китобҳо ва мақолоти гуногуне дар бораи вилояти фақиҳ навишта шудааст. “Вилояти фақиҳ” навиштаи Имом Хумайнӣ ва “Вилояти фақиҳ, вилояти фақоҳату адолат” навиштаи Ҷаводии Омулӣ аз он ҷумла аст.

Мафҳумшиносӣ

Вилояти фақиҳ бар асоси таърифҳое ки фақиҳон аз он ироа додаанд, ба маънои сарпарастӣ, тасаллут ва тасарруфи муҷтаҳиди ҷомеушшароит дар умури дигарон[1] ва ба иборати дигари мудирияти ҷомеаи исломӣ ба манзури иҷрои аҳкоми исломӣ ва таҳаққуқи арзишҳои динӣ аст.[2]

Вилояти фақиҳ назарияе аст дар фиқҳи сиёсии шиа, ки тибқи он дар замони ғайбати Имоми Замон (аҷ), ҳукумати ҷомеаи мусулмонон бар ӯҳдаи фақиҳи ҷомеушшароит аст.[3]

Таърихча

Бархе нависандагон Мулло Аҳмади Нароқиро (ваф.1245ҳ.қ.) нахустин фақиҳе донистаанд ки вилояти фақиҳро ба сурати як масъалаи фиқҳӣ табйин ва барои исботи он аз адиллаи нақлӣ ва ақлӣ истифода кард.[4] Ва гуфтаанд ҳамӯ буд, ки барои аввалин бор тамоми вазоиф ва ихтиёроти ҳокими исломӣ ва вилояти фақиҳро якҷо дар китоби “Авоид-ул-айём” ҷамъоварӣ кард.[5] Албата пеш аз Мулло Аҳмади Нароқӣ бархе аз уламои шиа аз ӯҳдадории баъзе ихтиёроти имомон тавассути фақиҳон сухан гуфта буданд. Барои мисол Шайхи Муфид аз уламои қарнҳои чаҳоруму панҷуми қамарӣ, дар китоби “ал-Муқниа” навишта буд: Имомони шиа (а) иҷрои ҳудудро ба фуқаҳои шиа тафвиз кардаанд.[6] Ҳамчунин ба гуфта Расули Ҷаъфарён – таърихнигори муосир, Муҳаққиқи Каракӣ аз уламои қарни даҳуми қамарӣ, бар ин бовар буд, ки фақиҳон ихтиёроти ҳукумати имомони маъсумро бар ӯҳда доранд.[7]

Пас аз Мулло Аҳмади Нароқӣ, Ҷаъфари Кошифулғито[8] ва шогирдаш Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, низ назарияи насби фуқаҳо ва вилояту ихтиёроти ононро табйин карданд.[9] Онон ҳукумати подшоҳ ё султонеро, ки аз ҷониби фуқаҳо иҷозат надошта бошад, машруъ намедонистанд ва муътақид буданд агар шароит барои фақиҳе омода бошад, воҷиб аст ҳукумат ташкил диҳад.[10]

Тавсеаи мабоҳис дар бораи вилоят ва ихтиёроти фуқаҳо, бо тардиди Шайх Муртазо Ансорӣ (1214 – 1281ҳ.қ.) дар бораи вилояти сиёсии фуқаҳо, мутаваққиф шуд;[11] то ин ки дар соли 1348ҳ.ш. Имом Хумайнӣ дар дарси хориҷи фиқҳаш дар ҳавзаи илмияи Наҷаф, назарияи вилояти фақиҳро матраҳ[12] ва бар лузуми таъсиси ҳукумати исломӣ таъкид кард.[13] Матолиби ӯ дар ин замина дар соли 1349ҳ.ш. дар китобе ба номи “Вилояти фақиҳ” мунташир шуд.[14]

