Үндана:Зиёрат аз дур

Зиёрат аз дур (форсӣ: زیارت از دور) ё зиёрати ғайриҳузурӣ (форсӣ: زیارت غیرحضوری) ба зиёрати маъсумон (а) бидуни ҳузури ҷисмонӣ дар ҳарам ё мазори онҳо гуфта мешавад ва дар ривоёти шиа барои касоне, ки ба далели тақия ё душвории сафар имкони зиёрати ҳузурӣ надоранд, тавсия шудааст. Баъзе зиёратномаҳо монанди зиёрати Ошуро ҳам аз наздик ва ҳам аз роҳи дур хонда мешаванд, ва баъзе монанди зиёрати ҳазрати Расул (с) аз баид, ба таври хос барои зиёрати ғайриҳузурӣ нақл шудаанд.
Барои зиёрат аз дур одобе монанди рӯ ба мазор истодан, анҷом додани ғусл ё вузу ва хондани ду ракъат намоз зикр шудааст. Бо вуҷуди савоби ин навъи зиёрат, зиёрати ҳузурӣ бартар шумурда мешавад. Баъзе зиёратномаҳо дар маконҳои мазҳабии шиа ба сурати ҷамъӣ ва аз дур қироат мешаванд. Ҳамчунин имкони зиёрати баъзе имомон ба шакли бархат низ фароҳам аст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Дар ривоёти шиа, барои касоне, ки ба далели тақия ё душвории сафар, имкони зиёрати ҳузурӣ надоранд, зиёрати аз дур тавсия шуда[1] ва барои он савоб зикр шудааст.[2] Дар баъзе ривоёт, савоби зиёрати аз дури баъзе маъсумон (а) муодили зиёрати ҳузурӣ дониста шудааст,[3] ҳарчанд савоби зиёрати ҳузурӣ ки бо таҳаммули сахтии сафар ва бузургдошти шаоири Илоҳӣ ҳамроҳ аст, бартар шумурда шудааст.[4]
Дар масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои шиаён дар муносибатҳои хос баъзе зиёратномаҳо ба сурати ҷамъӣ ва аз дур қироат мешаванд; монанди қироати зиёрати ҳазрати Расул (с) аз дур дар рӯзи 28 сафар,[5] зиёрати Ноҳияи муқаддаса дар рӯзи Ошуро[6] ва зиёрати Ошуро дар моҳҳои муҳаррам ва сафар.[7]
Зиёрати маҷозии ҳарами баъзе маъсумон (а) ба ҳолати бархат низ ҳамчун навъе аз зиёрати аз роҳи дур фароҳам шудааст.[8]
Одоби зиёрат аз дур
Дар ривоёти исломӣ барои зиёрат аз дур, одоб ва шароите зикр шудааст. Аз ҷумлаи онҳо, истодан дар маконе баланд ё фазое бидуни сақф ва рӯ ба мазори маъсум,[9] анҷом додани ғусл ё вузу пеш аз зиёрат[10] ва хондани ду ракъат намоз пеш аз зиёрат аст.[11] Алломаи Маҷлисӣ ин одобро шомили зиёрати имоми зинда, ба вижа Имом Маҳдӣ (аҷ), низ донистааст.[12] Макорими Шерозӣ низ зиёрати имомон (а) аз роҳи дурро бо ҳар иборате ҷоиз медонад.[13] Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, сохтани намоде аз қабр барои баъзе маъсумон ва зиёрат рӯ ба он тавсия шудааст.[14]
Зиёратномаҳои зиёрат аз дур
Мувофиқи баъзе ривоёт, баъзе зиёратномаҳо ба таври хос барои зиёрат аз дур нақл шудаанд, монанди зиёрати ҳазрати Расул (с) аз баид.[15] Шумори дигарро низ метавон ҳам дар ҳарам ва ҳам аз роҳи дур қироат кард,[16] аз ҷумла:
- Зиёрати Пайғамбари акрам (с) баъд аз ҳар намоз;[17]
- Зиёрати имомон (а) дар рӯзҳои ҳафта;[18]
- Зиёрати маъсумон (а) дар рӯзи ҷумъа;[19]
- Зиёрати Аминаллоҳ;[20]
- Зиёрати Ҷомеаи кабира;[21]
- Зиёратҳои махсуси Имом Алӣ (а) дар рӯзи Ғадир;[22]
- Зиёрати Ошуро;[23]
- Зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар шабҳои ҷумъа;[24]
- Зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар шабҳои қадр.[25]
Эзоҳ
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.2, саҳ.599; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.97, саҳ.183.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, саҳ.431.
