Ашъас ибни Қайси Киндӣ
Ашъас ибни Қайси Киндӣ (ваф.40ҳ.қ.) яке аз фармондеҳони сипоҳи Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффайн, ки аз ҳакамияти Абумусо Ашъарӣ пуштибонӣ кард ва монеъи идомаи ҷанг бо Муъовия ибни Абусуфён шуд.
Ашъас дар таваққуфи ҷанги Сиффайн нақш дошт ва дар моҷарои ҳакамият бо ҳакам будани Абдуллоҳ ибни Аббос аз ҷониби Имом Алӣ (а) ва ироқиҳо мухолифат кард ва Абумусо Ашъариро пешниҳод дод. Пас аз ҷанги Наҳравон низ, ки Имом Алӣ (а) хостори набард бо Муъовия буд, Ашъас ба баҳонаи хастагӣ аз ҷанг бо ӯ мухолифат кард, ки мӯҷиби тазъифи ангезаи сипоҳиён шуд ва сабаб шуд, Имом Алӣ (а) аз ҷанги бо Муъовия мунсариф шавад.
Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Ашъас аз моҷарои шаҳодати Имом Алӣ (а) огоҳӣ дошта ва бар пояи ривояте аз Имом Содиқ (а) дар шаҳодати вай низ нақш доштааст. Ӯ бузурги қабилаи Кинда ва коргузори Усмон ибни Афон ва Имом Алӣ (а) дар Озарбойҷон буд.
Муҳаммад ва Қайс, ки дар шаҳодати Имом Ҳусайн (а) нақш доштанд ва Ҷаъда - ҳамсари Имом Ҳасан (а), ки ба таҳрики Муъовия ӯро ба шаҳодат расонд, аз фарзандони Ашъас ибни Қайс ҳастанд.
Зиндагӣ
Ашъас ибни Қайс аз қабилаи Кинда ва аҳли Ҳазрамавти Яман буд.[1] Бархе аз таърихнигорон номи ӯро Маъдӣ Кариб, лақабашро Ашъас ба маънои жулидамӯй ва куняашро Абумуҳаммад донистаанд.[2] Дар соли даҳуми ҳиҷрӣ[3] ба ҳамроҳи афроде аз қабилааш ба Мадина назди Пайғамбар (с) рафту мусулмон шуд.[4] Аз ин рӯ, аз саҳобаи Пайғамбар (с) шуморида шуда ва шарҳи ҳолаш дар манобеи саҳобанигорӣ зикр шудааст.[5] Ҳамчунин дар манобеи аҳли суннат аз ҷумла Саҳеҳ Бухорӣ[6] ва Саҳеҳ Муслим ривоёте вуҷуд дорад, ки вай аз Пайғамбар нақл кардааст.[7]
Ашъас баъд аз вафоти Пайғамбар (с) аз байъат бо Абубакр худдорӣ кард.[8] Абубакр сарбозонеро ба Яман фиристод то Ашъасро асир карда ба Мадина бибаранд. Баъд аз он Абубакр Ашъасро озод кард ва хоҳараш - Уммифарваро ба издивоҷи ӯ даровард.[9]
Ашъас дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб дар ҷанги Ярмук, фатҳи Ироқ[10] ва набарди Қодисия[11] ширкат дошт ва дар Кӯфа сокин шуд.[12] Ӯ ҳамчунин коргузори Усмон ибни Афон дар Озарбойҷон буд[13] ва дар давраи хилофати Имом Алӣ (а) ҳам дар ҳамин мансаб боқӣ монд.[14] [Ёддошт 1] Ба гуфтаи Ибни Ҳабиб - муаррихи қарни сеюм, Ашъас дар ҷанги Ҷамал дар сипоҳи Имом Алӣ (а) ҳузур дошт,[15] аммо номаи Имом Алӣ (а) ба вай ҳокӣ аз он аст, ки дар ҷанги Ҷамал ҳузур надоштааст.[16]
Ашъас дар 63 - солагӣ вафот кард.[17] Марги ӯ дар соли 40[18] ё 42 қамарӣ сабт шудааст.[19] Абунаим дар Маърифат-ус-саҳоба менависад, ки Ашъас баъд аз шаҳодати Имом Алӣ (а) чиҳил шаб зинда буд ва пас аз маргаш Имом Ҳасан (а) ки домодаш буд бар ӯ намози ҷаноза хонд.[20]
Нақшофаринӣ дар таваққуфи ҷанги Сиффайн
Ашъас дар ҷанги Cиффайн дар сипоҳи Имом Алӣ (а) буд ва раёсати сипоҳиёни қабоили Кинда ва Рабеъаро бар уҳда дошт.[21] Ба гузориши Наср ибни Музоҳим, Имом Алӣ (а) раёсати ин қабоилро аз ӯ гирифт ва ба Ҳисон ибни Махдуҷ вогузор кард, аммо бархе аз асҳоби ямании Имом Алӣ (а), ин корро ба салоҳ надонистанд. Дар натиҷа, байни лашкариёни Имом Алӣ (а) ихтилоф афтод. Муъовия дар садади ҷазби Ашъас баромад, аммо Имом Алӣ (а) фармондеҳии ҷиноҳи рости сипоҳро ба ӯ супурд.[22] Ҳангоме, ки лашкариёни Муъовия шариъаи Фуротро бар сипоҳи Имом Алӣ (а) бастанд, Ашъас онҷоро аз тасаллути лашкари Шом хориҷ кард.[23]
