Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Миқоти Мусо

Аз wikishia

Миқоти Мусо (форсӣ: میقات موسی) давраи чиҳилрӯзае аст, ки дар он ҳазрати Мусо бо фармони Худо, барои муноҷот ва гирифтани лавҳҳои Таврот ба Тури Сино даъват шуд. Қуръон дар сураи Аъроф ба ин моҷаро пардохтааст. Мусо, пеш аз рафтан ба Тури Сино, Ҳорунро ҳамчун ҷонишини худ дар миёни Банӣ Исроил таъин кард. Муфассирони Қуръон зери мавзуи ҷонишинии Ҳорун, ба ҳадиси манзилат дар бораи ҷонишинии бевоситаи Имом Алӣ (а) пас аз Пайғамбари акрам (с) ишора кардаанд.

Дар миқот, суҳбати бевоситаи Худо бо Мусо, дархости руъяти Худо ва нузули шариат анҷом шуд. Ихтилофи Банӣ Исроил ва моҷарои говпарастӣ низ дар ҳамин бурҳаи замонӣ рух дод ва Мусо (а) пас аз бозгашт, ҷазои сахте барои гумроҳкунандагони қавми худ ба иҷро гузошт.

Гуфта шудааст, ки истифодаи таъбири чиҳил шаб ба ҷои чиҳил шабонарӯз дар Қуръон ба ин далел аст, ки шаб барои ибодат ва муноҷот муносибтар аст. Ин миқот аз ибтидои моҳи зулқаъда то даҳуми моҳи зулҳиҷҷа идома доштааст ва баъзе суфиён ва урафо онро ҳамчун чиллаи калимӣ номида ва барои чилланишинӣ тавсия мекунанд.

Чиҳил рӯз дар Тури Сино

Мусои пайғамбар

Миқоти Мусо ишора ба воқеае дорад, ки ҳазрати Мусо бо фармони Худо аз қавми худ фосила гирифт ва барои муноҷот бо Худо[1] ва гирифтани Таврот[2] ба миқот даъват шуд.[3] Ин миқоти чиҳилрӯза,[4] пас аз хуруҷи Банӣ Исроил аз Миср ва гузашти онҳо аз баҳр[5] рух дод.

Оғози ваҳй ба Мусоро пас аз хуруҷи ӯ аз Мадян ва пеш аз вурудаш ба Миср медонанд; аммо нузули Тавротро марбут ба воқеаи миқот донистаанд.[6] Дар ин миқот, Худо мустақим[7] ва бевосита[8] бо Мусо суҳбат кард[9] ва мақоми ӯро бузург дошт.[10] Таъбири «Ман туро бо рисолатҳои Хеш, ва бо суҳбатам (бо ту), бар мардум бартарӣ додам ва баргузидам» ки дар ояти 144 сураи Аъроф омадааст, ба ин бузургдошти Мусо дар миқот ишора дорад.[11]

Дар сураи Аъроф омадааст, ки ҳазрати Мусо (а) бо ҳамроҳии ҳафтод нафар баргузида аз Банӣ Исроил ба миқот рафт.[12] Баъзе муфассирон ин миқотро ҳамон миқоти чиҳилрӯза донистаанд;[13] аммо иддае дигар муътақиданд, ки Мусо миқоти дигаре пас аз достони говпарастӣ доштааст.[14] Вуҷуди ду миқотро мувофиқи мазмуни Таврот донистаанд.[15]

Миқоти чиҳилрӯзаи Мусо ба чиллаи Калимия[16] низ шинохта мешавад[17] ва аз мустанадоти баъзе гурӯҳҳо барои машруиятбахшӣ ба чилланишинӣ қарор гирифтааст.[18] Гуфта шудааст, ки чиллаи Калимия маъруфтарин чилланишинӣ назди суфия аст,[19] ки бо мувофиқат[20] ва мухолифати баъзе фақеҳон[21] рӯ ба рӯ шудааст.

