Ояти 142 сураи Аъроф

Аз wikishia
Ояти 142 сураи Аъроф

Ояти 142 сураи Аъроф, достони ваъдагоҳи чиҳилрӯзаи ҳазрати Мусо (а) бо Худовандро нақл мекунад, ки бародараш Ҳорун (а)-ро ҷонишини худ интихоб карду супоришҳое ба ӯ дод.

Бархе аз мавзуъҳои эътиқодии шиа, монанди ҷонишинии Имом Алӣ (а), исмати пайғамбарон, масъалаи бадо ва бартарии мақоми имомат аз пайғамбарӣ дар зайли ин оят матраҳ шудааст.

Ҳамчунин чиллаи калимийя ва намози даҳаи аввали зилҳиҷҷаро маносики муртабит бо ин оят медонанд.

Тафсирҳои ирфонӣ ва ошиқонаи ин оят низ дар осори орифон намоён буда ва миоду ваъдагоҳи чиҳилрӯзаи Мусо (а) мабное барои чилланишинӣ дар миёни суфиён аст.

Матн ва тарҷума

وَوَاعَدْنَا مُوسَىٰ ثَلَاثِينَ لَيْلَةً وَأَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِيقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً ۚ وَقَالَ مُوسَىٰ لِأَخِيهِ هَارُونَ اخْلُفْنِي فِي قَوْمِي وَأَصْلِحْ وَلَا تَتَّبِعْ سَبِيلَ الْمُفْسِدِينَ

Ва бо Мусо, сӣ шаб ваъда гузоштем ва онро бо даҳ шаби дигар тамом кардем. То онки вақти муайяни Парвардигораш дар чиҳил шаб ба сар омад. Ва Мусо [ҳангом рафтан ба кӯҳи Тур] ба бародараш Ҳорун гуфт: «дар миёни қавми ман ҷонишинам бош, ва [кори ононро] ислоҳ кун ва роҳи фасодгаронро пайравӣ макун!». (Сураи Аъроф, ояти 142)

Достони оят

Бар асоси тафосир, Мусо (а) барои як ваъдагоҳи сӣ рӯза бо Парвардигор, ба ҳамроҳи ҷамъе аз бузургони Банӣ-Исроил ба меодгоҳ рафту Ҳорун (а)-ро бо супоришоте ба ҷонишинӣ ва имомати Банӣ Исроил интихоб кард, аммо ин муддат, бо даҳ рӯзи дигар аз сӯи Парвардигор тамдид, шуд ки ба ҳасби гуфтори муфассирон, ин даҳ рӯз дар даҳаи аввали моҳи зилҳиҷҷа воқеъ шуда ва ибтидои миод, ибтидои моҳи зилқаъда будааст.[1]

Истифодаҳои эътиқодӣ

Бисёре аз баҳсҳои ҳадиси Манзалат[2] ва низ мабоҳиси марбут ба исмати пайғамбарон,[3] бартарии мақоми имомат бар пайғамбарӣ[4] ва низ баҳси бадо,[5] ки ҷузви масоили марбут ба эътиқодоти шиа аст, зайли ин оят баён шудааст. Дар ривояте дар манобеи шиа, баъд аз Одам (а) (нозир ба ояти 30 сураи Бақара), Довуд (а) (нозир ба ояти 26 сураи Сод) ва Ҳорун (а) нозир ба ояти Воъадно, Имом Алӣ (а) ба унвони халифаи чаҳорум муаррифӣ мешавад.[6]

Ҷонишинии Имом Алӣ (а)

Шиаён, аз ҳадиси Манзалат, ки дар он, Расули Худо (с) ҷойгоҳ ва манзалати ҳазрати Алӣ (а)-ро нисбат ба хеш, монанди ҷойгоҳи Ҳорун нисбат ба ҳазрати Мусо муаррифӣ намудааст[7] барои исботи ҷонишинии ҳазрати Алӣ (а) баъд аз Пайғамбар (с) ва бартарии мавқеияти ӯ бар дигар саҳоба, истидлол намудаанд.[8] Ғолиби мавзуъҳои ҳадиси Манзалат, зайли ояти Воъадно буда ва ҳатто Маъмуни Аббосӣ низ барои исботи ҷонишинии Имом Алӣ (а) ба ин оят ва ҳадиси Манзалат эҳтиҷоҷ кардааст.[9]