Ба гузориши манобеи таърихӣ, Ашъас дар Лайлатул-ҳарир ки теъдоди зиёде кушта шуданд ва пирӯзии сипоҳи Имом Алӣ (а) наздик буд,[24] идомаи ҷангро ба салоҳ надонист.[25] Муъовия баъд аз итилоъ аз мавзеи Ашъас дастур дод Қуръонҳоро бар найза кунанд ва хостори ҳакамият шаванд.[26] Пас аз онки лашкари Муъовия Қуръонҳоро бар найза карданд, Ашъас ба Имом Алӣ (а) эътироз кард[27] ва аз ӯ хост пешниҳоди даъват ба китобуллоҳро бипазирад.[28] Гуфта шудааст, Ашъас пеш аз ҷанги Cиффайн ҳангоме, ки номае аз Имом Алӣ (а) ба ӯ расид, тасмим гирифт, ки ба Муъовия бипайвандад, аммо ёронаш ӯро аз ин кор мунсариф карданд.[29]
Ҳимоят аз ҳакамияти Абумусо Ашъарӣ
Ашъас дар ҷанги Cиффайн назари Муъовияро дар бораи қарор додани як ҳакам аз Шом ва дигаре аз Ироқ писандид.[30] Ӯ бо ҳакам будани Абдуллоҳ ибни Аббос аз ҷониби Имом Алӣ (а) ва ироқиён мухолифат кард ва худаш Абумусо Ашъариро пешниҳод дод.[31] Ба гузориши Яъқубӣ - муаррихи қарни сеюм, ҳангоми навиштани сулҳнома байни намояндагони ду сипоҳ бар сари лақаби Амиралмуъминин барои Имом Алӣ (а) ихтилоф шуд ва Ашъас хостори маҳви он дар сулҳнома гардид.[32]
Ашъас эътиқод дошт, ки пеш аз оғози дубораи ҷанг бо Муъовия бояд бо хавориҷи Наҳравон ҷангид,[33] аммо пас аз ҷанги Наҳравон, ки Имом Алӣ (а) ёронашро ба ҷанги алайҳи Муъовия фарохонд, хастагӣ аз ҷангро баҳона кард. Гуфтаи ӯ дар сипоҳи Имом Алӣ (а) низ таъсир гузошт ва ба ҳамин сабаб Имом Алӣ (а) аз ҷанг бо Муъовия мунсариф ва роҳии Куфа шуд.[34]
Ҳамроҳӣ бо Ибни Мулҷам дар қатли Имом Алӣ (а)
Бар асоси манобеи таърихӣ, Ашъас аз моҷарои шаҳодати Имом Алӣ (а) огоҳӣ доштааст. Ба гузориши Яъқубӣ, ҳангоме, ки Ибни Мулҷам барои куштани Имом Алӣ (а) аз Миср ба Куфа рафт, як моҳ дар манзили Ашъас иқомат гузид ва шамшерашро омода мекард.[35] Бино бар гузорише, Ашъас аз Ибни Мулҷам хост, пеш аз дамидани субҳ дар мақсуди худ; яъне қатли Имом Алӣ (а) иқдом кунад то назди мардум расво нашавад.[36] Ашъас пас аз зарбаи Ибни Мулҷам, фарзандаш - Қайсро фиристод то вазъияти Имом Алӣ (а)-ро ба вай гузориш кунад.[37] Ривояте аз Имом Содиқ (а) низ ҳокӣ аз нақши Ашъас дар шаҳодати Имом Алӣ (а) аст.[38] Бо ин ҳол, гузориши таърихие вуҷуд дорад, ки Ашъас ҳангоме, ки аз қасди Ибни Мулҷам огоҳ шуд, онро ба итилоъи Имом Алӣ (а) расонд.[39]
Чунонки дар манобеи таърихӣ омадааст, Ашъас Имом Алӣ (а)-ро ба марг таҳдид карда буд.[40] Гуфта шудааст, Имом Алӣ (а) ба ӯ эътимод надошта[41] ва лаънатро нисори ӯ карда ва ӯро мунофиқ хитоб карда буд.[42] [Ёддошт 2] Ба бовари Мутаҳҳарӣ - таърихпажӯҳи муосир, Ашъас марде пастфитрат буд, ки равиши адолати Алиро қабул надошт ва бо Муъовия сару сире дошт.[43] Вай ҳамчунин Ашъасро як шоҳзодаи ашрофӣ медонад, ки рӯи ҳамон таассуботи қавмӣ бо Амиралмуъминин мухолифат мекард ва аз пушт ба ӯ ханҷар мезад.[44]
Фарзандон
Бархе аз фарзандон ва наберагони Ашъас иборатанд аз:
- Муҳаммад ибни Ашъас, аз афроди Зиёд ибни Абиҳ ва Ибни Зиёд буд, ки дар дастгирии Ҳиҷр ибни Адий,[45] Ҳонӣ ибни Урва[46] ва Муслим ибни Ақил[47] нақш дошт. Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки дар ал-Кофӣ аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, Муҳаммад ибни Ашъас дар шаҳодати Имом Ҳусайн (а) низ нақш доштааст.[48]
- Қайс ибни Ашъас аз касоне буд, ки ба Имом Ҳусайн (а) нома навишт ва ӯро ба Куфа даъват кард, аммо ба лашкари Шом пайваст.[49]
- Ҷаъда духтари Ашъас, ҳамсари Имом Ҳасани Муҷтабо буд, ки ба гузориши манобеъ, ба таҳрики Муъовия ибни Абусуфён ӯро заҳролуд кард.[50]
- Абдурраҳмон ибни Муҳаммад (ваф.95ҳ.қ.) - набераи Ашъас, дар ибтидо аз ҳомиёни Банӣ Умайя буд, аммо ба тадриҷ аз мухолифони онон шуд ва алайҳи онон шӯриш кард.[51]
Ҷусторҳои вобаста
- Муҳаммад ибни Ашъаси Киндӣ
- Қайс ибни Ашъаси Киндӣ
- Ҷаъда бинти Ашъас ибни Қайс
- Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Ашъас
Эзоҳ
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118 - 119; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239 - 240.