Замон ва макони миқот

Муддати миқоти Мусо тибқи ояти 142 сураи Аъроф сӣ шаб буд ва Худованд онро даҳ шаби дигар идома дод.[22] Дар ояти 51 сураи Бақара танҳо ба чиҳил шаб ишора шудааст.[23] Онро бар ибтидои моҳи зилқаъда то даҳуми зилҳиҷҷа татбиқ кардаанд.[24] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, муфассири шиа, аз он ҷо ки ҳадаф аз ин миқот тақарруб ба Худо ва муноҷот бо Ӯ буда ва шабҳо бештар хосси ибодат аст, Қуръон аз таъбири чиҳил шаб истифода кардааст.[25]

Баъзе муфассирон, ин миқотро дар Тури Сино донистаанд.[26] Дар Таврот омадааст «Бомдодон ба кӯҳи Синай (Сино) боло рафта назди Ман он ҷо бар қуллаи он кӯҳ биист».[27]

Таъбири «миқот» барои замон ва макон (монанди мавоқити ҳаҷҷ) истифода мешавад.[28] Аммо бештар барои замон ба кор меравад ва ба маънии вақтест, ки барои анҷоми коре таъин шудааст.[29] Баъзе миқотро таъбире барои баёни замони тақарруб ба Парвардигор донистаанд.[30]

Бештаршавии замони миқот

Перомуни изофа шудани даҳ шаб ба миқот, назароти мухталифе вуҷуд дорад.[31] Баъзе муътақиданд Худованд барои озмудани Банӣ Исроил, нахуст Мусо (а)-ро барои сӣ шаб даъват кард ва сипас онро тамдид кард, то мунофиқони Банӣ Исроил мушаххас шаванд.[32] Аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки тамдиди даҳрӯзаи миқоти Мусо бадо будааст.[33]

Ҷонишинии Ҳорун

Мусо пеш аз рафтан, бародараш Ҳорунро ҷонишини худ дар миёни Банӣ Исроил қарор дод ва тавсияҳое ба ӯ дошт.[34] Баъзе муфассирони шиа ва аҳли суннат, зери оятҳои марбут ба ин мавзуъ, ба ҳадиси манзилат ишора кардаанд, ки тибқи тафосири шиа ҳамчун яке аз далелҳои хилофати бевоситаи Имом Алӣ (а) матраҳ шудааст.[35]

Мусо пас аз бозгашт аз миқот ва мушоҳидаи говпарастии қавми худ, илова бар муохизаи Банӣ Исроил ва Сомирӣ, бо асабоният ба тавбихи Ҳорун пардохт, дар ҳоле ки ришу сари ӯро гирифта буд ва мекашид. Ояти 94 сураи Тоҳо истидлоли Ҳорунро нақл мекунад, ки «аз ин тарсидам, ки ту ба ҳангоми бозгашт бигӯӣ чаро дар миёни Банӣ Исроил тафриқа афкандӣ ва супориши маро дар набуданам ба кор набастӣ».[36]

Дархости дидани Худо

Иддае аз пажӯҳишгарон, муҳимтарин мавзуи миқотро дархости руъяти Худованд донистаанд.[37] Дар ояти 143 сураи Аъроф омадааст, ки Мусо ба Худо гуфт: «Парвардигоро, худро ба ман бинамо то бар Ту бинагарам».[38] Баъзе муфассирон, бар асоси ояти 153 сураи Нисо муътақиданд ин гуфтор аз забони гурӯҳе аз Банӣ Исроил будааст, ки бо исрор аз Мусо хостанд Худоро мушоҳида кунанд вагарна имон намеоранд.[39] Тафсири Маҷмаъ-ул-баён ин назарро қавӣ ва машҳур дар миёни муфассирон донистааст.[40] Баъзе дигар, муътақиданд ин иддио, ки дархости руъят аз тарафи худи Мусо набуда, бо тавбаи Мусо ки дар ояти 143 Аъроф омадааст носозгор аст.[41] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки чунин тақозое аз сӯи Мусо амри табиӣ аст ва зиддияте бо мақому манзилати ӯ надорад.[42]