Ривояте аз аҳли суннат вуҷуд дорад, ки агар Мусо (а) ба ҷои супоридани қавми худ ба Ҳорун (а), ҳамчун модараш, корро ба Худо месупорид, чунин фитнае домани қавмашро намегирифт.[10] Дар натиҷа Пайғамбари Акрам (с) чунин хатое накарда ва мутаносиб бо бовари аҳли суннат, дар ҷавоби яке аз асҳоб, қавми худро ба Худо супоридааст.[11] Ин дар ҳоле аст, ки ҷонишинии Имом Алӣ (а) бо асноди мутқан ва шавоҳиди қатъӣ аз ҳар се манбаи Қуръон, суннат ва таърих, ба исбот расидааст.[12]

Оё наҳйи Ҳорун далел бар набуди исмати ӯст?

Муфассирони шиа, дар ҷавоб ба ин савол, ки оё наҳйи Ҳорун (а) тавассути Мусо (а) дар хусуси пайравӣ накардан аз роҳи муфсидон, метавонад далеле бар набуди исмати ӯ бошад, ё на? Гуфтаанд, ки амру наҳй далолат бар қасди анҷом ё тарки феъл тавассути мухотабро надошта[13] ва дар инҷо навъе таъкид барои тавваҷуҳ додани бародар ба аҳамияти мавқеияти худ дар миёни Банӣ Исроил аст.[14] Илова бар инки наҳйи Ҳорун дар инҷо метавонад ҷанбаи таълимӣ барои Банӣ Исроил дошта,[15] ё ба таъбири Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ - олими шиа, ин наҳй далолат бар он дорад, ки дар идораи қавми худ аз машварат ва салоҳдиди муфсидон ва тасвиби қавми фитнаҷӯ, дар айёми ғайбати Мусо (а) худдорӣ кунад.[16]

Имтиҳон ва бадо дар тағйири миоди Мусо (а)

Тағйири миоди Мусо (а) аз сӣ шаб ба чиҳил шаб, дар ҳоле ки дар ояти 51 сураи Бақара ин чиҳил шаб ба сурати воҳид, зикр шудааст, тафосири гуногунеро барангехта аст, вале ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ - муфассири шиа, ончи бештар бо ривоёти Аҳли Байт (а) созгор аст ин аст, ки гарчӣ дар матни воқеъ, бино бар чиҳил рӯз будааст, аммо Худованд барои имтиҳони Банӣ Исроил, нахусти Мусо (а)-ро барои як ваъдаи сӣ рӯза даъват намуд, сипас онро тамдид кард, то мунофиқони Банӣ Исроил сафҳои худро мушаххас созанд.[17]

Имом Боқир (а), гусолапарастии Банӣ Исроил дар фироқи Мусо (а)-ро ба дунболи адами таҳаққуқи ваъдаи сӣ рӯз аз сӯи вай дониста[18] ва дар ҷои дигар тағйири сӣ рӯз ба чиҳил рӯзро бадое аз ноҳияи Илоҳӣ муаррифӣ мекунад.[19]

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бибинед: Гусолаи Сомерӣ

Бартарии мақоми имомат аз пайғамбарӣ

Бархе аз муфассирони шиа бар ин боваранд, ки ояти Воъадно нозир ба бартарии мақоми имомат аз пайғамбарӣ аст; зеро пеш аз онки Ҳорун (а) аз сӯи Мусо (а) ба ҷонишинӣ ва имомати Банӣ Исроил мансуб шавад, дорои мақоми пайғамбарӣ буд ва ин нишон медиҳад, ки мақоми имомат ғайр аз мақоми набувват буда ва аз он бартар аст.[20]

Маносики муртабит

Варақе аз китоби Мунтахаби Мафотиҳ-ул-ҷинон, ки дар он ба ояти Воъадно дар намози даҳаи аввали зилҳиҷҷа ишора шудааст.