Далелҳои мувофиқон

Ҳаводорони назарияи вилояти фақиҳ барои исботи он ба далоили ақлӣ ва нақлии зиёде истинод кардаанд.[15] Мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ва тавқиъи Имоми Замон аз далоили нақлианд. Бар пояи мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ки ҳадисе аз Имоми Содиқ (а) аст, касеро бояд ба унвони ҳакам интихоб кард, ки ҳадиси Аҳли Байт (а)-ро ривоят мекунад ва аҳкоми диниро мешиносад.[16][Ёддошт 1] Имом Хумайнӣ бо истинод ба ин ривоят, иҷрои ҳукм дар ҷомеаро ниёзманди қудрат ва ҳукумат медонад. Бар асоси назари ӯ, ҳукумат бояд ба дасти фақиҳ бошад то битавонад қизоват кунад ва ҳукмро иҷро кунад.[17] Вай ҳамчунон ҷаъли мансаби вилоят барои фақиҳони шиаро аз сӯи Имом Содиқ (а) дорои сиррӣ сиёсӣ медонад ва он ин аст ки бо ташвиқу барангехтани фақиҳон барои вуруд ба мансаби қазоват; онон муқаддамоти ташкили ҳукумати адли Илоҳиро тарҳу барномарезӣ кунанд то ин ки агар замоне муваффақ ба ташкил ҳукумат шуданд гирифтори мушкил нашаванд ва муқаддамотро аз пеши фароҳам сохта бошанд.[18]

Дар тавқиъи Имоми Замон (аҷ), аз «ал-ҳаводис-ул-воқиъа» (пешомадҳо) сухан омада ва баён шудааст, ки бояд ҳангоми пешомадҳо ба ровиёни ҳадиси Аҳли Байт руҷуъ кард.[19] Имом Хумайнӣ бо истинод ба ин тавқиъ, натиҷа гирифтааст, ки ҳамаи умури ҷомеаи исломиро бояд ба фуқаҳо супурд.[20]

Соҳиби Ҷавоҳир аз ҷумла фақиҳоне аст, ки мувофиқи вилояти фақиҳ аст, то он ҷо ки муътақид аст ҳар кас аз таобири мухталифи имомон (а) дар бораи ихтиёроте ки ба фақиҳон додаанд монанди: (ҳоким, қозӣ, ҳуҷҷат ва халифа) вилояти фақиҳро нафаҳмад гӯё аз таъми фиқҳ чизе начашида ва аз асрору румузи калимоти имомон (а) бехабар аст; зеро ин таъбирҳо гӯёи он аст ки бояд дар замони ғайбат умури шиаён назм ва сомон биёбад. Вай ончунон мавзуи вилояти фақиҳро возеҳу равшан дониста, то ҷое ки исботи онро муҳтоҷи далел намедонад ва ҳатто мухолифонро гирифтори васваса донистааст.[21]

Аз ҷумла далоили ақлӣ ҳам ин аст, ки ҳаёти иҷтимоии инсон ва камоли фардӣ ва маънавии ӯ илова бар ин ки ба қонунии Илоҳӣ ва эмин аз хатову нуқсон ниёз дорад, ниёзманди ҳокими олим ва одил ҳам ҳаст. Бидуни ин ду рукн, ҳаёти иҷтимоӣ бо ҳараҷу мараҷ ва фасоду табоҳӣ мувоҷеҳ мешавад. Ин ҳадаф дар замони паёмбарон ва имомон ба василаи худи онон муҳаққақ мешавад ва дар замони ғайбат ба васила валии фақиҳ таҳаққуқ меёбад.[22]

Интисобӣ ё интихобӣ будани вилояти фақиҳ

Тарафдорони назарияи вилояти фақиҳ дар бораи наҳваи машруияти он ихтилофи назар доранд. Бархе аз онҳо вилояти фақиҳро мансаб ва ҷойгоҳи интисобӣ медонанд ва бархе дигар аз интихобӣ будан он дифоъ мекунанд:

Интисобӣ будани вилояти фақиҳ

Тибқи ин дидгоҳ, иллати машруияти вилояти фақиҳ дар умури сиёсӣ ин аст, ки имомон тадбири умури динию иҷтимоӣ ва мудирияти сиёсии ҷомеаро ба фақиҳони одил тафвиз (вогузор) кардаанд ва раъю хости мардум дар машруияти вилояти фуқаҳо таъсир надорад.[23] Имом Хумайнӣ,[24] Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Муҳаммад Муъмини Қумӣ ва Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ аз тарафдорони ин назарияанд.[25]

