Молик ибни Нувайра
Ин мақола дар бораи Молик ибни Нувайра аст. Барои ошноӣ бо воқеаи кушта шудани ӯ мақолаи Қатли Молик ибни Нувайраро бубинед.
Номи комил | Молик ибни Нувайра ибни Ҷамраи Тамимӣ |
---|---|
Насаб | Банӣ Тамим |
Санаи шаҳодат | Соли 11ҳ.қ. |
Хешовандон | Мутаммим ибни Нувайра (бародар) |
Сиёсӣ | Байъат накардан бо Абубакр |
Аз ëрони | Пайғамбар (с) |
Шинохташуда барои | Кушта шудан ба хотири эътироз ба хилофати Абубакр ва напардохтани закот ба дастгоҳи ҳукумати ӯ |
Молик ибни Нувайра (арабӣ:مالک بن نُوَیْره) (кушташуда: 11ҳ.қ.) аз асҳоби Расули Худо (с) буд, ки ба сабаби каҷравии ахлоқии Холид ибни Валид кушта шуд. Ҳодисаи қатли Молик дар ҷангҳои Ридда яке аз масъалаҳои чолишии каломӣ, назди шиа ва суннӣ аст. Шиаён бо ишора ба кушта шудани бедалели Молик, назарияи "адолати саҳоба"-ро нақд кардаанд. Умар ибни Хаттоб, Холид ибни Валидро ба ҷурми куштани Молик, сазовори қисос ва ба ҷурми ҳамхоба шудан бо ҳамсари ӯ, сазовори сангсор медонист. Аммо Абубакр Холидро дар иҷтиҳоди худ маъзур донист.
Дар ривояте аз Фазл ибни Шозон, Пайғамбар (с) Молик ибни Нувайраро аҳли биҳишт муаррифӣ карда, ӯро ба хилофати Имом Алӣ (а) раҳнамун сохт. Ба ҳамин далел, ҳангоме, ки Молик ибни Нувайра баъд аз вафоти Пайғамбар (с) ба Мадина омад, ба Абубакр эътироз кард, ки чаро тибқи гуфтаи Пайғамбар (с), хилофатро ба Имом Алӣ (а) насупоридааст. Ба гуфтаи муҳаққиқони шиа, Молик аз он сабаб, ки хилофати Абубакрро шаръӣ намедонист, аз додани закот ба ҳукумат худдорӣ мекард, ки ҳамин амр сабаби кушта шудани ӯ шуд.
Бархе нависандагони аҳли суннат барои сафед кардани рафтори Холид ибни Валид, Моликро муртад донистаанд. Аммо шиаён ва бархе суннимазҳабон бо истидлолҳое монанди: шаҳодат додани шуморе аз саҳобагон бар Исломи ӯ ва пардохти дияи ӯ аз ҷониби Абубакр, муртад будани Моликро рад кардаанд.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Молик ибни Нувайра ибни Ҷамраи Тамимӣ, аз саҳобаи Расули Худо (с) ва аз ашрофу бузургон дар даврони ҷоҳилият ва Ислом буд.[1] Молик шоир буд ва девони шеър дошт.[2] Ӯ назди Пайғамбар (с) рафта, мусулмон шуд.[3] Пайғамбар ӯро намояндаи худ дар қабилааш кард, то закотро аз онон бигирад.[4]
Ба гуфтаи Шайх Аббоси Қумӣ - муҳаддиси шиа дар қарни чаҳордаҳуми қамарӣ, Молик ибни Нувайра ба сабаби муҳаббате, ки ба Аҳли Байт (а) дошт, кушта шуд.[5] Мутобиқи ривояте, ки Фазл ибни Шозон нақл кардааст, Пайғамбар (с) Молик ибни Нувайраро аз аҳли биҳишт муаррифӣ кардааст.[6] Ин рӯйдод ҳангоме рух дод, ки Молик аз Пайғамбар (с) хост ҳақиқати имонро ба ӯ биомузад ва Пайғамбар (с) бархе аз аҳкоми шаръиро ба ӯ омухту вайро ба хилофати Имом Алӣ (а) раҳнамун сохт.[7] Мутобиқи нақли Ибни Шозон, баъд аз вафоти Пайғамбар (с) Молик ибни Нувайра ба Мадина омад ва бо огоҳ шудани хилофати Абубакр, ба вай эътироз кард, ки чаро тибқи гуфтаи Пайғамбар (с), хилофатро ба Имом Алӣ (а) вогузор накардааст.[8] Дар пайи ин эътироз, ба дастури Абубакр, Қунфуз ва Холид ибни Валид, Моликро аз масҷид берун карданд.[9]
Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра, аз масоили чолишии каломӣ назди фариқайн аст.[10] Кушта шудани Молик ба дасти Холид ибни Валид ва ҳамхоба шуданаш бо ҳамсари Молик, аз ҷанҷолитарин иттифоқоти марбут ба ҷангҳои Ридда хонда шудааст.[11] Муҳаққиқони шиа бо истинод ба ин воқеаи таърихӣ, назарияи аҳли тасаннун дар бораи адолати саҳобаро нақд карда, муътақиданд, ин назария дар тавҷеҳ(сафед кардан)-и бархе рафтори ношоисти саҳоба матраҳ шудааст.[12] Ба гуфтаи Мақдисӣ - таърихнигори қарни чаҳоруми қамарӣ, баъд аз масъалаи имомат, ихтилофи мусулмонҳо дар ҷангҳои Ридда зоҳир шуд; гарчи Абубакр муътақид буд, бояд бо аҳли ридда ҷангид, аммо мусулмонон бо ӯ мухолифат карданд.[13]
Куштани Молик дар ҷангҳои Ридда
- Мақолаи аслӣ: Қатли Молик ибни Нувайра
Ба гуфтаи Аллома Аминӣ[14] ва Расул Ҷаъфариён,[15] - таърихпажӯҳони шиа, бидуни ҳеҷ шакку шубҳае Молик ибни Нувайра ба далели инҳирофи ахлоқии Холид ибни Валид кушта шуд. Молик аз пардохти закот ба ҳукумати Абубакр худдорӣ ва онро дар байни қавми худ тақсим мекард.[16] Ба гуфтаи Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин - нависандаи китоби ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, Молик ба ин хотир, ки дар машруъияти хилофати Абубакр ва саҳеҳ будани пардохти закот ба ӯ шакку шубҳа дошт, аз додани закот ба ӯ худдорӣ мекард.[17]
Холид ибни Валид ба дастури Абубакр барои муқобила бо иртидоди Молику қабилааш сӯи онон дар минтақаи Бутоҳ рафт.[18] Абубакр дастур дода буд, пеш аз оғози ҷанг пойбандии онон ба намоз баррасӣ шавад, то аз ин роҳ аз иртидоди онон мутмаин шаванд.[19] Молик ки аз ҳаракати Холид ба самти худ бохабар шуда буд, барои нишон додани ҳусни нияти худ ва барои пешгирӣ аз ин таваҳҳум, ки онон лашкареро омода сохтаанд, иҷтимои афроди қабилаи худро пароканда сохт, то гумон накунанд онҳо ороиши ҷангӣ гирифтаанд.[20] Бархе аз ансор, ки пойбандии Молик ва қабилаи ӯ ба намозро диданд, ба мухолифат бо Холид ибни Валид пардохтанд, вале Холид таваҷҷӯҳе ба онҳо накард.[21]
Молик барои исботи муртад набуданашон ҳамроҳ бо ҳамсараш - Уммутамим, назди Холид ҳозир шуд, вале Холид бо дидани ҳамсари ӯ ки зани зебое буд, Моликро кушт ва ҳамон шаб бо ҳамсари Молик, ки дар иддаи вафоти шавҳараш буд, ҳамхоба шуд.[22] Ба гузориши Яъқубӣ - таърихнигори қарни сеюм, Холид бо дидан Уммутамим бо баёни ин ҷумла ки «ба Худо қасам, он чи дар ихтиёр дорӣ, ҷуз бо куштани ту ба даст намеоварам» Моликро кушт.[23] Мутобиқи гузориши Воқидӣ - муаррихи садаи дувуми ҳиҷрӣ, Холид аз муддатҳо қабл дар андешаи Уммутамим буд ва Молик иллати кушта шуданашро зебоии ҳамсараш унвон карда буд.[24] Вафоти ӯро аз ҳаводиси соли 11 қамарӣ гузориш кардаанд.[25]