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, саҳ.175; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.97, саҳ.194.
- ↑ «زیارت از راه دور اهل بیت(ع)», Сайти Маркази миллии посухгӯӣ ба суолоти динӣ.
- ↑ «قرائت زیارت پیامبر (ص) در روز ۲۸ صفر در سراسر کشور», Хабаргузории Меҳр; قرائت زیارت حضرت رسول(ص) از بعید در حرم بانوی کرامت+تصاویر, Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Шаҳр 20.
- ↑ «قرائت همگانی زیارت ناحیه مقدسه در سراسر کشور», Хабаргузории Садову симо.
- ↑ «قرائت زیارت عاشورا با «صد لعن و صد سلام» در حرم مطهر رضوی», Хабаргузории Меҳр.
- ↑ «زیارت مجازی حرم امام علی(ع)», Шабака ал-Имом Алӣ (а); «فراهم شدن امکان زیارت مجازی حرم مطهر حضرت امام حسین (علیه السّلام) در پایگاه اینترنتی حرم مطهر», Сайти ал-Атба ал-Ҳусайния ал-муқаддаса; «پخش زنده حرم امام رضا(ع)», Сайти Разавӣ ТВ.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.14, саҳ.577 - 578.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.98, саҳ.366.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.14, саҳ.577 - 578.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.98, саҳ.366.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, саҳ.243.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.97, саҳ.183.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.97, саҳ.183; Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, саҳ.229.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.2, саҳ.599; Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.559 ва 644 - 646 ва 109 ва 645 ва 891; Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, саҳ.209 - 260.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.6, саҳ.474.
- ↑ Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.109 - 121.
- ↑ Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.644 - 646.
- ↑ Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.559; Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, саҳ.260.
- ↑ Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.1075.
- ↑ Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.559.
- ↑ Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.891.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.2, саҳ.599.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Мафотиҳи навин, саҳ.785.
Сарчашма
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, 1356ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Интишороти Шокир, 1384ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Мафотиҳи навин, Қум, Мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абӣ Толиб (а), 1390ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Муассисат-ут-табъ ва-н-нашр, Бейрут, 1410ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобуя, Китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1409ҳ.қ.
- قرائت زیارت حضرت رسول(ص) از بعید در حرم بانوی کرامت+تصاویر (Қироати зиёрати ҳазрати Расул (с) аз баид дар ҳарами бонуи киромот), Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Шаҳр 20, санаи дарҷи матлаб: 27 октябри 2019, санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «فراهم شدن امکان زیارت مجازی حرم مطهر حضرت امام حسین (علیه السّلام) در پایگاه اینترنتی حرم مطهر» (Фароҳам шудани имкони зиёрати маҷозии ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар пойгоҳи интернетии ҳарами мутаҳҳар), Сайти ал-Атба ал-Ҳусайния ал-муқаддаса, санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «زیارت مجازی حرم امام علی(ع)» (Зиёрати маҷозии ҳарами Имом Алӣ (а)), Шабакат-ул-Имом Алӣ (а), санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «پخش زنده حرم امام رضا(ع)» (Пахши зиндаи ҳарами Имом Ризо (а)), Сайти Разавӣ ТВ, санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «قرائت همگانی زیارت ناحیه مقدسه در سراسر کشور» (Қироати ҳамагонии зиёрати Ноҳияи муқаддаса дар саросари кишвар), Хабаргузории Садову симо, санаи дарҷи матлаб: 6 июли 2025, санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «قرائت زیارت پیامبر (ص) در روز ۲۸ صفر در سراسر کشور» (Қироати зиёрати Паёмбар (с) дар рӯзи 28 сафар дар саросари кишвар), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 13 сентябри 2023, санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «قرائت زیارت عاشورا با «صد لعن و صد سلام» در حرم مطهر رضوی» (Қироати зиёрати Ошуро бо "сад лаън ва сад салом" дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ), Хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 5 июли 2025, санаи боздид: 17 сентябри 2026.
- «زیارت از راه دور اهل بیت(ع)» (Зиёрат аз роҳи дури аҳли байт (а)), Маркази миллии посухгӯӣ ба суолоти динӣ, санаи дарҷи матлаб: 19 июни 2012, санаи боздид: 17 сентябри 2026.