Вилояти мутлақаи фақиҳ

Бархе аз қоилони дидгоҳи интисобӣ будан валии фақиҳ, ба вилояти мутлақаи фақиҳ эътиқод доранд; яъне муътақиданд фақиҳ аз ҳамаи ихтиёроти Паёмбари Ислом (с) ва имомони маъсум дар умури ҳукумат ва сиёсат, бархӯрдор аст; зеро ҳадаф иҷрои аҳкоми шариат аст ва дар ин замина ҳеҷ фарқе байни ҳоким, маъқул нест.[26] Ҳамчунин машруияти қавонини башарӣ машрут ба танфизи валии фақиҳ аст ва қонун наметавонад валии фақиҳро маҳдуд ва муқайяд кунад ва овомири валии фақиҳ дар ҳукми қонун аст.[27]
Мегӯянд ин дидгоҳро нахустин бор Имом Хумайнӣ матраҳ кардааст.[28]

Интихобӣ будани вилояти фақиҳ

Ин дидгоҳ раъйи мардумро ба унвони бахше аз иллати машруияти вилояти фақиҳ лозим мешуморад; яъне ҳокими машруъро ҳокиме медонад ки фақиҳ, одил, огоҳ ба замон, мудир ва мудаббир бошад ва ҳама ё аксари мардум низ ӯро ба раҳбарӣ интихоб кунанд.[29] Дар ин дидгоҳ ба мутлақ будани вилояти фақиҳ хадша мешавад.[30] Шаҳид Биҳиштӣ, шаҳид Мутаҳҳарӣ, Ҳусайнъалии Мунтазирӣ ва Неъматуллоҳ Солеҳии Наҷафободӣ аз тарафдорни ин назария ҳастанд.[31]

Мухолифон

Шайхи Ансорӣ, Охунди Хуросонӣ,[32] Мирзои Ноинӣ ва оятуллоҳ Хўиро[33] аз мухолифони вилояти фақиҳ шумурдаанд.[34] Ба фатвои шайхи Ансорӣ, дар давраи ғайбат умуре ҳамчун фатво додан ва қазоват бар ӯҳда фақиҳон аст,[35] аммо вилоят бар молу ҷони мардум вижаи Паёмбар (с) ва имомон аст.[36] Ӯ далелҳоеро ки барои исботи вилояти фақиҳ матраҳ шудааст, аз ҷумла истинод ба мақбулаи Умар ибни Ҳанзала ва тавқиъи Имоми Замонро дуруст намедонад.[37] Ба бовари ӯ ин ривоёт сирфани баёнкунанда вазифаи фақиҳ дар хусуси баёни аҳкоми шаръӣ барои мардум аст ва бар вилояти онҳо ҳатто дар умуре чун хумсу закот далолат надорад.[38]

Каломӣ ё фиқҳӣ будани масъала

Бархе бар ин боваранд, ки вилояти фақиҳ масъалае каломӣ аст ва иддае дигар бар фиқҳӣ будан он таъкид доранд.[39] Ҷаводии Омулӣ вилояти фақиҳро марбут ба дониши калом медонад. Далели ӯ ин аст, ки мавзуи илми калом феъли Худованд аст ва вилояти фақиҳ ҳам бо феъли Худованд иртибот дорад; зеро Худованд таъйин кардааст, ки дар асри ғайбат фақиҳ дар ҷомеа вилоят дошта бошад.[40] Дар муқобил Ҳусайнъалии Мунтазирӣ баҳс аз вилояти фақиҳро дар чорчӯби фиқҳи исломӣ дониста ва шоҳид овардааст, ки бисёре аз фақиҳон ин масъаларо дар китобҳои фиқҳӣ баррасӣ кардаанд.[41]

Вилояти фақиҳ дар Ҷумҳурии исломии Эрон

Пас аз Инқилоби исломии Эрон дар соли 1357ҳ.ш./1979, вилояти фақиҳ ба қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон афзуда шуд. Дар асли 57 ин қонун омадааст: «Қувои ҳоким дар Ҷумҳурии исломии Эрон иборатанд аз: қувваи муқаннана, қувваи муҷрия ва қувваи қазоия ки зери назари вилояти мутлақаи амр ва имомати уммат бар тибқи усули ояндаи ин қонун эъмол мегарданд.»[42]

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон Имом Хумайнӣ ва пас аз ӯ оятуллоҳ Хоманаӣ ба унвон валии фақиҳ раҳбариро дар ихтиёр доштаанд.[43]

Китобшиносӣ

Тасвири китоби "Вилояти фақиҳ вилояти фақоҳату адолат" асари Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ

Козими Устодӣ дар китоб «Китобшиносии ҳукумат ва вилояти фақиҳ» беш аз ҳафтсад китоб дар заминаи ҳукумати исломӣ ва вилояти фақиҳ муаррифӣ кардааст, ки бештари онҳо пас аз инқилоби исломӣ навишта шудааст.[44] Бархе аз муҳимтарин осор дар мавзуи вилояти фақиҳ иборатанд аз:

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ниг.: Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545
  2. Ниг.: Мунтазирӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11; Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378 ҳ.ш., саҳ.129
  3. Фираҳӣ, Низоми сиёсӣ ва давлат дар Ислом, 1386 ҳ.ш., саҳ.242 ва 243
  4. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.17
  5. Ниг.: Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417 ҳ.қ., саҳ.529
  6. Муфид, ал-Муқниъа, 1413 ҳ.қ., саҳ.810
  7. Ҷаъфарён, Дин ва сиёсат дар давраи Сафавӣ, 1370 ҳ.ш., саҳ.32, саҳ.312
  8. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.207; Фираҳӣ, Қудрат, дониш ва машруъият дар Ислом, 1394 ҳ.ш., саҳ.313
  9. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-клом, 1404 ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.395 - 396; ҷ.22, саҳ.155, саҳ.195
  10. Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47 - 48
  11. Алии Муҳаммадӣ, Сайри таҳаввули андешаи вилояти фақиҳ дар фиқҳи сиёсии шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.263 - 272
  12. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.21 ва 22
  13. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.24
  14. Ниг.: Имом Хумайнӣ, Вилояти фақиҳ, 1421 ҳ.қ., саҳ.1
  15. Мунтазирӣ, Низом-ул-ҳукми фи-л-Ислом, 1385 ҳ.ш., саҳ.143, саҳ.166; Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378 ҳ.ш., саҳ.150; Кадивар, Ҳукумати вилоӣ, 1378 ҳ.ш., саҳ.389 - 392
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.169
  17. Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.638 - 642
  18. Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481
  19. Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484
  20. Ниг.: Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.635; Имом Хумайнӣ, Вилояти фақиҳ, 1374 ҳ.ш., саҳ.78 - 82
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.2, саҳ.397
  22. Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378 ҳ.ш., саҳ.151
  23. Нароқӣ, Авоид-ул-айём, саҳ.185; Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421 ҳ.қ. ҷ.2, саҳ.622
  24. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.107
  25. Фираҳӣ, Фиқҳ ва сиёсат дар Эрони муосир, 1393 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.424
  26. Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.626
  27. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1378 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.17
  28. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.24
  29. Мунтазирӣ, Низом-ул-ҳукми фи-л-Ислом, 1385 ҳ.ш., саҳ.166 - 169; Солеҳии Наҷафӣ ободӣ, вилояти фақиҳ, 1378 ҳ.ш., саҳ.68, 72
  30. Мутаҳҳарӣ, Перомуни ҷумҳурии исломӣ, 1368 ҳ.ш., саҳ.149 - 156; Мунтазирӣ, Низом-ул-ҳукми фи-л-Ислом, 1385 ҳ.ш., саҳ.214 - 224
  31. Фираҳӣ, Фиқҳ ва сиёсат дар Эрони муосир, 1393 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.380; Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиа, 1387 ҳ.ш., саҳ.141
  32. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиъа, 1387 ҳ.ш., саҳ.36
  33. Кадивар, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиа, 1387 ҳ.ш., саҳ.36
  34. Фираҳӣ, «Шиа ва демукросии машваратӣ дар Эрон», саҳ.139 ва 141
  35. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545
  36. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.546
  37. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.551-553
  38. Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1415 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.553
  39. Муъминии Қумӣ, Ҷойгоҳи аҳкоми ҳукуматӣ ва ихтиёроти валии фақиҳ, 1393 ҳ.ш., саҳ.15.
  40. Ҷаводии Омулӣ, Вилояти фақиҳ, 1378 ҳ.ш., саҳ.143.
  41. Мунтазирӣ, Низом-ул-ҳукми фи-л-Ислом, 1380 ҳ.ш., саҳ.12.
  42. «Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон», вебгоҳи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, таърихи боздид: 3 шаҳривари 1398
  43. Вилоятӣ, «Хоманаӣ, оятуллоҳ Сайид Алӣ», саҳ.689.
  44. Устодӣ, Китобшиносии ҳукумат ва вилояти фақиҳ, Муқаддама.