Эътирози саҳоба ба куштани Молик
Корҳои хилофи шаръи Холид, эътирози бархе саҳоба, ҳамчун Абуқутодаи Ансорӣ ва Абдуллоҳ ибни Умарро барангехт.[26] Баъд аз он ки гузориши лашкари Холид ба Мадина расид, Умар ибни Хаттоб дар бораи корҳои хилофи шаръи Холид бо Абубакр ба гуфтугӯ пардохту аз ӯ хост, Холидро аз фармондеҳӣ барканор кунад.[27] Умар ибни Хаттоб сазои Холид ибни Валидро ба ҷурми куштани Молик, қисос ва ба ҷурми ҳамхоба шудан бо зани ӯ, сазовори сангсор медонист.[28] Аммо Абубакр бо радди дархости Умар, Холидро дар иҷтиҳоди хатои худ маъзур донист.[29]
Баъд аз он ки Мутаммим ибни Нувайра - бародари Молик, ба хунхоҳии бародараш назди Абубакр рафт, Абубакр дастур дод, дияи Молик аз байтулмол пардохта шавад.[30] Ҳамчунин ӯ ба Холид дастур дод, аз ҳамсари Молик ҷудо шавад, вале Холид ҳеч гоҳ ин дастури Абубакрро анҷом надод.[31] Ба гуфтаи Муҳамад Ҳусайн Ҳайкал - таърихпажӯҳи мисрӣ, аз он ҷо ки Абубакр дар ҳукумати худ ба Холид ниёз дошт, пайваста ӯро ба кор мегирифт,[32] аммо Умар хатои ӯро аз ёд набурд ва ба ҳамин иллат буд, ки баъд аз фавти Абубакр ва халифа шудани худ, Холидро аз фармондеҳии сипоҳ азл кард.[33]
Муртад ё мусалмон будани Молик
Шиаён ва бархе аз аҳли тасаннун бар мусулмон будани Молик далелҳоеро зикр кардаанд, ки бархе аз онҳо чунин аст:
- Иқрори Молик ва ёронаш ба Ислом ва иқомаи намоз;
- Гувоҳӣ додани теъдоде аз саҳоба бар Исломи онон;
- Пардохтани дия аз сӯи Абубакр;
- Дастури Абубакр бар ҷудоии Холид аз ҳамсари Молик.[34]
Бо ин ҳол, аҳли тасаннун дар мусулмон будани ӯ назари яксоне надоранд ва баъзе ӯро муртад донистаанд.[35] Муҳаммад Ҳусайн Ҳайкал бо тавҷеҳи рафтори Холид бар ин бовар аст, ки агарчи ҳамбистар шудан дар иддаи зан, мутобиқи шаръ нест, вале набояд ин ҳукмро дар афроди нобиғае чун Холид ҷорӣ донист, ки ба ҳокимият кумак мекард.[36] Ҳамчунин ба бовари ӯ, куштани Молик ва ҳамбистар шудани ӯ бо ҳамсари Моликро дар муқобили хадамоти бисёри ӯ ба ҳукумат, як масъалаи ночизе аст.[37]
Аллома Аминӣ[38] ва Шарафиддин,[39] баъд аз нақли воқеаи марбут ба Молику Холид, тавҷеҳоти аҳли тасаннун барои дифоъ аз Холидро нақд кардаанд. Аббос Маҳмуд Аққод - нависандаи мисрӣ, муътақид аст, агарчи ривоятҳои нақлшуда дар мавриди қатли Молик мухталиф аст, аммо қатъан қатли Молик амре воҷиб ва равшан набуд ва эй кош, ин воқеа дар сафаҳоти зиндагонии Холид вуҷуд намедошт.[40]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.276.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.264.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.33.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.122.