Чиллаи калимия

Мақолаи аслӣ: Чиллаи калимия

Чиҳил рӯз хилвату ибодат, аз аввали моҳи зилқаъда то даҳуми моҳи зилҳиҷҷаро чиллаи калимия номида, одоб ва аъмоли хоссе барои он баён кардаанд.[21] Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, ҳазрати Мусо дар ин чилла, хобу ғизо надошта ва машғули муноҷот бо Худо дар кӯҳи Тур будааст.[22] Ӯ муътақид аст, ки дар асари чиллаи калимия, Таврот ва ваҳйи Илоҳӣ насиби ҳазрати Мусо (а) шуд.[23]

Намози даҳаи аввали зилҳиҷҷа

Мақолаи аслӣ: Намози даҳаи аввали зилҳиҷҷа

Бино бар ривоёти шиа, дар даҳаи аввали зилҳиҷҷа ду ракъат намоз байни намози шому хуфтан ба ҷо оварда мешавад, ки ба намози даҳаи аввали зилҳиҷҷа машҳур аст. Мутобиқ бо ривояте аз Имом Содиқ (а), тариқаи иқомаи ин намоз ин гуна аст, ки дар ҳар ракъат, баъд аз хондани сураҳои Ҳамду Тавҳид, ояти Воъадно хонда мешавад.[24]

Бардоштҳои ирфонӣ

Аз ояти Ва воъадно бардоштҳои ирфонии сершуморе анҷом гирифтааст, ба унвони намуна Мбадӣ - нависандаи тафсири Кашф-ул-асрор, ваъда додан, сари ваъда ҳозир шуданро аркони мазҳаби ишқ дониста ва ҳатто хулфи ваъдаи Худовандро дар ин мазҳаб, айни вафо медонад.[25] Ӯ баён медорад, ки бо онки Мусо (а) дар талаби Хизр, ба як нимрӯз, гуруснагӣ тоқаташро рабуд, аммо дар ин сафари чиҳилрӯза таому шароб ба ёдаш наомад.[26] Аз сӯи дигар, ҳангоми рафтани Мусо (а) ба сӯи Фиръавн, ҳамроҳии Ҳорун (а)-ро аз Худованд талаб мекунад, аммо чун қасди муноҷоти Ҳақ дорад, Ҳорун (а)-ро дар қавм гузошта, танҳо озим мешавад.[27] Мибадӣ муътақид аст, ки Мусо (а)-ро ду сафар буд, яке сафари талаб ба ҷониби Тур, ки лайлатул-нор аст ва дигаре сафари тараб ба сӯи миод.[28]

Урафо бар ин боваранд, ки мутобиқи ин оят, ҳар кас чиҳил рӯз аз халқ рӯй бигардонад ва нияташро аз ҳамаи шоибаҳои ғайри Илоҳӣ холис кунад, Ҳақ Таъоло дарҳои улумро бар дили ӯ хоҳад кушод.[29] Хилвати чиҳил шабонарӯзии Мусо (а) дар кӯҳи Тур,[30] дар канори ҳадиси маъруфи «مَن أَخْلَصَ لِلّهِ أَربَعینِ صَباحا»[31] мабное барои суннати чилланишини суфиён гардидааст. [Ниёзманди манбаъ]

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ - муфассири Қуръон, чиллаи калимӣро аз дастуроти расмӣ ва навовариҳои дини Ислом медонад.[32] Ҳамчунин Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ ва Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ баъзе афродро дар сайру сулук ба он тавсия кардаанд.[33]