Худованд бо таъбири «лан таронӣ; (ҳаргиз маро нахоҳӣ дид)» посух дод ва гуфт Мусо тоқати дидани Ӯро надорад.[43] Сипас ба Мусо дастур дод ба кӯҳ нигарад. Агар кӯҳ дар ҷои худ қарор гирифт, Худовандро хоҳад дид. Ҳангоме ки Худо бар кӯҳ таҷаллӣ кард, кӯҳ нобуд шуд ва Мусо ғаш кард ва пас аз ба ҳуш омадан, изҳори пушаймонӣ кард.[44]

Нузули шариат ва лавҳҳо

Мусо (а) ба Банӣ Исроил ваъда дода буд, ки пас аз наҷот аз дасти душманон, китоби осмонӣ барои онҳо биёрад, ки шомили шариат бошад.[45] Бар ин асос, аз Худо дархости китоб кард ва Худо ба ӯ дастур дод рӯза бигирад ва ба миқот равад.[46] Дар поёни миқот[47] шароиъ ва қавонини оини худро бар Мусо нозил кард[48] ва эълом кард, ки ӯро баргузидааст.[49]

Тибқи оятҳои Қуръон, дар миқот, лавҳҳое бар Мусо нозил шуд.[50] Баъзе муфассирон аз ҷумла Аллома Таботабоӣ ин лавҳҳоро лавҳҳои Таврот донистаанд.[51] Баъзе дигар муътақиданд ин лавҳҳо пеш аз нузули Таврот будааст.[52] Рашид Ризо дар Тафсир-ул-манор муътақид аст ин лавҳҳо бахши аввал аз шариат ва ба навъе Тавроти иҷмолӣ будаанд.[53]

Говпарастии Банӣ Исроил

Иддае аз Банӣ Исроил дар даҳ рӯзи охири миқоти Мусо,[54] гове сохтанд ва онро парастиш карданд.[55] Онҳо аз тамдиди даҳрӯзаи миқоти Мусо огоҳ набуданд ва бар асоси баъзе нақлҳо, гумон карданд Мусо аз дунё рафтааст.[56] Иддае низ нақл кардаанд, ки гуфтанд Мусо дурӯғ гуфта ва фирор кардааст.[57] Шахсе ба номи Сомирӣ[58] бо истифода аз тиллоҳои мардум, гове сохт[59] ва бо ҳамроҳии пайравони худ[60] мардумро ба парастиши он даъват кард.[61]

Ҳазрати Мусо (а) дар миқот, аз говпарастии қавмаш огоҳ шуд.[62] Пас аз бозгашт аз миқот ва мушоҳидаи ин кор, лавҳҳое ки бар ӯ нозил шуда будро аз шиддати хашм бар замин андохт ва шикаст.[63] Бо дастури Худо, Банӣ Исроил барои ҷазо оғоз ба куштани якдигар карданд[64] ва ин куштан шомили наздикон, хонавода ва ҳамаи афроди Банӣ Исроил мешуд.[65] Баъзе муътақиданд афроде ки говпараст нашуда буданд, говпарастонро куштанд.[66] Бо кушта шудани чандин ҳазор нафар[67] тавбаи онҳо пазируфта шуд ва қотилу мақтул бахшида шуданд.[68] Ин воқеа дар Таврот низ зикр шудааст.[69]