- ↑ Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.8, боб-ул-қисома.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239.
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.334.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239; Халифа, Таърихи Халифа, 1415ҳ.қ., саҳ.60 - 61.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134.
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.120.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134.
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.156.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.200.
- ↑ Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Дорул-офоқил-ҷадида, саҳ.291 - 29.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.20 - 21.
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240.
- ↑ Халифа, Таърихи Халифа, 1415ҳ.қ., саҳ.120; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119; Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.334.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119.
- ↑ Исфаҳонӣ, Маърифат-ус-саҳоба, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.285, Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.137.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.139 - 140.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.165 - 167.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.477 - 480.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.480.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.480 - 481; Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.188 - 189.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.188 - 189.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.482.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.21.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Cиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.499.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.189.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.189.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.82.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.89; Сақафӣ, ал-Ғорот, 1355ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.24 - 25; Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.211; Ибни Адим, Буғят-ут-талаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1911.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.212.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.26.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.167, ҳадиси 187.
- ↑ Мибрад, ал-Комил, бено, ҷ.2, саҳ.146.
- ↑ Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.40 - 41; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, Дорул-маърифат, саҳ.48.
- ↑ Баҳромиён, “Ашъас ибни Қайси Киндӣ”, саҳ.48.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 19.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Достони ростон,ҷ.2, саҳ.203, https://lms.motahari.ir/book-page/69/%D8%AF%D8%A7%D8%B3%D8%AA%D8%A7%D9%86%20%D8%B1%D8%A7%D8%B3%D8%AA%D8%A7%D9%86%D8%8C%20%D8%AC%202?page=203
- ↑ https://lms.motahari.ir/book-page/155/%D8%A7%D8%B3%D9%84%D8%A7%D9%85%20%D9%88%20%D9%85%D8%B3%D8%A6%D9%84%D9%87%20%D9%85%D9%84%DB%8C%D8%AA?page=96
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.263 - 264.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.367.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.369.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.167, ҳадиси 187.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.425.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, Дорул-маърифат, саҳ.80.
- ↑ Ниг.: Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.316 - 324.