- ↑ Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.311.
- ↑ Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.75.
- ↑ Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.75.
- ↑ Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.76.
- ↑ Ибни Шозон, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.76.
- ↑ Сиёмиёни Гурҷӣ, “Ридда, ҷангҳо”, саҳ.695.
- ↑ Ғуломӣ, “Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинии пас аз Паёмбар (с)”, саҳ.39.
- ↑ Некзод, “Адолати саҳоба дар тарозуии нақд”, саҳ.42 - 44.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.123.
- ↑ Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219 - 220.
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1394ҳ.ш., саҳ.38.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.560.
- ↑ Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404.қ, саҳ.118.
- ↑ Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.495.
- ↑ Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.163.
- ↑ Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., саҳ.118 - 119.
- ↑ Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.106 - 107.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.131 - 132.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.131.
- ↑ Воқидӣ, ар-Ридда, 1410ҳ.қ., саҳ.107.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.159.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.278 - 279.
- ↑ Абилфидоъ, Таърихи Абилфидоъ, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.222.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.323.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.218.
- ↑ Ҳайкал, ас-Сиддиқ Абубакр, Дорул-маъориф, саҳ.157.
- ↑ Ҳайкал, ас-Сиддиқ Абубакр, Дорул-маъориф, саҳ.138.
- ↑ Ниг.: Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277; Ғуломӣ, “Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинии пас аз Паёмбар (с)”, саҳ.40.
- ↑ Ниг.: Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.277.
- ↑ Ҳайкал, ас-Сиддиқ Абубакр, Дорул-маъориф, саҳ.140.
- ↑ Ҳайкал, ас-Сиддиқ Абубакр, Дорул-маъориф, саҳ.141.
- ↑ Ниг.: Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.218 - 229.
- ↑ Ниг.: Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404.қ, саҳ.116 - 138.
- ↑ Аққод, Абқарияту Холид, 2005м., саҳ.80.
Сарчашма
- Абилфидоъ, Исмоил ибни Алӣ, Таърихи Абилфидоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
- Аққод, Аббос Маҳмуд, Абқарияту Холид, Қоҳира, Наҳзати Миср, 2005м.
- Алӣ Пурваҳид, Ҳасан, Молик ибни Нувайра, Қум, Далели мо, 1402ҳ.ш.
- Алӣ Пурваҳид, Ҳасан, Пажуҳише дар ҳаёти сиёсӣ ва муборизотии Молик ибни Нувайра, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1395ҳ.ш.
- Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, Марказул-Ғадир лил-диросотил-исломия, 1416ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ар-Ридда, Бейрут, Дорул-ғарбил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Ғуломӣ, Алӣ, “Ҷангҳои иртидод ва буҳрони ҷонишинии пас аз Паёмбар (с)”, дар маҷаллаи Маърифат, № 40, фарвардини 1380ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1413ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
- Ибни Шозон, Фазл, ал-Фазоил, Қум, Разӣ, 1363ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.қ.
- Лаббоф, Алӣ, Моҷарои қатли Молик ибни Нувайра, Теҳрон, Мунир, 1391ҳ.ш.
- Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, Порт Саид, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
- Некзод, Аббос, “Адолати саҳоба дар тарозуии нақд”, дар маҷаллаи Равоқи андеша, № 28, фарвардини 1383ҳ.ш.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадҳасан, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, Теҳрон, Муассисаи ас-Содиқ (а), 1410ҳ.қ.
- Сиёмиёни Гурҷӣ, Зуҳайр, “Ридда, ҷангҳо”, дар ҷилди 24 Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1398ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-туроса, 1387ҳ.қ.
- Ҳайкал, Муҳаммад Ҳусайн, ас-Сиддиқ Абубакр, Қоҳира, Дорул-маъориф, бе то.
- Ҷаъфариён, Расул, Таърихи хулафо, Қум, Далели мо, 1394ҳ.ш.
- Шарафиддин, Сайид Абдулҳусайн, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, Қум, Абумуҷтабо, 1404ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.