Эзоҳ

  1. ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.9, саҳ.32.
  2. ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.3, саҳ.391.
  3. ↑ Ҳусайнӣ Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.170.
  4. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.8, саҳ.235.
  5. ↑ Абёрӣ, ал-Мавсуаъат-ул-қуръония, ҷ.9, саҳ.80.
  6. ↑ Рашидризо, Тафсир-ул-манор, ҷ.9, саҳ.119.
  7. ↑ Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.3, саҳ.192.
  8. ↑ Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, саҳ.183.
  9. ↑ Қушайрӣ, ал-Меъроҷ, саҳ.161.
  10. ↑ Маликӣ Миёнаҷӣ, Маноҳиҷ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.233.
  11. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.5, саҳ.453.
  12. ↑ Сураи Аъроф, ояти 155.
  13. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.342.
  14. ↑ Мулло Ҳувайш, Баён-ул-маъонӣ, ҷ.1, саҳ.431.
  15. ↑ Ниг.: Саршор, «میقات موسی (ع) در قرآن، عهد عتیق و تفاسیر اسلامی».
  16. ↑ توصیه‌های یک استاد اخلاق برای «چله کلیمیه» , Сайти Ақиқ.
  17. ↑ Мансурӣ Лориҷонӣ, Дар маҳзари Ҳофиз, ҷ.2, саҳ.233.
  18. ↑ Кошонӣ Бедухтӣ, ««چله‌نشینی», саҳ.102.
  19. ↑ Кошонӣ Бедухтӣ, «چله‌نشینی», саҳ.21.
  20. ↑ «آیت الله جوادی آملی: اربعین گیری از بهترین راههای دریافت فیوضات است/ هیچ دشمنی بدتر از هوس وجود ندارد», Пойгоҳи иттилоорасонии Ҳавза.
  21. ↑ Софӣ Гулпойгонӣ, Маорифи дин, ҷ.3, саҳ.350.
  22. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.5, саҳ.447.
  23. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.8, саҳ.235.
  24. ↑ Барои намуна нигаред ба: Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.239; Абёрӣ, ал-Мавсуаъат-ул-қуръония, ҷ.9, саҳ.80.
  25. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.8, саҳ.236.
  26. ↑ Мароғӣ, Тафсир-ул-Мароғӣ, ҷ.9, саҳ.56.
  27. ↑ Таврот, хуруҷ, боби 34; ояти 2.
  28. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.4, саҳ.730.
  29. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.340.
  30. ↑ Мудаббирпур, «میقات موسی در قرآن», саҳ.149.
  31. ↑ Фахри Розӣ, Мафотеҳ-ул-ғайб, ҷ.14, саҳ.352.
  32. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.340.
  33. ↑ Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, ҷ.1, саҳ.44.
  34. ↑ Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.10, саҳ.236.
  35. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.343.
  36. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.13, саҳ.283.
  37. ↑ Мудаббирпур, «میقات موسی در قرآن», саҳ.167.
  38. ↑ Сураи Аъроф, ояти 143.
  39. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.356.
  40. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.4, саҳ.730.
  41. ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.3, саҳ.391.
  42. ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.3, саҳ.391.
  43. ↑ Файз Коошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, ҷ.2, саҳ.232.
  44. ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.5, саҳ.449 - 450.
  45. ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.2, саҳ.151.
  46. ↑ Суҳравардӣ, Авориф-ул-маориф, ҷ.1, саҳ.227.
  47. ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.239.
  48. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.362.
  49. ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.2, саҳ.157.
  50. ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.239.
  51. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.8, саҳ.250.
  52. ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.7, саҳ.289.
  53. ↑ Рашид Ризо, Тафсир-ул-манор, ҷ.9, саҳ.164.
  54. ↑ Майбудӣ, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, ҷ.3, саҳ.723.
  55. ↑ Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.371.
  56. ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.3, саҳ.450.
  57. ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.239.
  58. ↑ Қуршӣ, Қомус-ул-Қуръон, ҷ.6, саҳ.315.
  59. ↑ Қуршӣ, Қомус-ул-Қуръон, ҷ.6, саҳ.315.
  60. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.14, саҳ.192.
  61. ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-мунир, ҷ.16, саҳ.260.
  62. ↑ Сураи Тоҳо, ояти 85.
  63. ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.388.
  64. ↑ Ҳусайнӣ Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.18.
  65. ↑ Ҷаводӣ Омулӣ, Тасним, ҷ.4, саҳ.455.
  66. ↑ Файз Коошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, ҷ.1, саҳ.132.
  67. ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.47.
  68. ↑ Ҳусайнӣ Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.18.
  69. ↑ Таврот, хуруҷ, боби 32, оятҳои 27- 28.