Эзоҳ

  1. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.341; Фахриддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.352.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.344.
  3. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.236; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.342; Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири Осон, 1398ҳ.қ., ҷ.‏5, саҳ.337.
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.341.
  5. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198.
  6. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ.‏, ҷ.2, саҳ.9; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.417.
  7. Пажуҳишкадаи таҳқиқоти исломӣ, Фарҳанги шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.226.
  8. Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.181 ва 369.
  9. Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.113-114.
  10. Бухорӣ, Шарҳ-ут-таъарруф лимазҳаб-ит-тасарруф, 1363ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.1517
  11. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.139.
  12. Ниг.: Аллома Аминӣ, Такмилат-ул-ғадир, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  13. Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири Осон, 1398ҳ.қ., ҷ.‏5, саҳ.337.
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.342.
  15. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.342.
  16. Аллома Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.166.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.‏6, саҳ.340.
  18. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ.‏, ҷ.2, саҳ.33; Арусии Ҳувайзӣ, тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.341.
  19. Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, ҷ.1, саҳ.44, ҳадиси 46 ба нақл аз Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198.
  20. Ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.311 ва ҷ.6, саҳ.341.
  21. Мансурии Лориҷонӣ, Дар маҳзари Ҳофиз, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.233; “Арбаъини Мусавӣ”, сайти Ирфону ҳикмат.
  22. “Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: арбаингирӣ аз беҳтарин роҳҳои дарёфти фуюузот аст/ ҳеҷ душмане бадтар аз ҳавас вуҷуд надорад”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  23. “Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: арбаингирӣ аз беҳтарин роҳҳои дарёфти фуюузот аст/ ҳеҷ душмане бадтар аз ҳавас вуҷуд надорад”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  24. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.183.
  25. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.731.
  26. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.731.
  27. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.732.
  28. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.732.
  29. Суҳравардӣ, Авориф-ул-маъориф (тарҷума), 1375ҳ.ш., саҳ.100.
  30. Сураи Бақара, ояти 51; сураи Аъроф, ояти 142
  31. Бохразӣ, Аврод-ул-аҳбоб, 1358ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.291–295
  32. “Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: арбаингирӣ аз беҳтарин роҳҳои дарёфти фуюузот аст/ ҳеҷ душмане бадтар аз ҳавас вуҷуд надорад”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  33. “Арбаъини Мусавӣ”, сайти Ирфону ҳикмат.

Сарчашма

  • Аллома Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, нашри Аллома Таботабоӣ, 1418ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, Такмилат-ул-ғадир: самаротул-асфор ила-л-ақтор, ба таҳқиқи Марказул-амир ли эҳёил-туросил-исломӣ, муроҷиа ва тасҳеҳи марказул-Ғадир лил-диросоти вал-нашри ваттавзиъ, Бейрут, 1429ҳ.қ./2008м.
  • «Арбаъини Мусавӣ», сайти Ирфону ҳикмат, таърихи интишор: 1 зилқаъдаи 1440ҳ.қ., таърихи боздид: 25 тири 1402ҳ.ш.
  • Арусии Ҳувайзӣ Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, би таҳқиқ Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, интишороти Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ, қисмул-диросотил-исломия муассисат ал-Беъсат, Теҳрон, Бунёди беъсат, ҷ.1, 1416ҳ.қ.
  • Бохразӣ, Яҳё ибни Аҳмад, Аврод-ул-аҳбоб ва фусус-ул-одоб, Теҳрон, чопи Эраҷи Афшор, 1358ҳ.ш.
  • Бухорӣ, Исмоил Мустамалӣ, Шарҳ-ут-таъарруф лимазҳаб-ит-тасарруф, би таҳқиқ Муҳаммад Равшан, Теҳрон, интишороти Асотир, 1363ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, ҷ.1, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мибадӣ, Рашидуддин, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, таҳқиқ: Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Мирҳомидҳусайн, Абақот-ул-анвори фи исботи имомат-ил-аиммат-ил-атҳор, Исфаҳон, китобхонаи Амиралмуъминин (а), чопи дувум, 1366ҳ.ш.
  • Наҷафии Хумайнӣ, Муҳаммадҷавод, Тафсири Осон, Теҳрон, интишороти Исломия, 1398ҳ.қ.
  • «Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: арбаингирӣ аз беҳтарин роҳҳои дарёфти фуюузот аст/ ҳеҷ душмане бадтар аз ҳавас вуҷуд надорад»], пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, таърихи интишор: 9 меҳри 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 25 тири 1402ҳ.ш.
  • Пажуҳишкадаи таҳқиқоти исломӣ, Фарҳанги шиа, Замзами ҳидоят, Қум, чопи дувум, 1386ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Суҳравардӣ, Шаҳобиддин, Авориф-ул-маориф, тарҷумаи Абумансур Исфаҳонӣ Абуҳафс, Теҳрон, интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, ҷ.2, 1375ҳ.ш.
  • Таботабоӣ Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, чопи панҷум, Қум, Мактабатул-нашрил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • «Тавсияҳои як устоди ахлоқ барои чиллаи калимия», сайти Ақиқ, таърихи интишор: 2 тири 1399ҳ.ш., таърихи боздид, 25 тири 1402ҳ.ш.
  • Фахриддини Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳис-салом, мусаҳҳеҳ: Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.