Ёддошт
- ↑ Ашъас аз ҷониби Усмон ҳукмрони Озарбойҷон буд (ва Озарбойҷон иёлате аст дар шимоли ғарбии Эрон дорои шаҳрҳо ва деҳаҳои бисёр ки муҳимтарин шаҳр ва маркази он Табрез аст) чун Амирулмуъмнин Алӣ алайҳис-салом баъд аз Усмон зимоми умурро ба даст гирифт, Ашъас ба хотири корҳои ношоистаи худ медонист, ки Имом алайҳис-салом ӯро азл хоҳад намуд тарснок буд, ҳазрат барои огоҳии ӯ ба ҳифзи амволи Озарбойҷон баъд аз хотимаи ҷанги Ҷамал номае ба ин мазмун барояш навишт: амали (ва ҳукмронии) ту ризқ ва хӯроки ту нест (туро ҳукумат надодаанд то ончӣ биёбӣ аз они худ пиндошта бихӯрӣ) вале он амал амонат ва супурдае дар гардани ту аст (ки бояд онро мувозибат намуда дар роҳи он қадаме бархилофи дастури дин барнадорӣ) “إِنَّ عَمَلَكَ لَيْسَ لَكَ بِطُعْمَةٍ وَ لَكِنَّهُ فِي عُنُقِكَ أَمَانَةٌ” ва хостаанд, ки ту нигаҳбон бошӣ барои касе ки аз ту болотар аст (ту зердасти амире ҳастӣ ки туро ҳофизу нигаҳбон қарор дода ва вилояте ба ту супурдааст, ки онро аз ҷониби ӯ мувозибат намоӣ, пас туро намерасад ки дар кори раият ба майли худ рафтор намоӣ (пеш аз онки ба ту дастур диҳанд коре анҷом диҳӣ) ва намерасад, ки мутаваҷҷеҳи кори бузургӣ шавӣ, магар ба эътимоди амр ва фурмоне ки ба ту расида бошад, ва дар дастҳои ту аст молу дороӣ аз моли Худованди беҳамтои бузург, ва ту яке аз хазонадорони он ҳастӣ то онро ба ман супорӣ, ва умед аст ман бадтарини волиҳо ва фармондеҳон барои ту набошам (балки ин дастур сӯди дунёву охирати туро дарбар дорад) ва дуруд бар онки шоистаи дуруд аст. Файзулислом, Наҳҷ-ул-балоға, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.803.
- ↑ عَلَيْكَ لَعْنَةُ اللَّهِ وَ لَعْنَةُ اللَّاعِنِينَ حَائِكُ ابْنُ حَائِكٍ مُنَافِقُ ابْنُ كَافِرٍ, Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ношир: Мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-НаҷаФӣ (раҳ), ҷ.1, саҳ.297.
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, таҳқиқи Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
- Ал-Исбаҳонӣ, Абунаим, Маърифат-ус-саҳоба, таҳқиқ: Одил ибни Юсуф ал-Азозӣ, Риёз, Дорул-ватан, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Баҳромиён, Алӣ, “Ашъас ибни Қайси Киндӣ”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ (ҷ.9), Теҳрон, 1379ҳ.ш.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир Алносир, Дору тавқил-наҷот, 1422ҳ.қ.
- Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир, муроҷиа: Ҷамолиддин Шаёл, Қум, маншуроти ал-Разӣ, 1368ҳ.ш.
- Заҳабӣ, Муҳаммад, Сияру аълом-ин-нубало, таҳқиқи Шуъайб Арнаут ва дигарон, муассисаи ал-Рисола, 1405ҳ.қ./1985м.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
- Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ношир: Мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ал-Наҷафӣ (раҳ), бе то, беҷо.
- Ибни Адим, Умар ибни Аҳмад, Буғят-ут-талаб фи таъриҳи Ҳалаб, таҳқиқи Суҳайл Заккор, Димишқ, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ. /1988м.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
- Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Акоша, Қоҳира, ал-Ҳайъатул-мисрийятул-омма лил-китоб, 1992м.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ./1990м.
- Ибни Ҳабиб Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтр, Бейрут, Дорул-офоқил-ҷадида, бе то.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, ба кӯшиши Мустафо Саққо ва дигарон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Мибрад, Муҳаммад ибни Язид, ал-Комил фи-л-луғати ва-л-араб, бено, бе то.
- Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Cиффайн, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қоҳира, ал-Муассисатул-арабиятул-ҳадиса, 1382ҳ.қ./1962м, офсет (Қум, маншуроти мактабатул-Маръашӣ ан-Наҷафӣ), 1404ҳ.қ.
- Сақафии Куфӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Ғорот, таҳқиқи Ҷалолиддин Муҳаддис Урмавӣ, Теҳрон, Анҷумани осори миллӣ, 1355ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Дорул-турос, Бейрут, 1387ҳ.қ./1967м.
- Халифа ибни Хайёт, Таърих, таҳқиқи Фавоз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.