Сарчашма

  • Абёрӣ, Иброҳим, ал-Мавсуаъат-ул-қуръония, Қоҳира, Муассисат-ус-иҷл-ул-араб, 1405ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ ва мусанниф: Ҳошим Расулӣ Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаъат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди Беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомизи танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи севвум, 1407ҳ.қ.
  • Кошонӣ Бедахтӣ, Ҳусайналӣ, «چله‌نشینی» (Чилланишинӣ), Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.12, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусанниф: Сайид Таййиб Мӯсавӣ Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севвум, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Носири Хусрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • Қуршӣ, Сайид Алиакбар, Қомус-ул-Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Қушайрӣ, Абдулкарим ибни Ҳавозан, ал-Меъроҷ, Бейрут, Дор ва мактаба Библиюн, 1384ҳ.қ.
  • Макорим Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маликӣ Миёнаҷӣ, Муҳаммадбоқир, Маноҳиҷ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, мусанниф: Азиз Оли Толиб, танзим: Муҳаммад Бибонӣ Искӯӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Мансурӣ Лориҷонӣ, Исмоил, Дар маҳзари Ҳофиз, Теҳрон, Созмони таблиботи исломӣ, 1390ҳ.ш.
  • Мароғӣ, Аҳмад ибни Мустафо, Тафсир-ул-Мароғӣ, бетаърих.
  • Муғния, МуҳаммадҶавод, ат-Тафсир-ул-мубин, Қум, Бунёди Баъсат, бетаърих.
  • Муғния, МуҳаммадҶавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Мудаббирпур, Мусо, Маҳдӣ Матӣ, Муҳаммадризо Ҳоҷӣ Исмоилӣ, «Миқоти Мусо дар Қуръон», шумораи 37, Мутолиоти Қуръонӣ баҳор 2019.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор маҳабби-л-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Мулло Ҳувайш Оли Ғозӣ, Абдулқодир, Баён-ул-маъонӣ, Димишқ, Матбаъат-ут-тараққӣ, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Рашидризо, Муҳаммад, Тафсир-ул-манор, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1414ҳ.қ.
  • Рашидуддин Майбудӣ, Аҳмад ибни Абисаъд, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, таҳқиқ: Алиасғар Ҳикмат, Теҳрон, Интишороти Амири Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
  • Саршор, «میقات موسی (ع) در قرآن، عهد عتیق و تفاسیر اسلامی» (Миқоти Мусо (а) дар Қуръон, Аҳди Атиқ ва тафосири исломӣ), Маҷаллаи Мутолиоти таърихии Қуръон ва ҳадис, давраи 18, №52, феврали 2013.
  • Софӣ Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Маорифи дин (ҷ.3), Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-Узмо Софӣ Гулпойгонӣ, 1391ҳ.ш.
  • Суҳравардӣ, Умар ибни Муҳаммад, Авориф-ул-маориф, муҳаққиқ: Тавфиқ Алӣ Ваҳба, Аҳмад Абдурраҳим Сойиҳ, Миср, 1374ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир, Урдун, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, 2008.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севвум, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, чопи дуввум, 1378ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-малок лит-тибоъа ва-н-нашр, чопи дуввум, 1419ҳ.қ.
  • Файз Коошонӣ, Муллоҳасан, Тафсир-ус-Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, Интишороти ас-Садр, чопи дуввум, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотеҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севвум, 1420ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, чопи дуввум, 1423ҳ.қ.
  • Ҷаводӣ Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Маркази нашри Исро, 1387ҳ.ш.
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ул-балоға лит-тибоъа ва-н-нашр, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • «آیت الله جوادی آملی: اربعین گیری از بهترین راههای دریافت فیوضات است/ هیچ دشمنی بدتر از هوس وجود ندارد» («Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ: арбаингирӣ аз беҳтарин роҳҳои дарёфти фуюзот аст/ ҳеҷ душмане бадтар аз ҳавас вуҷуд надорад»), Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 1 октябри 2011, санаи боздид: 15 сентябри 2026.
  • توصیه‌های یک استاد اخلاق برای «چله کلیمیه» (Тавсияҳои як устоди ахлоқ барои чиллаи Калимия), Сайти Ақиқ, санаи дарҷи матлаб: 22 июни 2020, санаи боздид: 16 сентябри 2026.