Ёддошт:

  1. Аз таъбири Имом содиқ (а) ки фармуд: مَنْ كَانَ مِنْكُمْ مِمَّنْ قَدْ رَوَى حَدِيثَنَا وَ نَظَرَ فِي حَلَالِنَا وَ حَرَامِنَا وَ عَرَفَ أَحْكَامَنَا ду шартро барои ҳукм истифода кардаанд: 1) шиа будан; 2) ровии ҳадис (аҳли диққати назар дар ривоёт ва ташхиси ҳалолу ҳаром дар ривоёт ва дорои қудрати истинбот)

Сарчашма

  • Вилоятӣ, Алиакбар, «Хоманаӣ, Оятуллоҳ Сайид Алӣ», Доиратулмаорфи бузурги исломӣ, ҷ.21, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорфи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, ал-Ҳидояту ило ман лаҳ-ул-вилоят, ба тақрири: Аҳмад Собирии Ҳамадонӣ, Қум, дафтари нашри навиди Ислом, 1377ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Вилояти фақиҳ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1373 ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363 ҳ.ш.
  • Кадивар, Муҳсин, Назарияҳои давлат дар фиқҳи шиа, Теҳрон, нашри Най, 1387ҳ.ш.
  • Кадивар, Муҳсин, Ҳукумати вилоӣ, Теҳрон, нашри Най, 1378ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳамад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, дор-ул-кутуб-ул-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғито ан-ил-мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, Қум, интишороти исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • «Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон», вебгоҳи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, таърихи боздид: 3 шаҳривари 1398
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Бадар-уз-зоҳир фи салот-ил-ҷумъати ва-л-мусофир, тақрири абҳоси Сайид Муҳаммадҳусайни Буруҷердӣ, Қум, Дафтари Оятуллоҳилъузмо Мунтазирӣ, 1416ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломийя, Қум, мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Мабоонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, мутарҷим Маҳмуди Салавотӣ, Абулфазли Шакурӣ, Теҳрон, Кайҳон, 1367ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Низом-ул-ҳукми фи-л-Ислом, Теҳрон, нашри Сароӣ, 1385ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Перомуни Ҷумҳурии исломӣ, Теҳрон, нашри Садро, 1368ҳ.ш.
  • Муъмини Қумӣ, Муҳамад, Ҷойгоҳи аҳкоми ҳукуматӣ ва ихтиёроти валии фақиҳ, Қум, нашри Маориф, 1393ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Аҳмади ибни Муҳамадмаҳдӣ, Авоид-ул-айём, Қум, интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1395 ҳ.қ.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, Вилояти фақиҳ ҳукумати солеҳон, Теҳрон, интишороти Умеди фардо, 1382 ҳ.ш.
  • Устодӣ, Козим, Китобшиносии ҳукумат ва вилояти фақиҳ, Қум, Китобхонаи оятуллоҳулъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1390 ҳ.ш.
  • Фираҳӣ, Довуд, «Шиа ва демукросии машваратӣ дар Эрон», маҷаллаи донишкадаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Теҳрон,№67, 1384 ҳ.ш.
  • Фираҳӣ, Довуд, Қудрат, дониш, машруъият дар Ислом, Теҳрон, Нашри най, 1396 ҳ.ш.
  • Фираҳӣ, Довуд, Низоми сиёсӣ ва давлат дар Ислом, Теҳрон, Интишороти самт, 1386 ҳ.ш.
  • Фираҳӣ, Довуд, Фиқҳ ва сиёсат дар Эрони муосир, Теҳрон, Нашри най, 1393 ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Вилояти фақиҳ, вилояти фақоҳату адолат, Қум: Маркази нашри Исро, 1378 ҳ.ш.
  • Ҷаҳонбузургӣ, Аҳмад, «Пешинаи таърихии назарияи вилояти фақиҳ», маҷаллаи Қабасот, №№5 ва 6, 1376 ҳ.ш.
  • Ҷаъфарён, Расул, Дин ва сиёсат дар асри Сафавӣ, Қум, Интишороти Ансорён, 1370 ҳ.ш.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Макосиб, Қум, конгресси шайхи аъзам Ансорӣ, 1415 ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, Қум, Муассисаи интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413 ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоиду ва-л-фавоид, Қум, Китобфурушии муфид, 1400 ҳ.қ.